(Тоҷикӣ) ТАҲЛИЛИ ВАЗЪИ ФАЪОЛИЯТИ СОҲИБКОРӢ ДАР СЕМОҲАИ АВВАЛИ СОЛИ 2025

Sorry, this entry is only available in Тоҷикӣ and Русский. For the sake of viewer convenience, the content is shown below in this site default language. You may click one of the links to switch the site language to another available language.

Мавриди зикр аст, ки фаъолияти соҳибкорӣ асоси рушди ҷомеа буда, ҳамчунин, барои баланд бардоштани вазъи иҷтимоиву иқтисодии аҳолӣ ва давлат мусоидат менамояд. Ин нуктаро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ”, ки санаи 28-уми декабри соли 2024 ироа гардид, иброз доштанд: “Барои иҷрои нақшаи корҳои ободониву бунёдкорӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ аз ҳисоби соҳибкорону шахсони саховатпеша ва сокинони бонангу номуси кишвар дар се соли охир беш аз 20 миллиард сомонӣ хароҷот карда шуд.
Корҳое, ки дар ин самт анҷом дода шуданд, ба таъмин гардидани нишондиҳандаҳои пешбинигардидаи рушди иҷтимоиву иқтисодӣ ва пешрафту ободии шаҳру деҳоти мамлакат мусоидат намуданд.
Дар доираи нақшаи зикргардида дар се соли охир дар мамлакат беш аз 1500 иншооти соҳаи маориф, яъне муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумӣ, 660 иншооти соҳаи тандурустӣ, 480 иншооти варзиш, 175 иншооти фарҳангу фароғат ва ҳазорҳо иншооти дигари истеҳсоливу иҷтимоӣ бунёд ва ба истифода дода шуданд.
Дар ҳамаи ин корҳои хайри ободонӣ саҳми соҳибкорон ва сокинони мамлакат бисёр бузург мебошад” [1], изҳори миннатдории хешро ба соҳибкорони кишвар баён намуданд.
Дар ҷумҳурӣ барои пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ фазои мусоид фароҳам оварда шудааст. Ҳамзамон, ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани шароит пайваста иқдомҳои нав ба нав аз ҷониби Ҳукумати мамлакат андешида мешаванд (ташаккули соҳибкории рақамӣ ва рушди савдои электронӣ, ислоҳот дар самти санҷиши субъектҳои хоҷагидор, эълони моратория, ворид намудани тағйирот ба Кодекси андоз ва ғ.).
Бояд қайд кард, ки аз рӯйи шаклҳои моликият аз шумораи умумии аҳолии дар иқтисодиёт машғул зиёда аз 70% дар бахши хусусӣ фаъолият менамоянд. Аз рӯйи маълумотҳои Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шумораи субъектҳои фаъолияткунандаи ҷумҳурӣ дар моҳҳои январ – марти соли 2025 ба 376679 ададро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5,1% зиёд гардидааст. (Диаграммаи 1)
Ҳамзамон, дар ин давра шумораи шахсони ҳуқуқии фаъолияткунанда то 41526 адад ва соҳибкорони инфиродии фаъолияткунанда то 335153 адад расида, нисбат ба моҳҳои январ – марти соли 2024 ба андозаи 3,98% ва 5,23% афзоиш ёфтаанд.
Дар баробари ин, шумораи субъектҳои навтаъсис, ки дар моҳҳои январ – марти соли 2025 ба қайд гирифта шудаанд, ба 11560 адад баробар гардида, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 38,8%, аз ҷумла шахсони ҳуқуқии навтаъсис 16,2% ва соҳибкорони инфиродии навтаъсис 40,2% афзоиш ёфтаанд.

Диаграммаи 1. Шумораи субъектҳои фаъолияткунанда ва навтаъсис дар ҷумҳурӣ дар моҳҳои январ – марти соли 2025 [3,57]

Ҳамчунин, агар ба тақсимоти шумораи шахсони ҳуқуқӣ аз рӯйи минтақаҳои ҷумҳурӣ назар андозем, маълум мегардад, ки дар вилояти Суғд 27,6% (11461 адад), дар вилояти Хатлон 26,6% (11046 адад), дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ (НТҶ) 14,8% (6146 адад), Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) 5,1% (2118 адад) ва шаҳри Душанбе 25,9% (10755 адад) шахсони ҳуқуқӣ фаъолият менамоянд (Диаграммаи 2).

Диаграммаи 2. Тақсимоти шумораи субъектҳои фаъолияткунанда ва навтаъсис аз рӯйи минтақаҳои ҷумҳурӣ дар моҳҳои январ – марти соли 2025 [3,58]

Бояд қайд кард, ки ҳиссаи вилояти Суғд дар шумораи умумии шахсони ҳуқуқии навтаъсис 25,1% (146 адад), ҳиссаи вилояти Хатлон 20,1% (117 адад), ҳиссаи НТҶ 19,8% (115 адад), ҳиссаи ВМКБ 5,1% (11 адад) ва ҳиссаи шаҳри Душанбе 33,1%-ро (192 адад) ташкил медиҳад.
Зикр кардан ба маврид аст, ки соҳибкорон дар тамоми соҳаҳои иқтисодӣ фаъолият менамоянд. Дар моҳҳои январ – марти соли 2025 ҳиссаи бештари шахсони ҳуқуқии фаъолияткунанда ба соҳаи савдои яклухт ва чакана 18,6%, соҳаи сохтмон 17,6%, саноати коркард 15,8%, дигар хизматрасониҳо 12,9%, меҳмонхона ва тарабхонаҳо 9,6%, маориф 9,5% ва тандурустӣ 6,5% рост омада, инчунин, фаъолияти нақлиётӣ ва анборхонаҳо 2,6%, кишоварзӣ, хоҷагии ҷангал ва моҳидорӣ 2,6%, саноати истихроҷи маъдан 2,2%, фаъолияти иқтисодӣ 1,2%, таъмини неруи барқ, газ ва буғ 0,5% ва идораи давлатию мудофиа 0,3%-ро ташкил доданд (Диаграммаи 3).
Таҳлил нишон дод, ки фаъолияти соҳибкорӣ дар соҳаи истеҳсолӣ кам ба назар мерасанд. Бояд гуфт, ки дар кишвар барои ба роҳ мондани фаъолияти самараноки соҳибкории истеҳсолӣ имкониятҳои васеъ мавҷуданд, ба монанди заминаи меъёрию ҳуқуқӣ, барномаҳои рушди соҳавӣ, имтиёзҳои андозию гумрукӣ, минтақаҳои озоди иқтисодӣ, инфрасохтори иқтисодӣ, захираҳои табиию меҳнатӣ ва ғайраҳо. Ба роҳ мондани соҳибкории истеҳсолӣ на танҳо барои рушди соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт, ташкили ҷойҳои нави корӣ, инчунин, барои баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии ҷомеа нақши муҳим дорад.

Диаграммаи 3. Тақсимоти шахсони ҳуқуқӣ аз рӯйи намудҳои фаъолияти иқтисодӣ дар моҳҳои январ – марти соли 2025, % [3,59]

Ҳамчунин, тақсимоти шумораи соҳибкорони инфиродии фаъолияткунандаро аз рӯйи минтақаҳои ҷумҳуриро мавриди таҳлил қарор медиҳем (Диаграммаи 4).
Аз нишондиҳандаҳои диаграммаи 4 бармеояд, ки шумораи соҳибкорони инфиродии фаъолияткунанда дар семоҳаи аввали соли 2025 нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 дар ҳамаи минтақаҳо зиёд гардидаанд. Аз ҷумла, дар марҳалаи баррасишаванда шумораи соҳибкорони инфиродии фаъолияткунанда дар вилояти Суғд ба 4,4%, дар вилояти Хатлон 4%, НТҶ 4,03%, ВМКБ 9,44% ва Душанбе 12,5% афзоиш ёфтаанд.

Диаграммаи 4. Тақсимоти шумораи соҳибкорони инфиродии фаъолияткунанда аз рӯйи минтақаҳои кишвар (адад) [3,61]

Мутобиқи маълумоти диаграммаи 5 дар семоҳаи аввали соли 2025 дар шумораи умумии соҳибкорони инфиродии фаъолияткунандаи кишвар ҳиссаи бештарро соҳибкорони инфиродии хоҷагиҳои деҳқонӣ 53,9%, соҳибкорони инфиродии тибқи шаҳодатнома бо шартҳои махсус фаъолияткунанда 18,8%, соҳибкорони инфиродии тибқи патент фаъолияткунанда 16% ва боқимонда 11,3%-ро соҳибкорони инфиродии тибқи шаҳодатнома фаъолияткунанда ташкил медиҳанд.

Диаграммаи 5. Тақсимоти соҳибкорони инфиродии фаъолияткунанда аз рӯйи шаклҳои фаъолият [3,60]

Ҳамзамон, агар тақсимоти соҳибкорони инфиродиро аз рӯйи шаклҳои фаъолият таҳлил намоем, маълум мегардад, ки шумораи соҳибкорони инфиродии тибқи шаҳодатнома фаъолияткунанда дар моҳҳои январ – марти соли 2025 нисбат ба январ – марти соли 2024 – 6,1%, соҳибкорони инфиродии тибқи патент фаъолияткунанда 14%, соҳибкорони инфиродии тибқи шаҳодатнома бо шартҳои махсус фаъолияткунанда 8,4% ва соҳибкорони инфиродии хоҷагиҳои деҳқонӣ 1,7% афзоиш ёфтаанд.
Дар баробари ин, таҳлили сохтори соҳибкорони навтаъсис аз рӯйи шаклҳои фаъолият нишон медиҳад (диаграммаи 6), ки дар моҳҳои январ – марти соли 2025 аз рӯйи шаклҳои фаъолият ҳиссаи бештарро соҳибкорони инфиродии навтаъсиси тибқи патент фаъолияткунанда (38,8%) ва соҳибкорони инфиродии навтаъсиси тибқи шаҳодатнома бо шартҳои махсус фаъолияткунанда (32% ) доро буда, ҳиссаи соҳибкорони инфиродии навтаъсиси тибқи шаҳодатнома фаъолияткунанда 15,5% ва соҳибкорони инфиродии навтаъсиси хоҷагии деҳқонӣ 13,6%-ро ташкил дод.

Диаграммаи 6. Сохтори соҳибкорони навтаъсис аз рӯйи шаклҳои фаъолият [3,60]

Ҳамчунин, муқоисаи нишондиҳандаҳои давраи таҳлилшаванда бо ҳамин давраи соли гузашта нишон медиҳад, ки шумораи соҳибкорони инфиродии навтаъсиси тибқи патент фаъолияткунанда 90,3%, соҳибкорони инфиродии навтаъсиси тибқи шаҳодатнома фаъолияткунанда 57,5% ва шумораи соҳибкорони инфиродии навтаъсиси тибқи шаҳодатнома бо шартҳои махсус фаъолияткунанда 36% афзоиш ёфта, шумораи соҳибкорони инфиродии навтаъсиси хоҷагии деҳқонӣ бошад, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 22,1% кам аст.
Боиси қайд аст, ки барои самаранок ба роҳ мондани фаъолияти соҳибкорӣ мавҷудияти маблағҳо нақши асосиро мебозанд. Тибқи маълумоти Бонки милии Тоҷикистон дар ҳудуди ҷумҳурӣ “ба ҳолати 31 марти соли 2025 – 66 ташкилоти қарзии молиявӣ, 16 ташкилоти суғуртавӣ, 6 ташкилоти лизингӣ, 2 биржаи фондӣ (Биржаи фондии Осиёи Марказӣ ва Биржаи фондии Осиё) ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (АСИН)” [4] фаъолият менамоянд.
Ҳамзамон, агар ба сохтори қарзҳои додашудаи ташкилотҳои қарзии молиявии ҷумҳурӣ аз рӯйи соҳаҳо дар семоҳаи аввали соли 2025 назар андозем, мушоҳида намудан мумкин аст, ки ҳиссаи соҳаи кишоварзӣ 14,6%, саноат 12,7%, савдои хориҷӣ 11,6%, хизматрасонӣ 6,8%, сохтмон 3%, нақлиёт 0,7%, миёнаравии молиявӣ 0,3%, хӯроки ҷамъиятӣ 0,2% ва истеъмолот 48,9%-ро ташкил доданд. Дар баробари ин, аз маълумоти диаграммаи 7 маълум мегардад, ки ҳаҷми қарзҳои додашуда ба соҳаи кишоварзӣ дар семоҳаи аввали соли 2025 нисбат ба семоҳаи аввали соли 2024 -14.3%, дар соҳаи саноат 2,2 баробар, сохтмон 2,5%, нақлиёт 2,8%, хӯроки ҷамъиятӣ 2,2 баробар, хизматрасонӣ 40,6%, миёнаравии молиявӣ 57,5 маротиба, истеъмолот 42,5% ва дигар соҳаҳо 19,8% зиёд гардиданд (диаграммаи 7).
Бояд қайд кард, ки гарчанде ҳаҷми қарздиҳии соҳибкорон сол то сол тамоюл ба афзоиш доранд, дар баробари ин барои рушди самараноки фаъолияти соҳибкорӣ диверсификатсия намудани манбаъҳо ва намудҳои маблағгузорӣ афзалиятнок ҳисобида мешаванд.

Диаграммаи 7. Қарзҳои додашудаи ташкилотҳои қарзии молиявии ҷумҳурӣ аз рӯйи соҳаҳо дар семоҳаи аввали соли 2025 (млн. сомонӣ) [2,42]

Ҳамчунин, сохтори қарзҳои додашудаи ташкилотҳои қарзии молиявиро аз рӯйи минтақаҳо таҳлил менамоем (диаграммаи 8). Бояд қайд намуд, ки дар семоҳаи аввали соли 2025 ҳиссаи шаҳри Душанбе дар ҳаҷми умумии қарзҳои додашудаи ташкилотҳои қарзии молиявӣ ба 30,4% баробар буда, ҳиссаи вилояти Суғд 29,9%, ҳиссаи вилояти Хатлон 22,7%, ҳиссаи НТҶ 15,9% ва ҳиссаи ВМКБ 1,1%-ро ташкил доданд.

Диаграммаи 8. Қарзҳои додашудаи ташкилотҳои қарзии молиявӣ аз рӯйи минтақаҳо (млн. сомонӣ) [3,100]

Дар баробари ин, маълумоти диаграммаи 8 нишон медиҳад, ки ҳаҷми қарзҳои додашудаи ташкилотҳои қарзии молиявӣ дар сатҳи минтақаҳо тамоюл ба афзоиш доранд, чунончи дар моҳҳои январ-марти соли 2025 ҳаҷми қарзҳои додашуда дар вилояти Суғд нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 ба маблағи 266,2 млн. сомонӣ ё 24,8%, дар вилояти Хатлон ба маблағи 224,6 млн. сомонӣ ё 28,5%, дар НТҶ ба маблағи 185,8 млн. сомонӣ ё 35,3%, дар ВМКБ ба маблағи 9,2 млн. сомонӣ ё 23,9% ва шаҳри Душанбе ба маблағи 416,3 млн. сомонӣ ё 44,1% зиёд гардидаанд.
Ҳамин тавр, хулоса намудан мумкин аст, ки тамоюли мусбат доштани нишондиҳандаҳои мазкур ифодагари рушди пай дар пайи фаъолияти соҳибкорӣ буда, нишонаи онанд, ки дар ҷумҳурӣ сол то сол фазои мусоид барои пеш бурдани фаъолияти соҳибкорӣ фароҳам оварда шуда истодаанд.
Дар баробари ин, қайд кардан ба маврид аст, ки ташаккул ва рушди иқтисоди “сабз”, раванди рақамикунонии бахшҳои иқтисодиёт, ба роҳ мондани соҳибкории инноватсионӣ, рақамӣ ва электронӣ, пайвасти илм бо истеҳсолот, рушди неруи инсонӣ ва дигар самтҳои афзалиятноки рушди иқтисодиёти миллӣ ҷиҳати пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ дар соҳаҳои нав ба нав имконияти васеъ фароҳам меоварад.

Адабиёт

1. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ”, 28.12.2024 [Захираи электронӣ]. URL: https://prezident.tj/event/missives/49225 (санаи муроҷиат: 12.05.2025)
2. Бюллетени омори бонкӣ, Феврал 2025 (355). [Захираи электронӣ]. URL: https://nbt.tj/upload/iblock/2d5/8852yp0exjqkv17j42ao3j662lpfiybn/BULL_02.pdf санаи мур. 23.04.2025 (санаи муроҷиат: 08.05.2025)
3. Омори “Вазъи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Январ-март”, 2025. С.57
4. Шарҳи низоми молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар семоҳаи якуми соли 2025 [Захираи электронӣ]. URL: https://www.nbt.tj/files/suboti-moliyavi/Шарҳи%20низоми%20молиявии%20Ҷумҳурии%20Тоҷикистон%20дар%20семоҳаи%201%20соли%202025-нав%20tj.pdf (санаи муроҷиат: 08.05.2025)

 

Содиқова А.Ф.,
муовини сардори Раёсати таҳлил ва ояндабинии
масъалаҳои соҳибкорӣ ва бахши хусусии
Маркази тадқиқоти стратегии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон