ДУШАНБЕ ҲАМЧУН МЕҲВАРИ ИНКИШОФИ ТОҶИКИСТОН

Пойтахт чун макони рамзии идеологияи миллӣ, ифодаи муносибати умумии давлат ба шаҳрсозӣ, катализатори рушди иқтисодии кишвар, пайвандгари байни фарҳанги куҳан ва навини мамлакат маҳсуб меёбад. Дар тадқиқотҳои илмӣ пойтахтҳо аксар вақт ҷудогона омӯхта мешаванду, ҳамчун марказҳои маъмурӣ ифода мегарданд. Бо ибораи дигар пойтахти давлат маконе дар дохили кишвар мебошад, ки дар он Ҳукумати мамлакат воқеъ аст.
Фарқияти нодири пойтахтҳо нисбат ба дигар шаҳрҳо дар он аст, ки маҳз дар онҳо ҳокимият ва қудрати сиёсӣ ҷойгир гардидааст. Барои сиёсатшинос пойтахт макони ҳокимият ва идоракунии мақомоти давлатӣ мебошад. Барои иқтисодшинос — макони баландии шуғл дар бахшҳои гуногуни давлатию ҷамъиятӣ маҳсуб меёбад. Барои макроиқтисодшинос одатан ин маконе аст, ки дар он сиёсати савдо, саноат, қарз ва дигар рукнҳо сохта мешавад, ки ин аз нақши фарогири пойтахт дар тамоми самтҳо дарак медиҳад. Барои меъмор — фазои мувофиқ, ки дар он биноҳои намояндагӣ, ёдгориҳо ва боғҳо ҷойгир шудаанду дирӯзро ба имрӯз мепайвандад.
Дар раванди таърих тоҷикон соҳиби марказҳои гуногун буданду бо тақозои таърих Душанбе маркази Тоҷикистони соҳибистиқлол шуд.
24-уми августи соли 1924, пас аз ташкили ҶМШС Тоҷикистон, Душанбе пойтахти давлати навбунёди тоҷикон интихоб гашт. Бо гузашти вақт ва рушду инкишофи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон пойтахти кишвар аз 4 ноҳияи маъмурӣ – Исмоили Сомонӣ, Шоҳмансур, Фирдавсӣ ва Сино созмон ёфт. Тайи ду даҳсолаи охир ҷиҳати боз ҳам зебо гардонидани симои шаҳр дар он биноҳои таъиноташон гуногуни ба талаботи давр мутобиқ сохта ва ба истифода дода шуд.
Сохта ва ба истифода додани биноҳои боҳашамати Қасри миллат, Осорхонаи миллӣ, Китобхонаи миллӣ, Қасри Наврӯз, бинои Парлумон, Ҳукумати ҷумҳурӣ, маҷмааи “Истиқлол”, роҳҳои сатҳи байналмилалӣ, боғу гулгаштҳо ва садҳо биноҳои баландошёнаи маъмуриву истиқоматӣ, шаҳри Душанберо боз ҳам ободу зебо менамояд.
Шурӯъ аз соли 2005 дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” шанбеи сеюми моҳи апрел “Рӯзи пойтахти Тоҷикистон” ҷашн гирифта мешавад.
Тибқи Моддаи 4-и Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пойтахти расмии кишвар шаҳри Душанбе эътироф гардидааст.
Таҳқиқотҳои бостоншиносӣ ва бозёфтҳои анҷомшуда дар ҳудуди ҳозираи шаҳри Душанбе нишон медиҳад, ки тақрибан 2300-2400 сол пеш тамаддуни шаҳрнишинӣ дар ин мавзеъ вуҷуд доштааст, ки ин аз маркази фарҳангӣ будани шаҳр дарак медиҳад.
“Соли 1941 П.И. Смоличев дар қисми шимолу шарқи шаҳр дафинаеро кашф намуда, аз он ҷо миқдори зиёди сафолпораҳоро пайдо кард. Чунин маснуоти сафолӣ аз ҳудуди корхонаи бофандагӣ низ ёфт шуданд. Соли 1948 бо сарварии академик А. П. Окладников гурӯҳи бостоншиносон таҳқиқи атрофи Душанберо идома дода, бозёфтҳои маданияти кӯҳистонии Тоҷикистонро аз рӯи ёдгории барҷастаи ин давра – Теппаи Ғозиёни Ҳисор «маданияти Ҳисор» номида, таърихашро ба ҳудуди ҳазорсолаҳои 4-3 то мелод мансуб донист.
Ҳудуди Душанбе ва музофоти атрофи он дар асрҳои миёна бо номи шаҳр ва вилояти Шумон ёд шудааст”.
Тавре аз далелҳои таърихӣ бармеояд, ҳудуди имрӯзаи шаҳр дар давраҳои гуногуни таърихӣ ҳамчун макони фарҳангӣ шинохта шудааст, ки дар он ҳунарҳои мардумии қадима рушд ва ташаккул ёфтаанд.
Имрӯзҳо пойтахти малакат чун маркази фарҳангӣ барои эҳёи анъанаҳои миллӣ ва рукнҳои фарҳангии кишвар нақши амиқ дорад. Баргузории фестивалҳои гуногуни фарҳангӣ бо иштироки сайёҳони дохилӣ ва хориҷӣ барои муаррифии ҳар чи бештари шаҳр замина фароҳам месозад.
Бо ибтикороти муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар шаҳри Душанбе мунтазам корҳои ободонию сабзгардонӣ, ниҳолшинонӣ ва дигар навъи маъракаҳо гузаронида мешавад, ки ин аз оини шаҳрдории мо дарак медиҳад.
Тайи якчанд соли охир марказҳои намоёни илмӣ, фарҳангӣ ва иқтисодию иҷтимоӣ кишвар дар шаҳри Душанбе ҷойгир гардиданд, ки ба ҳусни пойтахт нури дигар зам менамояд. Дар ин ҳошия раванди саноатикунонии мамлакат ва бунёду азнавсозии корхонаҳои хурду бузург дар пойтахт, шаҳри Душанберо ба як шаҳри саноатӣ табдил додааст.
Имрӯзҳо шаҳри Душанбе узви Ассамблеяи байналхалқии пойтахтҳо ва бузургшаҳрҳо, Ташкилоти байналхалқии бародаршаҳрҳо, Ташкилоти Боулдер-Душанбе бародаршаҳрҳо, Ташкилоти умумиҷаҳонии шаҳрҳои муттаҳида ва ҳокимияти маҳаллӣ, узви Федератсияи умумиҷаҳонии шаҳрҳои туристӣ, буда, дар айни замон бо 18 шаҳри Осиё, Африқо, Аврупо, Амрико ва Иттиҳоди давлатҳои мустақил муносибати дӯстона ва бародарона барқарор намудааст.
Дар робита ба масъалаи марказӣ сиёсии кишвар будани шаҳри Душанбе қобили таъкид аст, ки тайи солҳои охир пойтахти кишвар мизбони чорабиниҳои гуногун аст, ки барои муаррифии симои пойтахт заминаи мусоид фароҳам месозанд.
Ҳамин тавр, сокинони пойтахтро мебояд, ки эҳсоси масъулиятро дарк намоянд, зеро одоб ва рафтори шаҳрнишинии онҳо метавонад дар маҷмӯъ ба атроф таъсири амиқ расонад.
Дар соли 2026, ки Соли вусъат бахшидани корҳои ободонӣ таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ” эълон гардидааст, аз сокинони пойтахт даъват ба амал оварда мешавад, ки муносибати эҳтиёткоронаро ба ҳар гушаи шаҳр ба роҳ монда, фарҳанги баланди шаҳрнишиниро риоя намоянд.
Шарифхонзода Моҳира,
Сармутахассиси Раёсати таҳлил ва
ояндабинии сиёсати дохилии Маркази
тадқиқоти стратегии назди Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон