(Тоҷикӣ) ИНЪИКОСИ ФОРУМИ ДУЮМИ КОРШИНОСИИ “ОСИЁИ МАРКАЗӢ – РУСИЯ: РӮЗНОМАИ РУШДИ МУШТАРАК” ТАРИҚИ ВАО-И ВАТАНИЮ ХОРИҶӢ
Форуми дуюми коршиносии “Осиёи Марказӣ – Русия: рӯзномаи рушди муштарак”, ки тариқи ҳузурӣ ва маҷозӣ 11 октябри соли 2025 дар МД “Китобхонаи миллии Тоҷикистон” доир гардид, аз ҷониби васоити ахбори оммаи ватанию хориҷӣ хеле фарох инъикос гардида, бозтоби он дар шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ низ пахш гардид.
Қобили қайд аст,ки Форуми мазкур бо ташаббуси Маркази таҳқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо ҳамкории шарикони рус ва дастгирии сохторҳои дахлдори давлатии кишвар доир гардид.
Ҷараёни кори Форум аз ҷониби ВАО-и ватанӣ дар 5-шабакаи телевизионӣ, аз он ҷумла телевизионҳои “Ҷаҳоннамо”, “Тоҷикистон”, “Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, “Сафина” ва “Душанбе”, 7 барномаҳои сиёсии радиоӣ: “Радиои Тоҷикистон”, “Овози тоҷик”, “ Садои Душанбе” “Ховар” ва ғ. сабт гардида дар фазои иттилоотӣ кишвар ҳамон рӯз густурда пахш карда шуд.
Дар ин хусус АМИТ “Ховар” низ дар саҳифаи интернетии сомонааш аз ҳадафи баргузории чорабинии мазкур иттилоъ дод. Ҳамзамон, тариқи рӯзномаҳои “Ҷумҳурият”, “Садои мардум”, “Минбари халқ”, “Народная газета” ва “Халқ овозӣ” низ хабар оиди ҳамоиши мазкур чоп гардид. Ба ВАО роҳбарон ва мутахассисони марказҳои таҳлилӣ ва институтҳои илмию тадқиқотии кишварҳои Осиёи Марказӣ, коршиносони хориҷӣ ва ватанӣ, намояндагони вазорату идораҳои Тоҷикистон низ ҷалб гардида, андешаҳояшон тариқи расонаҳои хабарии кишвар пешкаш карда шуд.
Конфронси мазкур тариқи ВАО- берунӣ низ дар сатҳи муносиб инъикос гардид. Вобаста ба ҳадафи баргузории конфронс шабакаи байналмилалии садо ва симои “МИР” ва тедевизиони Русия “Звезда” ахбори муфассалеро тариқи барномаи ахбори телевизионӣ пешниҳод намуд. Инчунин, тариқи сомонаҳои интернетӣ ва шабакаҳои иҷтимоии кишварҳои Осиёи Марказӣ роҷеъ ба баргузории ҳамоиш, хусусан муҳокимаи ҳолат ва дурнамои рушд, таҳкими робитаҳои дуҷониба ва бисёрҷониба байни кишварҳои минтақа, масъалаҳои иқтисодӣ, истифодаи захираҳои об, тағйирёбии иқлим ва энергетика, таҳкими суботи минтақавӣ, густариши ҳамкориҳо дар бахшҳои фарҳанг, забон ва илм, инчунин равандҳо ва чолишҳои муосири минтақавӣ ва байналмилалӣ иттилооти васеъ нашр гардида, таваҷҷуҳи коршиносон ва истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоиро ба худ ҷалб намуд.
Аксарияти корбарони шабакаи интернетии “Фейсбук” ҳам дар дохил ва ҳам дар хориҷ фикру андешаҳои худро доир ба сатҳи баргузории ҷараёни ҳамоиш ва таҳлилу баррасии масъалаҳои матраҳшударо дар коментарияҳо иброз намудаанд, ки бештар мусбат баҳогузорӣ кардаанд.
Бо тариқи хулоса дар поён барои бештар огоҳӣ пайдо намудан аз ҷараёни баргузории конфронс ва муҳтавои хабару андешаҳои коршиносону корбарони шабакаҳои иттилоотии интернетӣ нисбат ба барнома ва масъалаҳои матраҳгардидаи ҳамоиш, номгӯи шабакаҳои интернетии иттилоърасонӣ ва расонаҳои хабарии хориҷӣ ва ватаниро пешниҳод менамоем:
РАСОНАҲОИ ХОРИҶӢ;
В Душанбе пройдет экспертный форум «Россия – Центральная Азия» dialog.tj/new88813/
В Душанбе состоится второй экспертный форум «Россия – Центральная Азия: повестка совместного развития» – Таджикистан casian.info/tj/society/v-dushanbe-sostoitsya-vtoroy-ekspertnyy-forum-ross-72005.html
Второй экспертный форум «Центральная Азия – Россия: повестка совместного развития» начал свою работу в Душанбе – Таджикистан casian.info/tj/politics/vtoroy-ekspertnyy-forum-centralnaya-aziya-rossiya–72040.html
Исследовательские учреждения Таджикистана и России подписали Меморандум о сотрудничестве – Таджикистан casian.info/tj/society/issledovatelskie-uchrezhdeniya-tadzhikistana-i-ros-72053.html
Форум «Центральная Азия – Россия»: в Душанбе обсудили стратегические ориентиры совместного развития региона — ИА Караван Инфо caravan-info.pro/forum-centralnaja-azija-rossija-v-dushanbe-obsudili-strategicheskie-orientiry-sovmestnogo-razvitija-regiona/
В Центральной Азии действуют 24 тысячи компаний с российским капиталом: Таджикистан усиливает экономическое партнёрство — ИА Караван Инфо caravan-info.pro/v-centralnoj-azii-dejstvujut-24-tysjachi-kompanij-s-rossijskim-kapitalom-tadzhikistan-usilivaet-jekonomicheskoe-partnjorstvo/
Институт Китая и современной Азии РАН ИКСА РАН выступил одним из организаторов экспертного форума в рамках прошедшего в Душанбе саммита “Центральная Азия – Россия”
Итоги второго саммита «Центральная Азия — Россия» подвели в Душанбе – Рамблер/личные финансы finance.rambler.ru/economics/55445727-itogi-vtorogo-sammita-tsentralnaya-aziya-rossiya-podveli-v-dushanbe/
САҲИФАҲОИ ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОИИ ХОРРИҶИЮ ДОХИЛӢ
www.facebook.com/reel/1500168077960067
www.facebook.com/watch/?v=4138422006418187
www.facebook.com/sadoidushanbe
www.facebook.com/russianembassyintajikistan
РАСОНАҲО, НАШРИЯҲОИ ВАТАНӢ ВА СОМОНАҲОИ РАСМӢ
Уровень взаимодействия между государствами Центральной Азии и Россией отличается своей стабильностью | НИАТ “Ховар” Октябрь 11, 2025 15:00
Россия и страны Центральной Азии и дальше будут укреплять политическое взаимное доверие на высоком уровне | НИАТ “Ховар” Октябрь 12, 2025 09:00
В Центрально-Азиатском регионе действует около 24-х тысяч компаний с российским капиталом | НИАТ “Ховар” Октябрь 12, 2025 12:00
Дар Душанбе Форуми дуюми коршиносии «Осиёи Марказӣ – Русия: рӯзномаи рушди муштарак» ба кори худ оғоз намуд | АМИТ “Ховар” Октябрь 11, 2025 10:40