Тибқи муқаррароти моддаи 3-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ аст».
Парчами давлатӣ тамоми сокинони кишварро ба ифтихор аз давлату давлатдорӣ, таҳкими истиқлолияти миллӣ, ҳифзи дастовардҳои он ва пеш аз ҳама, ваҳдати миллӣ ва саъйу талоши пайваста ба хотири ободии сарзамини аҷдодӣ раҳнамун месозад.
Бояд қайд намуд, ки қабули Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таърихи худро дорад. Парчами нави давлатии Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон дар сессия Шурои Олӣ 24-ноябри соли 1992 тасдиқ карда шудааст.
Барои таҳияву пешниҳод намудан ва қабули рамзҳои нави Тоҷикистони соҳибистиқлол муддати ду сол қувваҳои эҷодиву ҷустуҷуӣ сарф шудааст. Аввалҳои соли 1990 аз ҷониби Шурои Олии Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон барои таҳия намудани рамзҳои нави давлатӣ, озмун эълон карда шуд ва дар ин озмун тахминан 250 нафар ширкат варзиданд.
Вобаста ба таҳия намудани рамзҳои нави давлати комиссияи махсус ташкил карда шуд, ки сарварии ин комиссияро президенти ҳамонвақтаи Акадамеяи илмҳои Тоҷикистон академик Муҳаммад Осимӣ ба ӯҳда доштанд. Аз муалифон ва коллективҳои эчодии тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ зиёда аз дусад адад пешниҳодҳо вобаста ба лоиҳаи рамзҳои нави давлатӣ ворид гардида буд.
Вобаста ба таҳияи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин аз тарафи Донишкадаи таърих, Донишкадаи астрофизика ва кумитаи Ҷумҳуриявӣ оид ба терминология лоиҳаҳои рамзҳои давлатии Тоҷикистон пешниҳод карда шуда буданд. Дар охири озумн аз байни санъатшиносон ва рассомон вобаста ба таҳияи рамзҳои давлати гурӯҳ интихоб карда шуд, ки аз он ҷумла рассоми халқии Тоҷикистон Зуҳур Ҳабибуллоев-роҳбар ва лоиҳакаш, Лариса Додхудоева-рассом ва санъатшинос номзади илмҳои санъатшиносӣ, Анатолий Заневсий – президенти иттифоқи дизайнерҳои Тоҷикистон ва Ирина Игнатушина- санъатшинос ходими хизматнишондодаи санъати Тоҷикистон шомил буданд.
Аз тарафи муаллифон лоиҳаи Парчами давлатӣ, ҳамчун матои росткунҷаи се рахаи рангаи уфуқӣ, иборат аз ранги сурх, сафед ва сабз пешниҳод шуд, ки рахи ранги сафед якуним баробари рахҳои ранги сурх ва сабзро ташкил мекард ва бари матоъ бошад якуним баробари дарозии онро ташкил мекард.
Дар аввал ба сифати ангораҳои асоси муаллифон дар Парчами давлатӣ нақши шер, тоҷ ва ситораҳоро нақшнигорӣ намуданд. Нақши шер аз анъанаҳои форсу-тоҷик сарчашма гирифта ҳамчун рамзи боақлӣ, ҷасурӣ ва адолатро ифода менамуд.
Баъд аз ин гурӯҳи корӣ дар Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷои нақши шер нақши тоҷ ва ҳафт ситораро чой намуданд.
Қайд кардан зарур аст, ки нақши тоҷ, ки дар Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷой дода шуд, ин рамзи давлатдории халқи тоҷдори тоҷик, яъне тоҷ таҷассумгари муттаҳидсозии давлату миллатро ифода менамояд. Дар баробари нақши тоҷ дар Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши ҳафт ситора дар қисми болои тоҷ дар шакли нимдоира ҷой карда шуд, ки ифодагари рақами хафт ҳамчун рақами муқаддас ва оварандаи хушбахтӣ маънидод карда шуд.
Дар аввал ба ақидаи муалифони Парчами давлатӣ, ҳафт ситора ҳамчун ифодагари ҳафт шоири барҷастаи форсу тоҷик маънидод шуда буд.
Ҳоло бошад ҳафт ситора, ин ифодагари ҳафт минтақаи таърихию мадании кишвари азизамон Тоҷикистон мебошад, яъне Суғд, Зарафшон, Ҳисор, Рашт, Вахш, Хатлон ва Бадахшон.
Дар давраи кори комиссия оид ба пешниҳоди лоиҳаи рамзҳои давлатӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон 9-сентябри соли 1991 соҳибистиқлолии худро ба даст овард, ки муаллифон бо дарназардошти ташкилшавии давлати навини тоҷикон ва ба даст овардани истиқлолият, арзишҳои миллӣ таърихию фарҳангии халқамонро ба назар гирифта, ранги сурхро, ки дар Парчами давлатӣ ҷой дода шудааст ҳамчун ифодагари – мубориза ва ҷоннисориҳои халқ дар роҳи озодӣ ва истиқлолият, ранги сафед- бахту иқболи сафед, нияти неки халқамон ва ранги сабз – саъю кӯшиш ва заҳмату меҳнати халқ, ки аз он кишварамон сабзу хуррам мешавад маънидод карда шуд.
Дар таърихи 24-ноябри соли 1992 гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи рамзҳои нави давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон, ба сессияи 16-уми Шурои Олии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Парчами нави давлатиро ба муҳокимаи вакилони халқ пешниҳод намуданд.
Ҳамон лоиҳаи Парчами давлатӣ, ки таҷҷасумгари таърих, фарҳанг ва арзишҳои миллии халқамон мебошад ва имрӯз мо онҳоро дар Парчами давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебинем, дар сессия 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд бо сарварии раиси нав интихобгардидаи Шӯрои Олии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷониби вакилони халқ якдилона барои қабул намудани он ҳамчун Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон овоз дода шуд.
Рӯзи дигар, яъне 25-ноябри соли 1992 рамзи нави давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон – Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба толори Шӯрои Олӣ ворид карда шуд ва аввалин маротиба раиси тозаинтихоби ҳамонвақтаи Шӯрои Олии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди Парчами давлати сари таъзим фуруд оварда қасам ёд намуд.
Бояд қайд намуд, ки баъди ин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар болои бинои қасри «Арбоб» дар шаҳри Хуҷанд, ки дар он ҷо сессия таърихии 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон баргузор гардида буд, барафрохта шуд.
Эҳтироми арзишҳои миллӣ, аз ҷумла Конститутсия, Нишон, Парчам ва Суруди миллӣ ҳамчун ифодагари ифтихори миллӣ, пойдории давлат ва арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию таърихӣ ба ҳисоб меравад.
Вазифаи мо насли имрӯзаи миллат, барои дар рӯҳияи эҳтиром доштану рӯ овардан ба арзишҳои миллӣ ва арҷ гузоштан ба онҳо, тарбия намудани ҷавонону наврасони миллатамон мебошад.
Бояд қайд намоям, ки вобаста ба тартиби истифодабарии Парчами давлатии Тоҷикистон 11-декабри соли 1992 «Низоманома дар бораи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва 12-майи соли 2007-ум Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шуд.
Президенти мамлакат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади эҳтиром ва қадршиносӣ инчунин садоқат ба яке аз рамзҳои асосии давлат – Парчами Тоҷикистон, бо фармони худ аз 20-уми ноябри соли 2009 рузи 24-уми ноябрро рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон доштанд ва бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузории худ лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонун «Дар бораи рӯзҳои ид»-ро ба парлумони ҷумҳурӣ пешниҳод намуданд.
Боиси хушҳолист, ки бо қабули Қонуни мазкур ҳар сол 24 ноябр ҳамчун Рӯзи иди Парчами давлатӣ бо ифтихору сарбаландӣ аз давлату давлатдории миллати тамаддунсози худ ҷашн гирифта мешавад.
Ба хотири мақому манзаллати Парчам дар рукни давлатдорӣ Сарвари давлат ғояи бунёди манораи бузурги Парчамро пешниҳод намуданд, ки аз тарафи умум ҷонибдории комил ёфт. Дар дуюмин солгарди рӯзи Парчами давлатии Тоҷикистон маросими бунёди манораи бузурги Парчам оғоз гардида, дар давоми як сол ба анҷом расид. Дар бунёди он бинокорони корхонаи «Алюминсохтумон» ва ширкати байналмиллали «Трайдент Саппот» заҳмати зиёд кашида, санъати баланди касбӣ нишон доданд. Натиҷаи ҳамин буд, ки 30-юми августи соли 2011-ум дар маркази ш. Душанбе Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пояи 165м., ки баландтарин дар ҷахон аст, парафшон гардид. Баландии худи Парчам 30м ва дарозии он 60м мебошад.