Имрӯз дар ҳошияи ҷаласаи 18-уми Форуми Созмони ҳамкории Шанхай мулоқоти директори Марказ Хайриддин Усмонзода бо ноиби Президенти Академияи омӯзиши масъалаҳои байналмилалии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин Жун Ин баргузор гардид.
Дар оғози мулоқот директори Марказ Хайриддин Усмонзода ҳайати меҳмононро аз Академияи омӯзиши масъалаҳои байналмилалии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии мардумии Чин, ки бо мақсади иштирок дар ҷаласаи 18-уми Форуми Созмони ҳамкории Шанхай ба Тоҷикистон ташриф овардаанд, хайрамақдам гуфт. Сониян оид ба сафари давлатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин ва натиҷаҳои сафари мазкур бо ҳамтои чинии худ иброз назар намуд. Таъкид гардид, ки муносибатҳои мутақобилан судманди дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин марҳила ба марҳила тақвият ёфта истодаанд, ки дар ин раванд нақши роҳбарони олии ҳар ду кишвар хеле бузург аст. Махсусан, дар раванди сафари давлатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин, мулоқот ва музокироти сатҳи олӣ ва имзои санадҳои нави ҳамкорӣ далели рушди муносибатҳои дипломатӣ миёни ду кишвар мебошад.
Зимнан, таъкид гардид, ки соли гузашта аз барқарории муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин сӣ сол пур гардид ва вобаста ба ин санаи муҳим миёни Маркази тадқиқоти стратегӣ ва Академияи омӯзиши масъалаҳои байналмилалии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин ва дигар марказҳои зеҳнии Чин як қатор чорабиниҳои илмӣ-таҳлилии муштарак баргузор гардиданд.
Жун Ин ноиби Президенти Академияи омӯзиши масъалаҳои байналмилалии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин дар навбати худ аз пазироии самимӣ изҳори сипос намуда, ҷониби Тоҷикистонро ҷиҳати муваффақона баргузор намудани ҷаласаи 18-уми Форуми Созмони ҳамкории Шанхай муборакбод намуд. Жун Ин низ вобаста ба сафари бобарори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии мардумии Чин ибрози андеша намуда, зикр кард, ки Ҷумҳурии Мардумии Чин дар симои Тоҷикистон шарики боэътимоди стратегиро мебинад. Бинбар ин, роҳбарияти Чин ба рушди муносибатҳо бо Тоҷикистон алоқаманд мебошанд.
Дар идомаи мулоқот ҷонибҳо доир ба нақши Форуми Созмони ҳамкории Шанхай дар рушд ва тавсеаи фаъолияти Созмони мазкур ибрози назар намуда, зикр карданд, ки маҳз ин сохтори илмӣ-таҳлилии Созмон дурнамои фаъолияти онро муайян менамояд.
Дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо оид ба дурнамои ҳамкории муштарак ва тавсеаи робитаҳои илмӣ-таҳлилӣ табодули назар намуданд.
Дар мулоқот инчунин, муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Парвиз Муҳаммадзода ширкат варзид.
Мулоқот дар руҳияи самимят ва ҳусни тафоҳум анҷом ёфт.
Хадамоти матбуоти Маркази
тадқиқоти стратегии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон