Истиқлоли давлатӣ бузургтарин неъмат ва дастоварди беназири миллати куҳанбунёди тоҷик маҳсуб ёфта, баъди ба даст овардани он дар тамоми самтҳои ҳаётан муҳимми хоҷагии мамлакат дигаргуниҳои куллӣ ба миён омаданд. Ҷавонон, ки аз табақаҳои асосӣ ва созандаи ҷомеа ба ҳисоб мераванд, нақши онҳо дар рушди давлат таҳкими сулҳу субот, таъмини амнияти давлат, ҳимояву пешбарии манфиатҳои миллӣ ва рушду тараққиёти тамаддуни муосир муҳим ва бузург арзёбӣ мегардад.
Мушаххас намудани Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, қабули як қатор қонун ва барномаҳои давлатӣ, ҷавоникунонии сиёсати кадрӣ ва дар зинаҳои роҳбарикунанда таъйин гардидани шумораи зиёди ҷавонони лаёқатманд ва эълон гардидани соли 2017 “Соли ҷавонон” дастовардҳои беназиртарину нотакрор дар ҳаёти ҳар як ҷавони саодатманди кишвар дар шароити соҳибистиқлолӣ ба ҳисоб меравад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми солонаи худ ба Маҷлиси Олии кишвар иброз доштанд, ки “аксарияти аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд, ки онҳо давомдиҳандаи кору фаъолияти насли калонсол, неруи созанда ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа, ояндаи миллат ва давлат мебошанд”. Ин ва дигар масъалаҳои марбут ба ҷавонон имкон медиҳад, ки сиёсати давлатии ҷавонон яке аз самтҳои муҳимтарини рушди ҷомеа дониста шуда, паҳлуҳои гуногуни он дар ҳошияи сиёсати кадрии давлат мавриди баррасӣ ва арзёбӣ қарор дода шавад.
Эълон гардидани соли 2017 “Соли ҷавонон” имконияти хеле хуби татбиқнамоии тамоми ҳадафҳо ва орзуҳои ҷавонӣ буд, ки дар ин замина ҷиҳати сазовор таҷлил намудани “Соли ҷавонон” бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба “Соли ҷавонон” тасдиқ гардид.
Ҷалби неруи ҷавонон ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ, тақвияти таъмини ширкати фаъоли онҳо дар ҳаёти сиёсиву ҷамъиятӣ, ҷалби ин табақаи нерӯманди ҷомеа барои устувор намудани рукнҳои давлатдории навин, ҳимояи марзу буми Ватани азизамон ва мутобиқат намудан ба ҷараёни таҳаввулоти босуръати ҷаҳон ва эмин нигоҳ доштани давлату миллат аз таҳдидҳои замони муосир мусоидат менамояд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба масъалаҳои ҷавонон, аз ҷумла, беҳдошти вазъи таълиму тарбия, соҳиби ихтисос, касбу ҳунар, ҷойи кор гардидани онҳо ва мавқеи хоса пайдо намудани ҷавонон дар ҷомеа таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд.
Бояд ёдовар шуд, ки сиёсати ҷавонон бо сиёсати кадрии давлат робитаи ногусастанӣ дорад, зеро сиёсати кадрии давлат барои таъмин намудани зинаҳои гуногуни мақомоти ҳокимияти давлатӣ бо кадрҳои баландихтисос амалӣ карда мешавад. Касбияти зарфияти кадрии мамлакат ва короии мутахассисони ҷавон аз сатҳу сифати таҳсилот, донишҳои аз худ кардаи онҳо, шарту шароитҳои фаъолияти меҳнатӣ, имкониятҳои рушди минбаъдаи касбӣ ва ғайра муайян карда мешаванд.
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои худ таъкид намуданд, ки “барои амалӣ намудани корнамоиҳои бузург аз ҳар як ватандӯсти ҷавон, дониши амиқ, ҷаҳонбинии муосир ва аз ҳама асосӣ – ҳисси баланди ватандӯстӣ ва худшиносӣ талаб карда мешавад”.
Бояд қайд намуд, ки терроризм ва экстремизм яке аз мушкилоти ҷаҳони имрӯза буда, террористону ифротгароён махсусан ҷавононро бо ҳар гуна ваъдаҳои бардурӯғи динию дунявӣ ҷалб намуда, онҳоро ба ҷараёнҳои террористӣ сафарбар менамоянд. Бо мақсади пешгирии хатари терроризму ифротгароӣ, бегонапарастӣ мубориза бо равандҳои канораи ҷаҳонишавӣ ва бо мақсади дар руҳияи миллӣ тарбия намудани насли наврас ва ҷавонон бо ташаббуси Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикисон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон” қабул карда шуд.
Пешбурди сиёсати давлат дар соҳаи ҷавонон то кунун яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти Ҳукумати кишвар ба шумор меравад. Таҷрибаи кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон собит месозад, ки дар радифи тараққиёти соҳаи саноат ниёз ба ҷавонони соҳибкасбу соҳибмаърифат афзун мегардад ва танҳо ин неруи созанда метавонад рушди устувори иқтисодиётро таъмин намояд. Дар Тоҷикистон ҳиссаи аҳолии синни то 35-сола аз 70 дарсад зиёд аст, ки ин аз мавҷудияти неруи бузурги зеҳнӣ ва сармояи инсонӣ дар кишвар шаҳодат медиҳад, ки ҳамчун муҳаррики пуриқтидор ба пешрафти инноватсия ва технологияҳои нав мусоидат менамояд.
Бояд зикр кард, ки дар кишвар ҳамасола 23-юми май Рӯзи ҷавонон бо шукӯҳу ҷалоли хосса ҷашн гирифта мешавад ва ҳанӯз соли 1992 бо дарназардошти аҳаммият ва зарурати ташаккули сиёсати ҷавонон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон” қабул гардид, ки нишонаи возеҳи таваҷҷуҳи хосаи давлат ба табақаи фаъоли ҷомеа, яъне наврасону ҷавонон мебошад.
Асосгузори суҳлу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои боз ҳам шавқманд кардани ҷавонон ва дастгирии бевоситаи онҳо озмунҳои “Тоҷикистон – ватани азизӣ ман”, “Фуруғӣ субҳи доноӣ китоб аст” ва “Илм фуруғӣ маърифат” роҳандозӣ карданд.
Аз ҷониби насли наврасу ҷавони кишвар ҳамчун ливои пешбаранда дар ҳаёт ва фаъолияти корӣ ташаббускорона интихоб гардидани шиори басо пурмазмуну таъсирбахш – “Ҷавонон пайрави Пешвои миллат” дар татбиқи сиёсати кор бо ҷавонон басе мавқеъгирона боқӣ монда, дар доираи он садҳо чорабиниҳои фарҳангӣ, сиёсӣ ва фаҳмондадиҳӣ баргузор карда мешавад. Дар зери ин шиор аз ҷониби Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон курси омӯзишии “Пайравони Пешвои миллат” таъсис дода шуда, масъулияти ҷавононро ҷиҳати омӯзиши мактаби бузурги ҳаёт ва фаъолияти пурсамари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва истифодаи васеъ аз он ба таври фавқулода боло бурд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмҳои солонаи худ ҷавононро қишри муҳимми ҷомеа муаррифӣ карда, пайваста иброз менамоянд, ки ҷавонон мояи ифтихор ва сарбаландии Тоҷикистони азиз мебошанд. Мо ба ҷавонон эътимоди комил дорем, дастгирии самимонаи онҳоро аз сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумат қадрдонӣ мекунем ва нақши арзишмандашонро дар ҳамаи ҷанбаҳои ҳаёти кишвар эҳсос менамоем.
Ҳисси баланди миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва садоқати ҷавонони мо ба Ватан, миллат ва обу хоки сарзамини аҷдодӣ гарави амнияту осоиши ҷомеа, пешрафти давлат ва ободии имрӯзу фардои Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад.
Ҳамин тавр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати рушди ҷавонон тамоми шароит ва имконияти лозима фароҳам карда шудааст. Дар ин раванд ҷавонони кишварро лозим аст, ки аз имконоти мазкур самаранок истифода намуда, дар рушди давлати худ саҳми арзанда гузоранд.
Азимов Бахтиёр Баҳромович
мутахассиси Раёсати таҳлил ва
ояндабинии сиёсати дохилии
Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон