Имсол Тоҷикистони азизи мо санаи муҳимми таърихӣ, яъне 30 солагии Истиқлоли давлатии худро ҷашн мегирад. Ин сана муҳимтарин ва волотарин воқеаи даврони таърихи навини тоҷикон маҳсуб мегардад. 9 сентябри соли 1991 Иҷлосияи 12-уми ғайринавбатии Шӯрои Олӣ Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро эълон намуд. Ин санад роҳу равиши ҷомеа ва сарнавишти халқи тоҷикро ба куллӣ дигаргун сохт. Тоҷикон баъд аз ҳазор сол аз нав соҳибдавлат гардиданд. Тавлиди давлати тозаистиқлоли Тоҷикистонро ҷомеаи ҷаҳонӣ бо қаноатмандӣ истиқбол намуд. Дар зарфи як соли Истиқлоли Тоҷикистон аз тарафи 58 давлати дунё ба расмият шинохта шуда, бо онҳо робитаҳои дипломатӣ барқарор карда шуданд. Ҷумҳурии Исломии Эрон, Федератсияи Русия, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Мексика, Дания, Туркия, Япония, Корея, Полша аз нахустин давлатҳое буданд, ки Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро ба расмият шинохта, сафорат ва намояндагиҳои дипломатии худро дар Тоҷикистон ифтитоҳ намуданд.

Нишондиҳандаҳои асосии рушди иқтисодии кишвар ММД, ММД ба ҳар сари аҳолӣ, даромадҳо ва хароҷоти буҷети давлатӣ, инчунин сармоягузориҳое мебошанд, ки сифат ва сатҳи зиндагии аҳолиро муайян мекунанд. Ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар соли 2020 – ум – 82 миллиарду 543 миллион сомониро (беш аз 7,3 миллиард доллар бо қурби расмӣ) ташкил дод. Ахолии республика дар ин давра ба бештар аз 9,4 миллион нафар расид. Ҳамин тариқ, ба ҳар сари аҳолӣ 8740 сомонӣ ММД рост меояд. Ба ҳисоби доллар, ММД Тоҷикистон ба ҳар сари аҳолӣ дар ин давра 773 доллар буд. Ёдовар мешавем, ки ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилии ҷумҳурӣ дар охири соли 2019 ба 77,3 миллиард сомонӣ ё ба ҳар сари аҳолӣ 8136 сомонӣ баробар шуд. Ин нишондиҳанда дар соли 2018 ба 68 миллиард 844 миллион сомонӣ, яъне ба ҳар сари аҳолӣ 7 ҳазору 565 сомонӣ баробар шуд. Дар тӯли 30 соли охир дар ММД дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таи 50 маротиба афзудааст, аз ин нишондиҳандаҳои ҷадвали 1 шаҳодат медиҳанд.

Сарчашма: Тоҷикистон: 25–соли Истиқлолияти давлатӣ (маҷмӯаи оморӣ)/Агентии омории назди президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. – Душанбе, 2016. – С.13.  Маводҳои Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иқтисоди кишвар дар соли 2020 – ум 4,5% афзоиш ёфта, дар ин давра истеҳсоли саноатӣ 9,7%, кишоварзӣ – 8,8%, гардиши савдои хориҷӣ – 0,8%, содирот бо суръати 19,8%барои рушди иқтисодии кишвар замина гузошт. Ба гуфтаи ӯ, дар муқоиса бо соли 2019, истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ дар кишвар 28,3%афзудааст, ки ин ба беҳтар таъмин шудани бозори дохилӣ бо маҳсулоти ватанӣ мусоидат кардааст.

Яке аз дигар нишондиҳандаҳое, ки ба рушди иқтисодиёти давлат таъсири назаррас мерасонад ва бо ММД алоқамандии зичро доро аст, даромад ва хароҷоти давлатӣ, ки дар сӣ соли охир чунин мебошад (ҷадвали 2).

Сарчашма: Тоҷикистон: 25–соли Истиқлолияти давлатӣ (маҷмӯаи оморӣ)/Агентии омории назди президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. – Душанбе, 2016. – С.13. Ҳисобот оиди иҷроиши Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020

Натиҷаи ҷадвали 2 нишон медиҳад, ки тайи солҳои таҳлилшуда, яъне соли 2020 нисбати 2000 даромад ва хароҷоти буҷети давлатӣ 96,6 ва 95,2 маротиба афзудааст. (ҷадвали 3).

Сарчашма: Тоҷикистон: 25–соли Истиқлолияти давлатӣ (маҷмӯаи оморӣ)/Агентии омории назди президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. – Душанбе, 2016. – С.13. Ҳисобот оиди иҷроиши Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020

Нишондиҳандаҳои ҷадвали 3 аз он шаҳодат медиҳанд, ки фоизи асосии даромади буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз вориди андозҳо мебошад, аммо дар соли 2020 маълум гашта истодааст, даромади андозҳо кам шудаанд, пеш аз ҳама, бо аз нав дида баромадани Кодекси андоз ва паст намудани фоизҳои андоз вобастагӣ дорад.

Дигар нишондиҳандаи асосии рушди иқтисодиёти давлат ин содирот ва воридот аст. Дар ҷадвали 4 мо ин нишондиҳандаҳоро таҳлил гузарондем.

Сарчашма: Тоҷикистон: 25–соли истиқлолияти давлатӣ (маҷмӯаи оморӣ)/Агентии омории назди президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. – Душанбе, 2016. – С.13. Ҳисобот оиди иҷроиши Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020

 

Натиҷаи ҷадвали 4 аз он шаҳодат медиҳад, ки ҳамаи нишондиҳандаҳо дар соли  2020 афзудаанд, ба ғайр аз содирот, ки дар соли 2020 нисбати соли 1991 1,68 маротиба кам шудааст, аммо нисбати соли 2015 – ум 1,5 маротиба афзудааст. Воридот дар соли 2020 нисбати соли 1991 1,43 маротиба афзудааст, аммо нисбати соли 2015 1,1 маротиба паст шудааст. Аз натиҷаи ин нишондиҳандаҳо маълум мегардад, ки иқтисодиёти давлат сол то сол мустаҳкам шуда истодааст.

Заҳматҳои шабонарӯзии Пешвои миллат дар эҳё ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол, фаъолияти беназири ӯ дар арсаи ҷаҳонӣ Эмомалӣ Раҳмонро Пешвои маҳбуби миллат ва лидери барҷастаи сатҳи ҷаҳонии асри ХХ1 табдил додааст, ки мояи ғурур ва ифтихори ҳар як тоҷик ва тоҷикистонист.

Бошад, ки дар партави хуршеди Истиқлоли давлатӣ бо роҳнамоии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фазои сулҳу ваҳдат, созандагиву бунёдкорӣ дар кишвар пойдор бимонад.

Қурбонмуродова О.М.
Муовини сардори раёсати таҳлили
масъалаҳои макроиқтисодии
Маркази тадқиқоти стратегии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед