МУҲОКИМАИ ҲАМКОРӢ БАЙНИ МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ ТОҶИКИСТОН ВА БУНЁДИ СУЛҲИ МАРТТИ АХТИСААРИ
Дар доираи Форуми аминиятии Осиёи Марказӣ таҳти унвони: «Низоми амниятии Осиёи Марказӣ: нигарониҳо, таҳдидҳои муосир ва зарфиятҳои стратегӣ», 30 апрели соли 2026 вохӯрии мушовири директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмурод Фаттоҳзода бо сафир, мушовири калони Бунёди сулҳи Мартти Ахтисаари Ҷонон Мусозай баргузор гардид.
Дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо шаклҳои ҳамкориро дар заминаи омодагӣ ва баргузории Форуми сулҳи Фарғона, ки дар соли ҷорӣ ба нақша гирифта шудааст, баррасӣ намуданд.
Ба масъалаҳои эҳтимолии имзои Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ, инчунин дурнамои рушди минбаъдаи ҳамкорӣ байни муассисаҳо таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.

Хадамоти матбуоти Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон