МУЛОҚОТИ ДИРЕКТОРИ МАРКАЗ БО ҲАЙАТИ АКАДЕМИЯИ ИЛМҲОИ ҶАМЪИЯТИИ ЧИН
Санаи 29 майи соли 2025 дар бинои Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти директори Марказ Хайридин Усмонзода бо ҳайати баландпояи илмии Ҷумҳурии Мардумии Чин таҳти роҳбарии академики Академияи илмҳои ҷамъиятии Чин, ноиб- президенти Академияи таърихи Чин Ли Готсян баргузор гардид.
Ҳадафи мулоқотро густариши ҳамкорӣ миёни Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи илмҳои ҷамъиятии Чин, табодули таҷриба ва тақвияти робитаҳои илмӣ миёни Чин ва Тоҷикистон ташкил намуд.
Дар ҷараёни мулоқот дурнамои ҳамкориҳои дуҷонибаи илмӣ, татбиқи лоиҳаҳои муштарак оид ба самтҳои гуногуни ҳаёти чамъиятии ду кишвар баррасӣ гардид. Ҳамзамон, ҷонибҳо ба масъалаҳои табодули коршиносон, баргузории чорабиниҳои муштараки илмӣ, омодасозии нашрияҳои илмӣ — таҳлилӣ, инчунин рушди робитаҳои фарҳангӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуданд.
Ҷонибҳо дар рафти мулоқот омодагии худро ба таъмини пурраи ҳамкорӣ изҳор намуда, нақши марказҳои тадқиқотиро дар таҳкими ҳамдигарфаҳмӣ байни халқҳои Тоҷикистону Чин таъкид намуданд.
Мулоқоти мазкур дар самти татбиқи бандҳои Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ, ки миёни Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи илмҳои ҷамъиятии Чин дар санаи 3 декабри соли 2019 ба имзо расида буд, муҳим арзёбӣ гардида, ҷиҳати таҳкими робитаҳои илмӣ байни ду кишвар заминаи хуби ҳамкориҳоро фароҳам хоҳад овард.
Мулоқот дар руҳияи самимият ва муколамаи созанда баргузор гардид.
Хадамоти матбуоти Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон