ТАМОШОИ ДАСТАҶАМЪИИ ИРОАИ ПАЁМИ ПРЕЗЕДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Кормандони Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мисли дигар сохтору мақомотҳои давлатӣ, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дастаҷамъона тамошо намуданд.
Тавре маълум аст, имрӯз, 16 декабри соли 2025, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Паёми навбатии худро “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии ҷумҳурӣ” ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа намуд.
Дар Паёми худ Сарвари давлат масъалаҳои калидии пешбурди самараноки сиёсати дохилию хориҷӣ ва таъмини рушди устувори кишварро мавриди таҳлил қарор дода, оид ба пешрафти соҳаҳои гуногун, аз ҷумла саноат, энергетика, кишоварзӣ, роҳу нақлиёт, сармоягузорӣ ва рушди соҳибкорӣ, маориф, илм ва фарҳанг, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, меҳнат ва шуғли аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, андозу гумрук, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, инчунин густариши муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории судманд бо кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалию минтақавӣ маълумот ва дастуру ҳидоятҳои мушаххас пешниҳод намуданд.
Дар маросими ироаи Паём аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазир ва аъзои Ҳукумати кишвар, Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти вазорату кумитаҳои давлатӣ, идораҳои назди Президент ва Ҳукумат, мақомоти марказии судӣ ва дигар ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқу тартибот, Академияи миллии илмҳо, муассисаҳои олии таълимӣ, роҳбарони марказҳои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, як гуруҳ вакилони Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ, Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, вакилони як қатор иттиҳодияҳои сиёсӣ, ҷамъиятӣ ва эҷодӣ, роҳбарияти корхонаю муассисаҳои ҷумҳуриявӣ, бонкҳо, тоҷирону соҳибкорони фаъол ва ҷавонони ташаббускор, ҳамчунин намояндагони ҳайати дипломатӣ ва воситаҳои ахбори умум иштирок намуданд.
Хадамоти матбуотии Маркази тадқиқоти
стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон