Имрӯз дар ҳошияи ҷаласаи 18-уми Форуми Созмони Ҳамкории Шанхай, ки дар шаҳри Душанбе баргузор гардида истодааст, мулоқоти директори Маркази тадқиқоти стратегӣ Усмонзода Хайриддин бо директори Институти тадқиқоти стратегии Ҷумҳурии Беларус Олег Макаров доир гардид.
Хайриддин Усмонзода дар оғози мулоқот меҳмони муҳтарамро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, вобаста ба ҷараёни баргузории ҷаласаи 18-уми Форуми Созмони ҳамкории Шанхай ва дурнамои ҳамкориҳои илмӣ-таҳлилӣ бо Институти тадқиқоти стратегии Беларус ибрози назар намуд. Зикр шуд, ки шароити мураккаби ҷаҳони имрӯз аз марказҳои илмӣ-таҳлилӣ тақозо менамояд, ки дар омӯзиши масъалаҳои мубрами рӯз фаъолнокии бештар зоҳир намоянд. Маркази тадқиқоти стратегӣ ҷиҳати пешбинии равандҳои сиёсӣ пайваста ҳамоишҳои илмӣ-таҳлилӣ ва тадқиқоти саҳроиро доир менамояд. Дар ин раванд баргузор намудани чорабиниҳои муштарак бо марказҳои зеҳнии дигар кишварҳо самти афзалиятноки фаъолияти Маркази тадқиқоти стратегӣ ба шумор меравад.
Директори Институти тадқиқоти стратегии Беларус Олег Макаров дар навбати худ ба роҳбарияти Маркази тақдиқоти стратегӣ барои пазироӣ ва меҳмондории самимӣ изҳорӣ сипос намуд. Сониян, қайд намуд, ки тавсеаи робитаҳои илмию таҳлилӣ ва пажуҳиши муштараки масъалаҳои гуногуни минтақавӣ ва байналмилалӣ имкон фароҳам меоранд, ки марказҳои зеҳнӣ тавсияҳои судмандро ҷиҳати ҳимояи манфиатҳои мутақобилан судманди кишварҳояшон ироа намоянд. Вобаста ба ин, Олег Макаров ҳавасмандии Институти тадқиқоти стратегии Белорусро ҷиҳати тақвият ва рушди робитаҳо бо Маркази тадқиқоти стратегӣ иброз дошт.
Бояд қайд намуд, ки зимни мулоқоти дуҷониба Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ миёни Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Институти тадқиқоти стратегии Беларус ба имзо расид. Роҳбарони марказҳои зеҳнии Тоҷикистон ва Беларус дар фарҷоми мулоқот имзои санади нави ҳамкориро қадами муҳим дар тавсеаи робитаҳои илмӣ – таҳлилӣ арзёбӣ намуда, дурнамои фаъолияти муштаракро баррасӣ намуданд.
Дар мулоқот инчунин, муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Парвиз Муҳаммадзода ширкат варзид.
Мулоқот дар фазои дӯстона ва ҳусни тафоҳум анҷом ёфт.
Хадамоти матбуоти Маркази
тадқиқоти стратегии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон