ЭЪЛОН
Дар Душанбе даври III Форуми марказҳои таҳлилӣ таҳти унвони «Корея – Осиёи Марказӣ» баргузор мегардад
24–25 июни соли 2026 Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Котиботи Форуми ҳамкории Корея – Осиёи Марказӣ даври 3-юми Форуми марказҳои таҳлилии «Корея – Осиёи Марказӣ»-ро баргузор менамояд.
Дар кори форум роҳбарон ва намояндагони марказҳои пешбари таҳлилӣ ва тадқиқотӣ, ҷомеаи коршиносӣ, созмонҳо ва фондҳои байналмилалӣ, инчунин кормандони намояндагиҳои дипломатии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Корея, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аккредитатсия шудаанд, иштирок хоҳанд кард.
Ҳадафи асосии чорабинӣ таҳкими муколамаи стратегӣ ва густариши ҳамкориҳои бисёрҷониба байни Ҷумҳурии Корея ва кишварҳои Осиёи Марказӣ мебошад.
Баргузории Форуми мазкур дар остонаи Саммити «Корея – Осиёи Марказӣ», ки моҳи сентябри соли 2026 ба нақша гирифта шудааст, аҳаммияти махсус дорад. Аз ин рӯ, форум ба як минбари муҳими баррасии масъалаҳои мубрами ҳамкориҳои минтақавӣ ва таҳияи тавсияҳои амалӣ табдил хоҳад ёфт, ки метавонанд дар ташаккули рӯзномаи саммити дарпешистода ва машваратҳои байниҳукуматӣ саҳми назаррас гузоранд.
Интизор меравад, ки натиҷаҳои форум ба таҳкими минбаъдаи муносибатҳои шарикӣ байни Ҷумҳурии Корея ва кишварҳои Осиёи Марказӣ, инчунин ба таҳияи роҳу усулҳои нави рушди ҳамкориҳои мутақобилан судманд мусоидат намоянд.
Форум дар бинои Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар шаҳри Душанбе, кӯчаи Шотемур 27, ошёнаи 3 баргузор мегардад. Оғози чорабинӣ соати 08:30.
Хадамоти матбуотии Маркази тадқиқоти
стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон