ИШТИРОКИ ХАЙРИДДИН УСМОНЗОДА ДАР СИМПОЗИУМИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР ПЕКИН
18–19 ноябри соли 2025 дар Пекин Симпозиуми байналмилалӣ таҳти унвони «Бунёди муштарак ва босифати ташаббуси «Як камарбанд, як роҳ»: консепсияҳо ва амал» баргузор гардид. Ин чорабинӣ бо ташаббуси Институти Русия, Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказии назди Академияи илмҳои ҷамъиятии Чин ташкил шуда, коршиносон, муҳаққиқон ва намояндагони кишварҳои гуногун, ки дар татбиқи ин ташаббусҳо ширкат доранд, ширкат намуданд.
Барномаи симпозиум аз якчанд бахшҳо иборат буд, ки ба самтҳои асосии татбиқи ташаббуси «Як камарбанд, як роҳ» бахшида шуда буданд. Иштирокчиён идоракунии глобалӣ, дурнамои ҳамкориҳои амалӣ, таъсири иҷтимоию иқтисодии ин ташаббус ва аҳамияти мубодилаи фарҳангиро баррасӣ карданд.
Дар симпозиуми мазкур директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода иштирок ва суханронӣ намуд. Мавсуф аҳамияти ташаббуси Чин оид ба идоракунии глобалӣ, ки дар саммити СҲШ пешниҳод шудааст, ҳамчунин муҳимияти мутобиқсозии сохторҳои байналмилалиро ба таҳдидҳои муосир таъкид кард. Ба таъкиди ӯ, ташаббусҳои глобалии Чин ба рушди инсоният такони нави зеҳнӣ мебахшанд ва нақши СҲШ-ро дар равандҳои ҷаҳонӣ тақвият медиҳанд.
Дар суханронии худ Хайриддин Усмонзода ба рушди фаъолонаи ҳамкории Тоҷикистону Чин, хусусан дар соҳаҳои саноат ва сармоягузорӣ таъкид кард. Мавсуф махсусан оид ба сармоягузориҳои назарраси Чин дар соҳаи истихроҷи маъдани Тоҷикистон, аз ҷумла татбиқи лоиҳаҳои бузург дар шаҳри Истиқлол бо маблағи умумии зиёда аз 600 миллион доллар, ҳамчунин нақшаҳо оид ба густариши минбаъда ва ҷорӣ намудани технологияҳои муосир маълумот дод.
Инчунин, зимни суханронӣ ба ташаббусҳои Чин оид ба навсозии низоми идоракунии байналмилалӣ, ки пурра бо принсипҳои ҳуқуқи байналмилалӣ мувофиқанд, таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд. Х.Усмонзода таъкид кард, ки Тоҷикистон аз ин ташаббусҳо пуштибонӣ мекунад ва омода аст, ки ҳамкориро бо Чин минбаъд низ тақвият диҳад.
Ӯ хотиррасон кард, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, зимни суханронии худ дар иҷлосияи 80-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид пешниҳод намуда буд, ки «Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ» эълон карда шавад ва ҷомеаи ҷаҳонро ба тақвияти фарҳанги шаффофият ва адолат даъват карда буд.
Дар анҷоми суханронӣ таъкид шуд, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ ба марҳилаи нави рушди худ ворид мешаванд ва дастгирии ташаббусҳои Чин бори дигар мувофиқати онҳо ба талаботи замон дар шароити муосир собит месозад.
Дар интиҳо Х.Усмонзода ба ташкилкунандагони ин ҳамоиш изҳори миннатдорӣ намуда, таъкид кард, ки симпозиум ҳамчун як минбари муҳим барои муҳокимаи шаклҳои нави ҳамкории байналмилалӣ ва таҳкими робитаҳои шарикӣ дар доираи ташаббуси «Як камарбанд, як роҳ» нақши муҳим хоҳад дошт.

Хадамоти матбуотии Маркази тадқиқоти
стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон