(Тоҷикӣ) ИСТИҚЛОЛИ КОМИЛИ ЭНЕРГЕТИКӢ ВА ТАТБИҚИ ЛОИҲАИ «CASA-1000» ОМИЛИ АСОСИИ ТАЪМИНИ РУШДИ СОҲАҲОИ ИҚТИСОДИЮ ИҶТИМОӢ

Извините, этот техт доступен только в “Тоҷикӣ”. For the sake of viewer convenience, the content is shown below in the alternative language. You may click the link to switch the active language.

Дар баробари шиддат гирифтани мухолифатҳо, таҳримҳои хоси замони муосир ва раванди босуръати тағйирёбии иқлим, ки паёмадҳои манфӣ ва хисороти ҷиддиро ба давлатҳои алоҳида ба бор оварда истодаанд, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар меҳвари сиёсати дурбинона ва хирадмандонаи хеш, ба татбиқи ҳадафҳои миллӣ дар асоси васеъ намудани доираи ҳамкориҳои муфид бо дигар кишварҳои дуру наздик талош варзида истодаанд.

Бо дарназардошти вазъи ҷаҳони имрӯза, махсусан таъсири омилҳои берунӣ ё канда шудани занҷираҳои таҳвили молу маҳсулот, камобӣ ва хушксолиҳои пайиҳам дар бисёр кишварҳои дунё моро водор менамояд, ки барои пешгирӣ кардани таъсири манфии онҳо ба иқтисодиёти миллӣ аз тамоми имкониятҳо истифода бурда, рушди соҳаҳои истеҳсолию хизматрасониро бо мақсади баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум таъмин намоем.

Бинобар ин, вобаста ба шароити ҷаҳони муосир, таваҷҷуҳ бештар ба масъалаҳои самаранок истифодабарии захираҳои табиӣ, хусусан захираҳои об ва иқтидорҳои энергетикӣ, пешгирӣ кардани таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисодиёти миллӣ, инчунин дарёфти роҳҳои таъмини рушди устувор равона гардидааст. Дар доираи ҳадафҳои созандаи Ҳукумати мамлакат бо мақсади расидан ба истиқлоли энергетикӣ тавассути истифодаи самараноки манбаъҳои «энергияи сабз», то имрӯз ғайр аз идомаи корҳои сохтмонӣ дар неругоҳи барқи обии «Роғун», ду агрегати неругоҳи барқи обии «Норак» ва се агрегати неругоҳи барқи обии «Қайроққум» пурра навсозӣ гардиданд.

Дар давоми соли ҷорӣ низ корҳои таҷдиду азнавсозӣ дар неругоҳи «Норак» ва неругоҳи «Қайроққум» ба маблағи умумии 6,9 млрд. сомонӣ ва сохтмони неругоҳи «Себзор» ба маблағи 700 млн. сомонӣ идома доранд, ки қадамҳои устувор барои расидан ба ҳадафи миллӣ, яъне таъмини истиқлоли энергетикӣ ва истифодаи самараноки неруи барқ ба шумор мераванд.

Аз иқтидорҳои энергетикии дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияткунанда, неругоҳи барқи обии «Роғун» калонтарин неругоҳе ба ҳисоб меравад, ки аз захираҳои обии дарёи Вахш бо иқтидори лоиҳавии 3600 мВт (бо 6 адад агрегате, ки ҳар кадом аз 600 мВт иборат мебошанд), дар баландии сарбанд — 335 метр ҷойгир буда, ҳаҷми обанбори ин неругоҳи барқи обӣ зиёда аз 13,3 млрд. метри мукаабро ташкил медиҳад.

Ин неругоҳ дар доираи сиёсати дурбинона ва хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз ба майдони корзори бузурги миллати тоҷик табдил ёфта, давра ба давра, бо мақсади расидан ба истиқлоли энергетикии комил ва дар ин замина таъмин намудани рушди устувори иқтисодиёти миллӣ қавӣ гардида истодааст.

Аз рӯйи ақидаи коршиносони соҳа, ибтидои солҳои 60-уми асри гузашта захираҳои обии дарёи Вахшро барои истеҳсоли неруи барқ ва обёрии заминҳо истифода мекарданд. Баъд аз гузашти чанд соли дигар, аниқтараш соли 1978 лоиҳаи техникии неругоҳи «Роғун»-ро таҳия намуданд ва соли 1980 аз ҷониби Шурои вазирони собиқ Иттиҳоди Шуравӣ қарори дахлдор барои бунёди неругоҳи барқи обӣ қабул гардидааст.

Бояд гуфт, ки то соли 1990 корҳои сохтмону васлгарӣ дар неругоҳи барқи обии «Роғун» идома ёфта, якчанд корҳои муҳимми сохтмонӣ низ ба анҷом расонида шуда буд, аммо бо сабаби пош хӯрдани Иттиҳоди Шуравӣ идомаи корҳои сохтмонӣ дар ин иншооти стратегӣ қатъ гардиданд. Ин маънои онро дорад, ки манбаъҳои обию гидроэнергетикии кишвари мо, аз ҷумла захираҳои обии дарёи Вахш солҳои пештар мавриди омӯзиш ва таҳқиқот қарор дода шуда буданд ва аз ин ҳисоб Ҷумҳурии Тоҷикистон дар собиқ Иттиҳоди Шуравӣ пас аз Русия аз ҷиҳати манбаъҳои обию гидроэнергетикӣ мавқеи дуюмро ишғол мекунад.

Мавриди зикр аст, ки асосноккунии техникии иқтисодии лоиҳаи «CASA-1000» аз ҷониби ширкати канадагии «SNC –Lavalin» таҳия карда шуда, зери назорати доимии коршиносони Бонки ҷаҳонӣ, Агентии рушди байналмилалии Амрико /USAID/ ва дигар шарикони рушд қарор дорад. Ҳамзамон, аз ҷониби консорсиуми байналмилалии Коэн-эт Беллие (Франсия), Электроконсулт (Италия), ІРІ (Британияи Кабир) ва баҳодиҳии вазъи экологию иҷтимоии он аз ҷониби ширкати швейтсарии “Пойри Энерҷӣ” корҳои зарурӣ ба анҷом расонида шуданд. Соли 2014-ум хулосаи ниҳоӣ ва шаффофи ташхисгарони байналмилалӣ ва мутахассисони Бонки ҷаҳонӣ дар бораи коршоямии лоиҳаи неругоҳи «Роғун» бо хулосаю тавсияҳои мусбат баррасӣ гардида, ба тамоми мардум аз натиҷаи ташхиси он маълумот доданд.

Тибқи маълумот ҳоло ду агрегати неругоҳ, ки бо иқтидори минималӣ вобаста ба сатҳи об ва иқтидори неругоҳи барқи обӣ фаъолият мекунанд, дар давоми як шабонарӯз бо иқтидори 260 мВт/соат неруи барқ истеҳсол мекунанд. Дар рӯзҳои таърихии хотирмон, яъне санаи 16 ноябри соли 2018-ум агрегати аввалин ва санаи 9-уми сентябри соли 2019-ум дуюмин агрегати неругоҳи барқи обии «Роғун» ба тавлиди барқ оғоз намуданд.

Инчунин, бо мақсади расидан ба истиқлоли комили энергетикӣ соли 2025-ум таҷдиду навсозии боз се агрегати дигар дар неругоҳи «Қайроққум», ки иқтидори он ба андозаи 24 мВт зиёд мегардад ва дар маҷмуъ иқтидори  энергетикии он ба 174 мВт мерасад ва иқтидорҳои мавҷудаи энергетикии мамлакатро дар соли ҷорӣ танҳо аз ин ҳисоб 180 мВт зиёд мегардонад.

Дар ҳақиқат кишвари мо, дорои захираҳои бузурги гидроэнергетикӣ мебошад ва ояндаи рушди соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ аз бисёр ҷиҳат аз истифодаи самаранок ва оқилонаи ин намуди энергия вобастагии бештар дорад. Дар ин замина, ҳазорҳо корхонаҳои нави саноатӣ бунёд мегарданд, ҷойҳои нави кории зиёд таъсис меёбанд (шаҳрвандон бо шуғли пурмаҳсул, ки аз ҷумлаи ҳадафҳои стратегии Ҳукумати мамлакат ба шумор меравад, таъмин мегарданд) ва мавриди коркарди бештари ашёи хоми ватанӣ, имкониятҳои истеҳсоли моли рақобатпазир ва содироти молу маҳсулоти дорои арзиши баланди иловашуда зиёд мегардад.

Дарвоқеъ, ҳадафи асосӣ аз самаранок истифодабарии захираҳои обӣ, агар аз як тараф саҳм гузоштан дар раванди босуръати тағйирёбии иқлим, ки дар шароити кишвари мо энергияи сабз аз ҳисоби захираҳои барқароршаванда истеҳсол мегардад, ба шумор равад, аз тарафи дигар баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум тавассути бунёд намудани коргоҳу корхонаҳои нави саноатӣ ва таъмини шаҳрвандон бо шуғли пурмаҳсул, иборат мебошад. Ғайр аз ин, ин раванд бевосита ба афзоиши ҳаҷми истеҳсоли энергияи сабз заминаи мусоид гузошта, Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун содиркунандаи ин намуди энергия муаррифӣ менамояд.

Ҳамин тавр, кишвари мо ҳоло аз ҳисоби манбаъҳои барқароршаванда 98 дарсади неруи барқро истеҳсол менамояд ва ба нақша гирифта шудааст, ки ин нишондиҳанда то соли 2032 ба 100 дарсад расонида мешавад. Ин маънои онро дорад, ки Роҳбарияти Олии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон раванди тағйирёбии босуръати иқлимро, ки солҳои охир ба сайёраи Замин таъсири манфӣ расонида, инсоният ба оқибатҳои фоҷиабори он рӯ ба рӯ гардидааст, ба инобат гирифта, сатҳи рушди устувори иқтисодиёти миллӣ ва содироти молу маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тозаро таъмин менамояд.

Вобаста ба ин, Қатъномаи Маҷмаи умумии СММ таҳти унвони “Шарҳи миёнамуҳлати бисёрҷанбаи татбиқи даҳсолаи байналмилалии амал об барои рушди устувор солҳои 2018-2028” манфиатҳои умумибашариро ба се ҷанбаи асосӣ алоқаманд меҳисобад, ки дар он таъсири манфии тағйирёбии иқлим ба захираҳои об, мушкилоти экологӣ ва татбиқи барномаҳои иқтисоди сабз ниҳоят муҳим арзёбӣ гардидаанд.

Дар ҳошияи қатъномаи мазкур ва ҳадафҳои созандаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, татбиқи Лоиҳаи «CASA-1000» далели равшани саҳми Тоҷикистон дар рушди иқтисоди сабз ва гузариш ба манбаъҳои барқароршавандаи энергия ба шумор меравад, ки ба истифода дода шудани иқтидорҳои нави истеҳсолии неругоҳи барқи обии «Роғун» барои рушди соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ, густариши ҳамкориҳои судманд бо дигар кишварҳо ва умуман барои беҳтар гардонидани шароити зиндагии шаҳрвандони Тоҷикистони соҳибистиқлол аҳамияти бениҳоят муҳим дорад.

Дар доираи ин кушишҳо дар Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ омадааст: “Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчун кишвари дорои захираҳои фаровони об, ҷонибдори истифодаи одилона ва оқилонаи он сарвату захираҳо тавассути ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ мебошад ва татбиқи пайгиронаи дипломатияи ҳамкорӣ дар соҳаи обро ягона василаи ҳалли мушкилот дар ин самт медонад”.

Неругоҳи барқи обии «Роғун» имрӯзу фардои Тоҷикистон ба шумор рафта, тараққиёти бесобиқаи соҳаҳои асосии давлатдории миллӣ, ба монанди саноату кишоварзӣ, нақлиёту алоқа, низоми молия ва устувории буҷети давлатӣ, рушди соҳаи сайёҳӣ ва рушду пешрафти соҳаи сохтмон, ки бо маром идома дорад аз ояндаи ин объекти хусусияти стратегидошта вобастагии зиёд дорад. Дар баробари ин, воситаи муҳимтарини табдил додани Тоҷикистон ба кишвари пешрафтаи демократӣ ва дар навбати худ омили баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум, таконбахши рушди маорифу тандурустӣ ва умуман иншооти муҳимми соҳаҳои иҷтимоӣ, метавонад ҳам ба афзоиши ММД ва ҳам ба устувории буҷети давлатӣ мусоидат намояд.

Дар баробари ин, истифодаи технологияҳои муосир ва татбиқи навовариҳо дар ҳама соҳаҳои давлатдории миллӣ метавонад аз ҳар ҷиҳат ба устувории иқтисодиёт, тавассути таъмини шаффофияти амалиётҳои молиявӣ ва хизматрасониҳо заминаи мусоид гузошта тавонад.

Дар “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” низ бахши технология ва рақамикунонӣ ҳамчун самти афзалиятнок муайян гардидааст. Бо ибтикори Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тадбирҳои муҳим барои омӯзиш ва татбиқи дастовардҳои зеҳни сунъӣ амалӣ гардида, алҳол зеҳни сунъӣ яке аз омилҳои асосии рушди технологӣ дар маркази таваҷҷуҳи ниҳодҳои илмӣ қарор дорад.

Президенти Тоҷикистон дар Паёми имсолаашон ба Маҷлиси Олӣ солҳои 2025-2030-ро “Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия” эълон намуданд, ки ин тасмим маънои оғози марҳилаи нави рушдро дорад ва ояндаи Тоҷикистон бо қувваи навоварӣ ва технологияҳои муосир ба дастовардҳои бештар ноил хоҳад гашт. Таъмини шаффофият дар низоми молия, мавриди пардохти андозҳо ё дигар пардохтҳои ҳатмӣ ва мавриди пардохти ҳаққи қувваи барқи истифодагардида тавассути ҳисобкунии низоми билингӣ, ки ин ҳам яке аз роҳҳои асосии паст намудани талафот ба шумор меравад, ба устувории иқтисоди миллӣ мусоидат менамояд.

Дар ҳақиқат дар шароити рақобати ҷаҳонӣ, таъсири хавфҳои берунӣ ба иқтисодиёти миллӣ барои таъмини устувории мавқеи Тоҷикистони соҳибистиқлол дар арсаи байналмилалӣ, бояд ҳамқадами замон бошем ва ҷараёнҳои нави илму технологияро дар истеҳсолоту ҳаёти ҳаррӯза амалӣ намоем. Ҳукумати мамлакат новобаста аз таҳримҳои тиҷоратию иқтисодии хоси замони муосир барои рушду пешрафт ва беҳтар гардонидани сифати зиндагии шаҳрвандон, махсусан барои паст намудани шиддати муҳоҷирати меҳнатӣ аз ҳамаи имкониятҳо самаранок истифода намуда истодааст.

Бо назардошти талаботи рӯзафзуни энергетикӣ дар мамлакатҳои Осиёи Ҷанубӣ ва мавҷуд будани захираҳои фаровони гидроэнергетикӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ зарурати ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика беш аз ҳарвақта муҳимтар гардидааст. Осиёи Марказӣ дорои захираҳои бузургӣ энергетикӣ буда, дар минтақа сохтмони лоиҳаҳои бузурги гидроэнергетикӣ идома дорад.

Бинобар ин, оғози расмии корҳои сохтмонӣ дар доираи лоиҳаи “CASA-1000” санаи 12-уми майи соли 2016 бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сарвазирони кишварҳои Қирғизистон, Покистон ва Афғонистон баргузор гардид, ки ин қадами аввалин дар роҳи ташкили бозори минтақавии неруи барқ ба шумор меравад. Дар доираи Лоиҳаи минтақавии хати интиқоли барқи «CASA-1000» дар ноҳияи Кӯшониёни вилояти Хатлон сохтмони истгоҳи конверторӣ бо иқтидори 1300 мегаватт ба анҷом расид.

CASA-1000 (Central Asia–South Asia Electricity Transmission and Trade Project), яъне лоиҳаи интиқолу фурӯши нерӯи барқ ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ, ки пас аз неругоҳи барқи обии «Роғун» дуюмин лоиҳаи бузурги энергетикии минтақаи Осиёи Марказӣ маҳсуб мешавад. Лоиҳа низоми энергетикии кишварҳои Тоҷикистон, Қирғизистон, Афғонистон ва Покистонро бо ҳам пайваст менамояд. Он аз бузургтарин лоиҳаи энергетикии Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ мебошад, ки хати баландшиддати интиқоли неруи барқро таъмин менамояд.

Ин лоиҳа аввалин ташаббуси бузурги энергетикӣ мебошад, ки ду минтақаи муҳим — Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубиро бо ҳам мепайвандад, илова бар ин, лоиҳа на танҳо ба рушди инфрасохтори энергетикии Тоҷикистон мусоидат менамояд, балки дар таъмини устувории низоми барқи Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ низ нақши муҳим мебозад. Айни ҳол амалигардонии лоиҳаҳои мазкур дар соҳаи энергетика ба татбиқи яке аз чор ҳадафи стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – таъмини истиқлоли энергетикии мамлакат, ки яке аз соҳаҳои калидӣ дар таъмини рушди иқтисодиёти миллӣ арзёбӣ мегардад, равона гардидааст.

Бояд гуфт, ки дар баробари неругоҳи барқи обии «Роғун» боз неругоҳи барқи обии «Сангтӯда-1» бо иқтидори лоиҳавии 670 мВт дорои 4 гидроагрегат (ҳар кадоме бо иқтидори 167,5 мВт), яке аз неругоҳи барқи обии бузурги амалкунанда ба шумор рафта, тақрибан 12 дарсади ҳаҷми умумии истеҳсоли неруи барқро дар Тоҷикистон  таъмин менамояд.

Шарти муҳимтарини таъмини истиқлоли энергетикӣ ва гузариши Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди устувор, пеш аз ҳама ба татбиқи лоиҳаҳои энергетикии зерин:

  • таҷдиди неругоҳи барқи обии «Сарбанд»;
  • ҷорӣ намудани низоми ҳисоби яклухти интиқоли неруи барқ ва беҳдошти шабакаҳои интиқоли барқ;
  • таҷдиди неругоҳи барқи обии «Қайроққум»;
  • марҳилаи якуми таҷдиди неругоҳи барқи обии «Норак»;
  • барномаи солимгардонии вазъи молиявии ширкати энергетикӣ;
  • азнавпайвастшавӣ ба низоми энергетикии ягонаи Осиёи Марказӣ;
  • кам намудани талафоти неруи барқ ва лоиҳаи рушди соҳаи энергетика алоқаманд мебошад.

Диаграммаи 1
Ҳаҷми маблағгузорӣ ба қисмати иншоотҳое, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта мешаванд

(бо фоиз)

 

Дар ин самт аллакай маблағҳо барои қисмати асосии ин лоиҳа ҷалб карда шудаанд. Аз ҷумла, аз ҷониби:

  • Бонки Ҷаҳонӣ ба маблағи 45 млн. доллари ИМА ба сифати грант;
  • Бонки исломии рушд ба маблағи 70 млн. доллар қарзи имтиёзнок;
  • Бонки аврупоии сармоягузорӣ ба маблағи 79 млн. доллар ба сифати грант;
  • Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ба маблағи 110 млн. доллар;
  • Агентии рушди байналмилалии Амрико /USAID/ ба маблағи 7,5 млн. доллари ИМА;
  • Вазорати рушди байналмилалии Британияи Кабир дар ҳаҷми 38,5 млн. доллар ба сифати грант ҷудо карда шуд.

Тоҷикистон ҳамчун кишвари дорои захираҳои бузурги гидроэнергетикӣ ҳамкории зичро бо шарикони байналмилалӣ барои пешбурди лоиҳаҳои устувор ва татбиқи технологияҳои пешрафта дар бахши энергетика муҳим мешуморад. Бо истифодаи босамари иқтидори гидроэнергетикӣ кишвари мо на танҳо дар таъмини бозори минтақавӣ бо неруи барқ саҳм мегузорад, балки мавқеи худро ҳамчун яке аз таъминкунандагони асосии энергияи аз ҷиҳати экологӣ тоза дар Осиё тақвият мебахшад.

Ҳангоми пурра ба истифода додани ин лоиҳа Тоҷикистон ва Қирғизистон метавонанд ба кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ неруи барқи барзиёд истеҳсолшавандаи худро дар ҳаҷми 1300 мВт (70 дарсад аз Тоҷикистон ва 30 дарсад аз Қирғизистон) содир намоянд. Аз ҷумла, содироти неруи барқ аз Қирғизистон 1,5 млрд. кВт/соат ва Тоҷикистон 5,0 млрд. кВт/соат дар як сол дар назар дошта шудааст.

Диаграммаи 2
Стратегияи содироти неруи барқ аз Тоҷикистон ва Қирғизистон дар доираи лоиҳаи «CASA-1000» ба кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ

(млрд. кВт/соат)

Дар назар аст, ки дар марҳилаи аввал хатти баландшиддати 500-киловаттаи интиқоли неруи барқ аз Даткаи Қирғизистон ба Хуҷанди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарозии 477 км бунёд гардида, сипас сохтмони хати баландшиддат аз Тоҷикистон ба Афғонистон ва аз қаламрави он ба Ҷумҳурии исломии Покистон бо дарозии 750 км идома дода мешавад.

Ҳадаф ва аҳамияти ин лоиҳаи бузург дар он ифода меёбад, ки интиқоли неруи барқ аз Тоҷикистон ва Қирғизистон, яъне аз ду кишварҳои Осиёи Марказӣ ба Афғонистон ва Покистон ба ду кишвари Осиёи Ҷанубӣ дар асоси созишномаи ба мувофиқарасида интиқол дода мешавад. Дар баробари ин, муносибатҳои дуҷониба дар самти беҳтар намудани самаранокии истифодаи захираҳои обӣ ва энергетикӣ дар шароити минтақа таъмин мегардад.

Ҳамзамон, дар шароити кишвари мо таъмини истиқлоли энергетикӣ ҳамчун ҳадафи стратегӣ эълон гардидааст ва солҳои минбаъда метавонад ба рушди дигар соҳаҳои воқеии иқтисодиёт, беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии мардум, инчунин устувории молиявӣ заминаи мусоид гузорад.

Ғайр аз ин, аҳолӣ ва ҳам коргоҳу корхонаҳои саноатию хизматрасонӣ ба манбаъҳои арзони энергияи «сабз» таъмин гардида, то андозае ба паст гардидани сатҳи истифодаи сӯзишворӣ ва бо ин роҳ кам гардидани ҳаҷми партови газҳои гулхонаӣ шароити мусоид фароҳам оварда метавонанд.

Диаграммаи 3
Ҳиссаи кишварҳо дар сохтмони зербинои лоиҳаи «CASA-1000»

(млн. доллари ИМА)

Бояд гуфт, ки арзиши умумии амалисозии лоиҳаи CASA-1000 беш аз 1,20 млрд. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад ва тибқи маълумот, маблағи сохтмони зербинои ин лоиҳа дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 351,0 млн. доллар баробар мебошад. Сармоягузории Ҷумҳурии Қирғизистон 209,0 млн. доллар, сармоягузории аз ҳама бештар аз Ҷумҳурии исломии Афғонистон 354,0 млн. ва аз Ҷумҳурии исломии Покистон 209,0 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.

Ин лоиҳа дар таърихи навини Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва соҳаи энергетика қадами устувор маҳсуб ёфта, неруи барқ барои вусъат додани муносибатҳои дуҷониба ва муштарак мусоидат хоҳад кард.

Вобаста ба ин дар доираи ҳадафи стратегии Ҳукумати Тоҷикистон дар бахши ноил гардидан ба истиқлоли энергетикӣ якчанд зерсамтҳоро муайян намудааст, ки бунёди иқтидорҳои нав, таҷдиду навсозии иқтидорҳои мавҷуда, кам намудани талафоти неруи барқ ё самаранок истифодабарии он, истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия, яъне намудҳои ғайримаъмулӣ, ба монанди такмил додани истеҳсоли энергияи офтобӣ, шамолӣ ва дар ин замина, вусъат додани доираи ҳамкориҳои судманд дар самти содироти неруи барқ ба он мансубанд.

Ҳамзамон, татбиқи лоиҳаи номбурда омили асосии таъмини устувории иқтисодиёти миллӣ ва буҷети давлатӣ ба шумор рафта, дар амалӣ намудани на танҳо истиқлоли энергетикӣ, балки дар рушди соҳаи саноату нақлиёт, кишоварзӣ, махсусан таъмини амнияти озуқаворӣ ва пешрафти соҳаҳои иҷтимоӣ қадами устувор хоҳад буд. Барои расидан ба ҳадафҳои стратегии Ҳукумати мамлакат, самаранок истифодабарии захираҳо ва имкониятҳои молиявию иқтисодӣ, баҳри таъмини зиндагии шоистаи мардум таваҷҷуҳи бештар зоҳир гардида, солҳои 2022-2026 “Солҳои рушди соҳаи саноат” эълон гардидааст.

Бешубҳа, нақша ва ҳадафҳои созандаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи таъмини рушди устувори иқтисодиёти кишвар, махсусан, ба афзоиши ҳаҷми ММД ва устувории буҷети давлатӣ заминаи мусоид гузошта истодаанд. Ғайр аз ин, таъмини ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум дар меҳвари сиёсати роҳбарияти Олии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун самти афзалиятнок ба шумор меравад. Вобаста ба ин, дар давоми соли 2024-ум ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатӣ ба соҳаҳои иҷтимоӣ бештар аз 19,0 млрд. сомониро ташкил дода буд, ки нисбат ба соли 2023-юм зиёда аз ду млрд. сомонӣ бештар мебошад. Дар ин давра, яъне давоми соли 2025-ум барои таъмини рушди соҳаҳои воқеии иқтисодиёти кишвар 15,2 млрд. сомонӣ равона карда мешавад ва дар баробари ин, маблағгузории соҳаҳои иҷтимоӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ ба маблағи 23,9 млрд. сомонӣ пешбинӣ гардидааст.

Ҳамин тавр, роҳбарияти Ҳукумати мамлакат дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ барои таъмин намудани рушди иқтисодиёти миллӣ, санадҳои меъёрии ҳуқуқии вобаста ба раванди сармоягузориро пайваста такмил медиҳад ва бо мақсади расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва беҳтар намудани инфрасохтори соҳаҳои воқеии иқтисодиёт тадбирҳои заруриро амалӣ намуда истодааст.

Ҷӯрахон Бобоев,
сардори Раёсати таҳлил ва ояндабинии
иқтисодиёти соҳавии Маркази тадқиқоти
стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон