Имрӯз 30 июни соли 2022 дар шаҳри Нур-Султони Ҷумҳурии Қазоқистон нишасти кории роҳбарони Марказҳои тадқиқоти стратегии кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид.
Ҳадаф аз баргузории чорабинии мазкурро таҳким ва рушди ҳамкориҳои илмӣ-таҳлилӣ миёни марказҳои зеҳнӣ, таҳлил ва баррасии вазъи минтақаи Осиёи Марказӣ, мушаххаснамои хатару таҳдидҳои эҳтимолӣ ва воқеие, ки ба амнияти минтақа осебпазиранд, коркарди василаҳои муҳимми таъминкунандаи рушди устувор, ташаккули системаи муштараки ҳифзи субот ва амният ташкил медиҳад. Ҳамзамон, дар ҷаласаи корӣ роҳбарони марказҳои зеҳнӣ тавсия ва пешниҳодҳоро барои рӯзномаи нишасти машваратии Сарварони Осиёи Марказӣ, ки қарор аст нимаи дуюми соли ҷорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардад, омода намуданд.
Дар нишасти роҳбарони Марказҳои тадқиқоти стратегии Осиёи Марказӣ аз ҷониби Тоҷикистон директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмонзода Хайриддин иштирок ва суханронӣ намуд. Усмонзода Хайриддин дар суханронии худ вазъи минтақа ва ҷаҳонро аз нигоҳи илмӣ огоҳона таҳлил намуда, тавсиҳои судманд ва пешниҳодҳои арзишмандро барои рушди минбаъади Осиёи Марказӣ ва пешгирии хатару таҳдидҳо ва пойдории суботи фарогир ироа намуд.
Ҷаласаи кори роҳбарони Марказҳои тадқиқоти стратегии Осиёи Марказӣ дар рӯҳияи самимият ва ҳусни тафоҳум ба анҷом расид.
Хадамоти матбуоти
Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон