Ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ ба ҳар миллат, яке аз воқеаҳои муҳимӣ таърихӣ ба шумор меравад. Танҳо бо шарофати Истиқлоли давлатӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол дар арсаи ҷаҳон аз ҷониби 192 кишвар шинохта шуд. Дар масири таърих миллати тоҷикро борҳо хатарҳои парокандагию нобудшавӣ таҳдид карда буд, аммо бештар аз ҳазор солаҳо ҳувият, фарҳанг ва забони миллии худро аз маҳвшавию парокандагӣ наҷот дода тавонист.

Мушкилтарин лаҳзаҳои рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ аз он оғоз гардид, ки бадхоҳони дохилию хориҷии баъзе мамлакатҳои абарқудрат тавонистанд бо дахолату маблағгузорӣ падидаҳои номатлуби ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароро бо баҳонаи риояи аслҳои демократӣ, ба кишварамон ворид намуда, дастгирию истифода намоянд.

Ин гурӯҳҳои алоҳидаи тахрибкор тавонистанд бо андешаҳои тундгароёна такя ба пояҳои дини ислом бо омезиши омилҳои манфии маҳалгароӣ, мансабхоҳӣ ва таблиғи ақидаҳои зиддикоммунистӣ миллати тоҷикро ба вартаи ҷанги шаҳрвандӣ майдоннишиниҳо, задухӯрдҳо, хунрезиҳо оварда расонанд. Аз қадами нопоки ин гурӯҳҳои тундраву ифротгаро мардуми тоҷик аз бетаҷрибагӣ ва сустиродагию бесалоҳиятии мақомоти роҳбарикунандаи онвақта, солҳои зиёд таҳти таъсири ин падидаҳои номатлуб монда, доғи ғарибӣ, талафоти зиёди ҷонию молӣ ва харобиҳои гарони иқтисодии зиёдеро бо чашми худ диданд.

Ёдовар мегардад, ки баъди ба даст овардани Истиқлоли комили давлатӣ аз собиқ Иттиҳоди Шуравӣ ба Тоҷикистони соҳибистиқлол на Артиш ва на ягон заминаи моддию техникӣ барои таъсиси артиш муяссар нагардид. Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсиси Артиши миллӣ ва бунёди Қувваҳои Мусаллаҳ ва дигар ҷузъу томҳои худро аз сифр, дар як ҷойи холӣ ва бе ягон заминаи моддию техникӣ оғоз кардааст, ки яке аз рукнҳои Истиқлоли комили давлатдорӣ ин доштани Артиши миллӣ ҷузъу том ва сохторҳои низомии он ба ҳисоб меравад.

Барои дарки ин марҳалаи фаромушнашаванда, ҳар як шаҳрванди кишвар бояд донад, ки бо шарофати баргузории Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабули қонуну санадҳои меъёрии тақдирсоз дар мамлакат заминаҳое ба вуҷуд омаданд, ки онҳо ба поягузории бевоситаи давлатдории ояндаи Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаҳои мустаҳкам гузошта, мақому нуфузи онро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ карда тавонад.

Яке аз дастовардҳои бузурги усулӣ ва муҳимму таърихии ин Иҷлосия интихоби роҳбари олии сиёсии кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Дар он вазъи идоранашаванда, Иҷлосия 23 масъалаи муҳим дар бахши ба эътидол овардани вазъи ҷумҳуриро мавриди муҳокима қарор дода, беш аз 74 санади ҳуқуқӣ, аз ҷумла 15 қонун, 52 қарор, 6 фармону изҳорот қабул карда шуд, ки дар фаъолияти минбаъдаи қонунгузории давраи навини Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон заминаҳои тақдирсози бунёдӣ гузоштанд.

Агар дар маҷмуъ, дастовардҳои кишварро тайи 30 соли охир дар таҳкими Истиқлоли давлатӣ, таъсису бунёди Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳогузорӣ намоем, мустақиман ба фаъолияти созандагию бунёдкории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мансуб мебошанд.

Ҷонфидоиҳои ӯ дар масири таърихи тайкарда таъсису рушди сохтори Қувваҳои Мусаллаҳ ва ҷузъу томҳои мамлакат, таҳкиму барқарорсозии сохти конститутсионӣ, ҷорӣ намудани тартибу низом, аз нав таъсис додани фаъолияти сохторҳои низомию қудратӣ, таъмини амнияту суботи сартосарии кишвар, волоияти қонун нақши калидиро асос гузоштааст.

Маҳз ба Сарфармондеҳи Олии Артиши миллӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муяйссар гардид, ки тамоми таҷрибаи таърихию байналмилалӣ ва зарфияти ҳуқуқию сиёсии роҳбариро истифода намуда, ин тарзи давлатдориро ба модели шиори наҷоти миллӣ табдил диҳад, ки нишонаи дурустии интихоби ин фарзанди фарзонаи миллатро дар ҳаёти имрӯза исбот менамояд, ки ба ин ҳадаф расидан аҳду паймони ягонагӣ, яктану як рӯ доштан ва ҷасорату мардонагии онро тасдиқ менамояд.

Албатта комёбиҳои миллат ва кишвари мо давоми 31 сол таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле зиёданд, вале фақат дарк, муқоиса ва ҷаъмбасти дастовардҳои усулӣ ва бунёдиро дар самти дифои кишвар овардан кофист, то дарк шавад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбари ҷонфидо ва пурталоши он чӣ роҳи мушкилеро тай карда ва чӣ дастовардҳои азимеро баҳри таъмини амнияту суботи кишвар ва шинохти он дар арсаи байналмилалӣ ноил шудан асос гузоштааст. Танҳо дарки ҳамин дастовардҳои дифоӣ нишон медиҳанд, ки Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мардум ва давлати Тоҷикистон чӣ хидматҳои бунёдии арзишманде кардааст. Мухтасар танҳо якчанд дастоварди бунёдии онро пешкаши хонандагон мегардонем.

Дастовардҳои бунёдӣ дар самти дифоии кишвар:

1.Наҷоти давлатдории миллии тоҷикон

Дастоварди асосии давлат ва мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин аст, ки бо тадбир ва талошҳои пайгиронаи ӯ давлатдории миллии тоҷикон аз вартаи нобудӣ наҷот ёфт. Ин масъала муҳимтарин ва усулитарин дастоварди таърихи муосири мост, зеро бе доштани давлати миллӣ истиқлоли комили худ тамоми орзую омоли таърихии миллат ва тамоми ҳадафу барномаҳои насли имрӯзу фардои он маънои худро аз даст медод, зеро бо амри такдир баъди ҳазор сол таърих барои халқи тоҷик муъҷизаеро фароҳам овард, ки бо номи худ давлати миллӣ дошта бошад.

Дар он лаҳзаи ҳассоси таърихӣ барномаи роҳбарияти Ҷумҳурии Тоҷикистон фақат ба масъалаи роҳҳои хомӯш кардани оташи ҷанг, наҷот додани давлат аз нобудӣ ва аз парокандагӣ равона гардида буд.

2.Ҳифзи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари ягона.

Талошу амалҳои ҷавонмардонаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гашт, ки бо талошу меҳнатҳои шабонарӯзи тамомияти арзӣ, яъне ягонагии сарзамини Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари ягонаи соҳибистиқлоли мустақил ҳифз карда шавад. Бо шарофати иродаи қавии Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон хатари воқеии парокандагии Тоҷикистони ягона бартараф гардид, ягонагии марзу буми кишвар таъмин карда шуд. Амалӣ шудани ин дастовард, номи ӯро дар таърихи давлатдории миллии тоҷикон ҳамчун наҷотбахши давлат ва мушарраф гардидан ба унвони олии “Пешвои миллат” ҷовидона гардонид.

  1. Барқарор намудани низом ва аркони давлатдорӣ

Ба Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муяссар гардид, ки дар як муддати аз нуктаи назари таърихӣ бисёр кӯтоҳ низоми мукаммал ва муосири давлатдориро давра ба давра барқарору устувор намуда, аркони давлатдории миллӣ ва ниҳодҳои асосии рукни давлатдории миллиро эҳё намояд. Дар он рӯзҳои ҳассос натанҳо мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ, балки дар аксари минтақаҳо мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳаллӣ низ пурра фалаҷ гардида буданд, ки барқарорсозии онҳо заҳматҳои зиёдеро талаб мекард. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кӯтоҳтарин марҳала тавонист, ки мақомоти конститутсионии давлатдориро барқарор карда, ниҳодҳои фалаҷшударо аз нав эҳё намояд. Тоҷикистони соҳибистиқлол соҳиби сохтори мукаммали давлатдорӣ, ҳукумати коршоям, парлумони ду палатагии касбӣ, Артиши миллӣ, ниҳодҳои босалоҳияти қудратию амниятӣ ва дигар аркону ниҳодҳои зарурии давлатдории худ гардад.

Дар сатҳи муосир эҳё ва барқарор намудани системаи мукаммали давлатдории тоҷикон яке аз дастовардҳои бунёдии дигари ӯ барои давлату миллати тоҷик ба шумор меравад. Чандин санадҳои меъёрию ҳуқуқии танзимкунанда дар самти таъсису фаъолияти Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои низомӣ қабул ва мавриди амал қарор гирифтанд. Мисол:

Қонунҳо: Дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18-уми декабри соли 1992, таҳти №3, ки заминаи ҳуқуқии ташкили Артиши миллиро фароҳам овард. Моҳи июни соли 1993 қонунҳои зерин: “Дар бораи мудофиа”, “Доктринаи ҳарбӣ”, “Дар бораи сохтори Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон”,“Дар бораи ӯҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ”, “Оиномаҳои сафороӣ”, “Дар бораи таъсиси Қӯшунҳои зудамал”, “Дар бораи таъсиси Қӯшунҳои ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ”, “Дар бораи статус, кафолати ҳифзи иҷтимоию ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбӣ ва аъзои оилаи онҳо”, “Консепсияи корҳои тарбиявӣ дар ҚМ ҶТ” ва ғайра ба тавсиб расида, мавриди иҷро қарор гирифтанд.

Қабули санадҳои муҳимми ҳуқуқӣ баҳри пешгирӣ ва ҳалли баъзе мушкилоти дохилии кишвар.

–Моҳи декабри соли 1994 фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ихтиёран супоридан ва мусодира кардани силоҳи оташфишон, лавозимоти ҷангӣ ва техникаи ҳарбӣ аз аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи чораҳои таъхирнопазири минбаъд беҳтар намудани фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ, амният ва Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба имзо расиданд.

–24 июли 1998 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тадбирҳои таъхирнопазири таҳкими қонуният, тадбирҳои ҳуқуқӣ, баланд бардоштани интизоми ҳарбӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳ ва дигар воҳидҳои ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба тавсиб расида, мавриди амал қарор гирифт.

–Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сохторҳои мақомоти қудратӣ: Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Гвардияи миллӣ ва дигар ниҳодҳои низомӣ, тибқи муқаррароти Конститутсия аз нав таъсис ва мукаммал гардонида шуда, ба фаъолият шуруъ намуданд.

–Баҳри ҳимояи сарҳади давлатӣ Раёсати Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсису мукаммал гардида, соли 2000–ум пурра масъулияти ҳимояи ҳифзи сарҳади давлатии кишварро ба зиммаи худ гирифтанд, ва Истиқлоли комили Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намуданд.

  1. Барқарории сулҳ ва ваҳдати миллӣ

Бо ҷасорату иродаи қатъии Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистонро аз вартаи ҷанги дохилӣ раҳо гардонида, дар асоси ба фаъолияту амалӣ намудани қонунҳои танзимкунанда мардуми кишварро ба Ваҳдати миллӣ расонид. Тибқи маълумот дар маҷмуъ, барои амалӣ намудани ҳадафҳои сулҳ 9 даври гуфтушунид, 6 мулоқоти сарон ва 21 маротиба музокирот анҷом дода шуд, ки дар натиҷа 40 санади тақдирсози миллат ба имзо расонида шуд. Ҳамзамон, баҳри расидан ба мувофиқаю якдигарбахшӣ беш аз 11 маротиба Қонуни афв ба тавсиб расонида шуд. Ҳамаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии баимзорасида хусусияти таъмини амниятӣ дошта, масъалаҳои алоҳидаи сохтори ташкили неруи мудофиавии кишварро низ дар бар гирифта, ба муқовимати тарафҳои мухолиф ва низоъҳо хотима бахшид.

Дар ин раванд роҳбарияти Ҳукумати кишвар дастаҷамъона тавонист, ки ҳудуди як миллион гурезаро ба хонаю ҷойи муқимии зисташон баргардонад, даҳҳо ҳазор манзили вайроншударо барқарор созад, ҳазорон макони ҷамъиятӣ ва нуқтаҳои истифодаи умумӣ, мисли мактабу боғчаҳо, муассисаҳои тиббӣ, пулу нақбҳо ва корхонаҳои калони саноатиро аз нав эҳё ва барқарор намояд.

Маҳз аз байн бурдани мухолифат барқарор намудани сулҳ ва ваҳдати миллӣ ба ҳайати сохторҳои ҚМ ҶТ шомил намудани неруҳои мухолифини (ИНОТ) боис гашт, ки Тоҷикистон ҳамчун давлат аз хатари нобудӣ ва тоҷикон ҳамчун миллат аз вартаи маҳвшавӣ раҳоӣ ёбанд. Худи ҳамин чор дастоварди бунёдӣ ҳамчун хидмати беназир кофист, ки Сарвари давлат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун шахси муттаҳидкунандаи миллат ва Пешвои воқеии миллӣ эътироф ва пазируфта шавад.

5.Ҳамкориҳои байналмилалӣ саривақт ба роҳ мондашуда, Вазорати мудофиа ва дигар сохторҳои қудратии кишвар бо Вазоратҳои мудофиаи Русия, Беларус, Қазоқистон, Чин, ИМА, Фаронса, Ҳиндустон, Олмон, ҳамкории ҳарбиро боз ҳам рушду тақвият бахшиданд. Тибқи созишномаи ҳамкориҳои ҳарбӣ ҳамасола зиёда аз садҳо мутахассисони донишгоҳҳои кишвар барои таҳсил ва такмили ихтисос ба Русия, Қазоқистон,Ҷин ва Ҳиндустон ва ғайра фиристода мешаванд. Артиши миллии мо аз номбардорону шахсиятҳо ва ахлоқи ҷавонмардии ниёгонаш огаҳии амиқ пайдо карда, сафҳои худро имрӯз низ аз ҳисоби ҷавонони далеру шоистаи корзор ва мутахассисони варзида, мукаммалу муттаҳид сохтааст.

Аз соли 2005 то соли 2022 бо иштироки гурӯҳҳои фаврии зудамали мамлакатҳои узви Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ (СААД), Созмони Ҳамкории Шанхай (САҲШ) дар кишварҳои узв якчанд машқҳои муштараки ситодию фармондеҳӣ таҳти унвонҳои гуногун (Ҳамкорӣ–2022, Ҷустуҷӯӣ, Эшолон –2022) ва ғайра баргузор гардиданд, ки таҷрибаи ҳарбӣ ва омодагии дифоии Қувваҳои Мусаллаҳи кишварҳои аъзоро мукаммал намуданд.

Мақсади машқҳои ситодии номбурда ба таҳияи вазифаҳои истифодаи неру ва воситаҳои низомиву амнияти дастаҷамъии СААД дар минтақаи Осиёи Марказӣ доир ба таъмини амнияти минтақавӣ равона гардида буд. Дар рафти чорабиниҳои амалӣ масъалаҳои таълимӣ ва вазифаҳои муштаракӣ, пурра намудани захираҳои моддӣ ва техникӣ, таҳияи тактикаи мубориза бо унсурҳои терроризму ифротгароӣ, сохторҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ: аз ҷумла, андешидани тадбирҳои махсус доир ба рафъи дастаҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ дар маҳалаҳои аҳолинишин, ташкили амалиёти воҳидҳои мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва пешгирии таъминоти интиқоли он ба амал баровардани тадбирҳои рафъи оқибатҳои заҳролудии кимиёвӣ, биологӣ ва корҳои ҷустуҷӯию наҷотдиҳӣ коркард карда шудаанд. Ҳадафи асосии машқҳо баланд бардоштани сатҳи омодагии саҳроӣ ва ҳамоҳангии амалиёти қувваҳо ва воситаҳои низомиву амнияти дастаҷамъи вазифаҳои ҷангиро нишон доданд.

Айни замон, Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи уҳдадориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба бо созмонҳое аз қабили СААД, ИДМ, САҲШ, СММ, Созмони Паймони Атлантикаи Шимолӣ, Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх ва ғайра ҳамкориҳои судмандро ба роҳ монда, як қатор меморандумҳои ҳамкории ҳарбиро ба имзо расонидааст. Мақсади асосӣ баргузории чунин чорабиниҳо муқовимат бар зидди терроризм–экстремизми байналмилалӣ ва дигар зуҳуроти номатлуби барои ҷомеа хатарнок ва дар маҷмуъ таъмини амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбанд.

Имрӯзҳо низ вобаста ба вазъи мураккаб ва ҳассоси ҷаҳони муосир –авзои шаддиди геополитикии сайёра, афзоиши таҳдиду хатарҳои минтақавию умумиҷаҳонӣ, пеш аз ҳама, густариш ёфтани падидаҳои хатарноки терроризм, экстремизм, муомилоти ѓайриқонунии маводи мухаддир ва ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ дар назди ҳайати шахсиии тамоми мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ вазифаҳои ниҳоят муҳим гузоштааст, ки иҷрои онҳо, пеш аз ҳама, зиракии сиёсӣ, хизмати ҳушёронаи шабонарӯзӣ, фидокорӣ ва мутобиқсозии оқилонаву муассири фаъолияти неруҳои дифоии мамлакатро тақозо мекунад.

Вобаста ба ин вазъи ҷойдошта, таваҷҷуҳи асосии Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар ва доимо барои дар сатҳи баланди омодагӣ нигоҳ доштани ҳамаи ҷузъу томҳои низомӣ равона карда шудааст. Ёдовар менамоем, ки танҳо дар ду соли охир беш аз панҷ маротиба омодагии ҳудудӣ ва дохилии ҷузъу томҳои кишвар бо иштироки бевоситаи Сарвари давлат санҷидаю баҳогузорӣ гардид.

Баланд бардоштани самаранокии фаъолияти хадамоти идоракунанда, дараҷаи омодагии касбии ҳайати шахсӣ, таҳия намудани нақшаҳои оперативӣ дар самтҳои хатарнок, ҷорӣ кардани усулҳои нави истифодаи қӯшунҳо ҳангоми ташкил ва баргузории амалиёти муштараки сохторҳои низомии мамлакат бо неруҳои ҳарбии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷаъмӣ, Созмони Ҳамкории Шанхай таҳким ёфтани тайёрии мудофиавии кишвар мусоидат намуданд, ки дар чандин амалиёти ҳамкории мубориза алайҳи таҳдидҳои муосир машқҳои омодабошии ҳудудӣ низ гузаронида шуданд.

Гузаронидани машқҳои муштарак бо иштироки ҷузъу томҳои Вазоратҳои мудофиа, Қӯшунҳои сарҳадӣ ва Гвардияи миллӣ, Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ, сафарбарии қувваҳои захиравӣ дар минтақаҳои гуногуни кишвар аз ҷумлаи чорабиниҳои муҳимме буданд, ки ба болоравии маҳорату малакаи ҷангии Қувваҳои Мусаллаҳ ва таҳкими ҳамоҳангсозии фаъолияти онҳо мусоидат намуд.

Хулоса. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри таъмини амнияту суботи кишвар, баланд бардоштани иқтидори мудофиавии кишвар таъмини Қувваҳои Мусаллаҳ ва дигар ҷузъу томи низомӣ ва сохторҳои қудратӣ бо техникаю лавозимоти зарурӣ омодагии дифоии онҳо тамоми чораҳои заруриро андешида истодааст.

Якчанд дастоварди дар боло зикршуда далели воқеию раднопазир ва шаҳодати он аст, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун шахсияти дорои хусусиятҳои баланди фармондеҳӣ ҳадафу вазифаҳои гузошташудаашро давра ба давра амалӣ намуданд.

Дар охир, вобаста ба мавзӯи баррасишаванда мехостам чакомаҳои навиштаи ҷовидонаи Абулқосими Фирдавсиро иқтибос оварам, ки чунин навиштаанд:

Нигаҳ кун бад-ин лашкари номдор –
Ҷавонони шоистаи корзор.
Зи баҳри бару буму пайванди хеш,
Зану кӯдаку хурду фарзанди хеш,
Ҳама сар ба сар тан ба куштан диҳем,
Аз он беҳ, ки кишвар ба душман диҳем!

Сиюмин солгарди рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ҳамаи собиқадорону хизматчиёни ҳарбӣ табрику муборакбод гуфта, парвариши эҳсоси баланди ватандӯстиро дар қалбҳояшон тавассути иҷрои дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат, тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон, омӯзиши санъати ҳарбӣ, машғул шудан ба машқу тамринҳои варзишӣ ва пайравӣ аз ахлоқи ҳамидаи ниёгонамон таманно менамоем!

Саидхоҷа Акбаров,
сармутахассиси Раёсати
омӯзиши масъалаҳои амнияти минтақавии
Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед