ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО САФАРИ КОРӢ ВОРИДИ ШАҲРИ ДАВҲАИ ДАВЛАТИ ҚАТАР ШУДАНД

ДУШАНБЕ, 15.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. 15 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Давҳаи Давлати Қатар шуданд.

Дар фурудгоҳи байналмилалии Давҳа меҳмони олимақом – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо эҳтирому самимияти хос Муовини Сарвазир – Вазири мудофиаи Давлати Қатар Шайх Саъуд ибни Абдураҳмон оли Сонӣ ва дигар шахсони расмӣ истиқбол гирифтанд.