ИШТИРОКИ ДИРЕКТОРИ МАРКАЗ ДАР ҶАЛАСАИ XX-УМИ ФОРУМИ СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ
Рӯзҳои 21-22 майи соли 2025 дар шаҳри Деҳлии Нав (Ҳиндустон) ҷаласаи XX-уми Форуми марказҳои таҳлилии Созмони Ҳамкории Шанхай таҳти унвони «Амнияти СҲШ: роҳ ба сӯи табдил додани минтақа ба ҳолати «Ҷаҳон — як оила»» баргузор гардид. Форуми мазкур аз ҷониби Шурои Ҳиндустон оид ба корҳои байналмилалӣ (ICWA) ташкил ва баргузор карда шуд.
Дар Форуми мазкур намояндагони ниҳодҳои таҳлилии кишварҳои «ҳавзаи СҲШ» ширкат варзида, доираи васеи масоили марбута ба рушди СҲШ, амният, ҳамкориҳои иқтисодию башардӯстонаро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Аз ҷониби Тоҷикистон дар Форум Хайридин Усмонзода, директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндаи сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҳиндустон Ҳабибов Далер иштирок намуданд. Директори марказ Хайридин Усмонзода дар бахши ифтитоҳии Форум ва ҷаласаи якуми он таҳти унвони “Тавсеаи нақши СҲШ, пешбурди биниши дастаҷамъонаи амният ва минтақаи устувор” дар мавзуи «Нақши СҲШ дар тавсеаи уфуқҳои ҳамкории кишварҳо дар заминаи тағйироти глобалӣ» суханронӣ намуд. Зимни суханронӣ директори Марказ қайд намуд, ки “СҲШ ба туфайли руҳияи ҳамкорие, ки дар ибтидо ба он хос буд, нишон медиҳад, ки чӣ гуна кишварҳои дорои низоми гуногуни иҷтимоию сиёсӣ, ки стратегияҳои миллии рушдро мувофиқи эҳтиёҷоти худ амалӣ менамоянд, метавонанд барои ҳалли созандаи ихтилофоти ба миён омада талош варзид ва дар муносибатҳои мутақобилан судманд шарик шаванд”.
Илова бар ин қайд гардид, ки “бо сабаби устувории худ, фазои СҲШ ҷолибияти худро ҳамчун платформаи ояндадор барои сармоягузорӣ нигоҳ медорад. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт ҷиҳати амалӣ намудани маҷмӯи тадбирҳо оид ба муътадилсозии иқтисодӣ талошҳои доимӣ ба харҷ дода, онро бо ташаббусҳои ҳавасмандгардонии рушд пурра менамояд. Мисоли ин дар санаи 13 марти соли 2025 имзои Шартномаи марзӣ байни Тоҷикистон ва Қирғизистон мебошад, ки бешубҳа на танҳо як рӯйдоди барҷастаи миқёси байнидавлатӣ, балки як рӯйдоди минтақавӣ ва байналмилалӣ низ мебошад.”
Директори Марказ дар суханронии худ таъкид намуд, ки “Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди минбаъдаи муносибатҳои тиҷоративу иқтисодӣ бо кишварҳои аъзои СҲШ умеди зиёд дорад. Хусусан, дар вазъияти кунунӣ, мо манфиатдорем, ки бо кӯмак ва дастгирии кишварҳои аъзои СҲШ ба диверсификатсияи робитаҳои тиҷорати хориҷӣ, рушди долонҳои нақлиётӣ, логистикӣ ва ҳамоҳангсозии механизмҳои ҳисоббаробаркунӣ ва пардохт ноил шавем.”
Ҳамзамон, мавсуф аҳаммияти ташаббуси «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» — ро, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Саммити СММ эълон гардида буд, таъкид намуд. Ӯ қайд намуд, ки “имрӯз ҷаҳон бо мушкилоти гуногун ба монанди низоъҳо, тағйирёбии иқлим ва ноустувории иқтисодӣ рӯ ба рӯ мебошад. Бинобар ин, дар шароити ҷаҳонишавӣ ва вобастагии мутақобилаи давлатҳо, зарурати рушди устувор ва ҳамзистии осоишта аз ҳарвақта дида муҳимтар мегардад. Аз ин рӯ, қарор дар бораи эълон гардидани даҳсолаи оянда – “Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» ҳамчун як иқдом дар роҳи эҷоди ҷаҳони бехатар ва одилона башумор меравад.
Бо дарназардошти аҳаммияти ташаббуси мазкур дар ҳифзи сулҳу субот дар тамоми ҷаҳон, мо умедворем, ки давлатҳои аъзои СММ, аз ҷумла давлатҳои аъзои СҲШ, ки ҳамзамон узви СММ мебошанд, ташаббуси пешвои мо — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бораи “Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда” дастгирӣ хоҳанд намуд.”
Дар фарҷоми суханронӣ мавсуф қайд намуд, ки “Кишварҳои узви СҲШ бо таҷрибаи бузурги тамаддунӣ дар рушди робитаҳо ва муносибатҳои байни халқҳои гуногун ҳамеша ба шукуфоии иқтисодии якдигар эҳтиром зоҳир мекарданд ва гуногунии фарҳангиро дастгирӣ менамуданд. Бо такя ба чунин таҷрибаи ҳосилшудаи таърихӣ, онҳо имрӯз на танҳо принсипҳои рушди фарогир, балки арзишҳои умумиинсониро низ ҳимоя ва эҳтиром менамоянд. Чунин руҳия ба густариши уфуқҳои минбаъдаи ҳамкорӣ ва ҳамгироии кишварҳои мо дар арсаҳои гуногун мусоидат хоҳад намуд.”

Хадамоти матбуотии Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон