(Тоҷикӣ) ИМЗОИ СЕ ЁДДОШТИ НАВИ ҲАМКОРӢ ДАР ЧОРЧӮБИ ФОРУМИ «ДУШАНБЕ ИНВЕСТ – 2025»
Аз 14 то 16 октябри соли 2025 дар шаҳри Душанбе — пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон Форуми байналмилалии сармоягузории «Dushanbe Invest – 2025» баргузор гардид. Дар он намояндагони ҳукуматҳо ва созмонҳои байналмилалӣ, роҳбарони ширкатҳои маъруф, муассисаҳои молиявӣ ва доираҳои тиҷоратии кишвари хориҷӣ ширкат варзиданд. Зиёда аз 1000 меҳмон аз кишварҳои Осиё, Аврупо ва Ховари Миёна дар ин ҳамоиш ҳузур доштанд, ки мавзуъҳои муҳими рақамисозӣ, зеҳни сунъӣ, энергияи «сабз», соҳибкорӣ ва рушди устуворро фаро гирифт.
Форум фазои хеле мусоидеро барои Тоҷикистон ҷиҳати таҳкими робитаҳои гуногунҷанба ва густариши ҳамкориҳо миёни кишварҳои хориҷӣ фароҳам овард.
Дар ҳошияи форуми байналмилалӣ бо мақсади густариши ҳамкориҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва таҳкими робитаҳои байналмилалӣ, Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо як қатор муассисаҳои таҳқиқотии хориҷӣ Ёддоштҳои тафоҳуми ҳамкориро ба имзо расонид.
Аз ҷумла миёни Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон ва Гурӯҳи муассисаҳои MERI-и Ҳиндустон Ёддошти тафоҳум ба имзо расид. Ин санадро директори Марказ Хайриддин Усмонзода ва ноиби Президенти Гурӯҳи муассисаҳои MERI профессор Лалит Аггарвал ба имзо расониданд. Ёддошт заминаи мусоид барои таҳкими муносибатҳои илмӣ, таҳқиқотӣ ва фарҳангӣ байни ду кишвар маҳсуб меёбад.
Ҳамчунин миёни Марказ тадқиқоти стратегӣ ва Фонди бунёди Ҳиндустон-Осиёи Марказӣ Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣба имзо расонида шуд. Санади мазкур аз ҷониби директори Марказ Хайриддин Усмонзода ва директори Фонд профессор Рамакант Двиведи ба имзо расид. Ҷонибҳо тибқи ин ёддошт барои таъсиси механизми устувори ҳамкорӣ ва робитаҳои мунтазами таҳлилию коршиносӣ кӯшишҳои муштарак хоҳанд кард.
Ҳамзамон, байни Маркази тадқиқоти стратегӣ ва Институти осиёии дипломатия ва муносибатҳои байналмилалии Непал низ Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид, ки ҳадафи он ташкили заминаи ҳуқуқию амалии ҳамкорӣ ва рушди муносибатҳои судманд мебошад. Самтҳои асосии ҳамкорӣ таҷрибаомӯзӣ, баргузории чорабиниҳои илмӣ, табодули мутахассисон ва мубодилаи нашрияҳои илмӣ мебошанд. Санадро директори Марказ Хайриддин Усмонзода ва муассиси Институти осиёии дипломатия ва муносибатҳои байналмилалии Непал Сунил К.С. ба имзо расониданд.
Бояд зикр намуд, ки имзои ин ҳуҷҷатҳо, ки ба густариши робитаҳои мутақобилан судманд бо муассисаҳои таҳлилии минтақа ва ҷаҳон нигаронида шудааст, аз ҷумлаи дастовардҳои муҳими форуми болозикр маҳсуб меёбад.
Хадамоти матубуотӣ
