ФОРУМИ III МАРКАЗҲОИ ТАҲЛИЛИИ «ОСИЁИ МАРКАЗӢ ВА ҶУМҲУРИИ КОРЕЯ» ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ БА КОРИ ХУД АНҶОМ ДОД
Рӯзҳои 24–25 июни соли 2026 дар шаҳри Душанбе Форуми III марказҳои таҳлилии «Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Корея» баргузор гардид. Форум аз ҷониби Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Котиботи Форуми ҳамкории «Ҷумҳурии Корея – Осиёи Марказӣ» ташкил карда шуд.
Дар тӯли ду рӯз форум роҳбарон ва намояндагони марказҳои пешбари таҳлилӣ ва тадқиқотӣ, ҷомеаи коршиносӣ, созмонҳои байналмилалӣ, фондҳо, инчунин намояндагони ҳайатҳои дипломатии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Кореяро ба ҳам овард.
Ҳадафи асосии чорабинӣ таҳкими муколамаи стратегӣ, густариши ҳамкории бисёрҷониба ва таҳияи тавсияҳои амалӣ барои рушди минбаъдаи шарикӣ байни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Корея дар остонаи Саммити «Корея – Осиёи Марказӣ», ки моҳи сентябри соли 2026 баргузор мегардад, буд.
Дар доираи форум чор ҷаласаи мавзуӣ баргузор гардид, ки ба масъалаҳои мубрами ҳамкориҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ бахшида шуданд. Иштирокчиён таъсири равандҳои муосири геополитикиро ба рушди ҳамкориҳои байни Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Корея, дурнамои таҳкими робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, рушди ҳамкориҳои нақлиётию коммуникатсионӣ, татбиқи технологияҳои рақамӣ ва инноватсионӣ, пешбурди иқтисоди «сабз» ва энергетикаи барқароршавандаро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Таваҷҷуҳи махсус ба масъалаҳои идоракунии захираҳои обӣ, таъмини устувории экологӣ, дастгирии соҳибкории хурду миёна, рушди робитаҳои илмӣ ва таълимӣ, табодули академӣ, ҳамкориҳои фарҳангӣ, ташаббусҳои ҷавонон, сайёҳӣ, варзиш ва дипломатияи ҷамъиятӣ зоҳир гардид.
Аз рӯйи натиҷаҳои мубоҳисаҳо иштирокчиён иқтидори бузурги густариши ҳамкориҳои минбаъдаро байни Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Корея таъкид намуда, аҳаммияти таҳкими ҳамкориро дар сатҳҳои коршиносӣ, илмӣ ва байнидавлатӣ махсус қайд карданд.
Дар анҷоми форум мизи мудаввари пӯшида бо иштироки намояндагони Қазоқистон, Қирғизистон, Ҷумҳурии Корея, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон баргузор гардид. Зимни он натиҷаҳои интизоршавандаи ҳамкорӣ, лоиҳаҳои афзалиятноки миллӣ ва самтҳои ояндадори рушди ҳамкориҳои минбаъда байни кишварҳои минтақа ва Ҷумҳурии Корея мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Аз рӯйи натиҷаҳои форум маҷмӯи тавсияҳои амалӣ ва ҳуҷҷати ҷамъбастӣ таҳия гардида, барои истифода дар раванди омодагӣ ба Саммити дарпешистодаи «Корея – Осиёи Марказӣ» ба вазорату идораҳои дахлдори кишварҳои иштирокчӣ ирсол хоҳад шуд.
Иштирокчиён изҳори итминон намуданд, ки натиҷаҳои Форуми III марказҳои таҳлилӣ ба таҳкими шарикии стратегӣ байни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Корея, инчунин ба ташаккули механизмҳои нави ҳамкории мутақобилан судманд ва дарозмуддат мусоидат хоҳанд кард.



















Хадамоти матбуотии Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон