ДУШАНБЕ, 22.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронси илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «25 соли Ваҳдат ва суботи умумимиллӣ: дастовардҳо ва дурнамо» баргузор гардид, ки дар он намояндагони вазорату идораҳои дахлдори давлатӣ, олимону коршиносони ватанӣ иштирок намуданд.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ҳамоиши мазкур бахшида ба 25 солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ баргузор шуда, ҳадаф аз баргузории он арзёбии дастовардҳои кишвар дар зарфи чаҳоряк асри субботу оромӣ дар мамлакат ва дурнамои таҳкими сулҳу амният дар Тоҷикистон иборат мебошад.

Директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода зикр намуд, ки ҳар миллат дар таърихи худ рӯйдодҳо ва санаҳои муҳиме дорад ва аз онҳо дарсҳое барои ояндаи худ мегирад.

«Бо ташаббус ва ҳидояти Сарвари давлати Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 25 сол муқаддам 27 июни соли 1997 Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид, ки кафили пойдории сулҳу ваҳдат дар Тоҷикистон гардид. Ваҳдат, пеш аз ҳама, ба инсонҳо умед мебахшад ва онҳоро ба оянда дилгарм месозад, ки ин заминасозӣ талоши ҳамагонӣ баҳри ободии диёр ва фардои беҳтар аст», — баён дошт Х.Усмонзода.

Зикр гардид, ки талошҳои пайгиронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз минбари Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Тоҷикистон сарчашма гирифта буд, то ба имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ расиданд ва натиҷаи ин заҳматҳоро мо имрӯзҳо дар мисоли пешрафтҳои беназири кишвар дар ҳамаи самтҳои рушди давлатдорӣ мебинем ва аз он баҳравар мешавем.

Ба гуфтаи Хайриддин Усмонзода, ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон марҳалаи наверо дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ, маънавию фарҳангии мамлакат ва дар умум рушди давлатдории миллӣ оғоз бахшид.

«Маҳз ваҳдати миллӣ нақшаи душманони миллати тоҷикро, ки мехостанд бо дасти зархаридону хоинон фарҳангу мазҳаби бегонаро ба сари мардуми кишвар ба таври иҷборӣ таҳмил намуда, низоми осоиштаи давлатдориро тағйир диҳанд, барбод дод ва заминаи тамоми таҳаввулоти нави давлатӣ дар Тоҷикистон шуд. Дар ин радиф,  нақши Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бисёр муҳим ва тақдирсоз мебошад. Имсол, ки 25-солагии Рўзи Ваҳдати миллӣ ва 30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳам иттифоқ афтодаанд, хеле рамзӣ ва мантиқӣ мебошад. Зеро маҳз Иҷлосияи мазкур як нуқтаи гардиши куллӣ дар ҳаёти сиёсии мамлакат, сароғози таърихи навтарини даврони истиқлол, расидан ба сулҳу субот гардид»,- афзуд Х.Усмонзода.

Дар ҳамоиш муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Парвиз Муҳаммадзода маҷмӯаи «Сулҳу амният дар суханрониҳои Асогузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон»-ро рӯйнамоӣ намуд.  Парвиз Муҳаммадзода  тазаккур дод, ки дар ин маҷмӯа суханҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавзӯи сулҳ ва амнияти миллӣ гирдоварӣ шудааст. Маҷмӯа ба ифтихори ҷашни 25-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва 30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  таҳия гардидааст.

Парвиз Муҳаммадзод 25 соли Ваҳдати миллиро  25 сол эҳёи миллӣ, баҳамоиву сулҳу суббот ва оромӣ ва 25 қадами устувор дар роҳи эъмори ҷомеаи озоду демкоратӣ арзёбӣ намуд, ки дар таърихи навини давлати тоҷикон  бо ҳарфҳои зарин сабт мегардад.

Зикр  гардид, ки Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Тоҷикистон рӯйдоди воқеан таърихӣ мебошад, зеро маҳз дар ҳамин иҷлосия тақдири ояндаи давлати миллии тоҷикон тарҳрезӣ гардид ва ба сўйи ҳадафҳои бузурги умумимиллӣ – сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ қадами нахустин гузошта шуд.

Дар чорабинӣ Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Рудобаи Мукаррам вобаста ба «Нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими Ваҳдати миллӣ» ибрози андеша намуда, гуфт, ки  «ваҳдати миллӣ ягонагии тамоми қишрҳо, ниҳодҳо ва неруҳоеро дар назар дорад, ки дар ҳудуди зисти ин ё он миллат фаъолият менамоянд. Ҳақиқатан ваҳдати миллӣ шукуфоии Ватан аст, зеро дар давлате, ки сулҳу амонӣ ва дӯстӣ ҳукмфармост, он давлат ба мисли гулҳои баҳорӣ рӯз то рӯз шукуфта, иқтисодиёташ дараҷа ба дараҷа боло шуда, аз ҷиҳати фарҳангӣ ва сиёсӣ пеш меравад».

Зикр гардид, ки ташаккули сулҳу ваҳдат, худшиносии миллӣ, ифтихори ватандорӣ ва шаъну шарафи шаҳрвандии тоҷикон яке аз заминаҳои мустаҳками давлатдории миллӣ ва сулҳу ваҳдати миллӣ дар кишвар воситаи боэътимоди рушди давлати демократӣ мебошад.

Хайриддин Усмонзода дар интиҳои чорабинӣ иброз намуд, ки вазифаи пуршарафи насли имрȳзаи мардуми Тоҷикистон, хусусан ҷавонон  аз он иборат аст, ки пойдевори истиқлоли давлатӣ ва ваҳдати миллии давлаташро мустаҳкам намуда, ин дастовардҳоро бо ҷону тан ҳифз намоянд. Ваҳдати миллӣ ҳадяи бебаҳои таърих буда, устувору пойдор нигоҳ доштани он барои наслҳои имрȳза ва оянда  ҳам фарз ва қарз аст.

khovar.tj

Чоп кунед