НИШАСТИ МАТБУОТИИ Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба фаъолияти илмиву таҳқиқотӣ ва ташкилӣ дар нимсолаи якуми соли 2025

Рӯзи 5 августи соли 2025 нишасти матбуотии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ҳамоиш намояндагони зиёд аз васоити ахбори оммаи ватанию хориҷӣ ширкат доштанд.

Ҳамоишро котиби матбуотии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон номзади илмҳои фалсафа Рамазонӣ Давлатов ифтитоҳ намуда, намояндагони васоити ахбори оммаро ба нишасти матбуотӣ хайрамақдам гуфт.Сипас директори Марказ Хайриддин Усмонзода доир ба фаъолияти илмиву таҳқиқотӣ ва ташкилии Марказ дар нимсолаи якуми соли 2025 ба таври мухтасар гузориш ироа намуданд.

Қайд гардид, ки Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи ҳисоботи пешниҳодшуда дар муддати нимсолаи якуми соли 2025 тавонистааст фаъолияти самараноки олимону таҳлилгарон ва кулли кормандони сохторҳои таркибии худро дар самти иҷрои корҳои илмию таҳқиқотӣ, таҳияи гузоришҳои таҳлилӣ ва иттилоотию машваратӣ, ташкил ва баргузор намудани ҳамоишҳои илмӣ-амалӣ, ҳамкориҳо бо мақомоти давлатӣ, ҳамкориҳои байналмилалӣ ва ғайра мақсаднок ба роҳ монда, ба натиҷаҳои мусбат ноил гардад.

Таъкид гардид, ки дар давраи ҳисоботии сипаригардида Марказ дар таҳия ва пешниҳоди гузоришҳои таҳлилӣ ва иттилоотию таҳлилӣ, ки як ҷузъи муҳимми фаъолиятро ташкил медиҳад, ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар ниҳодҳои давлатӣ гузориши таҳлилӣ, иттилоотию таҳлилӣ, маълумотномаю матнҳои шодбошӣ, нақша – чорабиниҳо доир ба дастуру супоришҳоро босифат ва сари вақт ирсол намудааст.

Мавриди зикр аст, ки кормандони Марказ пайваста дар ҳайати комиссияҳои ҳукуматӣ ва гурӯҳҳои кории вазорату идораҳо ворид гардида, барои таҳия ва татбиқи стратегияву барномаҳои мушаххаси соҳавӣ саҳми муносиб мегиранд.Дар ин росто роҳбарият ва мутахассисони Марказ дар нимсолаи якуми соли 2025 дар 10 гурӯҳҳои кории ҳукуматӣ ва ҷамъиятӣ иштирок намуданд.

Самараи пешбурди корҳои илмӣ таҳқиқоти низ дар Марказ қобили таваҷҷуҳ аст. Дар ин самт тибқи нақшаи корҳои илмию таҳқиқотии дар соли 2025 таҳиягашта, дар заминаи пажуҳиши мавзуъҳои “Амнияти миллӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ дар марҳалаи нави рушди давлатдории Ҷумҳурии Тоҷикистон: масъалаҳо ва дурнамои стратегии таъмини он” ва “Таъмини амнияти иқтисодӣ дар заминаи баланд бардоштани рақобатнокии Ҷумҳурии Тоҷикистон” таҳияи маърузаҳои илмию гузоришҳои таҳлилӣ ва иттилоотию машваратӣ, ташкил ва баргузории ҳамоишҳои илмӣ-амалӣ доир гардид.

Пешбурди робитаҳои ҳамаҷониба бо марказҳои зеҳнии дигар давлатҳоро Директори Марказ дар фаъолияти муассиса муҳим арзёбӣ намуда афзуданд, ки дар ин самт авлавиятҳо дода мешавад. Айни замон, муассиса бо 26 маркази тадқиқотӣ дар заминаи созишномаҳо, аз ҷумла бо марказҳои таҳқиқоти стратегии Русия, Қазоқистон, Чин, Ҳиндустон, Арабистони Саудӣ, Туркия, Эрон, Ӯзбекистон, Озарбойҷон, Туркманистон, Кореяи Ҷанубӣ ва ғайра ҳамкорӣ менамояд.

Иброз гардид, ки хусусан дар нимсолаи якуми соли 2025 Маркази тадқиқоти стратегӣ иловатан бо ҳафт ниҳодҳои таҳлилии кишварҳои хориҷӣ Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ва барномаи ҳамкорӣ ба имзо расонд. Аз он ҷумла бо Маркази пажуҳишии Шӯрои исломии Эрон, Институти тадқиқоти дипломатии ба номи шоҳзода Сауд Ал- Файсали Вазорати корҳои хориҷии Арабистони Саудӣ, Имзои Барномаи ҳамкорӣ бо Институти байналмилалии Осиёи Марказӣ, Барномаи ҳамкорӣ бо Донишгоҳи сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи назди Вазорати корҳои хориҷии Чин,ДАКШИН-Маркази таҷрибаи пешқадами Ҷаҳони Ҷануб, ва Институти миллии тадқиқоти амниятии Муғулистон аз натиҷаи ҳамкории муассиса дар самти мазкур маҳсуб меёбад.

Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон узви Маркази таҳлилии СААД, узви Форуми СҲШ, узви Форуми марказҳои стратегии Осиёи Марказӣ, узви Маркази СММ доир ба дипломатияи боздоранда дар Ашқобод, узви Форуми марказҳои стратегии Осиёи Марказӣ ва Чин, узви Форуми марказҳои стратегии Осиёи Марказӣ ва Кореяи Ҷанубӣ мебошад.

Хайриддин Усмонзода аз баргузории конфронсҳои илмию амалӣ, форум, симпозиум, мизҳои гирд ва семинарҳо ёдовар гардида, қайд намуданд , ки Марказ дар нимсолаи якуми соли 2025, 4-конфронс, 8 мизи гирд баргузор намуд. Дар даври сипаригардида, берун аз кишвар низ 14 маротиба кормандони Марказ тариқи ҳузурию маҷозӣ дар Форуми байналмилалӣ, конфронсҳои байналмилалии илмӣ-амалӣ, брифингҳо, конфронси коршиносон, муколамаи коршиносон ширкат намуданд.

Ҳамзамон ишора гардид, ки дар шаш моҳи сипаригардида 18 мулоқотҳо тариқи ҳузурию маҷозӣ бо ниҳодҳои зеҳнӣ ва илмию тадқиқотии хориҷи кишвар, аз он ҷумла бештари ҳамкориҳо бо ниҳодҳои зеҳнии минтақа, инчунин намояндагони дипломатии сафоратҳо, ки дар Тоҷикистон мустақаранд доир гардид, ки нисбати соли гузашта ин гуна мулоқотҳо 4 адад зиёд доир гардидаааст.

Зикр гардид, ки Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 1 майи соли 2025 конфронси минтақавиро таҳти унвони «Ҳамгироии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар пасманзари дигаргуниҳои муосири ҷаҳонӣ: ҳолат ва дурнамо» баргузор намуд. Дар кори он роҳбарон ва мутахассисони марказҳои таҳлилӣ ва институтҳои илмию тадқиқотии кишварҳои Осиёи Марказӣ, коршиносони хориҷӣ, — коршиноси мустақил, инчунин намояндагони вазорату идораҳои Тоҷикистон иштирок намуданд.

Изҳор гардид,ки дар Марказ барои омодасозӣ ва баланд бардоштани сатҳи тахассусии кормандон тамоми шароитҳо фароҳам оварда мешавад. Кормандони Марказ ба таври пайваста сатҳи илмию тахассусии худро берун ва дохилӣ кишвар баланд мебардоранд.

Зикр гардид, ки тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи омӯзиши забонҳои хориҷӣ аз моҳи апрел то инҷониб барои кормандони Марказ дар як ҳафта ду маротиба машғулятҳо аз забони англисӣ гузаронида мешавад.

Вобаста ба тавсеаи фаъолияти нашриявӣ Хайриддин Усмонзода ибрози назар намуда, қайд намуданд, ки Марказ дар давраи ҳисоботӣ маводи ташвиқотӣ ва фаҳмондадеҳиро таҳти унвони «Шарҳу тавзеҳи нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ: моҳият ва самтҳои асосии он» дар шакли китобӣ, дар ҳаҷми 50 саҳифа таҳия намуда, дар шакли электронӣ ба вазорату идораҳо, шаҳру ноҳияҳо ва вилоятҳои кишвар ирсол намуд.

Ду маҷаллаи Марказ «Тоҷикистон ва ҷаҳони имрӯз» ва «Муносибатҳои байналмилалӣ ва амният» дар рӯйхати маҷаллаҳои эътиборноки илмии КОА назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардиданд. Инчунин, маҷаллаи «Тоҷикистон ва ҷаҳони имрӯз» аз 19 марти соли 2020 таҳти № 96 ва Комиссияи олии аттестатсионии Вазорати маориф ва илмӣ Федерасияи Русия ворид карда шудааст. Тамоми мақолаҳои маҷаллаҳои Марказ дар индекси иқтибосҳои илмии Русия (РИНЦ) пайваста дохил карда мешаванд.

Марказ дар сомонаҳои иҷтимоии Facebook бо номи “Центр стратегических исследований при Президенте Республики Таджикистан” ва “Стратег” саҳифаи махсуси Маркази тадқиқоти стратегиро кушодааст, ки тамоми чорабиниҳои Марказ дар онҳо инъикос мегардад.

Дар нимсолаи якуми соли 2025 кормандони Марказ беш аз 105 маротиба дар васоити ахбори омма вобаста ба масъалаҳои мубрами ҷомеа баромад намуданд. Ибрози назари кормандон дар шабакаҳои радио ва телевизиони ватанӣ, ки тариқи ВАО –и давлатӣ: шабакаҳои телевизионии “Сафина”, “Тоҷикистон”, “Душанбе” ва “Илм ва ҳаёт”, шабакаҳои “Радиои Тоҷикистон”: “Овози тоҷик”, “Фарҳанг”, “Садои Душанбе”), рӯзномаҳои даврӣ: “ Ҷумҳурият”, “Садои мардум”, “ Минбари халқ” ва “Народная газета”, дар расонаи АМИТ “Ховар” ва Радиои “Ховар” инъикос гардидаанд,ки натиҷаи ҳамкории Марказ бо васоити ахбори омма мебошад.

Дар нимсолаи сипаригардида ҳамкории Марказ бо васоити ахбори оммаи хориҷӣ низ тақвият пазируфтааст.Дар ин радиф аз натиҷаи баргузории конференсияҳои илмӣ амалии сатҳи байналмилалӣ бо истифода аз наворҳои видеоии сабтгардида, суханрониҳои ширкаткунандагони хориҷӣ ва дохилӣ дар сомонаҳои мустақили кишварҳои минтақа, ҳам шабакаҳои интернетӣ — иҷтимоӣ, яъне тавассути Фейсбук, Инстаграм, Телеграм инъикос гардидани хабару гузоришҳо далели ҳамкории Марказ бо васоити ахбори хориҷи кишвар аст, дарҷ намуданд, зимни суханронӣ Хайриддин Усмонзода.

Дар қисмати дуввуми чорабинӣ Директори Марказ ба саволҳои рӯзноманигорон аз шабакаҳои телевизион ва радиои ватанию хориҷӣ, аз ҷумла: “Радиои Тоҷикистон”, “Садои Душанбе”, рӯзномаҳои даврии “Садои мардум”, “Халқ овозӣ ” ва суолҳои хабарнигорон аз Радиои “Озодӣ ” ва Ширкати садо ва симои байналмилалии “Мир” ҷавобҳои қонеъкунанда доданд.

Дар фарҷоми чорабинӣ Хайриддин Усмонзода ба ҳозирин изҳори сипос намуда, таъкид намуданд, ки фаъолияти муназзами Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо таваҷҷуҳ ба ҷаҳони пурзиддияти имрӯза барои аз дидигоҳи наву муосир таҳлил ва ояндабинӣ намудани рушди устувори мамлакат нигаронида шудааст.

Нишасти матбуотӣ дар руҳияи самимият, ҳусни тафоҳум ва муколамаи созанда баргузор гардид.

 

Хадамоти матбуоти
Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон