НАҚШИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАШАККУЛИ САМТҲОИ АСОСИИ СИЁСАТИ ХОРИҶИИ КИШВАР
(бахшида ба рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон)
Қобили тазаккур аст, ки баъд аз ба даст овардани истиқлолияти комили сиёсӣ 9-уми сентябри соли 1991 Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби аксари кишварҳои ҷаҳон ба расмият шинохта шуда, раванди барқарорсозии муносибатҳои дипломатӣ оғоз ёфт. Вале нооромиҳои сиёсии дохилӣ ва ҷанги шаҳрвандӣ нуфузи Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳон муваққатан коҳиш дода, рушди давлатдории навини тоҷиконро буҳрони сиёсӣ — ҳуқуқӣ фаро гирифт. Бо вуҷуди ин, Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 16 ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби Хуҷанд баргузор гардид, тавонист заминаи устуворро дар рушди ҳокимияти конститутсионӣ гузорад. Баъди он, Тоҷикистон тавонист ҳокимияти конститутсиониро барқарор намуда, пояҳои асосии ҷомеаи ояндаро муайян созад. Маҳз пас аз ҳамин рӯйдоди таърихӣ давраи нави сиёсати хориҷии Тоҷикистон оғоз ёфт. Санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор қабул гардиданд, ки дар ташаккул ва рушди сиёсати хориҷӣ заминаи устуворро ба миён гузоштанд.
Аҳаммияти бузурги Иҷлосия дар он буд, ки волоияти қонун барқарор шуд ва ҳалли масъалаҳои муҳимми сиёсӣ бо роҳи конститутсионӣ шурӯъ гардид. Дар нахустин гузориши худ Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон иброз дошт, ки: «Ман кори худро аз сулҳ оғоз хоҳам кард…». Иҷлосия истиқлоли воқеии миллати тоҷикро бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъмин карда, барои худшиносии миллӣ ва иқдоми муҳимми сиёсию иҷтимоӣ ва фарҳангӣ заминаи мусоид фароҳам овард.
Бояд зикр намуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон поягузори воқеии сиёсати хориҷии даврони истиқлол ба шумор мераванд. Бо талошҳои ӯ Тоҷикистон тавонист шарикии стратегии худро бо кишварҳои минтақа таҳким бахшад. Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз дар ибтидои солҳои 90-ум эълон намуда буд, ки «дари Тоҷикистон барои ҳамаи кишварҳое, ки хоҳони рушди ҳамкориҳои босамар ва дӯстонаанд, ҳамеша боз аст». Маҳз чунин рӯҳияи кушода будани Тоҷикистони тозаистиқлол боис гардид, ки кишвари ҷангзада тавонад бо ҷаҳон робитаҳои нав барқарор намояд.
Сарвари давлат дар солҳои нооромӣ ва буҳрони миллӣ стратегияи хориҷии кишварро бо устуворӣ пеш бурда, дар барқарор намудани эътибори байналмилалии Тоҷикистон нақши ҳалкунанда бозид. Ӯ тавонист бо сиёсати хирадмандона ва инсондӯстона оташи ҷанги шаҳрвандиро хомӯш намуда, бо дастгирии мардуми кишвар мушкилоти даврони баъдиҷангиро паси сар кунад.
Хусусияти барҷастаи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони истиқлол ин тавозуни муносибатҳо бо шарикони гуногун мебошад. Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист сиёсатеро пеш барад, ки бар пояи баробарӣ ва манфиатҳои мутақобилан судманд бо кишварҳои Шарқу Ғарб, шимолу ҷануб бино ёфтааст. Ин тавозуни геополитикӣ имкон дод, ки Тоҷикистон ҳамкорӣ ҳам бо абарқудратҳо ва ҳам бо кишварҳои рӯ ба рушдро ба таври муассир ба роҳ монад. Сиёсати хориҷии кишвар дар даврони ҷанги шаҳрвандӣ низ, бо вуҷуди душвориҳои он замон, принсипҳои сулҳҷӯёнаи худро нигоҳ дошт ва пас аз барқароршавии сулҳ бо сифати нав идома ёфт. Ҷомеаи ҷаҳонӣ низ ин сиёсати пешгирифтаи Тоҷикистонро ҳамовозӣ кард, ки далели он қабули пайдарпайи ташаббусҳои байналмилалии пешниҳоднамудаи кишвар дар Созмони Милали Муттаҳид мебошад. Дар солҳои истиқлолият, бо дастгирии халқи тоҷик ва Парлумони мамлакат, сиёсати хориҷии сулҳомези Пешвои миллат таҷрибаи ғанӣ андӯхт ва Тоҷикистонро ба як кишвари фаъоли майдони дипломатияи ҷаҳонӣ табдил дод.
Сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таъмини рушди устувори кишвар ва таҳкими сулҳу субот дар минтақа ва арсаи байналмилалӣ нақши калидӣ дорад. Бо дарназардошти таҳдиду чолишҳои муосири ҷаҳонӣ, Тоҷикистон кӯшиш мекунад манфиатҳои миллии худро дар ҳамбастагӣ бо ҷомеаи ҷаҳонӣ пеш барад ва ба ҳадафҳои созандаи рушди устувор ноил гардад. Ҳукумати кишвар таҳти роҳбарии Пешвои миллат, сиёсати “дарҳои боз”-ро татбиқ менамояд, ки он ба густариши ҳамкориҳои дӯстона бо ҳамаи кишварҳо ва созмонҳои байналмилалӣ равона шудааст. Ин равиш имкон медиҳад, ки Тоҷикистон дар ҳалли мушкилоти доғи глобалӣ саҳми фаъол гузошта, мавқеи худро ҳамчун давлати ташаббускори сулҳ ва ҳамкорӣ мустаҳкам намояд.
Яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистон иштироки фаъолона дар равандҳои муҳими глобалист, ки ба ҳалли масъалаҳои умдаи умумибашарӣ нигаронида шудаанд. Чунин масоил пеш аз ҳама ба амнияти озуқаворию энергетикӣ, идоракунии захираҳои об ва тағйирёбии иқлим рабт доранд. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари ташаббускори “дипломатияи об” дар сатҳи ҷаҳонӣ шинохта шудааст. Аксари ташаббусҳои муҳимми Пешвои миллат дар соҳаи об ва иқлим аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид қабул ва дастгирӣ гардиданд. Аз ҷумла, моҳи июни соли равон дар шаҳри Душанбе Конфронси навбатии байналмилалии об баргузор шуд, ки он дар пешбурди ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи истифодаи оқилонаи захираҳои об марҳалаи муҳим маҳсуб меёбад. Ин ҳамоиш ҷиҳати пайгирии ҳадафҳои рушди устувор ва Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” заминаи мустаҳкам фароҳам овард. Дар идомаи ин раванд, 29-31 майи соли равон дар шаҳри Душанбе бо ибтикори Тоҷикистон ва Созмони Милали Муттаҳид нахустин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои тағйирёбии иқлим ва ҳифзи манобеи об мавриди баррасӣ қарор гирифт. Ин чорабинии сатҳи ҷаҳонӣ таваҷҷуҳро ба оқибатҳои обшавии пиряхҳо ҷалб намуда, аҳаммияти таъхирнопазири ҳифзи онҳо барои башариятро нишон медиҳад.
Бояд зикр намуд, ки айни ҳол Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 30 давлатӣ дунё, инчунин дар назди ЮНЕСКО ва Созмони Милали Муттаҳид намояндагии доимии худро дорад. Шумораи сафоратҳои мамлакатҳои хориҷ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад ба 24 адад расидааст. Ҳамзамон, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 57 созмони минтақавию байналмилалӣ узвият дорад. Соли 2013 Ҷумҳурии Тоҷикистон узви комилҳуқуқи яке аз созмонҳои бонуфузтарини дунё — Созмони Умумиҷаҳонии Савдо гардид. Дар ин замина, ҳар сол миёни Тоҷикистон ва беш аз 100 кишвари ҷаҳон табодули мол сурат мегирад.
Дар доираи сиёсати хориҷии худ, Тоҷикистон ба таҳкими фазои эътимод ва ҳамсоягии нек дар Осиёи Марказӣ афзалияти хоса медиҳад. Рушди муносиботи асосёфта бар сидқ ва эҳтироми мутақобила бо кишварҳои ҳамҷавор омили муҳимми таъмини амнияти минтақавӣ ва пешрафти иқтисодию иҷтимоии умумӣ гардидааст. Бо талошҳои роҳбарони кишварҳои минтақа, аз ҷумла Пешвои миллати тоҷикон, тайи солҳои охир руҳи нави ҳамдигарфаҳмӣ дар Осиёи Марказӣ ба вуҷуд омад, ки ҳамкориҳо дар соҳаҳои зиёдеро фаъолнок намуда истодааст. Тоҷикистон ҳамчунин тавсеаи равобит бо кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ)-ро ҳамчун яке аз авлавиятҳои сиёсати хориҷии худ меҳисобад. Дар тӯли бештар аз се даҳсолаи истиқлолият, кишвари мо омодагии худро барои мустаҳкам намудани робитаҳои гуногунҷанба бо кишварҳои Аврупо, ИМА, Осиё, Шарқи Наздик ва дигар минтақаҳо нишон дод. Сиёсати “дарҳои боз” шароити мусоид фароҳам овард, ки Тоҷикистон ҳам дар сатҳи дуҷониба ва ҳам дар чаҳорчӯби сохторҳои бисёрҷониба ҳамкориҳои судманд ба роҳ монад. Тавре худи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намудаанд, принсипи асосии сиёсати дарҳои боз ин рушди муносибатҳои дӯстӣ, ҳамсоягии нек, шарикӣ ва ҳамкориҳои босамар бо ҳама кишварҳо ва созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ мебошад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон узви фаъоли созмонҳои бонуфузи байналмилаливу минтақавӣ мебошад. Ҳамкориҳои зич бо Созмони Милали Муттаҳид, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ, Созмони ҳамкории исломӣ ва дигар сохторҳо имкон доданд, ки ҷумҳурӣ дар раванди муҳокима ва ҳалли масъалаҳои глобалӣ нақши фаъол бозад. Сиёсати хориҷии чандсамта ва дурбинонаи роҳбарияти кишвар инчунин ба расидан ба ҳадафҳои стратегии дохилӣ кумак кард, зеро тавассути ҳамкориҳои хориҷӣ Тоҷикистон барои таъмин намудани истиқлолияти энергетикӣ, рафъи бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии кишвар шароити мусоид фароҳам овард. Бо ин роҳ, муколамаи созандаи Тоҷикистон бо шарикони байналмилалӣ ба афзоиши эътимоди ҷаҳонӣ ба сиёсати давлати мо мусоидат карда, нуфузи кишварро дар арсаи байналмилалӣ боло бурд.
Яке аз муҳимтарин дастоварди Эмомалӣ Раҳмон дар баробари барқарорсозии сулҳу ваҳдати миллӣ, ин эҳёи мавқеи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ва рушди равобити дӯстона бо кишварҳои гуногуни ҷаҳон мебошад. Бо кӯшишҳои Пешвои миллат, имрӯз Тоҷикистон бо 186 давлати дунё робитаҳои дипломатӣ барқарор намудааст ва ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ дар ҳалли мушкилоти байналмилалӣ саҳмгузор аст. Тавре дар боло зикр шуд, принсипи “дарҳои боз” ҳамчун самти асосии сиёсати давлатии Тоҷикистон дар соҳаи муносибатҳои байналмилалӣ эътироф шуда, зери роҳбарии хирадмандонаи Эмомалӣ Раҳмон пайваста рушд меёбад.
Бояд хотирнишон сохт, ки бо шарофати сиёсати хориҷии сулҳҷӯёна ва ибтикороти башардӯстонаи Пешвои миллат, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми 34 соли истиқлолияти худ сазовори эҳтиром ва эътирофи ҷомеаи ҷаҳонӣ гардид. Маҳз ҳамин сиёсати хирадмандона ва кӯшишҳои пайвастаи Президенти Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ буд, ки бо дастгирии Созмони Милали Муттаҳид ва дигар шарикони хориҷӣ музокироти сулҳи тоҷикон бо муваффақият анҷом ёфта, мухолифати дохилӣ бартараф гардид. Баъд аз таҳкими сулҳу ризоияти миллӣ, Тоҷикистон на танҳо худро аз парокандагӣ ҳифз кард, балки таҷрибаи нодири ҳалли мусолиматомези низоъи дохилиро ба ҷаҳониён муаррифӣ намуд. Бешубҳа, тамоми ин дастовардҳо натиҷаи сиёсати оқилона ва созандаи Пешвои муаззами миллат мебошанд, ки имрӯз асоси пешбурди самтҳои асосии сиёсати хориҷии кишварро ташкил медиҳанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи сиёсати ҷаҳонӣ бо ташаббусҳои созандаи худ эътироф шудааст. Бо заҳматҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон имрӯз ба маркази муҳими ҳамоишҳои сатҳи баланд оид ба мушкилоти глобалии обу иқлим табдил ёфтааст. Ҳадафи умумии онҳо эҷоди заминаи стратегияи нави умумибашарӣ дар соҳаи обу иқлим ва таъмини зиндагии шоистаи аҳолии сайёра мебошад. Чунончи, то имрӯз бо сабаби гармшавии иқлим, тақрибан як сеяки ҳаҷми умумии пиряхҳои Тоҷикистон об шудаанд, дар ҳолате ки маҳз пиряхҳои кишвари мо тақрибан 60 фоизи захираҳои обии тамоми минтақаро таъмин мекунанд. Дар баробари ин, Тоҷикистон пайгирона масъалаи робитаи об ва амниятро низ дар сатҳи ҷаҳон матраҳ мекунад, зеро мутмаин аст, ки бе ҳалли мушкилоти обӣ ба сулҳу суботи устувор ноил гардидан ғайриимкон аст.
Бо ин ҳама талошҳо ва ташаббусҳои созанда, имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол дар арсаи байналмилалӣ бо симои як кишвари дӯстдор ва ташаббускор шинохта мешавад. Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонистанд нуфузи мамлакатро дар сиёсати ҷаҳонӣ боло бурда, саҳми Тоҷикистонро дар ҳалли масъалаҳои глобалӣ намоён гардонанд. Таҳлилгарони байналмилалӣ зикр мекунанд, ки мизбонӣ кардани пайдарпайи конфронсҳои муҳими обию иқлимӣ (аз ҷумла ҳамоишҳои солҳои 2025, 2026 ва ниҳоят анҷумани ҷаҳонии об дар соли 2028 дар Душанбе) ҷойгоҳи Тоҷикистонро на танҳо чун пешвои минтақавӣ, балки ҳамчун ташкилкунандаи муҳими раванди байналмилалии ҳукуматдории обӣ таъкид мекунад. Ин ҳама комёбиҳо шаҳодати нақши беназири Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккули самтҳои асосии сиёсати хориҷии кишвар ва таъмини манфиатҳои стратегии он дар арсаи ҷаҳонӣ мебошад.
Ҳамин тариқ, сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки таҳти роҳбарии Президенти кишвар амалӣ мешавад, ба дастёбӣ ба ҳадафҳои дарозмуддати рушди устувор, таъмини суботи минтақавӣ ва пешбурди манфиатҳои миллӣ дар арсаи байналмилалӣ нигаронида шудааст. Бо ба даст овардани сулҳу ваҳдати миллӣ ва рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ дар дохил, акнун Тоҷикистон бо эътимоди бештар ба оянда менигарад. Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳия ва татбиқи ин сиёсати хориҷии муваффақ беандоза бузург аст. Зери роҳбарии хирадмандонаи ӯ Тоҷикистон тавонист аз як кишвари ҷангзада ба як шарики боэътимоди ҷомеаи ҷаҳонӣ табдил ёбад. Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд низ тасмим гирифтааст ҳамкориҳои созандаву ояндадорро бо ҳамаи шарикони хориҷӣ тавсеа бахшад ва ҷиҳати ҳалли мушкилоти глобалӣ саҳми шоистаи худро гузорад. Дар партави сиёсати дарҳои боз ва ташаббусҳои инсондӯстона, Тоҷикистон мавқеи худро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам таҳким мебахшад ва ба сӯйи фардои дурахшон қадамҳои устувор мегузорад.
Мутахассиси пешбари Раёсати таҳлил ва ояндабинии
сиёсати хориҷии Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Абдуллозода Абдулло Комилҷон