ИШТИРОКИ ДИРЕКТОРИ МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГӢ ДАР ҶАЛАСАИ XX-уми ФОРУМИ СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ

21 майи соли 2025 дар пойтахти Ҳиндустон – Деҳлии Нав ҷаласаи XX-уми Форуми созмони Ҳамкории Шанхай ба кори худ шурӯъ намуд.

Аз ҷониби Тоҷикистон дар кори форум Усмонзода Хайриддин, директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуд. Усмонзода Хайридин дар ҷаласаи ифтитоҳӣ ва бахши аввали форум дар мавзуи «Нақши СҲШ дар тавсеаи уфуқҳои ҳамкории кишварҳо дар шароити тағйироти глобалӣ»  суханронӣ намуд.

Форуми дурӯза дар мавзуи «Амнияти СҲШ: роҳ ба сӯйи табдил додани минтақа ба ҳолати «Ҷаҳон — як оила» имрӯз низ идома дорад.

Рӯзи дуюми Форум, санаи 22 май низ директори Марказ дар ҳошияи бахши сеюми он, ки ба нақши СҲШ дар рушди ҳамкориҳои фарҳангӣ бахшида шуда буд, бо маъруза дар мавзуи «Фалсафаи ҳамкории фарҳангӣ ва гуманитарии кишварҳои СҲШ» баромад намуд.

Зимни суханронии худ Усмонзода Хайридин қайд кард, ки «СҲШ бо пешбурди ҳамкориҳо дар соҳаи маориф, илм, фарҳанг, санъат, мубодилаи ҷавонон ва ташвиқи фарҳанги ҳамдигарфаҳмӣ дар рушди ҳамкории фарҳангӣ ва гуманитарӣ байни давлатҳои аъзо нақши хеле муҳим мебозад».

Таъкид гардид, ки «Рушди босуръати муносибатҳои байналмилалии давлатҳои аъзои СҲШ дар баробари самтҳои тиҷоративу иқтисодӣ, сиёсӣ, ҳамзамон, дар равобити фарҳангӣ ва инсонӣ низ бештар инъикоси худро пайдо менамояд. Тарҳи солҳо шаклгирифтаи ҳамкории фарҳангӣ дар доираи СҲШ имкон медиҳад, ки кишварҳои узв дар соҳаи маориф, илм, варзиш, сайёҳӣ, ҳифзи мероси фарҳангӣ ҳамкориҳои хеле наздикро ба роҳ монда, ба ин васила пеши роҳи зуҳури ҳама гуна падидаҳои манфиро гиранд».

Бо таваҷҷуҳи хоса ба масоили ҳамкории фарҳангӣ ва гуманитарии Тоҷикистон дар доираи СҲШ, директори Марказ таъкид намуд, ки «Дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз афзалиятҳои ҳамкории дуҷониба ин робитаҳои фарҳангии Тоҷикистон  дар ҳошияи Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) мебошад. Дар робита ба ин таъкид гардид, ки «Тоҷикистон яке аз давлатҳои муассис ва иштирокчии фаъоли СҲШ буда, дар таҳкими муколамаи фарҳангӣ дар руҳияи эҳтироми тарафайн, баробарҳуқуқӣ ва ҳамкории мутақобилан судманд, аз ҷумла, бо давлатҳои шарики муколама саҳми созанда мегузорад».

Дар ин маврид ба дастовардҳои СҲШ дар давраи раёсати Тоҷикистон дар Созмон диққати махсус дода шуд. Тавре зикр гардид, Саммити Душанбеи соли 2021 марҳилаи муҳим дар таърихи СҲШ буда, қисми фарҳангии рӯзномаи Созмонро хеле ғанӣ гардонид. Ҷолиби диққат аст, ки дар доираи раёсати Тоҷикистон ва ба ифтихори 20-солагии Созмони ҳамкории Шанхай дар Тоҷикистон «Маркази дӯстӣ ва ҳамкории Созмони ҳамкории Шанхай» ифтитоҳ ёфт.

Усмонзода Хайридин қайд намуд, ки ифтитоҳи ин Марказ дар «Соли фарҳанг»-и СҲШ нишони саҳми барҷастаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушди ҳамкориҳои фарҳангию гуманитарӣ буда, ин иқдом имкон медиҳад, ки иқтидори робитаҳо ва тамосҳоии бисёрсамтаи фарҳангӣ, таърихӣ, маънавию ахлоқӣ, бадеӣ-эстетикӣ ва мероси кишвару халқҳои мо ба ҳадди аксар расонида шавад.

Дар ҷараёни суханронии худ Усмонзода Хайридин ба ҳамкориҳои таҳлилӣ ва коршиносӣ диққати махсус дод, аз ҷумла қайд кард, ки «Дар айни замон Маркази тадқиқоти стратегӣ дар асоси созишномаҳои дуҷониба бо 36 ниҳодҳо ва марказҳои таҳлилии кишварҳои гуногуни ҷаҳон ҳамкории илмӣ-таҳлилиро ба роҳ мондааст, ки аксари онҳо, яъне 26 шарикони мо, марказҳои таҳлилии давлатҳои аъзои СҲШ мебошанд. Далели он, ки аксари шарикони Марказ марказҳои таҳлилии давлатҳои аъзои СҲШ мебошанд, бешубҳа, ин натиҷаи фазои шаклгирифтаи мусоиди ҳамкорӣ ва пайвандҳои мустаҳками дӯстӣ дар доираи ин Созмон маҳсуб меёбад».

Бояд қайд намуд, ки Форум имрӯз кори худро ба анҷом мерасонад ва дар хотимаи он санади ниҳоӣ ба имзо хоҳад расид.