АҲАМИЯТИ ТАЪСИС ДОДАНИ IT – ПАРКИ ТЕХНОЛОГӢ ҲАМЧУН ЭКОСИСТЕМАИ ИННОВАТСИОНӢ ДАР ТОҶИКИСТОН

Sorry, this entry is only available in Тоҷикӣ. For the sake of viewer convenience, the content is shown below in the alternative language. You may click the link to switch the active language.

Дар шароити густариши илм ва техника ташаккули экосистемаи инноватсионӣ ҳамчун муҳити созгор ҷиҳати татбиқи дастоварҳои илм дар истеҳсолот нақши калидӣ дорад. Ҳадаф аз таъсис додани он рушди шарикии субъектҳои раванди инноватсионӣ (давлат, ташкилотҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, донишгоҳҳо, ширкатҳои венчурӣ, корхонаҳои саноатӣ ва дигарон), ҷиҳати офариниши молу маҳсулоти нав ва технологияи ҷадид мувофиқи талаботи бахши воқеии иқтисодиёт ва умуман ҷомеа мебошад.
Яке аз шаклҳои маъмули экосистемаи инноватсионӣ парки технологӣ ба ҳисоб рафта, фаъолияти он дар Тоҷикистон дар доираи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи парки технологӣ” ба роҳ монда мешавад. Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ ва тартиби корро оид ба таъсис, пешбурд ва қатъ намудани фаъолияти паркҳои технологӣ муайян намуда, ҳамчунин вазифаи давлат ва дигар уҳдадориҳои субъектҳои раванди инноватсиониро дар бар мегирад.
Дар шароити рушди иқтисодиёти рақамӣ мамлакати мо на танҳо ба рушди равандҳои инноватсионӣ, истеҳсоли маҳсулот, татбиқи технология ва ё воситаҳои техникӣ, балки инкишофи инфрасохтори инноватсиониро низ дар назар дорад. Дар робита ба ин, бо қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ, аз 7 майи соли 2019, таҳти №276 Корхонаи воҳиди давлатии «Шаҳри ҳушманд (Smart city)»-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе таъсис гардид. Дар ин замина, экосистемаҳои инноватсионӣ маҷмӯи шароитҳо ва муносибатҳое мебошанд, ки имконияти рушди иқтидори инноватсионии кишварро таъмин мекунанд. Аз ин ҷиҳат, IT-паркҳо ҳамчун ҷузъи ташкили экосистемаҳо метавонанд нақши калидиро дар пешбурди рақобатпазирии иқтисод ва ҷалби сармоягузориҳои хориҷӣ дошта бошанд.
Зарурияти таъсис додани чунин инфрасохтори инноватсиониро ба инобат гирифта, ҳанӯз соли 2024 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон IT- Парки шаҳри Душанбе таъсис ёфта, бо мақсади дастгирии соҳаи технологияи иттилоотӣ ва инноватсионӣ, инчунин ҷалби стартапҳо ва ширкатҳои соҳа ба рушди иқтисоди рақамӣ татбиқ гардидааст. Яъне IT-Паркҳо дар рушди фазои эҷодӣ ва мусоидат ба татбиқи идеяҳои нав дар ҷомеаи муосир нақши калидӣ доранд.
Ҳамзамон, 7 апрели соли ҷорӣ дар доираи намоишгоҳи «ICT WEEK-2025» Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар маросими ифтитоҳи бинои IT-Парки шаҳри Душанбе иштирок намуда, зимни суханронӣ таъкид намуданд, ки “…дар ҷаҳони муосир иқтисоди рақамӣ ва инноватсия муҳаррики рушди устувори кишварҳо ба ҳисоб мераванд. Тоҷикистон низ ҳамчун аъзои иқтисоди ҷаҳонӣ аҳамияти ин равандро ба ҳисоб гирифта, ба марҳилаи нави рушди рақамӣ ворид мегардад”.
Дар воқеъ, имрӯзҳо шарти асосии таъмини рақобатнокии иқтисодиёти миллӣ рушди технологияи рақамӣ ба ҳисоб рафта, масъалаи мазкур ҳамчун самти афзалиятноки рушди минбаъдаи иқтисодиёти кишвар дар “Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” ва “Консепсияи иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” дарҷ гардидааст. Дар санадҳои мазкур оварда шудааст, ки рушди минбаъдаи иқтисодиёти миллӣ ва соҳаҳои алоҳидаи он дар заминаи истифодаи технологияи рақамӣ ва фароҳам овардани экосистемаи муносиб дар ин самт таъмин карда мешавад. Ин буд, ки бо дастуру супориши Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади таҳкими асосҳои институтсионалии иқтисоди рақамӣ, рушди инфрасохтори иттилоотиву коммуникатсионӣ ва ба ин васила, вусъат бахшидани раванди татбиқи «ҳукумати электронӣ» Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Тоҷикистон таъсис ёфт. Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ифтитоҳи расмии бинои IT- Парки шаҳри Душанбе ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас барои ҳарчи зудтар таҳия намудани лоиҳаи Мактаби барномасозӣ дар пойтахт ва бунёди он доданд.
Дар ин хусус, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо аҳли илм ва маорифи кишвар иброз чунин намуданд: “Мову шумо дида истодаем, ки имрӯз кишварҳои мухталифи дунё бар пояи илму дониш, ихтироъкориву истеҳсол ва истифодаи техникаву технологияҳои муосир чӣ гуна тараққӣ карда истодаанд”. Албатта, омӯзиши таъсири мутақобилаи унсурҳои дониш на танҳо сатҳи умумии зеҳнро баланд мебардорад, балки ба беҳтар кардани ҳосилнокӣ ва самаранокии фаъолият низ мусоидат мекунад. Зимнан, бо пешрафти технология, имкониятҳои эҷоди робитаҳои мураккаб хеле васеъ шудаанд, ки ба инсонҳо имкон медиҳанд, уфуқҳои навро кашф кунанд ва ба ҳадафҳое, ки қаблан дастрас набуданд, расанд. Ин раванди ҳамгироӣ, ҳам дар соҳаҳои илмӣ ва ҳам дар ҳаёти рӯзмарра муҳим ва арзишманд аст.
Дар робита ба ин, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тарбияи кадрҳои баландихтисос ва ташкили шароити таҳсилоти байналмилалӣ барои ҷавонони тоҷик тайи солҳои соҳибистиқлолӣ тибқи квотаҳо ва грантҳои президентӣ кумак намуда, ба онҳо имконият медиҳад, ки дар донишгоҳҳои беҳтарин ва маъруфи ҷаҳонӣ дар соҳаи тиб, муҳандисӣ, иқтисод, иттилоот, илмҳои табиию иҷтимоӣ ва дигар риштаҳои илмии барои рушди кишвар зарур таҳсил намоянд.
Боиси хушнудӣ аст, ки имрӯз Душанбешаҳр бузургтарин маркази илмӣ, фарҳангӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ, саноатӣ ва пешоҳанг дар татбиқи босамари ҳадафҳои стратегӣ буда, муаррифгари дастовардҳои беназири даврони соҳибистиқлолии кишвар дониста мешавад. Мувофиқи маълумоти омори расмӣ, айни замон дар ҳудуди пойтахти кишвар 82,5% ташкилотҳои илмӣ-таҳқиқотӣ фаъолият бурда истодаанд, ки бешак аз мавҷудияти иқтидори баланди неруи инноватсионӣ гувоҳӣ медиҳанд. Илова бар ин, бо таъсиси IT-Парки шаҳри Душанбе муҳити беҳамто фароҳам гардида, дар он муҳити заминасози ташаккули ғояҳои нав, татбиқи лоиҳаҳои инноватсионӣ ва рушди иқтисоди миллӣ тақвият дода мешавад.
Маврид ба таъкид аст, ки бо ташаббус ва дастгириҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста барномаҳои стратегӣ ва иқдомоти дастгирии иқтисоди рақамӣ ва технологияи нав роҳандозӣ гардида, аҳамияти ин соҳа дар рушди устувори кишвар заминаи мусоидро фароҳам овардааст. Бо такя ба нуктаҳои асосии Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2026-2030 «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» эълон карда шуд.
Роҳбарияти олии кишвар шартҳои зарурӣ барои рушди экосистемаҳои инноватсионӣ ва рушди соҳаҳои рақамиро фароҳам овардааст, ки ин омил барои таҳкими рақобатпазирии иқтисодӣ, инчунин таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва беҳтар кардани сифати зиндагии мардум мусоидат мекунад. Масалан, фаъолият ва мақоми аъзои доимии IT-Паркро соҳиб гардидани 11 ширкати ватанӣ далели гуфтаҳои боло мебошад. Ин раванд дар пешрафтҳои технологӣ, такмили сифати маҳсулот, беҳтар кардани хизматрасонӣ ва афзун намудани рақобатпазирӣ мусоидат мекунад. Зеро мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти инноватсионӣ» яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатии инноватсионӣ ин дастгирии давлатии субъектҳои фаъолияти инноватсионӣ ва ташаккули инфрасохтори инноватсионӣ ба ҳисоб меравад.
Бояд гуфт, ки механизми ҳамгироии соҳаҳои мазкур метавонад муҳити созанда ва самарабахшро барои таҳия ва амалӣ кардани навоварии илмӣ ва технологӣ ташкил диҳад. Махсусан, аз ҷониби Сарвари давлат дар заминаи эълон гардидани солҳои 2022-2026, ҳамчун «Солҳои рушди саноат» ва муҳити мусоиду имкониятҳои фаровон дар раванди сол бо ҷалби 100 ширкати дигар ба ҳайси аъзои доимии IT – Парки шаҳри Душанбе метавонад дар баланд бардоштани эҷоди дастовардҳои нав ва саноати ватанӣ таккони ҷиддӣ бахшад. Зеро ҳамгироии илм, таҳсилот ва истеҳсолот барои рушди саноати миллӣ ва иқтисодиёти кишвар як механизм ва стратегияи муҳим аст, ки барои дастёбӣ ба рушди устувор ва пешрафти гуногун заминагузор мебошад.
Татбиқи ин тадбирҳои инноватсионӣ ба рушди неруи инсонӣ, ҷалби ҷавонон ба таълими муосири босифат мусоидат намуда, дар айни ҳол ба эҷоди шароити рушди инноватсионии иқтисоди миллӣ мусоидат менамояд. Зеро экосистемаи рақамӣ тавассути ҳамгироии технологӣ, иштирокчиён ва хидматҳое, ки бо ҳам кор мекунанд ва маълумотро мубодила мекунанд, ташаккул меёбад. Дар натиҷа, экосистемаи рақамӣ ташкили фазои инноватсионӣ ва боэътимоди рақамиро осон намуда, дар он корхонаҳои саноатӣ метавонанд зуд мутобиқ шуда, ҳамкории бештарро ба роҳ монанд ва фоидаи бештар ба даст оранд. Яъне, муҳимият ва аҳамияти ин равандро Тоҷикистон ба ҳисоб гирифта, ба марҳилаи нави рушди рақамӣ ҳамчун аъзои иқтисоди ҷаҳонӣ қадамҳои устувор мегузорад.
Бо итминони комил гуфта метавонем, ки бо таъсиси IT-Парки шаҳри Душанбе платформаи ҳамкориҳо миёни корхонаҳо, донишгоҳҳо ва марказҳои тадқиқотӣ таъмин гардида, ба инкишофи технологияҳои нав ва истеҳсоли маҳсулоти инноватсионӣ мусоидат мекунад. Дар шароити рақобати ҷаҳонӣ ҳамкориҳои судманду стратегӣ калиди ҳама муваффақиятҳо буда, экосистемаи рақамӣ тавассути иштирокчиёни гуногун ташаккул меёбад, ки ин барои рушди минбаъдаи иқтисодиёти миллӣ хело муҳим ва саривақтӣ мебошад.
Ораз МУРТАЗОЗОДА,
муовини якуми директори Маркази
тадқиқоти стратегии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон