МИЗИ ГИРД ДАР МАВЗУИ “ТАТБИҚИ ҲАДАФҲОИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ЗАМИНАИ ТАШАККУЛИ “ЭНЕРГИЯИ САБЗ” ВА ДУРНАМОИ НИШОНДИҲАНДАҲОИ ОН”

Санаи 22-юми майи соли 2025 дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  мизи гирд таҳти унвони “Татбиқи ҳадафҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи ташаккули энергияи “сабз” ва дурнамои нишондиҳандаҳои он” бахшида ба эълон гардидани соли 2025 “Соли ҳифзи пиряхҳо” баргузор гардид. Ҳадафи асосии ҳамоиш таҳлили вазъи рушди энергияи “сабз” ва роҳҳои расидан ба ҳадафҳои стратегии Ҳукумати кишвар дар заминаи таъмини истиқлоли энергетикӣ, таҳлилу арзёбии дастовардҳо, муайян намудани имкониятҳо барои рушди соҳаи энергетика ва дурнамои нишҳондиҳандаҳои он ба шумор меравад.

Ҳамоишро муовини якуми директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Муртазозода Ораз бо сухани ифтитоҳӣ ҳусни оғоз бахшида, меҳмононро хайрамақдам гуфт. Мавсуф таъкид намуд, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ ва муносибатҳои пуртаззоди сиёсӣ, ташаккулёбии энергияи сабз барои рушди иқтисодиёти тамоми давлатҳо манбаи асоси ва зурурӣ ба ҳисоб меравад. Зеро, энергетика соҳаи муҳимтарину базавии саноат ва иҷтимоиёт, умуман тамоми хоҷагии халқ ба шумор рафта, танҳо зимни рушду тараққиёти он метавон ба пешрафти ҳамаи соҳаҳои зиндагӣ шароити мусоид фароҳам орад.

Дар ҷараёни ҳамоиш намояндагон ва коршиносон аз вазорату идораҳо ва сохторҳои гуногуни давалатӣ бо маърузаҳо суханронӣ намуданд. Аз ҷумла, Бобоев Ҷурахон сардори Раёсати таҳлил ва ояндабинии иқтисодиёти соҳавии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи “Самтҳои асосии татбиқи ҳадафҳои стратегии Ҳукумати мамлакат дар заминаи рушди энергияи “сабз” ва дурнамои нишондиҳандаҳои он” маъруза намуд.

Сипас, Усмонова Туҳфа Ҷумаевна, д.и.и., профессор, мудири кафедраи назарияи иқтисодии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар мавзуи “Иқтисоди сабз – модели нави низоми иҷтимоию иқтисодӣ: зарурат ва оқибатҳо”, Давлатов Анварҷон – сармутахассиси Раёсати иқтисоди сабзи сарраёсати рушди соҳаҳои воқеии иқтисодиёти Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Таъмини рушди устувор дар заминаи самаранок истифодабарии неруи барқ дар шроити иқтисодиёти миллӣ”, Досиев Маҳмадшо Назарович, д.и.и., дотсент, мудири кафедраи идораи молияи давлатӣ ва иқтисоди рақамии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи “Соҳибкории экологӣ ҳамчун омили тадбиқкунандаи принсипҳои иқтисоди “сабз” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Хайруллозода Қурбоналӣ Хайрулло – сардори Раёсати электроэнергетикаи Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи “Ҳамгироии манбаъҳои барқароршавандаи энергия, бахусус неруи офтобӣ ба сохтори низоми миллии энергетикӣ” ва Файзуллозода Хайрулло – мутахассиси пешбари Раёсати мониторинги сиёсати экологии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи “Нақши Кумитаи ҳифзи муҳити зист оид ба масъалаҳои иқтисоди “сабз” ва энергияи сабз” суханронӣ намуданд.

Дар ҳамоиши мазкур, инчунин, масъалаҳои зерин аз ҷониби музокирачиён, аз ҷумла: нақши иқтидорҳои нави гидроэнергетикӣ дар замони соҳибистиқлолии кишвар барои таъмини амнияти эенергетикӣ, муайян намудани самтҳои асосии рушди энергияи “сабз” дар шароити Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дурнамои нишондиҳандаҳои он, татбиқи барномаҳои давлатӣ дар соҳаи энергетика ва тақвияти ҳамкориҳо бо шарикони рушд, муайян намудани нақши соҳаи энергетика ва иқтисоди “сабз” дар таъмини рушди устувори соҳаҳои асосии иқтисодиёти миллӣ (саноату кишоварзӣ ва нақлиёту хизматрасониҳои молиявӣ), самтҳои баланд бардоштани иқтидори истеҳсолии корхонаҳои саноатӣ дар заминаи рушди энергияи “сабз”, роҳҳои асосии таъмини рушди устувор дар доираи татбиқи Стратегияи рушди иқтисоди “сабз” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2037 ва мавқеъи саноати инноватсионӣ ва зарурати истифодаи технологияҳои муосир дар самти расидан ба саноатикунонии босуръати кишвар ҳамчун ҳадафи стратегии Ҳукумати мамлакат мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Зимни муҳокимаронии масъалаҳои дар ҳамоиш баррасигардида аз ҷониби муовини директори Марказ номзади илмҳои иқтисодӣ Ҷурахонзода Саодат ва коршиноси мустақили соҳавӣ Валаматзода Темур фикру андешаҳои судманд иброз гардид.

Ҳамоиши мазкур дар руҳияи самимият ва ҳусни тафоҳум доир гардид.

 

Хадамоти матбуотии Маркази
тадқиқоти стратегии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон