ДАР МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН СЕМИНАРИ МАШВАРАТӢ БАРГУЗОР ГАРДИД
Санаи 26-уми июни соли 2025 дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори шуъбаи Раёсати такмили қонунгузории андоз Аслиддин Холмирзоев ва муовини сардори Раёсати хизматрасонӣ ба андозсупорандагон Умаров Ҳабибулло ҷиҳати муаррифии Кодекси андоз, рақамикунонии соҳа ва татбиқи хизматрасониҳои давлатии мақомоти андоз дар шакли электронӣ семинари машваратӣ баргузор гардид.
Ҳадаф аз баргузории чунин семинари машваратӣ бо иштироки кормандони Марказ, пеш аз ҳама, шинос гардидан ба муқаррароти Кодекси андоз, аз ҷумла вобаста ба масъалаҳои арзёбии самараноки имтиёзҳои андозӣ, рушди маъмурикунонии андоз, хизматрасониҳои электронии мақомоти андоз, дастгирии рушди соҳибкорӣ ва муҳтавои масъалаҳои мазкур тариқи корҳои машваративу фаҳмондадиҳӣ бо фарогирии ҳамаи қишрҳои ҷомеа иқдоми саривақтӣ мебошад.
Дар семинар ба паҳлуҳои гуногуни Кодекси андоз ва тағйироту иловаҳои ба он воридшуда равшанӣ андохта шуд. Таъкид гардид, ки имрӯзҳо мақомоти андоз дар фаъолияти худ аз стандартҳои замонавӣ ва технологияҳои муосири иттилоотӣ бештар истифода карда, барои ба роҳ мондани муносибатҳои шарикона бо бахши хусусӣ, пеш аз ҳама, сода ва муносиб намудани иҷрои уҳдадориҳои андозӣ аз ҷониби андозсупорандагон, як қатор тадбирҳоро амалӣ карда истодаанд. Ташаккул додани маърифати молиявии шаҳрвандон ва баланд бардоштани фарҳанги андозсупорӣ, ҳамчун яке аз омилҳои асосии татбиқи самараноки сиёсати андозу буҷет, аз ҷумла дар масъалаи гузариш ба низоми пардохтҳои ғайринақдӣ барои ноил гардидан ба устувории молиявии давлат ва рушди иқтисодӣ нақши муҳим дорад. Имрӯз Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баланд бардоштани сатҳи маърифати молиявӣ ва фарҳанги андозсупории шаҳрвандон, инчунин вусъат додани истифодаи технологияҳои муосири рақамӣ дар муносибатҳои андозӣ чораҳои иловагии саривақтӣ андешида истодааст.
Маврид ба ёдоварист, ки Кодекси андоз, ки аз 1 январи соли 2022 мавриди амал қарор дорад, тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади беҳтар намудани маъмурикунонии андоз, таъмини рушди устувори иқтисоди кишвар бо роҳи фароҳам овардани фазои муносиби андозбандӣ ҷиҳати ҷалби сармоягузориҳо, махсусан дар соҳаи кишоварзии мамлакат, ҳавасмандгардонӣ ва мусоидат ба рушди фаъолияти соҳибкорӣ, алалхусус соҳибкории истеҳсолӣ, ташкили ҷойҳои нави кор, ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ, таъмини воридоти устувори маблағи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷети давлатӣ қабул гардидааст.
Ҳамзамон, дар ҷараёни чорабинии мазкур иштирокчиён ба музокира баромада, доир ба масъалаҳои матраҳгардида фикру андеша ва таклифу тавсияҳои худро вобаста ба вазъи кунунии андоз, масъалаҳои ҳалталаб ва баъзе роҳҳои имконпазири ҳаллу фасли масоили ҷойдоштаро доир ба рушди маъмурикунонии андоз ва хизматрасониҳои электронии мақомоти андоз ва тақвияти корҳои тарғиботӣ вобаста ба муқаррароти Кодекси андоз дар соҳаҳои гуногуни мамлакат баён намуданд.
Хадамоти матбуотии
Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
