Тавре маъулм аст, имрӯз 22 майи соли 2023 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 18-уми Форуми Созмони ҳамкории Шанхай таҳти раёсати Маркази тадқиқоти стратегӣ баргузор гардида истодааст. Дар қисмати ифтитоҳии ҷаласаи 18-уми Форуми мазкур Чжан Мин котиби генералии Созмони ҳамкории Шанхай суханронӣ намуда, қабл аз ҳама ба роҳбарияти Маркази тадқиқоти стратегӣ ҷиҳати муваффақона баргузор намудани ҳамоиш изҳори сипос намуд. Дар идомаи суханронии худ Чжан Мин котиби генералии СҲШ таъкид намуд, ки Созмони мазкур дар давоми 22 соли фаъолияти худ тавонист, ки ба майдони муҳимми муколамаи давлатҳои аъзо табдил ёфта, илова бар ин, имрӯз СҲШ таваҷҷуҳи доираи васеъи давлатҳои ҷаҳонро ба худ ҷалб намудааст.
Чжан Мин иброз дошт, ки Форуми СҲШ ҳамчун сохтори таркибии СҲШ дар тақвият ва рушди фаъолияти Созмон нақши калидӣ дорад. Форуми СҲШ давоми 18 соли мавҷудияти худ тавонистааст, ки ба майдони боэътимоди машваратчиён ва таҳлилгарони давлатҳои аъзо гардад. Маҳз дар доираи Форуми СҲШ таҳлилгарону коршиносони кишварҳои узв масъалаҳои мубрами рӯзномаи ҷаҳони муосирро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, ҷиҳати ҳифз ва ҳимояи манфиатҳои давлатҳои аъзо тавсияҳои судманд пешниҳод менамоянд.
Котиби генералии СҲШ таъкид намуд, ки вазъи ҷаҳон мураккаб гардида, бозиҳои геополитикӣ дар минтақа ва ҷаҳон дар ҳоли афзоишанд. Илова бар ин, хатару таҳдидҳо ғайрианъанавӣ субот ва амнияти давлатҳоро осебпазир намудаанд. Ҳолати мазкур давлатҳо аъзо бахусус, марказҳои зеҳнии Форуми СҲШ-ро водор менамояд, ки вобаста ба пешгирии хатару таҳдидҳои нав ва таъмини рушди устувор дар ҳавзаи СҲШ бештар талош намоянд.
Чжан Мин котиби генералии СҲШ дар фарҷоми суханронии худ бори дигар аз нақши муҳими Форум дар рушд ва тавсеаи фаъолияти СҲШ ибрози андеша намуда, ба роҳбарони марказҳои зеҳнӣ ва иштирокчиёни форум комёбӣ таманно намуд.
Хадамоти матбуоти Маркази
тадқиқоти стратегии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон