РУШДИ ИҚТИСОДИ МИЛЛӢ ДАР ҲОШИЯИ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба Маҷлиси Олӣ аз ҷониби шаҳрвандон ҳамчун барномаи мукаммал пазируфта мешавад. Бинобар ин, мавриди ироаи Паём, ки 16-уми декабри соли ҷорӣ дар Кохи Парлумон баргузор гардид, ба пояҳои асосии таҳкими давлатдорӣ ва рушди иҷтимоию фарҳангӣ, роҳҳои таъмини рушди устувори иқтисоди миллӣ бо дарназардошти баррасии масъалаҳои муҳимми сиёсати хориҷии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда шуд.
Тавассути сиёсати хирадмандона ва дурбинонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар доираи барномаю стратегияҳои давлатӣ, консепсияҳои рушди соҳавӣ рушду пешрафти ҳамаи соҳаҳои давлатдории миллӣ таъмин гардида, дар давоми даҳ соли охир ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилӣ аз 50977,8 млн. сомонии соли 2015 ба 173,0 млрд. сомонӣ дар соли 2025 расонида шуд, ки дар ин давра маҷмуи маҳсулоти дохилӣ бештар аз 122,0 млрд. сомонӣ ё ин ки 3,4 баробар зиёд гардидааст ва ҳар сол, самти рушди иқтисоди миллӣ ба ҳисоби миёна 7,6 фоиз таъмин карда шудааст.
Мавриди ироаи Паём Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намуданд, ки барои таъмини рушди соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ беш аз 670 млрд. сомонӣ, аз ҷумла 159 млрд. сомонӣ сармояи хориҷӣ равона гардид ва дар давраи пешбинигардида, маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар сари аҳолӣ 2,7 баробар афзоиш ёфта, аз 6 ҳазор сомонии соли 2015 ба 16,4 ҳазор сомонӣ дар соли 2025 расонида шуд.
Дар баробари ин, агар ҳаҷми умумии даромади Буҷети давлатиро дар соли 2025-ум ба соли 2015 муқоиса намоем, маълум мегардад, ки дар ин давра ба маблағи 33,4 млрд. сомонӣ ё ин ки се баробар ҳаҷми умумии даромади Буҷети давлатӣ зиёд гардидааст. Ин нишондиҳанда дар соли 2025-ум ба 50,0 млрд. сомонӣ баробар гардид, ки нисбат ба соли 2021-ум 65 фоиз ё 20 млрд. сомонӣ зиёд мебошад.
Ҳамзамон гуфта шуд, ки технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ яке аз омилҳои асосии таъминкунандаи рушди устувори иқтисодиёт ба шумор мераванд ва имрӯз мо самаранокии истифодаи технологияҳои рақамиро дар ҳаёти ҳаррӯза мушоҳида карда истодаем. Ин раванд, яъне такмилу истифодаи васеи технологияҳои инноватсионӣ дар шароити коргоҳу корхонаҳои саноатӣ, рушди иқтисоди рақамӣ ва зеҳни сунъӣ ба баланд бардоштани қобилияти рақобати истеҳсолоти ватанӣ заминаи мусоид гузошта метавонад.
Ҳамин тавр, ба такмили инфрасохтори низоми молияи мамлакат ва рушди пардохтҳои ғайринақдӣ, ки таъсири омилҳои инсониро аз байн мебаранд ва шаффофияти муносибатҳои молиявиро таъмин менамоянд, таваҷҷуҳи бештар зоҳир карда шуд. Тибқи маълумоти омори расмии Бонки миллии Тоҷикистон, танҳо дар нуҳ моҳи соли 2025-ум шумораи ҳамёнҳои электронӣ ба 16730718 адад расидааст, ки дар қиёс нисбат ба соли 2020-ум 15022136 адад ё тақрибан даҳ баробар зиёд мебошад. Ин нишон медиҳад, ки аҳолӣ ба истифодаи технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир намуда, самаранокии онҳоро дар ҳаёти ҳаррӯза ба таври возеҳ эҳсос менамояд.
Дар ин самт, Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади пешбурди сиёсати самараноки пулию қарзӣ, пайваста бо роҳи паст намудани меъёри бозтамвил ва пешниҳоди қарзҳои имтиёзнок ба бахши хусусӣ ва субъектҳои соҳибкорӣ, хусусан соҳибкории истеҳсолӣ як қатор корҳоро ба анҷом расонидааст. Дар шароити имрӯза, ҳиссаи бахши хусусӣ дар истеҳсолоти молӣ 80 фоиз ва дар таъмини аҳолӣ бо ҷойҳои корӣ 70 фоизро ташкил медиҳад, яъне рушди бахши хусусӣ ҳамчун қувваи пешбарандаи иқтисоди миллӣ, метавонад барои расидан ба ҳадафҳои миллӣ нақши муҳим дошта бошад. Бо дарназардошти ин, дар партави сиёсати дурбинона ва хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ ва чораҳои саривақтӣ андешидаи Бонки миллии Тоҷикистон, айни ҳол меъёри бозтамвил 7,5 фоиз муқаррар гардидааст, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2020-ум ба андозаи 5,75 банди фоизӣ паст мебошад.
Бояд зикр намуд, ки хизматрасонии муносиби низоми бонкӣ (дар шароити имрӯза, пешниҳоди қарз бо фоизи нисбатан паст) ба ташкилу самаранокии корхонаҳои истеҳсолӣ, яъне баланд бардоштани рақобатнокии маҳсулоти ватанӣ ва тақвияти содироти молу маҳсулоти дорои арзиши баланди иловашуда, ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ, суръат бахшидан ба раванди рақамикунонӣ дар шароити иқтисоди миллӣ, заминаи мусоид гузошта метавонад.
Бинобар ин, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Бонки миллӣ ва ташкилотҳои қарзӣ супориш доданд, ки ҷиҳати ҷалби бештари сармояи хориҷӣ ба низоми бонкӣ, пасандозҳои шахсони воқеию ҳуқуқӣ ва боз ҳам зиёд намудани пешниҳоди қарз ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди миллӣ, бахусус, соҳибкории истеҳсолӣ тадбирҳои иловагиро роҳандозӣ намоянд. Дар баробари ин, барои беҳтар намудани дастрасии соҳибкорони истеҳсолӣ ба маблағҳои арзони дарозмуддат ва афзоиш додани ҳаҷми қарз пешниҳод намуданд, ки Фонди кафолати қарзҳо таъсис дода шавад.
Ҳамин тавр, ин равандҳо ба ташаккули бозори сармоя, ба муомилот баровардани коғазҳои қиматноки «сабз», баланд гардидани самаранокии идоракунии низоми молия ва коҳиш додани таъсири омили инсонӣ заминаи устувор фароҳам меоранд. Агар таъсири омилҳои инсониро дар низоми молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истифодаи васеъи технологияҳои инноватсионию рақамӣ ва зеҳни сунъӣ таъмин карда тавонем, рушди низоми энергетика бо низоми рақамии биллингӣ, пешрафти соҳаҳои роҳу нақлиёт тавассути низоми “шаҳри бехатар”, саноату кишоварзӣ, алоқа ва сайёҳӣ бо истифодаи кортҳои пардохтӣ ва тиҷорати электронӣ таъмин мегарданд.
Ҷӯрахон Бобоев,
сардори Раёсати таҳлил ва ояндабинии
иқтисодиёти соҳавии Маркази тадқиқоти
стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон