Имрӯз, 14 июн, дипломат, таърихшинос, шарқшинос ва сиёсатшиноси маъруфи тоҷик, доктори илмҳои таърих, профессор Худойбердӣ Холиқназар зодрӯз доранд ва ба синни муборак 70-солагӣ қадам гузоштанд.
Мавсуф дар санаи 14 июни соли 1951 дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст. Мактаби миёнаро дар шаҳри Хоруғ бо медали нуқра хатм намуда, дар соли 1969 ба ба факултаи шарқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дохил мешавад. Ҳангоми таҳсил дар донишгоҳ дар курси сеюм барои таҳсили аъло соҳиби стипендияи ленинӣ мегардад.
Дар моҳи майи соли 1974, як моҳ пеш аз хатми донишгоҳ, ба шаҳри Мазори Шарифи Афғонистон ба ҳайси тарҷумони забони дарӣ фиристода мешавад. Дар моҳи июни соли 1975 ба Ватан ба рухсатӣ баргашта, донишгоҳро бо дипломи аъло хатм менамояд. Баъд аз итмоми рухсатӣ ба Афғонистон бармегардад. Хизматро дар Афғонистон дар моҳи сентябри соли 1976 анҷом медиҳад.
Аз моҳи октябри соли 1976 дар факултаи шарқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба симати мудири китобхона ба кор шурӯъ намуда, ин фаъолиятро то моҳи июли 1978 идома медиҳад. Худобердӣ Холиқназар моҳи июли соли 1978 ба ҳайси тарҷумони забони форсӣ ба Эрон фиристода мешавад.
Аз соли 1981 ба Институти шарқшиносии АИ ҶТ ба ҳайси ходими хурди илмӣ ба кор қабул шуд ва зимнан дар аспирантураи ғоибона таҳсил мекард. Вай дар муддати кори хеш дар пажӯҳишгоҳ мақолаҳои зиёдеро ба чоп расонид, ки асосан ба мавзӯъҳои таърихи Эрон ва Афғонистон иртибот доштанд. Аз байни ин мақолаҳо ва гузоришҳои илмӣ чандеро метавон номбар кард, ки ба фаъолияти сиёсӣ ва динии риҷоли шинохтаи Эрони охири асри XIX бахшида шуда буданд, ба монанди “Сайид Ҷамолиддини Афғонӣ ва ҳаракати милии «Шӯриши тамоку» дар Эрон”, “Малкумхон чун намояндаи рӯшанфикрони Эрон”, “Мубориза Малкумхон ва Сайид Ҷамолиддини Афғонӣ бар зидди режими шоҳӣ дар Эрон дар охири асри XIX”, “Фаъолияти зиддиистеъморӣ ва зиддиимпериалистии Ҷамолиддини Афғонӣ дар Эрон” ва ғайра. Вай соли 1987 рисолаи илмиро дар мавзӯи “Фаъолияти иҷтимоӣ-сиёсии Ҷамолиддини Афғонӣ ва шогирдони ӯ дар Эрон дар охири асри XIX ва авали асри XX” дар Институти Осиё ва Африқои Донишгоҳи Маскав ҳимоя намуда, соҳиби унвони номзади илмҳои таърих гардид.
Моҳи октябри соли 1987 дигарбора ба Афғонистон ба ҳайси тарҷумони гурӯҳи коршиносони Созмони ҷавонони Иттиҳоди Шӯравӣ фиристода шуд ва дар шаҳри Кобул то моҳи ноябри соли 1988 ифои вазифа намуд. Баъд аз баргаштан ба Ватан аз феврали соли 1989 дар Институти забонҳои Тоҷикистон ба ҳайси муовини мудири кафедраи фалсафа ба кор даромад.
Дар феврали соли 1998 Худобердӣ Холиқназар Вазири меҳнат ва шуғли аҳолӣ таъйин гардид ва то соли 2000 ифои вазифа намуд. Аз моҳи марти соли 2000-ум ба вазифаи мушовири Президенти Тоҷикистон доир ба масъалаҳои байналмилалӣ таъйин гардид. ӯ дар ин вазифа то моҳи сентябри соли 2001 фаъолият намуда, сипас ба сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин ба ҳайси кордори сафорат (муовини сафир) фиристода шуд. Зимни анҷоми вазифа дар сафорат ӯ дар ҷаласаҳо, конфронсҳо ва симпозиумҳои байналмилалие, ки дар шаҳрҳои гуногуни Чин баргузор мегаштанд, ширкат ва суханронӣ намуд. Мақолаҳои вай дар маҷаллаҳо ва китобҳои гуногун ба забонҳои хитоӣ, русӣ ва англисӣ чоп шудаанд. Баъд аз хатми муҳлати фаъолияти ӯ дар сафорат аз 1 октябри соли 2009 ба ҳайси сардори Раёсати таҳияи стратегияи миллӣ ва барномаҳои иҷтимоию иқтисодии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кор шурӯъ намуд. Дар санаи 11 майи соли 2012 Худобердӣ Холиқназар муовини якуми Раиси Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 6 январи соли 2014 директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардид ва то 5 феврали соли 2019 ин ниҳоди муҳимми давлатиро роҳбарӣ намуд.
Дар давоми фаъолияташ дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Худобердӣ Холиқназар чандин китобҳои арзишманд, аз ҷумла “Ваҳдати миллӣ–кафолати ҳастии миллат» (Душанбе, 2010), “Республика Таджикистан и Китайская Народная Республика–сотрудничества во имя развития” (Душанбе, 2012), ду монографияи илмӣ: “Таджикистан-ШОС: стабильности и процветание” (Душанбе, 2013) ва “Деятельность Республики Таджикистан в процессе становление и развитие ШОС» (Душанбе, 2014) ва ғайра ба табъ расонид. Ӯ дар давраи фаъолияташ дар Марказ беш аз 200 мақолаи илмӣ дар маҷаллаҳои илмии ҷумҳурӣ ва кишварҳои хориҷа, ба монанди Чин, Русия, Қирғизистон, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Эрон, Афғонистон, Олмон, ИМА нашр кардааст.
Сабти номи хештан дар санги хоро шарт нест,
Зинда он номе, ки дар дилҳои мардум ҷо гирифт.
Устод Худобердӣ Холиқназар ҳар вазифа ва муассисае фаъолият карда бошад, чун корманди масъулиятшиносу хоксор, ташаббускору кордон, роҳбари серталабу ботаҷриба, ҳалиму меҳрубон мешинохтанд ва ҳурмату эҳтироматашонро баҷо меоварданд. Ҳамаи кордониву илму фарҳанг дар баробари хислатҳои неку наҷиби инсонии устод–хоксорӣ, поквиҷдонӣ, муносибати хубу ҳамида бо ҳамкорон, кумаку мадад ба ҷавонон, муҷиби он шуд, ки аз эҳтироми хос бархӯрдор бошанд.
Бори дигар 70-солагии устод Худобердӣ Холиқназарро аз самими қалб шодбошу табрик мегӯем. Умедворем, ки устоди гиромӣ, бо таҷрибаву кордонӣ ва илму дониши фаровони худ минбаъд низ дар соҳаи илму фарҳанг ва маориф ба нафъи Ватани азизамон саҳми шоиста мегузоранд.
Бо арзи эҳтиром,
Роҳбарият ва ҳайати кормандони
Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон