ДАР МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГӢ АТТЕСТАТСИЯИ КОРМАНДОН БАРГУЗОР ГАРДИД
Имрӯз, 30 январи соли ҷорӣ, тибқи муқаррароти санадҳои меъёрии ҳуқуқии ба танзимдаровардаи фаъолияти Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади муайян намудани мувофиқати кормандон ба вазифаҳои ишғолнамуда, сатҳи иҷрои уҳдадориҳои мансабӣ ва тайёрии касбӣ аттестатсияи навбатии кормандон баргузор гардид.
Дар рафти аттестатсия директори Маркази тадқиқоти стратегӣ Хайриддин Усмонзода, инчунин мушовир ва муовинони директор иштирок намуда, фаъолияти хизматии ҳар як корманди раёсатҳои Марказро мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор доданд. Дар ҷараёни санҷиш масъалаҳои вобаста ба сатҳи дониши касбӣ, таҷрибаи корӣ, масъулиятшиносӣ, иҷрои вазифаҳои хизматӣ ва саҳми кормандон дар пешбурди фаъолияти илмию таҳлилӣ муҳокима карда шуданд.
Зимни баррасӣ аъзои комиссия ба фаъолияти амалии кормандон, сифати таҳияи маводи таҳлилӣ, иштирок дар таҳқиқотҳои илмӣ, омодасозии пешниҳодҳои стратегӣ ва иҷрои супоришҳои роҳбарият таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд. Ҳамзамон, барои боз ҳам такмил додани сатҳи касбӣ ва баланд бардоштани самаранокии фаъолияти минбаъда тавсияҳои дахлдор пешниҳод гардиданд. Пешниҳод гардид, ки дар заминаи тавсияю вазифаҳои гузошташуда нақшаи чорабиниҳо таҳия ва амали гардонида шавад.
Дар фарҷоми аттестатсия ҳайати комиссия фаъолияти кормандонро қаноатбахш арзёбӣ намуда, таъкид гардид, ки чунин чорабиниҳо ба баланд бардоштани масъулият, таҳкими интизоми меҳнат ва рушди иқтидори кадрии Марказ мусоидат менамоянд. Ҳайати комиссия кормандонро барои фаъолияти минбаъда ба кори боз ҳам пурсамар, баланд бардоштани сатҳи касбият ва саҳмгузорӣ дар таҳияи тадқиқотҳои муҳими стратегӣ ҳидоят намуда, ба онҳо барору муваффақият таманно карданд.
Хадамоти матбуотии Маркази тадқиқоти
стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
