ФОРУМИ АМНИЯТИИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ БА КОРИ ХУД ОҒОЗ КАРД

Имрӯз, 30 апрели соли 2026, дар бинои Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ таҳти унвони «Низоми амниятии Осиёи Марказӣ: нигарониҳо, таҳдидҳои муосир ва зарфиятҳои стратегӣ» ба кори худ оғоз кард.
Ҳамоиши сатҳи баланд бо ташаббуси Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Намояндагии минтақавии Бунёди Конрад Аденауэр дар Осиёи Марказӣ баргузор гардидааст.
Дар маросими ифтитоҳи расмии форум директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода бо сухани ифтитоҳӣ баромад намуда, иштирокчиён ва меҳмонони форумро самимона хайрамақдам гуфт.
Ӯ таъкид намуд, ки иштироки намояндагони муассисаҳои тадқиқоти стратегии назди президентҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ, ҷомеаи коршиносон, ташкилоту фондҳои байналмилалӣ ва инчунин намояндагиҳои дипломатии кишварҳои гуногун дар ин ҳамоиши сатҳи баланд, нишонаи равшани таваҷҷуҳи рӯзафзун ба масъалаҳои амнияти минтақа мебошад.
Зимни суханронии худ Хайриддин Усмонзода зикр намуд, ки Осиёи Марказӣ дар тӯли даҳсолаҳои охир ва бахусус дар шароити афзоиши ноустувории равандҳои байналмилалӣ, ҳамчун минтақаи дорои аҳамияти стратегии баланд боқӣ мемонад, ки дар он манфиатҳои марказҳои асосии қудрати ҷаҳонӣ ва минтақавӣ ба ҳам меоянд. Дар заминаи тағйирёбии низоми сиёсии ҷаҳонӣ ва афзоиши рақобатҳои геополитикӣ, кишварҳои минтақа муносибати ҳамоҳангшуда, пухта ва прагматикӣ нисбат ба таҳкими меъмории амнияти минтақавӣ нишон медиҳанд.
Яке аз дастовардҳои муҳим дар ин самт ба имзо расидани созишнома дар бораи нуқтаи пайвасти сарҳадҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Узбекистон дар водии Фарғона, инчунин қабули Эъломияи Хуҷанд оид ба “Дӯстии абадӣ” мебошад. Ин иқдомҳо саҳми назаррас дар таҳкими эътимод, коҳиши эҳтимоли низоъҳо ва фароҳам овардани муҳити устувори ҳамсоягии нек гузоштанд.
Ҳадафи Форуми имрӯза аз таҳлили ҳамаҷонибаи воқеиятҳои муосири Осиёи Марказӣ, инчунин аз арзёбии равишҳо ва консепсияҳое иборат аст, ки ҳам дар дохили минтақа ва ҳам берун аз он ташаккул меёбанд.
“Мо итминон дорем, ки муколамаи пурмуҳтаво ва ошкори коршиносон на танҳо ба равшан шудани масъалаҳои калидӣ мусоидат мекунад, балки инчунин имкон медиҳад тавсияҳои амалие таҳия шаванд, ки ба таҳкими сулҳи устувор ва амният нигаронида шудаанд”, — изҳор дошт дар охири суханронии худ Х.Усмонзода.
Дар навбати худ, намояндаи минтақавии Бунёди Конрад Аденауэр оид ба Осиёи Марказӣ Андре Алгермиссен дар суханронии ифтитоҳии худ коршиносонро аз Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Туркманистон самимона истиқбол намуд.
Ӯ таъкид кард, ки имрӯз иштирокчиён барои баррасии масъалаи ниҳоят муҳим ва ҳамзамон мураккаби амнияти минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ ҷамъ омадаанд, ки дорои аҳамияти на танҳо минтақавӣ, балки ҷаҳонӣ мебошад.
Намояндаи Бунёд зикр кард, ки дар Олмон ва умуман дар Аврупо масъалаи таъмини амнияти ҳаёт ва фаъолияти шаҳрвандон дар шароити таҳдидҳои нав аҳамияти хоса дорад. Глобализатсия кишварҳоро аз ҷиҳати иқтисодӣ, технологӣ, фарҳангӣ ва гуманитарӣ ба ҳам мепайвандад, аммо дар баробари ин як қатор мушкилоти фаромиллӣ, аз ҷумла муҳоҷирати ғайриқонунӣ, савдои одамон, гардиши ғайриқонунии силоҳ, қочоқи маводи мухаддир, терроризми байналмилалӣ ва ҳамчунин чолишҳои иқтисодӣ ва экологиро ба вуҷуд меорад.
Инчунин Андре Алгермиссен зик намуд, ки ҳеҷ як давлат, ҳатто қудратмандтарин онҳо, наметавонад танҳо бо ин чолишҳои амниятӣ мубориза барад. Аз ин рӯ, ҳамкории минтақавӣ ва байналмилалӣ аҳамияти ҳалкунанда пайдо мекунад. Ӯ таъкид намуд, ки Мо дар назди наслҳои оянда вазифадорем, ки дар ҳамаи майдонҳо, ки сиёсатмадорон ва коршиносони кишварҳои гуногунро муттаҳид мекунанд, муколамаи ошкоро ва созандаро пеш барем.
Ҳамчунин ӯ изҳор дошт, ки аҳамияти вижаи форуми имрӯза дар он аст, ки он коршиносони пешсафи минтақаро муттаҳид намудааст. Ҳадаф на танҳо фароҳам овардани майдон барои табодули афкор ва таҷриба, балки таҳкими ҳамкориҳо байни ҷонибҳои асосӣ мебошад.
Андре Алгермиссен қайд намуд, ки Бунёди Конрад Аденауэр дар солҳои охир як қатор чорабиниҳоро оид ба масъалаҳои амнияти минтақавӣ баргузор намудааст ва ӯ изҳори боварӣ кард, ки ҳамкориҳо дар асоси натиҷаҳои ин форум низ идома хоҳанд ёфт.
Кори форум баъд аз ҷаласаи ифтитоҳӣ дар бахшҳои алоҳида идома меёбад.
Дар бораи ҷараён ва натиҷаҳои минбаъдаи форум ба таври муфассал тавассути маводи расмии навбатӣ иттилоъ дода хоҳад шуд.
Хадамоти матбуотии Маркази тадқиқоти
стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон