ҶОЙГОҲИ СТРАТЕГИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ ДАР РУШДИ ТАМАДДУН ВА ИҚТИСОДИ МИЛЛӢ

Санаи 17 апрели соли 2025 дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи гирд бахшида ба Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Ҷойгоҳи стратегии шаҳри Душанбе дар рушди тамаддун ва иқтисоди миллӣ» баргузор гардид.
Ҳамоишро муовини якуми директори Марказ номзади илмҳои иқтисодӣ, Муртазозода Ораз бо сухани ифтитоҳӣ ҳусни оғоз бахшида, ҳозиринро ба «Рӯзи пойтахт» табрик намуд. Зимнан қайд намуданд, ки мутобиқи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ҳар сол шанбеи сеюми моҳи апрел ҳамчун «Рӯзи пойтахт» дар кишвар ҷашн гирифта мешавад. Тавре дар моддаи 4-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: «Пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе аст» ва ин меъёри конститутсионӣ далели бебаҳси мақоми хос доштани пойтахтро таъкид менамояд. Аз ин рӯ, аҳамияти сазовор таҷлил гардидани Рӯзи пойтахт дар он ифода меёбад, ҳисси ифтихорро дар замири ҳар як фарди ватандӯст бедор намуда, масири таърихии раванди шаҳрдорию бунёдкориҳои миллати тоҷикро дар худ инъикос менамояд. Бешубҳа, имрӯз шаҳри Душанбе бо ташаббус ва дастгириҳои рузафзуни роҳбарияти олии кишвар пешоҳанг дар татбиқи босамари ҳадафҳои стратегӣ ва муаррифгари дастовардҳои беназири даврони соҳибистиқлолӣ дониста мешавад.
Сипас тибқи барномаи ҳамоиш, кормандони Марказ маърузаҳои таҳлилии худро роҷеъ ба ҷанбаҳои гуногуни мавзуи ҳамоиш ироа намуданд. Аз ҷумла, Шарифзода Саидҳомид Сафар, номзади илмҳои таърих, сардори Раёсати таҳлил ва ояндабинии масъалаҳои амнияти минтақавӣ зимни маърӯзаи худ дар мавзӯи «Душанбе – шаҳри равандсоз» аҳаммияти дипломатия шаҳриро дар низоми муосири муносибатҳои байналмилалӣ таъкид намуда, «Раванди оби Душанбе» ва «Раванди Душанбе дар мубориза бо терроризм»-ро ҳамчун платформаи беназири ҳалли масъалаҳои мубрами ҷаҳонӣ арзёбӣ намуд. Яъне дар заминаи тақвияти фаъолияти байналмилалии “Раванди Душанбе” пойтахти кишвари мо ҳамчун “шаҳри равандсоз” пазируфта шуда, ин тамоюл ба амалисозии манфиатҳои миллӣ ва таъмини амнияти миллии кишвар мусоидат намуд.
Ҳамчунин, Бобоев Ҷурахон Исломович, сардори Раёсати таҳлил ва ояндабинии иқтисодиёти соҳавӣ дар мавзуи «Ҷанбаҳои асосии рушди соҳаҳои воқеии иқтисодиёти кишвар дар марҳалаи нави рушди давлатдории миллӣ: таҷрибаи шаҳри Душанбе» суханронӣ намуда, иброз дошт, ки соли 2024 ММД-и кишвар ба 153,4 млрд. сомонӣ баробар гардида, дар он ҳиссаи шаҳри Душанбе 31.3 млрд. сомониро ташкил медиҳад. Илова бар ин, дар соли 2024 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ММД-и кишвар ба 25,921 млрд. сомонӣ баробар гардид, ки аз ин шумора 5,2 млрд. сомонӣ ба ҳиссаи шаҳри Душанбе рост меояд. Қайд гардид, ки солҳои охир дар заминаи татбиқи «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе барои давраи то соли 2025» нишондиҳандаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии пойтахти кишвар мунтазам рӯ ба афзоиш ниҳодааст.
Дар идома, Иброҳимзода Иброҳим Шоҳ – сармутахассиси Раёсати таҳлил ва ояндабинии масъалаҳои макроиқтисодӣ дар мавзуи «Душанбе — «шаҳри сабз» ва меҳвари рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар дар пайравӣ бо иқдомҳои Пешвои миллат», Шарифхонзода Моҳираи Шарифхон – мутахассиси пешбари Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати дохилӣ дар мавзуи «Нақши Душанбе дар тарғиби таъриху фарҳанги миллати тоҷик», Бобоёров Саидшоҳ – мутахассиси Раёсати таҳлил ва ояндабинии масъалаҳои соҳибкорӣ ва бахши хусусӣ дар мавзуи «Нақш ва ҷойгоҳи бахши соҳибкорӣ дар таъмини рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳри Душанбе» маъруза намуданд.
Дар фарҷоми ҳамоиш мубодилаи афкор сурат гирифта, Одиназода Амин Иброҳим – номзади илмҳои иқтисодӣ, сардори Раёсати таҳлил ва ояндабинии масъалаҳои соҳибкорӣ ва бахши хусусӣ ва Давлатов Рамазонӣ – номзади илмҳои фалсафа, котиби матбуотии Марказ андешаҳои худро роҷеъ ба рисолати шаҳрдорию бунёдкории миллати тоҷик иброз намуданд.
Ҳамин тавр, дар охир муовини якуми директори Марказ номзади илмҳои иқтисодӣ, Муртазозода Ораз бо сухани ҷамъбастӣ аз ҳамоиши мазкур натиҷагирӣ намуд.
Ҳамоиш дар фазои тантанавӣ ва руҳияи самимият доир гардид.
Хадамоти матбуотии
Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон