ИНЪИКОСИ МАРДУМСОЛОРӢ ДАР КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Афкори ҷамъиятӣ падидаи мураккаб ва фарогири заминаи институтсионалии илмҳои ҷомеашиносӣ, равоншиносию сиёсатшиносӣ буда, ҳамзамон дар илмҳои иқтисодӣ онро бештар ба сифати предмети омӯзишӣ барои маркетинг маҳсуб медонанд. Афкори ҷамъиятӣ омили муҳимест, ки ба қабули қарорҳо ва фаъолият дар соҳаҳои гуногун таъсир мерасонад. Дар ҷомеашиносӣ он ба фаҳмидани динамикаи ҷомеа, дар психология нақши таъсири гурӯҳӣ, дар сиёсатшиносӣ ҳамкорӣ бо сохторҳои ҳокимият ва дар маркетинг ба интихоби истеъмолкунандагон мусоидат менамояд.
Афкори ҷамъиятӣ мафҳуми асоси дар илмҳои ҷомеашиносӣ ва сиёсатшиносӣ мебошад, зеро он маҷмӯи ақидаҳо, эътиқод ва рӯҳияи дар байни як гурӯҳи муайяни иҷтимоӣ ё тамоми ҷомеа паҳншударо инъикос мекунад. Он ҳамчун нишондиҳандаи муҳими фазои иҷтимоӣ, суботи сиёсӣ ва дараҷаи ризоияти ҷамъиятӣ дар масъалаҳои гуногун хизмат мекунад.
Дар охири қарни XX, бо назардошти пош хурдани Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқлоли давлатии худро 9 сентябри соли 1991 эълон намуда, дар саргаҳи раванди давлатсозии мустаъқил қарор гирифт. Дар миёни понздаҳ кишвари пасошӯравӣ, Тоҷикистони тозаистиқлол шадидтарин озмоиши давлатсозиро дар марҳалаи аввали ташаккули давлатдории миллӣ паси сар намуд.
Тавре ки А. Шарифзода ва А. Сатторзода дар китоби худ таҳти унвони «Асосгузори давлати навини тоҷикон» зикр менамоянд:
«Ба майдони муборизаҳои сиёсӣ ва мансабталошӣ кашидани мардуми одӣ, ки аз умқи ин сиёсатбозиҳо ва қудратталабиҳои пурхатар огоҳии комил надоштанд, яке аз сабабҳои асосии ба вуқуъ пайвастани ҳодисаҳои фоҷиабори он замон ба шумор меравад».
Ёдовар шудан ба маврид аст, ки афкори носолим метавонад боиси пайдоиши ихтилофот дар сатҳҳои гуногуни ҷомеа гардад. Чолишҳои гуногуҷанба ва хатарҳои паси сар намудаи кишварро, дар саргаҳи ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ бо сабабу омилҳои гуногун асоснок менамоянд, ки меҳвари онҳоро суистифода аз афкори ҷамъиятӣ ташкил медиҳад.
Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар сарнавишти миллати тоҷик ҳамчун Иҷлосияи тақдирсоз сабт гардидааст, оғози раванди муътадилсозии вазъи сиёсиву иҷтимоии кишвар ба ҳисоб меравад.
Маҳз фаъолияти ин Иҷлосия аввалин таҷрибаи муассири муоширати давлат бо ҷомеа ва ба эътибор гирифтани афкори ҷамъиятиро дар даврони истиқлоли давлатӣ ба вуҷуд овард. Меъёри асосии ин Иҷлосияро афкори созанда ва ҳамгироёна ташкил медод. Бо дарки ин воқеият, таъкид кардан ҷоиз аст, ки афкори ҷамъиятии солим метавонад дар равандҳои сиёсӣ нақши созанда ва бунёдкорона бозад.
Заминаи аввалини фароҳам овардани фазои мусолиҳа ва ҳамдигарфаҳмӣ дар ҷомеа маҳз таҳия ва қабул гардидани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Дар ин замина, ёдовар шудан ба маврид аст, ки нақши халқ ва афкори ҷамъиятӣ зимни таҳия ва қабули ин санади олии ҳуқуқии давлат ҳалкунанда буда, ба ташаккули асосҳои ҳуқуқии давлатдории миллӣ мусоидат намуд.
Чи тавре, ки дар ҷилди дуюми китоби “Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон: масъалаҳои ташаккул ва рушд” ёдрас мегарданд: “Аз тарафи мардум, ба гурӯҳҳои кории таҳиякунандаи лоиҳаи Конститутсия беш аз ҳаштуним ҳазор таклифу пешниҳодҳо манзур гардид ва 6 ноябри соли 1994 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд, ки дар натиҷа чун Конститутсияи мардумӣ аз ҷониби халқ ва яке аз санадҳои олии ҳуқуқии беҳтарин дар арсаи байналмилалӣ пазируфта шуд”.
Яъне зимни таҳияи ҳар гуна санад ва қонуну қарорҳои дахлдор ба назар гирифтани афкори ҷамъиятӣ аз як тараф ба пойдории он ва аз тарафи дигар ба дарки афкори ҷамъиятӣ дар робита ба масъалаҳои мухталиф замина мегузорад.
Конститутсияи қабулгардида на танҳо заминаи ҳуқуқиро барои фароҳамсозии шароити муътадилсозии ҳаёти ҷамъиятӣ балки асос ва дурнамои стратегии идоракунии давлатиро бо дарназардошти нақши мардум фароҳам овард. Маҳз ба таври ошкору шафоф ба инобат гирифтани афкори воқеии ҷамъиятӣ зимни таҳияи лоиҳаи Конститутсияи мазкур таҷрибаи муваффақонаи амалисозии коммуникатсияи оммавӣ ҳосил гардид. Дар худи Конститутсия афкори ҷамъиятӣ ҷойгоҳи муҳимро соҳиб буда, муқаррароти он эътирофи аҳамияти халқро ҳамчун манбаи ҳокимияти давлатӣ инъикос мекунанд:
Эътирофи мардум ҳамчун манбаи ҳокимият – Моддаи 6 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бевосита муқаррар менамояд, ки: «Дар Тоҷикистон халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ буда, онро бевосита ва ё ба воситаи вакилони худ амалӣ мегардонад».
Механизмҳои ҳокимияти мустақими халқ – бар асоси моддаи 98 раъйпурсӣ шакли ифодаи иродаи халқ мебошад, ки тавассути он ҳатто тағйирот ба Конститутсия ворид карда мешавад. Илова бар ин, интихоботи мунтазами ҳама сатҳҳо (президент, парламент, мақомоти маҳаллӣ) шакли баҳисобгирии афкори ҷамъиятӣ мебошад.
Кафолатҳои озодии баён – Моддаи 30 озодии сухан, матбуот ва ҳуқуқи истифодаи васоити ахбори оммаро кафолат медиҳад, ки ташаккул ва паҳн кардани афкори ҷамъиятиро таъмин мекунад. Ҳамзамон, моддаи 29 ҳуқуқи иштирок дар маҷлисҳо, намоишҳо ва раҳпаймоиҳои осоиштаро кафолат медиҳад.
Иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсӣ – Дар моддаи 28 Конститутсия оварда шудааст: «Ҳизбҳои сиёсӣ дар асоси гуногунандешии сиёсӣ барои ташаккул ва ифодаи иродаи халқ мусоидат мекунанд ва дар ҳаёти сиёсӣ иштирок менамоянд. Сохтор ва фаъолияти онҳо бояд ба меъёрҳои демократӣ мувофиқ бошанд». Аз ин бармеояд, ки иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ афкори ҷамъиятиро дар ташаккули низоми идоракунии давлат институтсионалӣ карда, онро дар барномаҳои сиёсӣ ва иштирок дар идоракунии давлат ба расмият медароранд.
Дастрасии шаҳрвандон ба иттилоот — Моддаи 25 Конститутсия муқаррар менамояд: «Мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ҳизбҳои сиёсӣ ва шахсони мансабдор вазифадоранд ба ҳар кас имконияти пайдо намудан ва шинос шуданро ба ҳуҷҷатҳое, ки ба ҳуқуқ ва манфиати ӯ дахл доранд, таъмин намоянд, ба истиснои ҳолатҳое, ки қонун муайян кардааст». Ҷомеаи огоҳ асоси афкори огоҳонаи ҷамъиятӣ мебошад, ки онро дар санади олии ҳуқуқӣ оварда шудааст.
Афкори ҷамъиятӣ дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки сарчашмаи ассосии дигар санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ мебошад, аҳамияти асосӣ дорад, зеро он ҳамчун манбаи ҳокимият эътироф шуда, механизмҳои институтсионалии ифодаи мавқеи ҷомеаро (раъйпурсӣ, интихобот, ҳизбҳо, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ) фаро мегирад, инчунин тавассути ин механизм ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон ҳимоя карда мешавад.
Ҳамин тариқ, Конститутсияи Тоҷикистон заминаи ҳуқуқиро ташкил медиҳад, ки дар он афкори ҷамъиятӣ на танҳо унсури муҳим, балки асоси қонунияти тамоми низоми сиёсӣ мебошад.
Дар марҳилаи давлатдории навини халқи тоҷик бо дарназардошти унсурҳои консептуалии давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона аҳаммияти хоссаи афкори ҷамъиятиро дар низоми идоракунии давлатӣ муайян менамояд.
Ҳамзамон, мутобиқи муқаррароти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаёти ҷамъиятӣ дар асоси равияҳои гуногуни сиёсӣ ва мафкуравӣ инкишоф меёбад ва халқ баёнгари соҳибихтиёрию сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ буда, онро бевосита ё ба воситаи вакилони худ амалӣ мегардонад.
Дар асоси ин меъёри конститутсионӣ ҳуқуқи шаҳрвандон вобаста ба иштирок дар ҳаёти сиёсӣ ва идораи давлатӣ заминагузорӣ гардида, аз сини 18 солагӣ ҳуқуқи иштирок дар раъйпурсӣ ва интихоб намуданро муқаррар намудааст. Бояд тазаккур дод, ки дар ҷумҳурӣ се зинаи интихоботии зерин мавҷуд аст:
1. Интихоби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Интихоби номзад ба мақоми мазкур дорои аҳамияти умумимиллӣ ва фарогири иродаву райъи тамоми субъектони дорои ҳуқуқи интихоботӣ мебошад, ки нуфузи афкори ҷамъиятиро ба таври мутаммарказонидашуда таҷассум менамояд. Чунин тамоюл аз он дарак медиҳад, ки нақши афкори ҷамъиятӣ ва мардумсолорӣ дар санади олии ҳуқуқии кишвар назаррас аст.
2. Интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Мақоми олии қонунгузорӣ дар ин баробар яке аз шохаҳои ҳокимияти давлатӣ ва намояндагони матраҳсозӣ меъёрҳои ҳуқуқии кишварро бо 63 вакили Маҷлиси намояндагон ва 33 аъзои Маҷлиси миллиро дар бар мегирад.
Дар маҷмӯъ номзадҳо ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ 41 нафар аз ҳавзаи якмандатӣ ва 22 нафар аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ интихоб мегарданд. Яъне 22 мақоми вакили мутаносибан ба шумораи овоздиҳандагони ба ҳизбҳои сиёсӣ муайян мегардад, ки нақшу моҳияти ин ниҳодҳоро дар ҷараёни идоранамоии афкори ҷомеа ва ташаккули низоми сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон инъикос менамояд.
Дар баробари ин, аз 33 аъзои Маҷлиси миллӣ 8 аъзои он аз ҷониби Президенти мамлакат таъин мешаванд ва 25 аъзои дигар бо шумораи баробар – 5 нафар аз Вилояти Мӯхтори Куҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ.
То соли 2024 дар ҷумҳурӣ 6 маротиба интихобот ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, интихоботи соли 2020 бо иштироки густурда ва фаъолонаи зиёди аҳоли анҷом ёфтааст. Соли 2025 низ интихобот бо иштироки сокинони мамлакат гузаронида шуд, ки ин аз ҷойгоҳи афкори ҷамъиятӣ дарак медиҳад.
3. Интихобот ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ. Интихоби номзад ба Маҷлиси маҳаллии вакилони халқ ба шаҳрвандон моҳиятан дар ҳудуди маҳалли истиқоматӣ вобаста ба муайян намудани намояндаи ваколатдори аҳолии сокини ҳудудӣ шароит фароҳам меорад. Зинаи интихоботии мазкур ҷиҳати пешбарии манфиатҳои сокинон дар рушди иҷтимоӣ-сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ алоқамандии зич дошта, нуфузи афкори ҷамъиятиро дар сатҳи маҳал низ таҷассум месозад.
Яъне афкори иҷтимоию сиёсии ҳар фарди ба балоғат расидаи ҷомеа дар маҷмуъ унсури низоми интихоботии давлатро ташкил медиҳад. Тамоми таасуроту афкори иҷтимоию сиёсии онҳо дар маҷмуъ афкори ҷамъиятиро ташаккул менамояд, ки дар натиҷа бо дарназардошти шакли иҷтимоию демократии идораи давлатӣ барои пешрафти ҳокимияти сиёсӣ аҳаммияти калидӣ пайдо менамояд.
Ҳамин тавр, афкори ҷамъиятӣ ҳолати мубрами шуури оммавӣ мебошад, ки дар атрофи ҳолатҳои иҷтимоӣ-сиёсӣ, фарҳангӣ ва иқтисодӣ ташаккул меёбад. Дар маҷмуъ он муносибати гурӯҳҳои одамонро вобаста ба ҳолатҳои зикргардида ифода менамояд.
Афкори ҷамъиятӣ ҷузъи муҳими раванди иҷтимоӣ ва сиёсӣ мебошад. Дар ҷомеашиносӣ он ҷиҳати фаҳмидани рӯҳияи коллективӣ ва тамоюлҳои иҷтимоӣ мусоидат мекунад, дар ҳоле ки дар сиёсатшиносӣ он ҳамчун нишондиҳандаи сатҳи дастгирии ҷамъиятӣ хизмат менамояд ва ба амалисозии қарору стратегияҳои сиёсӣ таъсир мерасонад.
Ҳамин тариқ, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади олии ҳуқуқӣ ба ҳисоб меравад, ки дар он афкори ҷамъиятӣ ва нақши он дар тамоми равандҳои сиёсӣ инъикос ёфтааст. Маҳз ба хотири доштани хусусияти мардумсолорӣ, Конститутсияи кишвар яке аз беҳтарин конститутсияҳо ба ҳисоб меравад.
Шарифхонзода М. Ш.
Мутахассиси пешбари Раёсати таҳлил
ва ояндабинии сиёсати дохилии
Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон