Маълумоти умумӣ

МАЪЛУМОТИ УМУМӢ

Қобили зикр аст, ки 30 сол барои ҳар як ниҳоди илмӣ, таҳлилию машваратӣ, бахусус дар ҷаҳони зудтағйирёбанда, марҳалаи муҳимми рушд ба ҳисоб меравад. Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд Марказ) ҳамчун ниҳоди муҳимми илмию машваратӣ дар давоми фаъолияти худ – бо пешниҳодҳои созанда ва иҷрои вазифаву салоҳиятҳояш тавонист дар ташаккул ва рушди давлатдории муосири Тоҷикистон қадамҳои устувор гузорад.

Бо касби истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар назди давлати милии навбунёдамон вазифаҳои муҳим, аз қабили бартарафсозии буҳрони шадиди сиёсӣ, таъмини сулҳу субот, ташаккули ниҳодҳои давлатӣ, эҷод ва татбиқи низоми мукаммали идоракунӣ ва таҳияи стратегияи фарогири рушди давлатдорӣ меистод. Дар ин марҳилаи душвори таърихӣ Марказ дар таҳияи маводи таҳлилию машваратии хусусияти стратегидошта, ки ба рафъи чолишҳо ва таъмини манфиатҳои миллӣ нигаронида шуда буданд, нақши муҳим бозид.

Ҳамин тавр, солҳои аввали фаъолияти Марказ дар таърихи давлатдории миллиамон ва тамоми доираҳои илмии ин давра чун марҳалаи баҳсу талошҳои ҷиддӣ рӯйи масъалаҳои таъмини сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ, таҳкими пояҳои сиёсию иқтисодии кишвар ва мушаххас сохтани самтҳои асосии рушди сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии мамлакат шинохта мешавад. Давраҳои баъдии рушду фаъолияти Марказ низ хусусият ва масъалаҳои марбут ба шароити хосси сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии ҳар як марҳалаи замонии асри ХХ ва оғози асри ХХI–ро дар худ инъикос менамояд. Аз ҷумла, даҳсолаи дуюми рушди Марказ ба давраи ҷустуҷӯйи роҳҳо ва самтҳои афзалиятноки инкишофи ҷомеа, хусусан масъалаҳои иқтисодӣ–иҷтимоӣ, сиёсӣ–ҳуқуқӣ ва шаклгирии пояҳои ниҳодии рушди кишвар рост меояд.

Марказ ҳамчун ниҳоди илмӣ, таҳлилию машваратӣ, тули фаъолияти худ тавонист дар пешбурди сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, хусусан дар таҳияи барнома, консепсияҳо ва дигар санадҳои муҳимми стратегии давлатӣ, бо пешниҳодҳо ва хулосаҳои илман асосноки худ мақоми шоистаро дар ҷомеа пайдо намояд ва дар шаклгирии институти сиёсии ҷомеа ва раванди демократикунонии ҷомеа нақши калидӣ гузорад.

Зикр намудан ба маврид аст, ки Марказ мунтазам, нақшаҳои илмию тадқиқотиро амалӣ намуда, вазифа ва уҳдадориҳои бар зиммадоштаро дар сатҳи зарурӣ иҷро мекунад. Яъне дар фаъолияти Марказ ҷанбаҳои амалии тадқиқотӣ ва таҳлилӣ мақоми афзалиятнок дорад.

Марказ ҳамчун як ниҳоди муҳимми таҳлилӣ нақши арзанда дар таҳким ва шаклгирии низомҳои сиёсии ҷомеа, раванди демократикунонии он, низоми бисёрҳизбӣ, ташаккули фазои иттилоотӣ ва дигар масъалаҳои мубрами стратегӣ дорад.

Қобили қайд аст, ки Марказ дар давоми фаъолияти худ тавонист дар ҳамкорӣ бо ниҳодҳои муҳимми давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҳизбҳои сиёсӣ ва дигар субъектҳои дахлдор дар баррасӣ ва муҳокимаи як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, омӯзиши афкори омма, ҷиҳати муайян кардани самтҳои муҳимтарини рушди ҷомеа, нақши мондагор дошта бошад. Исботи ин гуфтаҳо, пеш аз ҳама, ҳамкории созандаи ин ниҳод бо субъектҳои дахлдори низоми сиёсии ҷомеа ба ҳисоб меравад.

Тоҷикистон ба марҳалаи нави рушди давлатдории миллӣ ворид мешавад, ки ин марҳала бо талоши навсозӣ ва гуногуншаклии иқтисодиёт, ворид шудан ба равандҳои ҷаҳонӣ ва таҳкими нуфузи байналмилалӣ асос меёбад. Дар ин шароит вазифаю масъулияти Марказ боз ҳам ҷиддитар гардида, он ҳамчун маркази таҳлилӣ, ба минбари муколамаи коршиносон табдил ёфта, дар ин самт масъалаҳои мубрами рушди давлатдориро баррасӣ ва дар заминаи онҳо маводи таҳлиии илман асоснок таҳия ва ба ниҳодҳои дахлдори давлатӣ пешниҳод менамояд. Бо чунин талошҳо, Марказ ҷиҳати таҳияи стратегияҳои дарозмуддати таъмини рушди устувори иқтисодӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ, таҳкими амният ва рушди неруи инсонӣ, бо пешниҳоди гузоришҳои таҳлилӣ саҳм мегирад.

Ҳамин тавр, Марказ тайи 30 соли фаъолияти худ аҳаммияти худро ҳамчун як ниҳоди калидии таҳлилӣ ва стратегӣ собит намуда, ба таъмини асосҳои таҳлилии сиёсати давлатӣ барои таҳкими пояҳои амнияти миллӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва пешрафти Тоҷикистон саҳм гузоштааст.

Банақшагирии стратегӣ дар шароити муосир воситаи муҳимми ноил шудан ба рушди устувор ва мутобиқшавӣ ба тағйирот дар муҳити ҷаҳонӣ мебошад. Дар шароити зудтағйирёбандаи воқеияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ давлатҳо ба зарурати мураттаб сохтани ҳадафҳои дарозмуддат, таҳияи стратегия ва нақшаҳои амал, ки манфиатҳои миллӣ ва суботи онҳоро таъмин карда тавонанд, мувоҷеҳ мешаванд. Дар робита ба чолишҳои глобалӣ, аз қабили тағйирёбии иқлим, рақамикунонӣ, низоъҳои геополитикӣ ва ғайра банақшагирии стратегӣ як ҷузъи калидии таъмини амнияти миллӣ ва рушди иқтисодӣ арзёбӣ мегардад.

Аз ин рӯ, Марказ тайи 30 соли фаъолияти пурмаҳсул, дар таҳия ва татбиқи стратегияҳои миллии кишварамон пайваста саҳми худро мегузорад. Тайи ин солҳо, Марказ ба як ниҳоди ҳамоҳангсоз табдил ёфт, ки қодир ба муттаҳид кардани талошҳои ниҳодҳои гуногуни давлатӣ ва хусусӣ барои ноил шудан ба ҳадафҳои рушди устувор аст. Ҷанбаҳои дигари муҳимми фаъолияти Марказ оянданигарии тамоюлҳо, таҳлили хатарҳо ва пешниҳоди тавсияҳоеро дар бар мегирад, ки барои иқдомҳои минбаъдаи ниҳодҳои давлатӣ кумак мекунанд.

Яке аз вазифаҳои асосии банақшагирии стратегӣ дар шароити тағйирёбандаи ҷаҳонӣ қобилияти вокуниши бетаъхир ба таҳдиду хатарҳои эҳтимолии беруна ва дохилӣ мебошад. Мутобиқгардонӣ ва фарогирии стратегияҳо ба кишварҳо имкон медиҳад, ки авлавиятҳои худро сари вақт аз нав арзёбӣ намоянд ва захираҳоро ба соҳаҳои муҳимтарин, аз қабили рушди иҷтимоӣ, инноватсия ва ҳамкории байналмилалӣ равона созанд. Дар воқеъ, равандҳои мазкур ва уҳдадориҳо аз муҳаққиқони стратегӣ бо дарназардошти мураккабӣ ва гуногунии чолишҳои муосир, инчунин, зарурати дарёфти шаклҳои ҳамкории фаъоли сатҳҳои гуногуни ниҳоди давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дараҷаи баланди салоҳиятро талаб мекунад.

Илова бар ин, банақшагирии стратегӣ бидуни ба назар гирифтани андешаи қишрҳои гуногуни ҷомеа ғайриимкон аст. Ҷалби ҷомеа ба раванди қабули қарорҳо ва муҳокимаи стратегияҳо ҳамчун рукни муҳимми идоракунии демократӣ имкон медиҳад, ки манфиатҳои гурӯҳҳои мухталиф ба инобат гирифта шаванд, ки ин дар навбати худ ба самаранокии фаъолияти ниҳодҳои давлатӣ мусоидат менамояд.

Ҳамин тариқ, Марказ ҳамчун як ниҳоди муҳимми тадқиқотӣ ва таҳлилию машваратӣ дар ташаккул ва татбиқи сиёсати муассири давлатӣ дар Тоҷикистон, минбаъд низ дар асоси вазифаҳои низомномавии худ, талош хоҳад намуд. Чунки дар шароити муосир, пайгирии мунтазами таҳлили равандҳо на танҳо як зарурат, балки заминаи боэътимоди рушди бомуваффақият ва устувори кишвар мегардад.