НАҚШИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ДАР РУШДИ ИҚТИСОДИЁТИ МИЛЛӢ

Яке аз дастовардҳои бузурги халқи тоҷик дар арсаи таърих ин аз байн бурдани низоъҳои дохилӣ ба хотири имрӯзу ояндаи миллат ва ватан, ҳалли нофаҳмиҳои гуруҳӣ, қатъи ҷанги шаҳрвандӣ ва бахшидани гуноҳҳои ҳамдигарӣ, сарҷамъшавӣ дар сари як миз, ба мувофиқа омадан дар ҳалли масъалаҳои баҳснок, ба даст гирифтани низоми давлатдорӣ, пешгирии нестшавии миллати тоҷик ва ягона давлати тоҷикон, несту нобудшавии боигариҳои милливу иқтисоди миллӣ ва тамоми рукнҳои давлатдориву миллатсозӣ – ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ба ҳисоб меравад, ки имрӯз дар ин санаи муҳим 28 солагии онро таҷлил менамоем.

Ваҳдати миллӣ дар таърихи кишвари соҳибистиқлол ҳамчун воқеаи бузурги сиёсӣ мақоми махсусро ишғол менамояд. Маҳз он давлати моро аз вартаи ҳалокат наҷот дода, пояҳои давлати тозабунёди тоҷиконро тақким бахшид. Бо ин ҳодисаи таърихӣ дар таърихи навини халқи тоҷик марҳилаи нави давлатсозӣ, созандагӣ ва бунёдкорӣ оғоз ёфт, ки то имрӯз идома меёбад.

Ҳамаи дастовардҳои назарраси даврони истиқлолият бо Ваҳдати миллӣ, ҳамчун омили сарнавиштсози таърихӣ иртиботи қавӣ дорад.

Аз рӯзи аввалине, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мақоми олии сарвари давлат интихоб гардид, барои ҳалли масъалаҳои ҳаётан муҳим: хомӯш сохтани ҷанги бародаркуш, эҷод намудани фазои боэътимоду ҳамзистӣ дар ҷомеа, баргардонидани гурезаҳои иҷборӣ, азнавсозии низоми давлатдорӣ, таъмини рушди босуботи иқтисодиву иҷтимоӣ ва дарёфти ҷойгаҳи муносиб дар арсаи байналхалқиро мароми асосии ҳукумати нав эълон намуд, ки ҳамаи инҳо заминаи асосӣ барои Ваҳдати миллӣ гардиданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мардум пайки наҷот ва муҷдаи ҳаёт бахшиданд. Дар замони фоҷиабори мамлакат ва фалаҷ гардидани рукнҳои давлатӣ халқи Тоҷикистон ҳамчун ифодагари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ тавассути вакилони худ дар иҷлосия барои аз буҳрони амиқи сиёсӣ баровардани мамлакат ва таҳкими пояҳои сиёсиву ҳуқуқии давлати тозабунёд асос гузошт.

Баъди ба ҳайси Раиси Шӯрои олӣ интихоб гардидани Пешвои муаззами миллат, муҳтрам Эмомалӣ Раҳмон барои бартарафнамоии ҳолатҳои номбаршуда, тамоми кушишу маҳорати худро барои бартараф кардани муаммоҳои дар назди кишвари ҷавон истода сарф намуд, ки дар натиҷа соли 1997 Созишномаи умумии сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расида, ҷанги шаҳрвандӣ хотима ёфт. Ҳазорҳо гурезагон ба Ватан баргаштанд. Дар заминаи сулҳу ваҳдати миллӣ ислоҳоти иқтисодӣ ва иҷтимоӣ босуръат ҷараён дорад. Дастовардҳои халқи тоҷик обрӯ ва эътибори Тоҷикистонро дар арсаи байналхалқӣ бамаротиб афзун намуд.

Натиҷаи меҳнати фидокорона ва иқдомҳои қаҳрамононаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муҳимтарин комёбиву дастовардҳои кишварамон дар тӯли 28 соли баъд аз бадаст овардани Ваҳдати миллӣ мебошад. Подоши ин ҳама заҳмат, ҷонфидоиву корнамоиҳо маҳбубият ва маъруфиятест, ки Пешвои миллат дар миёни халқи кишвар ва ҳазорон ҳазор ҳамватанони бурунмарзӣ пайдо кардааст. Бесабаб нест, ки уро Пешвои миллат унвон кардаанд, ки дар таърихи башарият камназир мебошад.

Муҳимтарин дастовардҳо дар ин 28 соли ба дастории Ваҳдати миллӣ таҳти сарварии хирадмандона ва сулҳпарваронаву ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, сарҷамънамоии тоҷикони дунё, муарриффи кишвар дар арсаи байналмиллалӣ, барқарорнамоии тамоми риштаҳои фалаҷгаштаи авзои сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар ва аз байн бурдани тамоми масъалаҳое, ки ба ташаккули давлати соҳибистиқлоли тоҷикон вобаста буд, ба даст омадаанд.

Дар маҷмуъ дар 28 соли Ваҳдати миллӣ танҳо дар самти таҳкими иқтисоди миллӣ, сиёсати иқтисодӣ, молиявӣ ва андозу буҷет дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастурҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла “Стратегияи рушди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва ду маротиба Барномаҳои миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраҳои солҳои 2016-2020 ва 2021-2025, қабул тасдиқ ва қисман иҷро гардида истодаан, инчунин 2 маротиба Стратегияи идоракунии молияи давлатӣ, 2 маротиба Қонуни ҶТ “Дар бораи молияи давлатӣ” ва 4 маротиба Кодекси андоз дар таҳрири нав таҳия ва қабул карда шуданд, ки дар амал татбиқ намудани онҳо ба таъмин намудани мустақилияти ягонаи молиявии миллии ҷумҳурӣ мусоидат намуд.

Татбиқ намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва барномаҳои иқтисодию иҷтимоии ҷумҳурӣ имконият доданд, ки рушди бонизоми иқтисодиёти миллӣ идома ёбад ва устувории иқтисодиёти кишвар, инчунин беҳдошти ҳаёти мардум таъмин гардад.

Бунёди иқтисоди устувор ва рақобатпазир яке аз дастовардҳои калидии Ҳукумати кишвар таи солҳои бадастории Ваҳдати миллӣ дониста мешавад.

Ҳадафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз аз солҳои аввали ба дастории Ваҳдати миллӣ ин роҳандозии низоми муассир ва пешқадами иқтисодӣ буд. Дар роҳи дастёбӣ ва ноилгардӣ ба ҳадафи гузошташуда барномаҳои гуногуни давлатӣ рӯйи кор омаданд, ки дар таъмини суботи иқтисодӣ нақши муҳимро иҷро намуданд. Таҷрибаи кишварҳои аз нигоҳи иқтисодӣ пешрафта нишон медиҳад, ки ноилгардӣ ба низоми ташаккулёфтаи иқтисодӣ дар як муддати кӯтоҳ бениҳоят мушкил буда, кори саҳл нест. Аммо новобаста аз вазъи муташанниҷи иқтисодӣ – иҷтимоӣ таваҷҷӯҳи давлат ба иқтисодиёт беандоза буд ва бевосита бо супоришҳои созандаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон заминаи мусоид дар ин самт фароҳам оварда шуд. Таҳкими иқисоди миллӣ, фаъолсозии бозори молия, густаришдиҳии муносибатҳои иқтисодӣ, таъмини рақобати шаффоф, коҳишдиҳии сатҳи таваррум, коҳишдиҳии сатҳи бекорӣ, аз байн бурдани камбизоатӣ, болобарии нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар солҳои соҳибистиқлолӣ меҳвари сиёсати иқтисодии давлатро ташкил медоданд. Таҳияи сиёсати муваффақи иқтисодӣ ва ҳалли масъалаҳои бунёдӣ тавонистанд, ки рушди иқтисоди миллиро таъмин созанд.

Таҳия ва татбиқи Стратегияи ҳамаҷониба асоснок ва санҷидаи байналхалқӣ бо назардошти ҳадафҳо ва манфиатҳои олии Ватан дар айни замон ҳамоҳанг сохтану омезиши онҳо бо ниёзҳо ва манфиатҳои глобалӣ сабабгори ташаккул ва табдили Тоҷикистони соҳибистиқлол ба узви фаъол ва соҳибэҳтироми ҷомеаи ҷаҳонӣ гардид.

Сиёсати оқилона, озмудашуда мувозини хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони истиқлолият, ташаббусҳои саривақтӣ ва иқдомҳои фаъолонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳалли масъалаҳои доғи сайёра аз қабили таъмини аҳолии рӯйи замин бо оби тоза, мубориза ба муқобили паҳншавии экстремизм, терроризм, маводи мухаддир ва ғайра самараи нек ба бор овард.

Ваҳдати миллӣ рӯйдодест, ки бо гузашти 28 сол аҳамияти он бештар эҳсос мешавад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи фардои дурахшони кишвар ва ба давлати мутараққӣ мубаддал намудани Тоҷикистон қадамҳои устувор мегузорад.

Тавре ба ҳамагон маълум аст, тавассути пешбурди сиёсати ободкоронаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як қатор дастовардҳои зиёде ба даст омаданд: аз ҷумла

–ҳаҷми ММД аз 1,8 млрд. сомонии соли 2000-ум ба 153,4 млрд. сомонӣ ва ё 85,2 маротиба дар соли 2024 афзоиш ёфт;

– сатҳи камбизоатӣ қариб 4 маротиба коҳиш дода шуд (аз 83 фоизи соли 1999 то 31 фоиз дар соли 2015 ва дар соли 2024 то 20,4 фоиз коҳиш ёфт);

– афзоиши устувори иқтисодӣ ба ҳисоби миёна дар сатҳи 7 фоизи солона таъмин гардид;

– суботи макроиқтисодӣ танзим шуда, сатҳи таваррум дар 3,6 фоиз паст карда, нигоҳ дошта шуда истодааст;

– буҷети солонаи давлатӣ аз 252 миллион сомонии соли 2000-ум то 46,9 миллиард сомонӣ дар соли 2024 зиёд шуд;

– даромади буҷетӣ ба таври назаррас зиёд шуда, имкониятҳои зиёди буҷетӣ, ки ба равона сохтани маблағҳои бештар ба рушди неруи инсонӣ имкон медиҳад, афзоиш ёфтанд.

Дар солҳои охир дар кишвар зиёда аз 3800 коргоҳ ва корхонаҳо фаъолият менамоянд, аз ҷумла, корхонаҳои коркарди маъдан ва дигар намудҳои ашёи хоми саноатӣ, нахи пахта, маводҳои сохтмонии саноатӣ ва коркарди маҳсулоти истеҳсоли кишоварзии ватанӣ ташкил карда шуд.

– дар солҳои охир дар соҳаи кишоварзӣ диверсификатсияи истеҳсолот тавассути ташкили кишти такрорӣ, истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир ва сердаромади содиротӣ, васеъгардонии майдони кишти сабзавот ва бунёди боғу токзорҳои серҳосил ба назар мерасад.

– тавассути бунёд ва таъмири роҳҳо, пулу нақбҳо ва дигар инфрасохтори нақлиётӣ рафтуомад, боркашонӣ ва тиҷорати дохиливу байналмиллалӣ осон ва дастрас гардид, ки ҳамаи ин барои аз бунбасти коммуникатсионӣ баромадани кишвар мусоидат намуд.

Дар робита ба гуфтаҳои боло 28-солагии Ваҳдати миллиро ба тамоми мардуми шарафманди кишвари азизамон табрику муборакбод гуфта, боварӣ дорем таҳти сарварии Пешвои муаззами миллат, кишвари мо бо дастовардҳои беназири иқтисодию иҷтимоӣ ва сиёсиву фарҳангӣ сазовор гардида, дар арсаи байналмиллалӣ ҷойгоҳи сазоворро ноил мегардад.

Ваҳдати миллӣ танҳо як санад ё як рӯз нест. Ваҳдат — рамзи якпорчагии миллат, сарчашмаи ҳама муваффақиятҳо ва кафолати фардои дурахшон аст. Маҳз ваҳдат моро муттаҳид сохт, моро аз ҳалокат раҳо дод ва роҳи умеду рушдро боз намуд.

Иброҳимзода Иброҳим Шоҳ,
сармутахассиси Раёсати таҳлил ва ояндабинии
масъалаҳои макроиқтисодии Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон