Рӯзи 22 майи соли ҷорӣ дар ҳошияи ҷаласаи 18-уми Форуми Созмони ҳамкории Шанхай мулоқоти директори Марказ Усмонзода Хайриддин бо раиси Шурои директорони Институти илмӣ-тадқиқотии иқтисодии Вазорати иқтисоди Озарбойҷон Махир Гумбатов доир гардид.
Директори Марказ Усмонзода Хайриддин ҳамтои худро, ки ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи 18-уми Форуми Созмони ҳамкории Шанхай ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард, хайрамақдам гуфта, оид ба паҳлуҳои фаъолияти Марказ маълумоти мушаххас ироа намуд. Зимнан иброз дошт, ки пешбурди робитаҳои илмию таҳқиқотӣ бо марказҳои зеҳнии дигар давлатҳо яке аз авлавиятҳои асосӣ дар фаъолияти ин ниҳоди муҳимми давлатии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Зикр гардид, ки дар доираи ҳамкориҳо миёни марказҳои зеҳнӣ баргузор намудани семинару мизҳои гирд ва конфронсҳои илмӣ дар соҳаҳои гуногун ҳамчун таҷрибаи амалӣ ба ҳукми анъана даромадааст.
Директори Марказ аз сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон муҳтарам Илҳом Алиев ёдовар шуда, натиҷаҳои онро барои ҳар ду кишвар муҳим арзёбӣ намуд. Махсусан, имзои маҷмуи санадҳои ҳамкории дуҷонибаро марҳилаи нави рушди муносибатҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистон ва Озарбойҷон баҳогузорӣ кард.
Раиси Шурои директорони Институти илмӣ-тадқиқотии иқтисодии Озарбойҷон Махир Гумбатов дар навбати худ аз пазироии самимӣ изҳори миннатдорӣ намуда, робитаҳои дӯстонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷонро мусбат баҳогузорӣ намуд. Махир Гумбатов таъкид намуд, ки рушди минбаъдаи муносибатҳои дуҷониба бахусус, рушди робитаҳои илмӣ, тиҷоратӣ ва иқтисодӣ ҷавобгӯйи манфиатҳои ҳар ду давлат мебошанд мебошад.
Дар раванди мулоқот ҷонибҳо оид ба имзои Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ миёни Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Институти илмӣ-тадқиқотии иқтисодии Ҷумҳурии Озарбойҷон табодули афкор намуданд.
Мулоқот дар руҳияи самимият ва муколамаи созанда баргузор шуд.
Хадамоти матбуоти Маркази
тадқиқоти стратегии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон