1. Чингиз АЙТМАТОВ, нависандаи номвари қиргиз:

-Дар симои Президент Эмомалӣ Раҳмон ман тимсоли ҳақиқии мардуми тамаддунофари тоҷикро мебинам ва бо итминон таъкид менамоям, ки ин бузургвор бо зинда кардани номҳои алломаҳои миллат номи худро низ ҷовидонӣ мегардонад. Зеро танҳо сулҳу осоиштагӣ, тинҷию фаровонӣ оварданаш ба рӯзгори одамон ӯро ба мақому манзалати олӣ баровардааст. Аз тоҷики бузургвор дигар чизро умедвор шудан ҳам нашояд.

  1. Илҳом АЛИЕВ, Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон:

– Имрӯзҳо Тоҷикистони дӯст таҳти роҳбарии Шумо дар роҳи таҳкими давлатдорӣ, пешрафти иҷтимоиву иқтисодӣ ва бунёдкории фарҳангӣ дилпурона қадам гузошта, ба диёри шукуфон табдил ёфтааст ва дар арсаи байналмилалӣ соҳиби мақому манзалат гардидааст.

  1. Аҳмадшоҳи МАСЪУД, Қаҳрамони миллии Афғонистон:

– Ман имрӯз роҳбари кишвари шуморо дидам, ки ҷон ба кафи даст, зери тиру туп, барои даъвати бародарони фирорӣ ба сулҳу ваҳдат омадааст. Роҳбаре, ки барои мардумаш ҷонашро дареғ намедорад, қодир аст сулҳ оварад. Атрофи ӯ муттаҳид шуда, ӯро гиромӣ доред. Бадбахтии миллати мо – афғонҳо дар он аст, ки мо то ҳанӯз чунин роҳбари ғамхор надоштаем.

  1. Парвиз МУШАРРАФ, собиқ Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон:

– Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон байни давлатҳоямон ва халқҳоямон ҳамчун пули бузурги пайвандгар хизмат карда, собит намуд, ки метавонад, халқи тоҷикро ба сӯи фардои дурахшон барад.

  1. Ҷорҷ БУШ, собиқ Президенти ИМА:

– Эмомалӣ Раҳмон дар замони бисёр муташанниҷ ба кишвараш ва халқаш сарвар гардид. Вале тавонист, халқу давлаташро аз варта наҷот диҳад. Вай дар муддати на чандон тӯлонӣ дар мамлакат сулҳ барқарор кард ва ба арсаи байналхалқӣ баромад. Чунин сиёсатмадорон каманд…

  1. Гулафзо САВРИДДИНОВА, сиёсатмадор:

– Аз хислатҳои хеле фарқкунанда ва дарёдмондании ӯ ҳамин аст, ки мудом ҳамаро ташвиқ ба худшиносиву муттаҳидӣ мекард ва то имрӯз ин аз рисолати аслии ӯ маҳсуб мешавад. Ин аст, ки ман Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун як инсони нексиришт, босавод, суханвар, покиза, болотар аз ҳама хеле хоксору самимӣ мешиносаму бо ҳастияш ифтихор мекунам.

  1. Мозиёр ҚАВИДИЛ, пажӯҳишгари таърих ва фарҳанги Эрон:

– Сарвар ва Раисҷумҳури Тоҷикистон, фарзонаи миллати бонангу ори тоҷик, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон бо посдорӣ аз фарру шукӯҳи мероси ниёгони шоистаи худ барои фарҳангамонро ба намоиш баровардан басе шодмонӣ ва ҳам сарфарозӣ дорад.

Рӯзи Президенти кишвари тоҷик ангезае шуд, то гиромӣ бидорем кӯшишҳои ин посдори фарҳангро ва барои корҳои чашмгираш, ки ҷашнҳои миллии ниёгонро ҷаҳонӣ месозад, аҳсантҳо бихонем.

  1. Артимис АЛИБОДИ, таърихшинос аз Ҳостони Амрико:

– Рӯзи Раисҷумҳурро (Президентро) ба Шумо ва мардуми Ҷумҳурии меҳанпарасти Тоҷикистон, ки нигаҳбони арзишҳои ориёӣ, фарҳанги куҳан ва пурбори Эрону Тоҷику Афғон ҳастед, шодбош мегӯем! Шумо, Пешвои миллати тоҷик, будед, ки ин ҳама арзишҳои пурғановати форсизабононро бо истодагарӣ, пофишорӣ ва ифтихор аз соҳибватан будан ҳифз кардед ва Тоҷикистон бо роҳбарии Шумо, марди хирад, муаррификунанда ва собиткунандаи таъриху тамаддуни ҳазорсолаҳои мардуми форсизабон ва ориёиҳои асил бозтоб шуд.

  1. Тариқ Иқбол Сумо, сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии исломии Покистон дар Тоҷикистон:

– Танҳо пешвоёни миллии нодир ва дурандеш, мисли Президенти Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон метавонанд, фазои неку созандаро аз миёни марзҳо ба василаи талошҳои самимиву содиқона, ки барои манфиати ҳамаи инсоният равона шудаанд, фароҳам оварда, дар минтақа паҳн кунанд. Эмомалӣ Раҳмон дар ҳақиқат марди нотакрор аст.

  1. Ромип ФАРҲАНГӢ, муассиси КОллеҷи байналмилалии Испания:

– Муҳтарам Раисҷумҳури давлати ҳамзабони мо – Тоҷикистон, Ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон фарди фавқулода аст ба миёни инсонҳо. Ӯро маҳз барои дифои кишвари таърихии Тоҷикистон Яздон фиристодааст, ки аз огоҳии таъриху фарҳанги куҳан миёни форсизабонони ҷаҳон номашро вирди забонҳо кардааст. Тоҷику тоҷикистониёнро бо рӯзи Пешвояшон, ба фарзанди арзандаи миллаташон ва ҳамчунин парафшонии дирафши коваёнӣ таҳният мегӯем.

  1. Абдулай ВАДЕ, Президенти Сенегал:

– Тоҷикон мардуми хушбахту хуштолеъ будаанд, ки Парвардигори олам ба онҳо чунин як марди асили донову кордон ва меҳрубону ҳалимро ҳамчун сарвару сарпараст арзонӣ доштааст.

  1. Аскар АКАЕВ, собиқ Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон:

– Халқи тоҷик аз қадим намунаи халқҳои Осиёи Марказӣ бо фарҳанги воло ва илму адаби оламгир буд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон собит кард, ки фарзанди ҳақиқии ин халқи бузург аст, зеро бо овардани сулҳ вай номи мардуми тамаддунофарро дар арсаи ҷаҳон бори дигар машҳур кард.

  1. Шоҳини НАҶОД, корманди Анҷумани Фарҳанги Шоҳнома:

– Моҳи ноябр барои мардуми шуҳратёри кишвари тоҷик моҳест ифтихорӣ. Чанд ҷашне, ки дар ин моҳ таҷлил мегардад, сарнавишти рӯзгори ин миллатро дарбар мегирад. Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Конститутсия, Рӯзи Парчам – ин ҳама пойдевори қавии хештаншиносист ва заминаи устувори тамаддунофарист. Кишвари тоҷик бо сарварии Раисҷумҳури бедордил, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон барои эҳёи ҳунару фарҳанги миллӣ миёни дигар қавму миллатҳо парчами зафарро сари боми ормонҳои хеш парафшонӣ доранд. Бо арҷгузориву эҳтироми бекарон камина тамоми мардуми тоҷику тоҷикистониёнро ба Рӯзи Президенти миллаташон бо таманноҳои пирӯзиву шодкомиҳои минбаъда таҳният мегӯям.

  1. Леонид КУЧМА, собиқ Президенти Ҷумҳурии Украина:

– Таҳти роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон тайи солҳои истиқлолияти худ роҳи душвори инкишофи давлатдориро тай намуда, мушкилоти давраи гузаришро бартараф карда, дар эъмори ҷомеаи озоду демократӣ, таъмини сулҳу мувофиқаи иҷтимоӣ ва таҳкими обрӯ дар арсаи байналхалқӣ ба муваффақиятҳои назаррасе ноил гардид.

  1. Атахон САЙФУЛЛОЕВ, профессор, доктори илми филология:

– Ҷисму ҷони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро аз ҷавҳари ваҳдат сохтаанд. Он кас, бешубҳа, мунодии суботкори рафоқат, дӯстӣ, бародарӣ, баробарӣ, ягонагӣ, иттиҳоду ваҳдат мебошанд. Аз чеҳраи нуронии сарвари давлат нури сулҳу сафо, оштии миллӣ, хайрхоҳию накӯкорӣ падидор аст.

  1. Си Ҷин Пин, Раиси Ҷумҳурии Халқии Хитой:

– Шумо пешвое ҳастед, ки соҳиби муҳаббату эҳтироми мардуми Тоҷикистон гаштаед. Таҳти роҳбарии Шумо дар кишвар суботи сиёсӣ, рушди иқтисодӣ ва боло рафтани сатҳи некӯаҳволии мардум таъмин гардида, Тоҷикистон дар ҳифзи сулҳу субот ва ҳавасмандгардонӣ ба он дар Осиёи Марказӣ саҳми муҳим мегузорад.

  1. АНТОНИУ ГУТЕРРИШ, ДАБИРИ КУЛЛИ СММ:

– Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масоили об дар, арсаи байналмилалӣ пешниҳодҳои муфид намуда, пешсафии худро дар ин ҷода собит кард ва ин иқдомро ҷомеаи ҷаҳонӣ мавриди омӯзишу дастгирӣ қарор дод, ки шо­истаи таҳсину қадрдонист.

  1. Маҳмадсаид УБАЙДУЛЛОЕВ, собиқ Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон:

– Вақте ки Сарвари давлат ва ҳукумат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Тоҷикистон интихоб шуданд, ба шири поки модар савганд хӯрданд, ки тамоми ҳаёти худро сарфи хизмати халқу Ватан хоҳанд кард.

Ҷисму ҷони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро аз ҷавҳари ваҳдат сохтаанд. Он кас, бешубҳа, мунодии суботкори рафоқат, дӯстӣ, бародарӣ, баробарӣ, ягонагӣ, иттиҳоду ваҳдат мебошанд. Аз чеҳраи нуронии Сарвари давлат нури сулҳу сафо, оштии миллӣ, хайрхоҳию накӯкорӣ падидор аст.

  1. Қоҳир РАСУЛЗОДА, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон:

– Даҳои асри бистуяк баробари мардумшиноси закӣ будан равоншиноси мумтоз низ мебошанд. Дар як они воҳид психологияи ҳазорон нафар мардумро, ки ба мулоқот ва ё вохӯрии навбатӣ ҷамъ омадаанд, дарк менамоянд ва мувофиқи табъи дили онҳо суҳбатро ороиш медиҳанд, ки чунин истеъдоди фитрии равониро на ҳар инсон доро шуда метавонад. Ё ин ки бо як нигоҳ ҳастии мусоҳибро мешиносанд ва мутобиқи диди хеш ва зарурату талаботи идориву давлатӣ посухаш медиҳанд.

Маҳбубтарин инсон дар Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо-дӯстдори хурду калон, пиру барно, солдидаю наврас, мардуми бурунмарзию бумӣ воқеан як нафари арзандаю шоиста, хуршедсимою бовиқор ва сарбаланду ҷавонмард, хирадпешаю дурандеш – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд ва инро миллионҳо нафар одамони касбу кори гуногун бо шодмонӣ тасдиқ менамоянд.

  1. Абдуфаттоҳ ШАРИФЗОДА, доктори илмҳои таърих, профессор:

– Иҷлосияи XVI давраи бунёдкории мардуми Тоҷикистонро ба зуҳур оварда, сатҳи худшиносӣ, асолати ватандорӣ ва ифтихори миллии шаҳрвандонро хеле боло бурд. Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ барои мо як мактаби бузурги ҳаёт ва сабақи нотакрори давлату давлатдорӣ, марҳалаи ибратомӯзи расидан ба сулҳу вахдати миллӣ, як қадами ҷиддии рӯ овардан ба нақшаҳои азими офаринандагӣ гардид, ки ҳадафҳои бузурги он бо такдири наслҳои оянда пайвастаанд.

  1. Владимир ПУТИН, Президенти Федератсияи Русия:

– Эмомалӣ Раҳмон яке аз симоҳои барҷаста буда, дар байни сиёсатмадорони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мавқеи намоёнро ишғол мекунад. Ин беҳуда нест. Тасмими ҷидду ҷаҳди ӯ аз он шаҳодат медиҳад, ки дар Тоҷикистон раванди сулҳ тавре пойдор аст, ки назираш дар ҳеҷ як мамлакате, ки чунин вазъияти муташанниҷ дошт, дида намешавад. Ҳар он чӣ оид ба ин масъала дар Тоҷикистон амалӣ гардидааст, мисоли хубест барои бисёр халқҳову мамолики дигар.

  1. Александр ЛУКАШЕНКО, Президенти Ҷумҳурии Белорус:

– Тоҷикони сарбаланду меҳнатдӯст, боистеъдод ва меҳмоннавоз воқеан ҳам бо ҳамватани худ – Эмомалӣ Раҳмон ифтихор мекунанд.

Он сиёсати оқилона, ки ин мард пеш мебарад, бори дигар такрор мекунам, ки мамлакаташро ҳифз намуд, ба ин замин сулҳу осоиш овард. Ва инро на танҳо Шумо қадр мекунед. Мо ҳама аъзои ИДМ ин хидмати наҷибро қадр мекунем, зеро сулҳу осоиш дар замини Шумо сулҳу осоиш ҳам дар Белоруси мо, ҳам Русия, ҳам дигар давлатҳо мебошад.

  1. Тариқ Иқбол СУМРО, сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Тоҷикистон:

-Танҳо пешвоёни миллии нодир ва дурандеш, мисли Президенти Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон метавонанд, фазои неку созандаро аз миёни марзҳо ба василаи талошҳои самимиву содиқона, ки барои манфиати ҳамаи инсоният равона шудаанд, фароҳам оварда, дар минтақа паҳн кунанд. Эмомалӣ Раҳмон дар ҳақиқат марди нотакрор аст.

  1. Бутрос Бутрос ҒОЛӢ, Муншии умумии СММ, соли 1992:

-Мамлакатҳои аъзои СММ бо диққати том ба кори Шумо, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки бо аксарияти кулли овозҳо Раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон интихоб гардидед, менигаранд. Дар доираҳои асосӣ чунин мешуморанд, ки маҳз Шумо масъулияти таърихиатонро дарк карда, ба пош хӯрдани Тоҷикистон узви комилҳуқуқи СММ роҳ намедиҳед ва минбаъд низ ба ғояҳои озодӣ, сулҳ ва адолат содиқ мемонед. Муншии умумии СММ ва аъзои Шӯрои амният омодаанд ба Шумо ёрӣ расонанд.

  1. Навоз ШАРИФ, собиқ Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон:

– Рушди бемайлони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масири пешрафту шукуфоӣ тӯли солҳои ахир далели возеҳи роҳбарии дурандешона ва хирадмандонаи Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Тавсеаи муносибатҳои Покистону Тоҷикистон низ бозтоби дидгоҳу ҳадафҳои муштараки мо ҷиҳати таъмини сулҳ, пешрафт ва шукуфоӣ на танҳо дар ду кишвари мо, балки дар тамоми минтақа мебошад.

  1. Кофи АННАН, собиқ дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид:

– Тоҷикистон барои бисёр мамлакатҳои олам нодиртарин намунаи бо роҳи осоишта ҳал кардани низоъҳои дохилиро нишон дод, ки онро саҳми Тоҷикистон дар таърихи сулҳоварӣ гуфтан иштибоҳ намешавад.

  1. Кочерил Раман НАРАЯНАН, собиқ президенти Ҳиндустон:

– Моро кӯшишҳои хастагинопазири Ҷаноби Олӣ, Президент Раҳмонов ҷиҳати барқарорсозии сулҳ, оштии миллӣ ва раванди созанда дар Тоҷикистон, ки ҷомеаи муосири озод месозад, ба ҳайрат гузошт. Бовар дорам, ки ин кӯшишҳои халқи боистеъдод ва меҳнатдӯсти Тоҷикистон самари нек хоҳанд овард.

  1. Расул ҲАМЗАТОВ, шоири халқии Доғистон:

-Фақат ҷанг набошад шуд, он гоҳ ҳамеша баҳор хоҳад буд. Ман аз сулҳ дар Тоҷикистон ниҳоят мамнунам. Инсони боҷасорату хирадманд Президенти Тоҷикистон тавонист формулаи сулҳи ҷанги бародаркушро ёбад.

  1. Раҳмон НАБИЕВ, собиқ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон:

– Баъд аз он ки ман ба истеъфо рафтам, дар бораи имрӯзу фардои Ватан ва халқи ҷафокашидаи хеш бисёр андеша мекардам. Вале, вақте ки дар симои Эмомалӣ Раҳмон як инсони наҷиб ва сиёсатмадори хирадмандро кашф намудам, боварам ба фардои неки Тоҷикистон комил шуд. Зеро халқи Тоҷикистон тақдири худро ба дастони эътимодбахш супурдааст.

  1. Қаҳҳор МАҲКАМОВ, собиқ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон:

– Бовар кунед, ман барои ба сиёсат баргаштан розигӣ намедодам, агар итминон намедоштам, ки тақдир ба мо Президенти оқил, бовиҷдон ва боистеъдодеро дар симои Эмомалӣ Раҳмон ато кардааст.

  1. Шукурҷон ЗУҲУРОВ, собиқ раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон:

– Эмомалӣ Раҳмон халқи гирифтори гирдоби нобудиро наҷот дод. Ҷон дар кафи даст душманонро ба оғӯш кашид, ҷинояткоронро афв кард, зиёда аз як миллион нафар гурезаю муҳоҷирони иҷбориро ба Ватан баргардонда, ба миллати мотамзада сулҳу ваҳдат ва суботу амният овард. Неъмати озодиву соҳибдавлатиро барои ташнагони беш аз ҳазорсола эҳдо кард, садои модари тоҷикро ҳамчун модари миллати соҳибдавлат то ба созмонҳои байналмилалӣ расонда, мардуми парешонро атрофи дастархони сиёсии миллат муттаҳид кард.

  1. Муҳаммадҷон ШАКУРӢ, академик:

– Фаъолияти Президенти Тоҷикистон ба устувор кардани истиқлоли фарҳангии тоҷикон равона гардидааст. Суханҳои олие, ки Эмомалӣ Раҳмон дар бораи забони модарӣ ва бузургдошти он гуфт, ман дар ин умри дарозам аз ҳеҷ сарвари Тоҷикистон нашунида будам. Шак нест, ки миллати тоҷик дар роҳи худшиносӣ аз Эмомалӣ Раҳмон миннатдор хоҳад буд.

  1. Саттор ТУРСУН, Нависандаи халқии Тоҷикистон:

– Ками дар кам воқеъ мешавад, ки ҷанги шаҳрвандӣ бидуни ғолибону мағлубон ба сулҳ анҷом пазирад. Таҷрибаи давлати мо исбот мекунад, суботи дасти дӯстӣ қодир аст санги адоват бишканад. Президенти мо сиёсати худро на ба хотири сиёсат, балки аз барои халқи худ амалӣ месозад.

  1. Ҳошим ГАДОЕВ, барандаи Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ:

– Ба ман хушбахтии беназире насиб гашт, ки нақши Исмоили Сомониро дар чорабиниҳои ҷашнӣ ва намоишномаи “Шоҳ Исмоили Сомонӣ” иҷро намоям. Дар ҳар ду ҳолат сарчашмаи илҳомам фаъолияти садоқатмандонаи фарзанди фарзонаи миллат Эмомалӣ Раҳмон буд.

  1. ГУЛНАЗАР, Шоири халқии Тоҷикистон, муаллифи Суруди миллӣ:

– Дар офариниши рамзҳои муқаддаси Тоҷикистони соҳибистиқлол ва баланд бардоштани ору номуси миллӣ заҳматҳои Президент беандоза аст. Эмомалӣ Раҳмон тимсоли дурахшони ватанхоҳиву миллатдӯстист, ки мо инро бояд аз ӯ омӯзем.

  1. Раҳим МАСОВ, академик:

– Қувваи Президент Эмомалӣ Раҳмон дар наздикӣ бо мардумаш ва мустаҳкамии он пайвандҳоест, ки бо халқи хеш дорад, ки худ намояндаи он аст.

  1. Муҳаммад ҒОИБ, Шоири халқии Тоҷикистон:

– Баҳо додан ба фаъолияту кор ва зиндагиномаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бисёр душвор аст. Дар доираи тасаввурам намеғунҷад. Агар дар ин замон чандин сиёсатномаҳо дар бораи кору нашқҳои гузоштаи Президенти кишвар навишта шавад, он ба охир намерасад. Ҷон барои ҳама ширин аст. Дар даврае, ки бисёриҳо рӯ аз мансаб метофтанд, дар ҳамин давраи душвор Пешвои миллат зимоми давлатдориро ба даст гирифта, фикри ҷони худро накарда, андешаи ояндаи миллатро намуд. Ҳатто баъзеҳо таъна мекарданд, ки умри давлати ӯ чандрӯза аст. Лекин чун ин қадар шукӯҳу шаҳомати давлатдориаш ва муаррифии мамлакатро дар тамоми ҷаҳон диданд, баъд фаҳмиданд, ки чӣ иқтидор дорад. Аслан Эмомалӣ Раҳмонро ҷуръат ба сари минбари қудрат баровардааст. Аз ҳамон давраҳое, ки вакили мардумӣ буданд, маълум буд, ки шахси тасодуфӣ нест. Ҳар як суханаш бар диле кора мекард ва зеҳнҳои хуфтаро бедор месохт.

  1. 38. Рафиқа МӮСОЕВА, арбоби давлатӣ, собиқ вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон:

– Таърих барои ҳар халқу миллат чеҳраҳоеро дар марҳилаҳои гуногуни таърихӣ эҳдо мекунад, то бори сарҷамъӣ, хештаншиносӣ, танзим ва рушди миллатро ба дӯш дошта бошанд. Барои миллати тоҷик ин гуна шахсияти муътабар Эмомалӣ Раҳмон аст.

Бояд гуфт, ки дар чунин вазъи мураккаби кишвар, яъне давраи гузариш ба истиқлол, барои аз вартаи нобудӣ наҷот бахшидани миллат дасти бузургу қавие лозим буд, то тавонад мардумро неру ва эътимод бахшад, роҳнамоӣ кунад ва ба қуллаҳои мурод бирасонад. Кишвари ҷангзадаи мо ба роҳбаре ниёз дошт, ки бори масъулияти сангинеро бар душ гирифта, халқ ва тамоми неруҳои солими сиёсиро дар атрофи худ муттаҳид карда тавонад. Ва чунин масъулиятро нафаре ба зимма гирифта метавонист, ки сифатҳои пешвоӣ дошта бошад, сухани ҳадафрас дошта бошад, ҷасорату садоқати бемисл дошта бошад, инсондӯсту ватандӯст бошад. Маҳз чунин шахсият вакили мардумӣ Эмомалӣ Раҳмон буд, ки ҳанӯз то оғози иҷлосияи 16-ум ӯро ҳамагон аллакай ба ҳайси сиёсатмадори сатҳи умумимиллӣ ё байнайналмилалӣ мешинохтанду эътироф мекарданд.

  1. Амиршо МИРАЛИЕВ, ходими сиёсӣ:

– Ин абармардро аз овони наврасӣ мешиносам. Ифтихор аз ҳамнишинии зиёд бо ӯ дорам. Аз ин марҳила хотироти зиёд маҳфуз буда, бо истинод ба онҳо мегӯям, ки ҳар дақиқаи фаъолияти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қаҳрамонӣ аст.

Сабаби асосии маҳбубияти Эмомалӣ Раҳмон мардумӣ будани афкору мулоҳиза, фитрату завқу салиқа ва дунёи ботиниашон аст. Он кас аз миёни халқ рӯидаанд ва ҳама ниёзҳояшон бо хостаҳои мардум тавъаманд. Фарзанди ин сарзаминанд ва файзу баракаташон ба ин сарзамин фарзандвор, холисонаву содиқона ва дар заминаи муҳаббат расидааст.

  1. Владимир ЖИРИНОВСИЙ, сиёсатмадори рус:

– Эмомалӣ Раҳмон яке аз сиёсатмадорони бонуфуз ва соҳибэътибор дар Россия мебошад. Ӯ ҳамчунин яке аз Президентҳои соҳибэҳтиром дар фазои пасошӯравӣ аст. Тоҷикистон дорои манобеи бузурги иқтисодию энергетикӣ дар бозори меҳнат мебошад, Россия дорои имкониятҳои молиявӣ аст. Мо бояд ин захираҳоро муттаҳид намоем ва ин ҳам ба манфиати Москва ва ҳам ба нафъи Душанбе мебошад.

  1. Хуршед ЗИЁӢ, сиёсатшинос:

– Дар натиҷаи татбиқи стратегияи санҷидашудаи сиёсати хориҷии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки бо унвони “сиёсати дарҳои боз” маълум аст, Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ мақоми сазовор пайдо кард. Аз ин дидгоҳ, ташаккули давлатдории миллии халқи тоҷик ва эҳёи мақому манзалати он дар арсаи ҷаҳонӣ ба заҳмат ва талошҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат робитаи ногусастанӣ дорад.

  1. Муҳаммад АБДУРАҲМОН, ноиби президенти АМИТ, доктори илҳои сиёсӣ , профессор:

Корнома ва зиндагиномаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба эҳёи хотираи таърихӣ ва сарнавишти давлатдории навини тоҷикон пайванди ногусастанӣ дорад. Агар аз рӯи дарки ҳақиқат хизматҳои Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмонро дар соҳаи пешрафти илму маориф бо амалҳои бунёдкориашон зам намоем, пеши назарамон қобилияти баланди кордонӣ ва касбияти сиёсии ин шахсияти шинохта ҳамчун Пешвои муаззами миллат намоён мегардад. Президенти кишвар мактаби давлатдории миллиро эҳё намуданд, ки барои обрӯ ва ташаккули ҳувияти миллӣ арзиши муҳими сиёсӣ дорад.

  1. Юсуф РАҲМОН, Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон:

Мактаби бузурги Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи арҷгузорӣ ба таъриху фарҳанги миллӣ, ҳисси баланди ватандӯстӣ, адлу инсоф, инсондӯстӣ, бунёдкорию созандагӣ ва муаррифии миллати тоҷик дар арсаи байналмилалӣ қобили омӯзиш ва таблиғу ташвиқи ҳамарӯза буда, ҳар яки мо бояд онро омӯзем ва донем.

Президенти мамлакат ҳамчун сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ мунтазам аз минбарҳои Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ оид ба ҳалли масъалаҳои мубрами ҷаҳони муосир қотеъона масъалагузорӣ намуда, обрӯи Тоҷикистонро ҳамчун кишвари дар ташаккули сиёсати байналмилалӣ саҳмгузор баланд мебардоранд.

  1. Парвиз МУҲАММАДЗОДА, доктори илмҳои сиёсӣ:

– Нақши муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун поягузори сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муайян сохтани ҳадафҳои муҳим, самтҳои асосӣ ва усули сиёсати хориҷӣ ва дипломатияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бисёр муассир ва корсоз аст.

Мактаби сиёсиву дипломатии Пешвои муаззами миллат таълимгоҳест, ки дар марҳалаи бисёр мураккабу пуртазод ташаккул ёфта, мавқеи созандагиву бунёдкорӣ касб намудааст. Ин мактаби сиёсӣ дорои хусусияти универсалӣ мебошад, ки ҳокимият ва муносибатҳои он аз ҷониби ин ниҳоди сиёсӣ бо риояи принсипҳои демократӣ амалӣ гашта, манфиати давлату миллат аз ҳама боло гузошта шуда, дар ин ҷода ба дастовардҳои зиёди стратегӣ ноил гардидаем.

  1. Камол НАСРУЛЛО, Шоири халқии Тоҷикистон:

– Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон 30-солагии худро бо муваффақият ва сарбаландона таҷлил дорад. Ҳарчанд ин ҷашни муборак ба замони бисёр мураккаби нооромиҳои байналмилалӣ, ҳаросу изтироби инсоният дар пешорӯи фоҷиаву бемориҳо ва таҳдиди фалокатҳои экологиву иқтисодӣ рост омадааст, миллати некманиш, хайрхоҳ ва башардӯсти тоҷик тавонист таҳти роҳбарии Сарвари меҳанпараст ва миллатдӯсти худ, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мазҳари пирӯзиҳои озодии ба дастовардааш, дар арсаи байналмилалӣ, дар пешорӯи ҷаҳониён шайпури шодмонӣ ва бонги пирӯзӣ бизанад ва дилсофона бо меҳру муҳаббати хосси тоҷикӣ дар саросари Тоҷикистон ин санаи муборакро бо шаҳомати хосса ҷашн бигирад.

Хушбахтона, мо, тоҷикон Пешвои ватандӯст ва ҳидояткоре дорем, ки бо сиришти хастагинопазири саршор аз тозаҷӯиву тозакориҳо, саршор аз иқдому ташаббусҳо ва ҳидоятҳои пешбарандаву барозанда пайваста моро ба навовариву бунёдкорӣ ва омӯзишу созандагӣ ангезиш додаву раҳнамоӣ менамоянд.

  1. Мавсума МУИНӢ, раиси шаҳри Бӯстон:

– Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз зумраи шахсиятҳоянд, ки на танҳо дар ташаккул ва таҳаввули таърихи навини миллати тоҷик, ҳастии имрўзу фардои Тоҷикистон, давлатдорӣ ва ҳуқуқи муосири кишвари соҳибихтиёрамон, балки барои эҳё намудани падидаҳои неку писандида ва арзишҳои волои фарҳангии ниёгонамон хизматҳои барҷаста карда, воқеан ҳам дар таъсиси давлати навини тоҷикон нақши бунёдгузориро доранд. Хизматҳои наҷотдиҳанда ва созандаи Пешвои миллат дар самти сиёсати давлатӣ, тарҳрезии низоми ҳуқуқӣ, шаклгирии иқтисодиёти миллӣ, таҳияи низоми адолати иҷтимоӣ, ҳифз ва рушди фарҳанги пурғановат ва дигар ҷанбаҳо аз ҷониби ҷомеаи муосири Тоҷикистон ва ҷаҳон ба таври сазовор баҳогузорӣ ёфтааст.

  1. Кароматулло ОЛИМОВ, Арбоби илм ва техникаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик:

– Маҳз Эмомалӣ Раҳмон, ки шахсияти ҷоннисор, нотарс, ҷасур, сарсупурдаи халқу ватан ва дорои ифтихори бузурги миллӣ аст, тавонистанд, ки мардуми моро сарҷамъ карда, сулҳу субот оварда, муҳоҷирони зиёдеро, ки бар асари нооромиҳои мамлакат ҳам дар хориҷ ва ҳам дар дохил ҷойҳои зиндагии худро иваз карда буданд, боз ба маконҳои худ баргардониданд.

Аз ин ҷиҳат хизматҳои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таърихи миллати тоҷик бо ҳарфҳои заррин навишта шудаанд. Чунки кам касоне дар таърих пайдо мешаванд, ки миллати худро дар ҳолатҳои буҳронӣ наҷот дода тавониста бошад. Аз ин ҷиҳат ин ҳам барору омади кори халқи тоҷик аст, ки дар Иҷлосияи 16 Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вакилони ҳамонвақта, ба онҳо мо ташаккур мегӯем, ки ҳамин шахсро аз байнашон ҳамчун Раиси Шӯрои Олӣ ва Сарвари давлат интихоб карданд.

  1. Кароматулло МИРЗО, Нависандаи халқии Тоҷикистон:

Дар рӯзҳое, ки оташи ҷанги бемаънии байниҳамдигарии тоҷикон дар Тоҷикистон аланга мегирифт, 16 ноябри соли 1992 иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қасри Арбоби вилояти Суғд баргузор гашт. Масъалаи асосӣ – фурӯ нишондани ҷанги хонумонсӯз буд. Ҳамин иҷлосия дар тақдири миллат нақше гузошт, ки он бо хатҳои заррин ба таърихи миллат ворид гашта, нақши фаромӯшношуданӣ-нақши зиндагии нав, сулҳу салоҳ, хомӯш гаштани оташи ҷанг дар Тоҷикистонро ифода мекард. Дар ҳамон рӯзҳо гӯё дар осмони Тоҷикистон аз паси абрҳо равшанӣ-офтоб рух намуд. Он рӯшноӣ, нурҳои он офтоб сар то сари Ватанро фаро гирифт.

Дар ин иҷлосия фарзанди фарзонаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вазифаи Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гаштанд. Ва муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон назди Парчами Тоҷикистон сари таъзим фуруд оварда, парчамро ба дидагон молида, савганд ёд карданд, ки ба Тоҷикистон сулҳ меоранд, гурезагонро ба Ватан бармегардонанд. Ва ба он ваъдаҳои додаашон вафо карданд, ки мо имрӯз шоҳиди онем.

  1. Руқия Қурбонова, собиқ муовини сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон (2008 – 2013):

– Мардуми тоҷикро беҳуда фарҳангпарвар намегӯянд. Ин мардум дар айёми хеле сахту сангин, вақте оташи ҷанги шаҳрвандӣ аланга мезад ва давлату миллати куҳанбунёди мо дар вартаи нобудшавӣ қарор доштанд, ҷавонмарди 40-соларо роҳбари худ баргузид. Зеро ин мард бо лаҳни бурро ва самимӣ, симои баҳодурона, донишу маҳорат ва фарҳанги волои худ дар дили ин мардум шуълаи умеду боварӣ афрӯхта буд. Бисёриҳо дар он айём дар ғами ҷони худу сарнавишти худ буданд ва аз пеши пои худ дуртарро намедиданд. Вале нигоҳи ин мард ба дуриҳо, ба ояндаи ин халқ ва ин сарзамин дӯхта шуда буд.

Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ тибқи қонуни махсус Пешвои миллат эълон карда шуданд. Ин ҳақиқатест, ки бо хости мардуми кишварамон ба шакли қонун дароварда шуд. Миллати тоҷик хуб дарк намуд, ки Пешвои оқилу тавоно ва дурандеш дорад, бинобарин ба ҳар даъвату ибтикори ӯ ҳамовозӣ намуданд, дасту остин барзаданд ва паи иҷрояш шуданд.

  1. МЕҲРИНИСО, Шоираи халқии Тоҷикистон:

– Гузашт, таҳаммул ва меҳрубонӣ нисбат ба мардум ва ҳамеша аз худ гузаштан дар тамоми адёни дунё мавҷуд буда, таъкид ба таъкид гуфта мешавад, ки инсон бояд гузашт кунад ва ҳатто душмани худро бубахшад. Ҳатто онҳоеро, ки ӯро озор додаанд, озор надиҳад ва навозиш кунад. Ҳамин навозиш, азхудгузариҳо ва фидокориҳо буд, ки воқеан як инсонро на танҳо дар байни мардуми Тоҷикистон, балки дар байни ҳамтоёни хориҷиашон низ соҳиби ин қадар эътибору обрӯ ва муҳаббат кардааст. Ман ифтихор мекунам аз он ки зимни анҷуманҳои ҷаҳонӣ Сарвари мамлакати мо дар баробари аз ҳама зебо будан, аз ҳама дӯстдоштанӣ низ ҳастанд. Вақте ки ба он кас нигоҳ мекунӣ, эҳсос мекунӣ, ки чӣ қадар мардум Сарвари худро дӯст медоранд. Вақте Ҷаноби Олӣ дар ягон кишвар мукофот мегиранд, ман гумон мекунам, ки худам мукофот гирифтаам. Ҳар як тоҷик, ҳар як зодаи ин сарзамин низ эҳсос мекунад, ки ин унвон аз они ӯст. Ин фахри миллат аст.

  1. Мурод МУРОДӢ, доктори илмҳои филологӣ, профессор:

– Таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи давлатдории халқи тоҷик падидаи тозае мебошад, ки воқеан барои гиромидошти арзишҳои миллии мо аҳамияти ҳаматарафа дорад. Тоҷикистони муосир марҳилаҳои душвор, тақдирсоз ва бунёдиро паси сар намуда, дар таҳкими давлатдорӣ аркони бузургеро ба шакл даровард ва сиёсати бисёр хирадмандонаву устувореро ба роҳ монд. Дар радифи ҷашнҳои миллӣ ворид шудани Рӯзи Президент зарурати таърихӣ ва тақозои замон буда, на танҳо маънои эҳтиром ба шахсияти барҷастаест, ки тамоми ҳастии худро барои ободии кишвар ва беҳдошти зиндагии мардум сарф менамояд, балки нишонаи шинохт ва гиромидошти арзишҳои миллии халқи тоҷик аст.

  1. Фарҳод РАҲИМӢ, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон:

– Нақши таърихии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати Пешвои миллат ва бунёдгузори давлати миллӣ дар амри таъмини истиқлолияти воқеии давлатӣ, ба даст овардани ваҳдати миллӣ ва ҳастию бақои миллати тоҷик дар тамоми самтҳои ҳаёти иҷтимоию иқтисодии кишвар баръало зоҳир мегардад ва таърихи навини кишвар бо ҳарфҳои заррин навишта хоҳад шуд.

Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали нахуст ба сифати Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баъдан Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуданашон барои ҳифзи истиқлолият, тамомияти арзӣ ва хомӯш кардани оташи ҷанги бародаркуши дохилӣ ва таъмини сулҳу субот камари ҳиммат барбастанд ва ба он ноил гардиданд.

  1. Эмомалӣ НАСРИДДИНЗОДА, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, узви вобастаи АМИТ:

Тарҳрезӣ, дурнамосозӣ, самтнокӣ ва самаранокии сиёсати ҳуқуқии кишвар дар доираи сиёсати созандаву ташаббускоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муайян гардида, ҳамчун ҷузъи муҳимми сиёсати давлатӣ марҳила ба марҳила густариш пайдо намудааст. Инкишофи сиёсати ҳуқуқӣ бевосита бо ташаббусҳои Пешвои муаззами миллат бо мақсади ташкилу таҳкими заминаҳои ҳуқуқии ҳаёти ҷомеа ва давлат, таъмини волоияти қонун, таъмини рушду нумуи ҷомеаи Тоҷикистон ва танзими қонунии муносибатҳои нави ҷомеа амалӣ гардидааст.

  1. Иброҳим УСМОНОВ, муҳаққиқи соҳаи журналистика:

– Бунёдгузори сулҳи тоҷикон Прези­денти кишвар Эмомалӣ Раҳмон мебо­шанд. Бузургтарин хизмати таърихии Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси роҳбари давлати Тоҷикистон муайян ва амалӣ кардани роҳи сулҳи халқи тоҷик, наҷоти миллат аз гирдоби фоҷиабори ҷанг, ба ҳам овардани онҳое, ки аз ҳам дур мешуданд, нигоҳ доштани киштии шикастаи ҳукумат аз ғарқу нобудшавӣ аст.

  1. Абдухалил ҒАФУРЗОДА, ректори АИДНПҶТ:

– Саҳифаҳои фаъолияти Пешвои миллат ҳамчун Сарвари давлат инъикос- кунандаи чеҳраи сиёсиаш буда, ба қавли мардум “шахси қавлу амал” мебошанд. Дар тамоми давраи сарвариашон ҳар мақсаду вазифаи навбатиро ҳамаҷониба меомӯзанду таҳлил менамоянд ва аз ин ҷост, ки ҳеҷ кору амали оғозкардаашонро дар нимароҳ намемонанд. Хизматҳои ин абармарди сиёсат дар таърихи халқи тоҷик абадӣ бо ҳарфҳои заррин сабт хоҳад шуд.

  1. Шаҳрия АҲТАМЗОД, шоира:

– Прези­денти кишвари мо, ки дар сирату сура­таш садоқату муҳаббат ҳувайдост, дар як муддати кӯтоҳ тавонист, ба оламиëн нишон диҳад, дар Тоҷикистон барои ҳамешагӣ сулҳу ваҳдат пойдор аст. Ин ҳама бузургии фарзанди фарзонаи ва­тан муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои кулли мардуми Тоҷикистон намунаи ибрат аст. Ин талошҳои созандаи Сар­вари давлат моро ба сӯйи худшиносӣ ва қуллаи ишқу имон роҳнамоӣ месо­зад.

  1. Абдураҳмон ХОНОВ, роҳбари дастгоҳи марказии ҲХДТ:

– Дар пешрафти ҳар як самту соҳаи имрӯзаи мамлакат Президенти кишвар нақши асосӣ доранд. Дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун роҳбари сулҳофару сулҳпарвар, сарҷамъкунандаи миллат, амалисозан­даи заҳматҳои ояндабинона ва ташаб­бускори ҳалли масъалаҳои глобалӣ шинохта шудани Пешвои миллат эъ­тирофест ки мебояд ҳамагон аз он ифтихор дошта бошем.

  1. Шариф МУЛЛОЕВ, профессори Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон:

– Дар таърихи инсоният шахсиятҳое пайдо мешаванд, ки дар арсаи сиёсат бо амалҳои накуи хеш абадан ном мегузоранд. Яке аз давраҳои мудҳиш дар таърихи дав­латдории тоҷикон ин ҷанги шаҳрвандӣ мебошад. Бо амри тақдир ба сари қудрат омадани Эмомалӣ Раҳмон дар давраи тақдирсоз, барои мардуми тоқик нодиртарин туҳфае гардид, ки тоҷиконро аз вартаи марг наҷот дод.

  1. Аксар ҲАКИМ, Шоири халқии Тоҷикистон:

– Дар рушди адабиёти замони соҳибистиқлолӣ нақши Пешвои мил­лат муҳиму назаррас мебошад. Чун­ки дар ин марҳила маҳдудиятҳое, ки қаблан дар адабиёти тоҷик вуҷуд доштанд, пурра аз байн бурда шу­данд. Президенти кишвар сиёсати дурби­нона ва хирадмандонаро дар соҳаи адабиёт ҷорӣ намудааст. Бинобар ин қариб, ки дар ҳамаи эҷодиёти мо симои Пешвои миллат баръало инъ­икос мегардад.

  1. Носирҷон САЛИМӢ, акаде­мик:

– Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон худ дурахшонтарин чеҳрае мебо­шанд, ки ин рисолати муқаддас дар саропои фитраташон бо шукӯҳи тамом таҷаллӣ карда­аст, нахустин тоҷике дар таърихи навин ме­бошанд, ки дар маснади муаззами роҳбарӣ паёмҳои миллии тоҷиконро дар паҳнои ҷаҳон интишор додаанд ва Тоҷикистонро бо он ҳама сармояҳои бузурги маънавӣ ва тавонмандиҳои кунуниаш дар бунёди давлати демократӣ дар анҷумани кишварҳои дунё аз мақоми арҷманде бархӯрдор намудаанд. Пас, ҳар як фарди тоҷик бояд ба ҳамаи ин ғамхориҳои ин марди хирад расида, дар гул-гулшукуфии кишвар саҳмгузор бошад.

  1. Фаҳим ФАНО, ҳунарманди афғон:

– Бо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамкалом шуданам воқеан муъҷизаи тақдир буд. Эшон мисли як сарвари хонавода, ки барои оилаи худ зиёд масъулиятшинос ҳасту ғамхории беҳад изҳор медорад, ҳамон андоза барои тамоми мардуми хеш меҳрубону садоқатманданд. Он бархӯрде, ки сарвари давлат бо ман карданд, воқеан самимӣ буд. Ман он замон худро чун тифле эҳсос кардаму роҳбари кишварро чун падар. Аз меҳрубониҳои эшон таҳти таъсир қарор гирифтам ва дигар ҳатто натавонистам сухан гӯям. Ман бори аввал бо як сарвари давлат ҳамсуҳбат будам ва он ҳам сарваре, ки арзандаю хидматгузори мардуми худ аст.

  1. Абдуллои РАҲНАМО, сиёсатшинос:

– Раванди вусъатёбии худшиносии миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шурӯъ аз рӯзҳои нахустини ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ, бо номи фарзанди фарзонаи миллат, абарманди замони миллати тоҷик, ташаббускор ба бунёдгузори давлатдории миллӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайванд мебошад. Ҳадафи калидии сиёсии Роҳбари давлат дар самти мазкур – ин ваҳдату ягонагии миллати тоҷик ва тамоми шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад.

  1. Қосим-Жомарт Токаев, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон:

– Хизмати содиқонаи шумо ба Ватан, сиёсати дурбинона ва созанда дар маснади Сарвари давлат барҳақ боиси эҳтироми сидқии мардум нисбат ба шумо, ҳамчунин аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф шудани мақоми шумо ба ҳайси Пешвои миллӣ гар­дид. Итминон дорам, ки татбиқи бомуваффақияти ташаббусҳо ва ислоҳоти муҳими шумо минбаъд низ кафолати рушди устувори Тоҷикистон, таъмини некӯаҳволии аҳолӣ ва боз ҳам боло рафтани шаъну эътибори Душанбе дар арсаи ҷаҳонӣ боқӣ хоҳанд монд. Дар Қазоқистон саҳми бузурги шахсии шумо­ро дар таҳкими пайвандҳои чандинасраи дӯстӣ ва ҳамкории гуногунҷанба миёни кишварҳои мо ба­ланд арзёбӣ менамоянд.

  1.  Реҷеп Тайип Эрдоган, Президенти Ҷумҳурии Туркия:

-Дӯстии бо Ҷаноби Олӣ барқарорнамудаамонро ҳамчун таҷассумгари наздикии байни кишварҳо ва мардумонамон мебинем ва аз он ифтихор дорем. Таҳти роҳбарии хирадман­донаатон, масофаи тайнамудаи кишвари дӯсти Тоҷикистонро бо қадрдонӣ ва хушнудӣ пайгирӣ менамоем. Иштироки шумо ҳамроҳи ҳамсари гиромиатон дар маросими ёдбуди 748 – умин солгарди вафоти Ҳазрати Мавлоно, ки мисли муҳаббату таҳаммулпазирӣ рамзи дӯстии Туркия ва Тоҷикистон мебо­шад, боиси сарфарозии мо хоҳад гашт.

  1. Нурсултон Назарбоев, Президенти якуми Ҷумҳурии Қазоқистон:

-Имрӯз хизматҳои шумо дар таҳким бахшидани пояҳои давлатии Тоҷикистон, баланд кардани сатҳи некуаҳволии мардум, афзудани шӯҳрати кишвара­тон дар арсаи байналмилалӣ бузурганд. Дар фаъо­лияти масъулиятнок ва татбиқи бомуваффақияти ҳадафу барномаҳои дар назди худ гузоштаатон барои ояндаи дурахшони кишвар муваффақият орзу менамоям. Таҳкими ҳамасолаи муколамаи босуботи сиёсӣ байни Нур-Султон ва Душанбе дар сатҳи олӣ, робитаҳои зичи тиҷоративу иқтисодӣ ва ҳамкории фарҳангиву гуманитарӣ, бешубҳа, далели шарикии стратегии байни ду кишвар мебошанд.

  1. Шавкат МИРЗИЁЕВ, Президенти Ҷумҳурии Узбекистон:

-Мо шуморо ҳамчун ходими намоёни давлатӣ ва сиёсии замонамон, фарзанди соҳибэҳтиром, ватандӯст ва пешвои асили мардуми бародари тоҷик мешиносем ва беандоза эҳтиром мекунем. Шумо ба сифати Президенти Тоҷикистон бо меҳнати бисёрсолаи пурсамар ва таҷрибаи ғании идораи корҳои вобаста ба баланд бардоштани сатҳи зин­дагии аҳолӣ, рушди босуръати кишвар дар ҳамаи соҳаҳо ва таҳкими пайвастаи обруву нуфузи онро дар арсаи байналмилалӣ ба уҳда доред.

  1. Валентина МАТВИЕНКО, Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия

-Ҳамчун сиёсатмадори хирадманд ва дурандеш, шумо муҳаббат ва эҳтироми ҳамватанони худро ба даст овардед ва дар Тоҷикистон ва берун аз он аз обрӯю эътибори сазовор бар­хурдоред. Шумо ҳамчун роҳбари ботаҷриба ва боистеъдод, иҷрои вазифаҳои сершумори масъулиятноки давлатиро шахсан на­зорат мекунед. Дар Федератсияи Русия саҳми бузурги шуморо дар рушди муносибатҳо миёни кишварҳоямон, ки бар асоси бо­варии мутақобила ва шарикии гуногунҷанба бунёд мегарданд, баланд қадр мекунанд. Имрӯз Тоҷикистон аз роҳи рушди саноат, соҳибкорӣ, ташаккули шароити мусоиди сармоягузорӣ дар ҳоли ҳаракат аст. Тарҳҳои калонҳаҷм дар соҳаҳои нақлиёт, энергетика, экология, татбиқ мегарданд, ҷойҳои нави корӣ таъсис дода меша­ванд. Нақши кишвари шумо, ки бо терроризм ва экстремизм дар муқовимат қарор дорад, дар таъмини сулҳу субот дар минтақа бу­зург аст.

  1. Сооронбой ЖЭЭНБЕКОВ, Президенти собиқи Ҷумҳурии Қирғизистон:

– Тоҷикистон таҳти роҳбарии Шумо масири худро пайдо карда, дар он қадамҳои устуворашро, ки ба ҳифзи сулҳу таҳкими некӯаҳволии мардуми Тоҷикистон нигаронда шудаанд, идома медиҳад. Шумо дар соҳаи рушди иҷтимоиву иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҳкими обрӯи байналмилалии он ба комёбиҳои муассир ноил гардидаед.

  1. Чионг Тан ШАНГ, собиқ Президенти Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам:

Бо таваҷҷуҳи зиёд ва хушнудӣ аз дастовардҳои мардуми Тоҷикистон дар самти субот ва рушди кишвар, ҷониби Вет­нам мутмаин аст, ки зери роҳбарии Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муваффақиятҳои бештар ва ба нафъи мардуми тоҷик дар самти сулҳ ва дар маҷмӯъ пешрафти минтақа ноил хоҳад гашт.

  1. Дадоҷон РАҶАБӢ, Корманди шоистаи Тоҷикистон:

– Эмомалӣ Раҳмон! Ин ном ва насаби азиз фтамоми марду- ми ҷаҳони муосир ба хубӣ мешиносанд, эътироф мекунанд ва арҷманд меҳисобанд.

Президентҳо, сарвазирон ва шоҳони кулли давлатҳои ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмонро поягузор ва муассиси хирадманди мактаби сиёсии вахдати халқҳо эътироф кардаанд.

Таҳияи Беҳрӯз ХОЛМУРОДОВ,
Шаҳло ЭШОНОВА,
Рӯзномаи “ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”

Чоп кунед