Рӯзи 18 майи соли 2023 бо ташаббуси Пажӯҳишгоҳи иқтисодии Академияи илмҳои Федератсияи Русия ва Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронси маҷозии муштараки илмию амалии коршиносон дар мавзуи “Русия ва Тоҷикистон дар шароити иқтисоди ҷаҳони тағйирёбанда” баргузор гардид. Аз ҷониби Тоҷикистон конфронси илмию амалиро бо сухани табрикӣ директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доктори илмҳои фалсафа, профессор, узви вобастаи АМИТ Хайриддин Усмонзода ифтитоҳ карда, иштирокчиёни ҳамоишро хайрамақдам гуфт ва ба кори конфронс барору комёбиҳо орзу намуд.
Дар бахши аввали конфронси маҷозии муштараки илмию амалӣ таҳти унвони “Масъалаҳои иҷтимоию иқтисодӣ рушди миллӣ дар шароити муосир” аз тарафи Ҷумҳурии Тоҷикистон сармутахассиси шуъбаи таҳқиқоти иқтисодиимуқоисавии Пажӯҳишгоҳи иқтисод ва демографияи Академияи илмҳои миллии Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисод, профессор, узви вобастаи АМИТ Лутфулло Саидмуродзода дар мавзуи “Усули пешгирӣ дар рушди стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити муосир”, муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои иқтисодӣ Саодат Ҷӯрахонзода дар мавзуи “Вазъи бозори меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раванди инкишофи шуғли пурмаҳсули аҳолӣ” ва доктори илмҳои иқтисодӣ, профессори кафедраи гумруки Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон Раҷаб Раҷабов дар мавзуи “Ташаккули стратегияи инфрасохтори нақлиётию логистикии Тоҷикистон ва дастгирии сармоягузории рушди он” маъруза карданд.
Дар бахши дуюми конфронси мазкур таҳти унвони “Ҳамкориҳои иҷтисодию гуманитарии Русия ва Тоҷикистон” аз ҷониби Тоҷикистон доктори илмҳои иқтисодӣ, дотсент, сардори шуъбаи таҳқиқоти назариявӣ ва муносибатҳои байналмилалии Пажӯҳишгоҳи иқтисод ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Мавзуна Каримова дар мавзуи “Самтҳои тавсеаи ҳамкориҳои тиҷоратию иҷтисодии ҷумҳурии Тоҷикисто ва Федератсияи Русия” ва доктори илмҳои иқтисодӣ, профессори кафедраи менеҷмент ва маркетинги Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон Мунаввара Саидова дар мавзуи “Асосҳои сармоягузории таъмини рушди соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар Тоҷикистон”, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент, сардори Раёсати таҳлили масъалаҳои макроиқтисодии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ораз Муртазоев дар мавзуи “Вижагии ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия дар соҳаи маориф” суханронӣ намуда, ба саволҳои иштирокчиёни конфронс посухҳои қаноатбахш доданд. Сипас иштирокчиёни ҳамоиш пиромуни маърузаҳои ироашуда дар фазои озоду кушода фикру андешаҳои судманд баён карданд.
Конфронси маҷозии муштаракро аз ҷониби Тоҷикистон директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода ҳусни анҷом бахшида, ба иштирокчиёни ҳамоиш барои ширкати фаъолона изҳори сипос намуд ва изҳор дошт, ки нишасти илмию амалии мазкур барои боз ҳам беҳтар гардидани фазои рушди иқтисодӣ ва густариши ҳамкориҳои ҳар ду кишвар мусоидат хоҳад кард.
Ҳамоиш дар рӯҳияи самимият, ҳусни тафоҳум ва муколамаи созанда доир гардид.
Хадамоти матбуотии Маркази
тадқиқоти стратегии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон