ЁДДОШТИ ҲАМКОРӢ БА ИМЗО РАСИД
Дар доираи Форуми амниятии Осиёи Марказӣ таҳти унвони «Низоми амниятии Осиёи Марказӣ: нигарониҳо, таҳдидҳои муосир ва зарфиятҳои стратегӣ», имрӯз, 30 апрели соли 2026, мулоқоти директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода бо директори Маркази тадқиқоти сиёсати хориҷӣ ва ташаббусҳои байналмилалии назди Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Узбекистон Санҷар Валиев баргузор гардид.
Дар ҷараёни мулоқот директори Маркази тадқиқоти стратегӣ Хайриддин Усмонзода ҷонибро истиқбол намуда, даъват намуд, ки дар Форуми 3-юми марказҳои таҳлилӣ Ҷумҳурии Корея ва кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки моҳи июни соли 2026 баргузор мегардад, инчунин дар Форуми сулҳи Фарғона, ки барои моҳи сентябри соли 2026 ба нақша гирифта шудааст, ширкат варзанд.
Ҳамчунин тарафҳо пешниҳодро оид ба ташкил намудани видеоконференсия байни коршиносони ҷавони ду марказ дар мавзӯи «Узбекистон ва Тоҷикистон дар шароити тағйирёбии глобалӣ» баррасӣ карданд. Инчунин ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкории минбаъда таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.
Дар анҷоми мулоқот байни Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Чумҳурии Тоҷикистон ва Маркази тадқиқоти сиёсати хориҷӣ ва ташаббусҳои байналмилалии назди Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Узбекистон Ёддошти ҳамкорӣ ба имзо расид.

Хадамоти матбуотии Маркази таҳқиқоти стратегӣ
при Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон