БАРРАСИИ ҲАМКОРӢ МИЁНИ МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГӢ ВА ФОНДИ ПисНексус
4 майи соли ҷорӣ дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот бо намояндагони Фонди хайриявии хусусии швейтсарии ПисНексус (PeaceNexus Foundation) баргузор гардид.
Дар мулоқот мушовири директори Маркази тадқиқоти стратегӣ Саидмурод Фаттоҳзода бо муовини директори PeaceNexus Мэдс Фриландер, менеҷери барномаҳо оид ба Осиёи Марказӣ Чинара Эсенгул ва корманди барномаҳо оид ба Осиёи Марказӣ Канатбек Абдиев вохӯрӣ анҷом дод.
Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба густариши ҳамкорӣ, аз ҷумла омодагӣ ва баргузории Форуми сулҳи Фарғона, ки дар соли ҷорӣ ба нақша гирифта шудааст, мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ҳамзамон, ба масъалаи эҳтимолии имзои Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ва дурнамои рушди минбаъдаи муносибатҳои дуҷониба таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид. Иштирокчиёни вохӯрӣ инчунин вазъи кунунӣ ва имкониятҳои густариши ҳамкориҳоро миёни муассисаҳо муҳокима намуданд.
Бояд зикр кард, ки Фонди ПисНексус (PeaceNexus Foundation) як фонди хайриявии хусусии швейтсарӣ мебошад, ки соли 2009 таъсис ёфтааст. Ҳадафи асосии он таҳкими иқтидори ташкилотҳо ва мусоидат ба ҳамкории байни онҳо ҷиҳати коҳиш додани сатҳи зӯроварӣ ва таҳкими сулҳ мебошад.

Хадамоти матбуоти Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон