НЕРӮГОҲИ БАРҚИИ ОБИИ РОҒУН – УНСУРИ СОЗАНДАИ ТАВЛИДИ СИЁСАТИ МУШТАРАКИ ОБУ ИҚЛИМ ДАР ОСИЁИ МАРКАЗӢ
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади дастёб гардидан ба истиқлолияти энергетикӣ ва дар заминаи амалисозии ислоҳоти низоми иқтисодӣ ба як қатор дастовардҳои назаррасе ноил гардид, ки ин раванд рушди стратегии мамлакатро бо шароитҳои экологию иқтисодии минтақа мутобиқ намуда, инчунин ҳамгироии бахши энергетикии кишварро бо ҳадафҳои рушди устувори Созмони Милали Муттаҳид таъмин намуд.
Дар ин росто, масири интихобнамудаи Тоҷикистон ба тамоюлҳои навбунёд ва пешрафтаи ҷаҳонӣ мувофиқ буда, ҷиҳати таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши неруи барқ, афзалият ба истеҳсоли энергияи сабз равона шудааст ва тадбири мазкур тибқи Стратегияи рушди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, ҳамчун самти рушди стратегии кишвар муайян гардидааст.
Аз ҷумла, Нерӯгоҳи барқии обии «Роғун» (минбаъд – НБО-и «Роғун») яке аз бузургтарин лоиҳаи гидроэнергетикии минтақа ва иншооти аср мебошад, ки дар ҳалли муҳимтарин муаммои рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар, яъне дар истеҳсоли энергияи сабз ва ба даст овардани истиқлолияти энергетикӣ нақши бориз дошта, на танҳо пойдевори иқтисоди миллӣ, балки зарфияти энергетикии кишварҳои минтақаи Осиёи Марказиро низ устувор мегардонад.
Ҳамзамон, бо мақсади роҳ надодан ба паёмадҳои манфӣ дар муносибатҳои неки ҳамсоякишварӣ, инчунин ҷиҳати ҳифзи муҳити зист ва нигаҳдошти суботи экологӣ, ки манфиати фароминтақавӣ мебошад, аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ташкилотҳои минтақавию байналмилалӣ тадбирҳои судманди саривақтӣ роҳандозӣ карда шуд.
Бояд тазаккур дод, ки дар шароити кунунӣ масъалаи тағйирёбии иқлим боиси нигаронии амиқи кулли ҷаҳон гардидааст. Аз ин рӯ, истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ, махсусан захираҳои обӣ, яке аз принсипҳои асосии сиёсати давлати кишварҳои ҷаҳон ба шумор меравад. Албатта принсипи мазкур на танҳо ба қонеъ гардонидани талаботи дохилии кишварҳо равона шудааст, балки ҳамзамон ба пешбурди манфиатҳои муштараки минтақавӣ, тақвияти ҳамкорӣ, субот ва рушди устувор дар сатҳи байналмилалӣ мусоидат мекунад.
Аз ин рӯ, омили гидроэнергетика дар низоми ҷаҳонии энергетикӣ мавқеи марказӣ дошта, ҳамчун бузургтарин манбаи барқароршавандаи тавлиди нерӯи барқи аз лиҳози экологӣ безарар ба шумор меравад. Тибқи таҳлилҳо гидроэнергетика эҳтимолан зиёда аз 60% тамоми нерӯи «сабз»-ро ва тақрибан 16% истеҳсоли умумии нерӯи барқи ҷаҳонро ташкил медиҳад. Тибқи иттилои Маркази ҷаҳонии таҳлилии энергетикии Ember дар соли 2023 гидроэнергетика 14% (4,210 ТВт·соат)-и тавлиди нерӯи барқи ҷаҳониро ташкил дод[1]. Дар баробари ин, аҳамияти гидроэнергетика бо идоракунии устувори захираҳои обӣ низ алоқамандии зич дорад. Аксарияти иншооти гидротехникӣ на танҳо нерӯи барқ истеҳсол мекунанд, балки обтаъминкунӣ, обёрӣ ва барои пешгирии оқатҳои эҳтимолии селу обхезӣ шароит фароҳам меорад.
Тоҷикистон дар ин самт, сиёсати хориҷии оқилонаро бар асоси принсипи ҳамбастагӣ ва ҳамсоягии нек дар тамоми соҳаҳои ҳамкорӣ бо давлатҳои ҳамсоя пеш мебарад. Тибқи муқаррароти моддаи 11-и Конститутсияи кишвар “Тоҷикистон сиёсати сулҳҷӯёнаро дар амал татбиқ намуда, соҳибихтиёрӣ ва истиқлолияти дигар давлатҳои ҷаҳонро эҳтиром менамояд ва муносибатҳои хориҷиро дар асоси меъёрҳои байналмилалӣ муайян мекунад”[2].
Вобаста ба ин, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо зимни паёмҳои худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин аз минбарҳои бонуфузи минтақавию ҷаҳонӣ изҳор доштаанд, ки Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ лоиҳаеро, ки бар зиёни ҳамсояҳо бошад амалӣ нахоҳад кард[3]. Силсилаи ташаббусҳои Пешвои миллат дар соҳаи обу иқлим, ки ҷавобгӯйи манфиатҳои умумибашарӣ мебошад, далолат бар он мекунанд, ки кишвари мо дар мақеъи худ устувор буд, ҳаст ва мемонад.
Аз ҷумла, бунёди НБО-и «Роғун» лоиҳаи васеъмиқёс ва стратегӣ буда, аз ҷониби коршиносони сатҳи ҷаҳонӣ ҳамчун василаи ба сатҳи нави устувории энергетикӣ ва иқтисодӣ баромадани ҳам Тоҷикистон ва ҳам дигар кишварҳои минтақа арзёбӣ мегардад.
Яъне дар ин росто, таҳкими иқтидори қонеъсозии талаботи сокинони минтақа дар мадди аввал қарор дошта, ҷиҳати расидан ба истиқлолияти энергетикиву рушди иқтисоди «сабз» шароит фароҳам месозад ва боиси устувории иқтисодии давлатҳои минтақа мегардад.
Ҳамин тавр, Тоҷикистон ҳамчун субъекти мустаъқили низоми муносибатҳои байналмилалӣ ба афзоиши иқтидори энергетикии худ ҷиҳати таъмин намудани некӯаҳволии сокинон муваззаф мебошад. Иқтидори гидроэнергетикии кишвари мо дар як сол беш аз 500 миллиард квт. соатро ташкил медиҳад, ки то имрӯз танҳо 4% — и он мавриди истифода қарор гирифтааст[4].
Илова бар ин, дар шароити муосир тамоюлҳои сармоягузорӣ ба гидроэнергетика як иқдоми мантиқию саривақтӣ ба шумор меравад. Чунки маҳз ба эътидол овардани таъминоти энергияи барқ ҷиҳати навсозии саноат, кишоварзӣ ва барномаҳои иҷтимоӣ заминаи мустаҳкам фароҳам меорад.
Ҳануз соли 2014 Роберт Звахлен дар бораи ҳадафҳои лоиҳаи НБО-и «Роғун» сухан ронда, хотиррасон намуд, ки “Бонки ҷаҳонӣ ҳоҳиши кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Тоҷикистонро дар бобати гузаронидани ду тадқиқот оид ба арзёбии пайомадҳои бунёди НБО-и «Роғун» ҷонибдорӣ намудааст”.
Яъне кошиносони дохилию хориҷӣ ҷанбаҳои техникӣ-иқтисодӣ ва иҷтимоӣ-экологии лоиҳаро табқи меъёрҳои байналхалқӣ ва таҷрибаҳои ҷаҳонӣ, дар асоси алтернативаҳои тавсияшаванда мавриди омӯзиш қарор доданд. Тадқиқот собит намуд, ки сохтмон ва истифодаи НБО-и «Роғун» ҳаҷми меъёри обро барои давлатҳои поёноб кам намекунад, баръакс муҳлати истифодаи НБО-и «Норак» ва силсиланеругоҳҳои дарёи Вахшро бамаротиб дароз менамояд»[5].
Дар навбати хуб зиёд гардидани муҳлати истифодаи силсиланерӯгоҳҳои Вахш имкониятҳои навро барои Амударё фароҳам намуда, умри Амударёро дароз менамояд, ки ин ба нафъи тамоми кишварҳои ҳамҷавор мебошад. Аз ин рӯ, НБО-и «Роғун» ҳамчун муҳаррики тағйироти мусбии минтақавӣ арзёбӣ гардида, он имкон медиҳад, ки идоракунии захираҳои обӣ навсозӣ карда шавад ва ба барқарорсозии экосистемаҳои табиӣ сармоягузорӣ гардида, низоми обёрии иқтисодӣ ва истеҳсолоти каммасраф роҳандозӣ карда шавад. Маҳз чунин сармоягузорӣ ҷиҳати ба эътидол овардани вазъ дар баҳри Арал мусоидат хоҳад кард. Зеро ҳануз аз соли 1960 сатҳи баҳри мазкур ва ҳаҷми оби он рӯ ба коҳиш ниҳодааст.
Дар маҷмуъ, бо назардошти дурнамои рушди устувор, НБО-и «Роғун» метавонад як қисми низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ гардида, манфиатҳои умумиминтақавиро дар амал табиқ намояд. НБО-и “Роғун” на танҳо лоиҳаи гидроэнергетикӣ, балки имконияти стратегӣ барои кишварҳои Осиёи Марказӣ буда, танзими оқилона, иштироки байналмилалӣ ва баҳисобгирии стандартҳои экологии лоиҳа барои рушди устувор, ҳамкории минтақавӣ ва сиёсати нави обу энергетика мусоидат менамояд.
[1] Analysis of the different electricity sources in 2023 // Ember. [Манбаи электронӣ]. Манбаи дастрасӣ: URL: https://ember-energy.org/chapter/global-electricity-source-trends/ (санаи муроҷиат: 23.04.2025).
[2] Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 ноябри соли 1994 бо тағйиру иловаҳо аз 26 сентябри соли 1999, 22 июни соли 2003 ва 22 майи соли 2016 (ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ). – Душанбе: “Нашриёти Ганҷ” 2016. – С. 135.
[3] Х.А. Сафарзода. Роғун – воқеа ва одамон // Сафарзода Хайрулло Амиралӣ. Душанбе. 2022. 542 с.
[4] Иштирок дар дар ҷаласаи 66-уми Шурои электроэнергетикии ИДМ // Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон. [Манбаи электронӣ]. Манбаи дастрасӣ: URL: https://www.mewr.tj/?p=4582&lang=tj (санаи муроҷиат: 25.04.2025).
[5] Э. Назаров. «Роғун» ҳаҷми обро кам намекунад // Ҷумҳурият, № 164. 2014. 20.08.2014.
Фаттоев Масрур Саидмуродович,
муовини сардори Раёсати таҳлил ва
оянданигарии сиёсати дохилии
Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон