ТАШРИФИ ҲАЙАТИ ПОДШОҲИИ АРАБИСТОНИ САУДӢ ВА ИМЗОИ ЁДДОШТИ ТАФОҲУМ ОИД БА ҲАМКОРӢ
Аз 22 то 24 апрели соли 2025 сафари расмии ҳайати Подшоҳии Арабистони Саудӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар доираи сафари мазкур, санаи 24 апрел мулоқоти директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайридин Усмонзода бо ректори Институти тадқиқоти дипломатии назди Вазорати корҳои хориҷии Подшоҳии Арабистони Саудӣ ба номи шоҳзода Сауд Ал-Файсал, доктор Мушаббаб Ал-Қаҳтонӣ доир гардид.
Дар мулоқот ҳамчунин, Сафири Фавқулода ва Мухтори Подшоҳии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Валид бин Абдурраҳмон ар-Решайдон ва сардори Раёсати робитаҳо бо Осиёи Марказии Институти тадқиқоти дипломатии назди Вазорати корҳои хориҷии Подшоҳии Арабистони Саудӣ ба номи шоҳзода Сауд Ал-Файсал иштирок намуданд.
Директори Марказ Хайридин Усмонзода, меҳмононро хайрамақдам гуфта, самтҳои асосии фаъолияти Марказро муаррифӣ намуд.
Дар навбати худ, доктор Мушаббаб Ал-Қаҳтонӣ ба роҳбарияти Марказ барои истиқболи гарму меҳмоннавозии самимӣ изҳори сипос намуд. Ӯ зикр кард, ки муносибатҳои байни Подшоҳии Арабистони Саудӣ ва Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сатҳи баланди эътимоди мутақобила ва самимият фарқ мекунанд ва намунаи равшани он ҳамкории илмию таҳлилӣ мебошад, ки байни тарафҳо пойдор гаштааст.
Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои гуногуни рушди минбаъдаи муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Арабистони Саудиро мавриди баррасӣ қарор дода, ба вазъи кунунӣ ва дурнамои густариши ҳамкориҳои илмию таҳлилӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуданд. Аз ҷумла, имкониятҳои рушди ҳамкорӣ дар самти омодасозии мутахассисон ва барномаи табодули таҷриба байни коршиносони тарафайн муҳокима гардид.
Дар рафти мулоқот миёни Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Институти тадқиқоти дипломатии назди Вазорати корҳои хориҷии Подшоҳии Арабистони Саудӣ ба номи шоҳзода Сауд Ал-Файсал санади ҳамкорӣ ба имзо расид. Қайд гардид, ки имзои ин санад як қадами муҳим дар роҳи тавсеа ва таҳкими ҳамкориҳои илмию таҳлилӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Арабистони Саудӣ ба ҳисоб меравад.
Дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо таъкид карданд, ки дар оянда низ кӯшишҳои муштаракро баҳри тақвияти ҳамкориҳои илмию таҳлилӣ идома хоҳанд дод.
Мулоқот дар руҳияи самимият ва муколамаи созанда баргузор гардид.
Хадамоти матбуоти Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон