ДУШАНБЕ, 15.06.2021/АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан хабар додем, имрӯз  ба таъсиси Созмони ҳамкории Шанхай расо 20 сол пур шуд. Маҳз дар ҳамин рӯз15 июни соли 2001 дар мулоқоти сарони давлатҳои Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Россия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон баёния дар бораи таъсиси СҲШ имзо карда шуд.

Имсол СҲШ 20-сола шуд. Дар ин соли ҷашнӣ раёсатро дар ин Созмони бонуфуз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба уҳда дорад. 16-17 сентябр дар Душанбе саммити навбатии СҲШ баргузор мегардад.

Ба ин муносибат мақолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯрои сарони давлатҳои Созмони ҳамкории Шанхай муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро  пешниҳоди хонандагон менамоем. 

 20 СОЛИ СҲШ: ҲАМКОРӢ БАҲРИ СУБОТ ВА ШУКУФОӢ

Эмомалӣ РАҲМОН,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,
Раиси Шӯрои сарони давлатҳои аъзои
Созмони ҳамкории Шанхай дар соли 2021

Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои нахустини ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ бо иттико бар усулҳои сиёсати «дарҳои боз», сулҳҷӯӣ ва беғаразӣ, муносиботи дӯстонаи ҳамкории баробарҳуқуқ ва мутақобилан судмандро бо аксарияти кишварҳои ҷаҳон ва бо як қатор аз онҳо — муносибатҳои шарикии стратегиро барқарор ва минбаъд онҳоро амиқтар намуд. Дар стратегияи байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати ҳамсоягии нек ва ҳамкории ҳамаҷониба бо давлатҳои Осиёи Марказӣ мавқеъи афзалиятнок дорад. Эҷоди фазои эътимод ва амният дар атрофи марзҳои кишвар яке аз ҳадафҳои асосии ин сиёсат аст.

Дар қатори ин, сиёсати хориҷии давлати мо ба таъмини иштироки васеъ ва муассири кишвар дар созмонҳои дахлдори байналмилалӣ ва минтақавӣ нигаронида шудааст. Аз тариқи татбиқи чунин сиёсат, Тоҷикистон дар таъмини амният ва сулҳ, ҳамкориҳои созандаи байналмилалӣ ва муколамаи созанда саҳми муносиби худро мегузорад ва инчунин имконоти ташкилотҳои байналмилалӣ ва минтақавиро ба манфиати таъмини рушди устувори кишвар ва таҳкими мавқеи он дар арсаи байналмилалӣ истифода мебарад.

Имсол Ҷумҳурии Тоҷикистон 30-солагии Истиқлолияти давлатии худро ҷашн мегирад. Дар ин муддати аз рӯи меъёрҳои таърихӣ кӯтоҳ, ҷумҳурии мо бо 179 кишвари ҷаҳон муносиботи комили дипломатӣ барқарор кард ва узви фаъоли созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва минтақавӣ гардид.

Муносиботи шарикиро бо ҷомеаи ҷаҳонӣ дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ танзим намуда, Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкориҳоро бо СММ ва муассисаҳои махсусгардонидашудаи он, СҲШ, СААД, САҲА, ЭКО ва СҲИ, инчунин бо шарикони рушд, муассисаҳои молиявии байналмилалӣ ва минтақавӣ густариш бахшид.

Маълум аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи дипломатияи бисёрҷониба ба рушди робитаҳои судманд дар доираи Созмони Ҳамкории Шанхай (минбаъд — СҲШ / Созмон) таваҷҷуҳи махсус медиҳад. Бесабаб нест, ки дар Консепсияи ҳоло амалкунандаи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон  чунин зикр шудааст: «Иштироки фаъоли Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СҲШ ба таҳкими муносиботи неки ҳамсоягӣ, робитаҳои боэътимод ва дӯстона байни давлатҳои аъзо ва нозирон дар Созмон, инчунин таъмини амният, субот ва рушди устувори иқтисодӣ дар минтақа нигаронида шудааст».

Бинобар ин, Ҷумҳурии Тоҷикистон самтҳои афзалиятноки фаъолияти худро дар доираи Созмони мазкур на танҳо дар соҳаи амният ва ҳамкории мутақобилаи иқтисодӣ, балки дар рушду таҳкими ҳамкориҳои бисёрҷониба дар соҳаи фарҳангию гуманитарӣ низ мебинад.

Тоҷикистон инчунин ҷонибдори ҷалби давлатҳои нозир дар кори  мубориза бо чолишҳо ва таҳдидҳои замони муосир дар доираи СҲШ мебошад.

Бояд қайд кард, ки СҲШ, ки бистсолагии онро мо имсол ҷашн мегирем, аз рӯзи нахустини фаъолияти худ тасдиқ кард, ки он Созмони фаъол ва ниҳоди бонуфузи байналмилалӣ на танҳо дар минтақа, балки дар сатҳи ҷаҳонӣ аст.

Дар тӯли таърихи бистсолаи худ СҲШ ба яке аз созмонҳои бонуфузи байналмилалии намунаи нав, ба сохтори нодири минтақавӣ мубаддал гашт, ки борҳо хусусияти умумибашарии худро дар ҳаллу фасли масоили мубрами ҷаҳонӣ исбот кардааст. Раванди ҳодисот дар давраи ҷаҳонишавӣ ба таври возеҳ нишон дод, ки ягон давлат дар танҳогӣ қодир нест, ки бо чолишҳо ва таҳдидҳои муосир муборизаи самаранок барад. Дар чунин шароит, танҳо иқдомоти мувофиқашуда ва кӯшишҳои муштараки ҳамаи давлатҳо метавонанд муассир бошанд.

Дар зарбулмасали халқӣ омадааст, ки дӯстон дар рӯзҳои душвор шинохта мешаванд. Кишварҳои узви СҲШ дар шароити душвортарини паҳншавии пандемияи COVID-19 ҳамбастагии худро нишон доданд, дар бисёр масъалаҳои мушкил якдигарро дастгирӣ карданд. Ҷаҳон бори дигар итминон ҳосил кард, ки кишварҳои узви Созмон ба арзишҳо ва усулҳои «Рӯҳи Шанхай» содиқанд.

СҲШ барои расидан ба марҳилаи кунунии рушд ва табдил ёфтан ба созмони неруманди байналмилалӣ раванди тӯлонии ташаккулро тай кардааст.

Барои ташкили чунин Созмон, мебоист аз давраи ҳамкории пурсамар ва гуногунҷабҳа убур намуд.

Бо дарназардошти рушди вазъи байналмилалӣ ва афзоиши босуръати таҳдидҳои амниятӣ дар минтақа дар охирҳои солҳои навадуми асри гузашта, дар назди кишварҳои узви Шанхай зарурияти қабули қарори масъулиятнок пеш омад. Бояд дар бораи таъсиси созмони нави такмилёфта ба сифати яке аз афзорҳои муҳими муқовимат бо таҳдидҳо ва чолишҳои нави афзоишёбанда муфофиқа ҳосил мешуд.

Бо дарназардошти вазъи воқеии корҳо, сарварони давлатҳо тасмим гирифтанд, ки ба ташкили таҳдоби дар заминаи “Панҷгонаи Шанхай” таъсис додани  сохтори мукаммалтарро, ки битавонад Чин, Россия ва тамоми кишварҳои Осиёи Марказиро дар созмони воҳиди минтақавӣ муттаҳид кунад, шурӯъ кунанд.

Бо дарназардошти вазифаҳои гузошташуда, комиссияи муштараки байниҳукуматӣ таъсис ёфт ва он кори азими машваратиро анҷом дод.

25 августи соли 1999 дар шаҳри Бишкек ҳамоиши чаҳорумини «Панҷгонаи Шанхай» баргузор шуд. Дар ин ҳамоиш тасмим гирифта шуд, ки ибтикори доир намудани нишасти панҷумини сарварони давлатҳо ба Тоҷикистон вогузор шавад.

Раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар «Панҷгонаи Шанхай» аз моҳи сентябри соли 1999 то июли соли 2000 идома ёфт.

Дар давраи раёсати худ мо корҳои зиёди омодагиро ҷиҳати  баргузор намудани саммити дахлдори «Панҷгонаи Шанхай» анҷом додем ва роҳбарияти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба он даъват шуда буд.

Мулоқоти сарварони давлатҳои “Панҷгони Шанхай”, ки 5 июли соли 2000 дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, рӯйдоди таърихии дорои аҳамияти хос гардид. Дар Душанбе ба «Панҷгонаи Шанхай» номи «Форуми Шанхай» -ро доданд. Маҳз   ҳамин қарори дар Душанбе қабулшуда асоси таъсисёбии  СҲШ  гардид.

Ба ҳамин тартиб, пешниҳод дар бораи табдили “Пнҷгонаи Шанхай” ба созмони байналмилалии минтақавӣ, ки ҳоло бо номи Созмони Ҳамкориҳои Шанхай маъруф аст, дар Тоҷикистон ба миён гузошта шуд. Дар  Эъломияи Душанбе аз соли 2000 -ум ғояҳои бунёдии ҳадафҳо, вазифаҳо ва самтҳои асосии фаъолияти созмони ояндаи бонуфузи минтақавӣ — СҲШ, ки имрӯз дар воқеияти сиёсии ҷаҳонӣ сазовори ҷойгоҳи арзишманд шудааст, гузошта шуда буданд.

Минбаъд, 15 июни соли 2001 дар шаҳри Шанхай мулоқоти сарварони давлатҳо баргузор гардид ва дар он Эъломияи муштарак дар бораи пайвастани Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба “Панҷгонаи Шанхай” қабул карда шуд ва дар асоси таҷрибаи андӯхта дар доираи “Панҷгонаи Шанхай”, Эъломия дар бораи таъсиси СҲШ ба имзо расид.

Баробари ворид шудани башарият ба асри нав  ҷаҳон шоҳиди зуҳури сохтори нави муқтадири байналмилалӣ гардид.

Яке аз иқдомҳои муҳим дар ташаккул ва рушди СҲШ ҷаласаи Шӯрои саррони давлатҳо дар соли 2005 гардид: дар он қарори усулӣ дар бораи додани мақоми нозир дар Созмон ба се давлати бузурги Осиё — Ҳиндустон, Эрон ва Покистон қабул шуд. Пештар аз ин, дар соли 2004, чунин мақом ба Муғулистон дода шуда буд. Тавсеаи ҷуғрофии Созмон сурат гирифт ва ин имкон дод, ки нуфузи байналмилалии он ба таври қобили мулоҳиза афзоиш ёбад.

Баъдтар, дар соли 2007, байни кишварҳои СҲШ Созишнома дар бораи ҳамсоягии дарозмуддат, дӯстӣ ва ҳамкорӣ имзо карда шуд.

Дар соли 2009 дар бораи ба Шри-Ланка ва Белорус додани мақоми шарики муколама қарор қабул карда шуд.

Дар соли 2012 пешвоёни кишварҳои СҲШ Эъломия дар бораи бунёди минтақаи сулҳи дарозмуддат ва шукуфоии якҷояро қабул карданд. Худи ҳамон сол Афғонистон дар СҲШ мақоми нозирро дарёфт кард ва Туркия шарики муколама гардид.

Соли 2014 Ҳиндустон ва Покистон расман дархостҳои худро барои дарёфти узвияти СҲШ пешниҳод намуданд. Ин ба давраи раёсати Тоҷикистон дар СҲШ дар солҳои 2013-2014 рост омад. Маҳз ҳамин давра ба расмияти баррасии масъалаи додани мақоми давлати узви СҲШ такони нав бахшид. Ҳамоиши сарони кишварҳои узв дар шаҳри Душанбе барои таҳияи заминаи ҳуқуқии тартиби додани мақоми давлати узви СҲШ заминаи ҷиддӣ гузошт. Ин тартиб дар ҳамоиши баъдии сарварони давлатҳои аъзо муҳокима ва ба таври ниҳоӣ тасдиқ карда шуд.

Дар соли 2015 роҳбарони кишварҳои СҲШ қарори оғози расмияти ба узвият дар Созмон пазируфтани Ҳиндустон ва Покистонро тасдиқ карданд, инчунин қарорҳо дар бораи додани мақоми нозир ба Белорус дар СҲШ, додани мақоми шарики муколама ба Озарбойҷон, Арманистон, Камбоҷа ва Непал ба имзо расиданд. Ба ҳамин тартиб, СҲШ ба зудӣ аз созмони минтақавии стандартӣ ба созмони бузурги байналмилалӣ табдил ёфт. Чунин тавсеаи босуръати Созмон дар тӯли ду даҳсола, ҳам аз ҷиҳати сохтор ва ҳам аз ҷиҳати самтҳои фаъолият, дақиқии муайян кардани ҳадафҳо ва ниятҳои неки СҲШ-ро нишон медиҳад.

Дар нишасти Созмони Ҳамкории Шанхай дар Остона дар моҳи июни соли 2017 ин раванд натиҷаҳои аввалини худро ба бор овард. Ду кишвари бузургтарини минтақа — Ҳиндустон ва Покистон, мақоми узвияти  Созмонро дарёфт намуданд.

Бояд ёдовар шуд, ки ба ақидаи одилонаи аксари коршиносон, чунин созмонҳо дар ҷаҳони муосир ташкилотчиёни асосии муоширати байнидавлатӣ  ҷиҳати ҳаллу фасли мушкилоти байналмилалӣ мебошанд. Аз ҳамон оғози таъсиси СҲШ сохторҳое ташкил шуданд, ки тақозои воқеияти замони муосир буданд. Масалан, бо мувофиқаи тарафайн Котиботи СҲШ ва Кумитаи иҷроияи Сохтори минтақавии зиддитеррористии СҲШ (ММЗТ), ки аз моҳи январи соли 2004 фаъолият мекунанд, ҳамчун мақомот ё сохторҳои доимоамалкунанда муайян карда шуданд. Қароргоҳи  Котиботи СҲШ шаҳри Пекин ва Кумитаи иҷроияи СҲШ — шаҳри Тошканд воқеъ мебошанд.

Дар маҷмӯъ, шароити умумии таъсиси СҲШ ва тамоми марҳилаҳои рушди онро таҳлил ва қайд бояд кард, ки барои зуҳури Созмон дар фазои сиёсии Авруосиё омилҳои зиёди сиёсӣ, таърихӣ ва иқтисодӣ боис гардиданд, ки муҳимтарин онҳо инҳо мебошанд:

— тахриб шудани системаи дуқутба дар муносиботи байналмилалӣ;

— ташаккул ёфтани тартиботи нави ҷаҳонӣ бар асари фурӯпошии собиқ ИҶШС;

— афзоиши чолишҳо ва таҳдидҳои нав, ки дар ҷумлаи онҳо терроризм, экстремизм ва сепаратизм падидаҳои хатарноктарин буданд;

— татбиқи усулҳои тартиботи одилонаи ҷаҳонӣ, ки дар он кӯшиши рушди муштарак бо дарназардошти таҷрибаи муносиботи мутақобила, ки байни кишварҳои минтақа дар доираи «Панҷгонаи Шанхай» ба вуҷуд омадаанд, бартарӣ доранд;

— ҷустуҷӯи муштараки механизмҳои нави самарабахш, ки битавонанд ҳамгироии минтақавии кишварҳоро тақвият бахшанд;

— ташаккули услуби нави ҳамкорӣ дар минтақа, ки дар он самтҳои афзалиятнок таъмини амният, ҳамкории иқтисодӣ ва ҳамкорӣ дар ҳама соҳаҳо мебошанд.

Дар ҳақиқат, дар солҳое, ки СҲШ таъсис гардид, дар ҷаҳон тағйироти назаррас сурат гирифтанд, ки комилан мундариҷа ва самтҳои сиёсати ҷаҳонро дигаргун сохтанд. Бо ҳамин  сабаб, кишварҳои ташаббускори таъсиси ин созмон водор шуданд, ки онро ба воқеиятҳои нави ҷаҳонӣ, ба шароити зуд тағйирёбанда мутобиқ гардонанд ва ҷойгоҳи сазоворро барои он дар арсаи сиёсии ҷаҳонӣ пайдо намоянд. Шароити нав аз созмони байналмилалии минтақавии навтаъсис — СҲШ тақозо кард, ки ба тарзи дигар кор кунанд, дар ҳаллу фасли масъалаҳои мубрами минтақавӣ фаъолтар саҳм гузорад.

Масала чунин ба миён гузошта шуд: Созмон бояд қудрат ва қобилият дошта бошад, ки ҷавобгӯи манфиатҳои кишварҳои узв бошад, ҳамгироӣҳои иқтисодӣ, тиҷорӣ ва фарҳангию гуманитариро дар шароити душвори байналмилалӣ роҳандозӣ кунад.

Фаъолияти минбаъдаи СҲШ нишон дод, ки Созмон на танҳо тавонист ба ҳаллу фасли ин масъалаҳо бомуваффақият шурӯъ кунад, балки ба сохторе табдил ёфт, ки дар фазои сиёсии байналмилалӣ мавқеи мустаҳкам дорад.

Фаъолияти СҲШ на танҳо ба масъалаҳои сиёсӣ, балки ба робитаҳои иқтисодӣ — ин хеле муҳим аст — мутамарказ шудааст. Дар доираи Созмон нақшаҳои ҳамкориҳои дарозмуддати иқтисодӣ байни давлатҳои аъзо қабул карда шуданд, ки ҳадафи онҳо мусоидат ба гардиши озоди молҳо, хидматҳо ва технологияҳо байни ҳамаи давлатҳои узв мебошад. Ҳамкории мутақобилаи кишварҳо дар мубориза бо ҷинояткорӣ, дар соҳаҳои фарҳанг ва маориф, илм ва технологияҳои инноватсионӣ, инчунин дар чунин соҳаҳо, аз қабили тандурустӣ, маҷмааи агросаноатӣ пурзӯртар мешавад.

Фаъолияти бистсолаи СҲШ тасдиқ мекунад, ки ин созмон платформаи арзанда ва бонуфуз барои муҳокима ва ҳаллу фасли мушкилоти мубрами минтақавӣ ва байналмилалӣ мебошад.

Бинобар ин, Тоҷикистон дар фаъолияти он, аз ҷумла дар Барномаи ҳамкории бисёрҷонибаи тиҷоратӣ ва  иқтисодии давлатҳои аъзои СҲШ хеле фаъолона ширкат меварзад, дар татбиқи лоиҳаҳои гуногун ва дар соҳаҳои дигар ҳамкорӣ мекунад.

Дар тӯли бист соли фаъолияти ҳуд дар соҳаи сиёсати байналмилалӣ СҲШ ҳамчун созмони муассир эътироф шуд ва дар ҷаҳони босуръат рушдкунанда эътибори бузург ба даст овард. Эътироф шудани он ба ҳайси нозир дар Ассамблеяи Генералии СММ, ҳамкории самарабахш бо Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва АСЕАН аз афзоиши нуфузи Созмон дар сиёсати ҷаҳонӣ шаҳодат медиҳанд.

Аз тарафи дигар, рушд ва тавсеаи минбаъдаи СҲШ ба бисёр омилҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ вобаста аст. Инҳо, пеш аз ҳама вазъи геополитикӣ дар ҷаҳон, ҳамкорӣ дар масъалаҳои амнияти минтақавӣ ва рушди тиҷоратӣ ва иқтисодӣ мебошад.

Ҷоизи таъкид аст, ки нақши Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчун яке аз муассисони СҲШ, дар раванди ташаккул ва рушди Созмон қобили мулоҳиза аст.

Тоҷикистон солҳои 2008 ва 2014 раёсати Шӯрои сарварони давлатҳо ва солҳои 2006, 2010 ва 2018 раёсати Шӯрои сарварони ҳукуматҳои кишварҳои узви СҲШ -ро ба ӯҳда дошт.

Мо фаъолияти худро дар доираи Созмон густариш ва равобити худро бо аъзои он тақвият хоҳем бахшид, фаъолияти муштараки худро дар доираи СҲШ дар самти мубориза бо чолишҳо ва таҳдидҳои муосир, алахусус терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар зуҳуроти ҷиноии созмонёфтаи фаромиллӣ идома хоҳем дод.

Тоҷикистон чунин мешуморад, ки кишварҳои узви СҲШ бояд на танҳо анъанаҳои ҳамсоягии некро ҳифз кунанд, балки роҳҳои нави муносиби ҳаллу фасли мушкилоти мавҷуда ва ё ба миёнояндаи дорои хусусиёти иҷтимоӣ ва иқтисодиро пайдо кунанд.

То имрӯз кишварҳои мо дар ҳамаи соҳаҳои зикршуда натиҷаҳои мусбӣ ба даст овардаанд, аммо дар ҷаҳони зуд тағйирёбанда мо набояд бо ин иктифо кунем, балки пеш равем ва мушкилоти мубрами дорои хусусияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиро ҳал кунем. Ҳама якҷоя бояд барои таъмини амният дар минтақа ва ҳамзистии осоиштаи ҳамаи кишварҳои ҷаҳон кӯшиш кунанд.

Дар соли 2020 раёсати Созмон аз Федератсияи Россия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқол ёфт. Мутаносибан, ҳамоиши ҷашнии сарварони давлатҳои СҲШ 16-17 сентябри соли 2021 дар Душанбе баргузор хоҳад шуд. Ин басо рамзӣ аст, чунки нахустин қарор дар бораи таъсиси СҲШ маҳз дар пойтахти кишварамон қабул шуда буд.

Мо итминон дорем, ки СҲШ пас аз таҷлили солгарди ҷашнии худ ҳамчун сохтори фаъол, платформаи муассир ҷиҳати мубодилаи афкор, ташаккули мавқеъҳои умумӣ ва мувофиқаи нуқтаи назари гуногун боқӣ хоҳад монд ва инчунин сиёсати худро мутобиқи талаботи замон такмил хоҳад бахшид.

Фаъолияти СҲШ ба принсипҳои асосии стратегияи сиёсати хориҷии давлати мо комилан мувофиқат мекунад. Мо ба таҳкими минбаъдаи нақши он дар ҳаллу фасли вазифаҳои асосии таҳкими сулҳ ва амният, тавсеаи робитаҳои тиҷоратӣ — иқтисодӣ ва фарҳангӣ — гуманитарӣ манфиатдорем.

Дар фарҷом, мехоҳам қайд намоям, ки СҲШ аз оғози таъсиси худ ҷиҳати барқарор намудани муносиботи одилонаи байналмилалӣ кӯшиш мекунад. Бист соли фаъолияти Созмони Ҳамкории Шанхай, ки ба як давраи хеле мураккаби муносибатҳои байналмилалӣ рост омад, нишон дод, ки Созмон дар арсаи сиёсати ҷаҳонӣ ба як неруи воқеӣ табдил ёфтааст.

Кишварҳои узви СҲШ дар ҳаллу фасли масъалаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва амниятӣ ба сатҳи баланди ҳамкорӣ ва эътимод ноил гаштанд. Мулоқотҳои ҳарсола дар сатҳҳои гуногун имкон медиҳанд, ки на танҳо мушкилоти рӯзмарра ҳал карда шаванд, балки дар ҷаҳони зуд тағйирёбанда низ чораҳои зарурӣ андешида шаванд. Ин ҳама нишон медиҳад, ки Созмони ҳамкории Шанхай, ки дар саргаҳи таъсиси он давлати мо низ ҳузур дошт, дар ҳақиқат сохтори хеле ояндадори ҳам миқёси минтақавӣ ва ҳам ҷаҳонӣ мебошад.

khovar.tj

Чоп кунед