ДУШАНБЕ, 27.04.2021. /АМИТ «Ховар»/. Тибқи ахбори манбаъҳои гуногуни олам, тайи 10 соли охир ашъори Ҷалолиддин Румии Балхӣ дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико серхонандатарин ва серхаридортарин эътироф шудаанд. Билхоса баъди он, ки ЮНЕСКО соли 2007-ро бо ибтикори бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Соли Ҷалолиддини Балхии Румӣ эълон кард ва дар он сол 800-солагии Мавлоно дар саросари олам ҷашн гирифта шуд, таваҷҷуҳ дар Амрико ва дигар гӯшаҳои олам ба осори ин шоири тавоно боз ҳам бештар гардид. Феълан кандуков дар шабакаи ҷаҳонии Интернет беш аз 800 ҳазор маводҳо дар бораи шоир ва иқтибосотро аз шеърҳои ӯ танҳо ба забони англисӣ натиҷа медиҳад. Дар саросари ИМА дар фурӯшгоҳҳо китобҳои Ҷалолиддин Румии Балхӣ, тақвимҳо ва ҳатто футболкаҳо бо акси шоир ба намоиш гузошта шудаанд.
Бино ба хабари Тhe Gardian, китоби ашъори шоир бо номи «Ҷавҳари Румӣ» ба забони англисӣ дар тарҷумаи шоир ва донишманди маъруфи Амрико Колман Баркс (Coleman Barks) бо теъдоди беш аз миллион нусха дар ИМА дар кӯтоҳтарин муддат ба фурӯш рафт ва ҳоло, тавре мегӯянд, даст ба даст мегардад.
«Ӯ кист, аз куҷост, ки дар адабиёти олам ин гуна қиёмат барпо кардааст?» — чунин пурсон мешаванд ҳар сари чанд вақт хонандагон, адибон ва ҳатто адабиётшиносону таърихнигорони кишварҳои гуногуни олам дар навиштаҳояшон дар ВАО, ҳарчанд ки ҳасби ҳоли ин шоир ва мутафаккири тавоно кайҳо ба ҳамагон, аз ҷумла ба худи амрикоиён маълум аст.
Дар бастагӣ ба ин мавзуъ дар зер андешаҳои директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илми фалсафа, профессор Хуршед ЗИЁӢ пешниҳод карда мешаванд.
Мутафаккири шинохтаи тоҷик Мавлоно Ҷалолуддин Румии Балхӣ (1207-1273), ки номи пуррааш Муҳаммад ибни Баҳоуддин ибни Ҳусайн ибни Аҳмад ал-Хатиб ибни Собит ибни Масиб ибни Мутаҳҳар ибни Ҳаммод ибни Абдурраҳмон ибни Абӯбакр аст ва одатан бо тахаллусҳои гуногун — Мавлоно, Мавлавӣ, Мавлои Рум, Мавлонои Румӣ, Румии Балхӣ, Мавлавии Маънавӣ, Шамси Табрезӣ, Хомӯш (Хамуш) ва ғайра ёд мешавад, аз зумраи он донишмандонест, ки дар инкишофи илму фарҳанги чи Шарқу чи Ғарб мавқеи назаррасе доранд.
Ин мутафаккирро одатан чун Румӣ, Балхӣ ё худ Балхии Румӣ (дар пайравӣ аз Абдураҳмони Ҷомӣ, ки ӯро дар тазкирааш «Нафаҳот-ул-унс» бо ҳамин ном ёд мекунад) зикр менамоянд. Ин номҳо зоҳиран ба зодгоҳ ва мавзеи фаъолияти ӯ ишора доранд. Ба андешаи мо, бо номи Румӣ ёд кардани ин марди қавиандеша ягон ишколе надорад, зеро ҳаёти ӯ дар Анатолияи Осиёи Сағир (Туркияи муосир), ки он замон Рум хонда мешуд, гузаштааст ва худи мутафаккир низ дар шеъраш хешро ҳамчун Мавлонои Румӣ зикр намудааст. Балхӣ хондани Мавлоно низ ягон ишколе наметавонад дошта бошад, зеро ин шаҳр дар он даврон яке аз марказҳои бузурги фарҳангӣ буд ва дар ташаккули афкори Мавлоно ва падараш — суфӣ ва фақеҳи машҳур Баҳоуддини Валад (1149/50-1232) нақши мухим бозидааст. Аз тарафи дигар, Мавлоно худ низ дар муқаддимаи яке аз дафтарҳои «Маснавӣ» хешро Балхӣ хондааст. Вале худи шаҳри Балх дар ҳақиқат ҳам зодгоҳи Мавлоно буд ё на, ин қазияи дигар аст.
Қабл аз он ки ба ин савол ҷавоб ҷӯем, мехостем таъкид созем, ки дар бораи зодгоҳи Мавлоно сухан карда, бархе аз муҳаққиқон чунин тазаккур медиҳанд: «…дар маъхазҳо зикр шудааст, ки Мавлоно дар Вахш таваллуд шудааст». Дар ҳақиқати ҳол бошад, ин тавр нест, зеро дар ягон маъхазе ин маънӣ зикр нашудааст, танҳо дар асоси хулосаҳои мантиқӣ аз ду маъхаз метавон ин амрро ба куллӣ собит кард. Маъхази аввал- ин асари падари Мавлоно – Баҳоуддини Валад «Маориф» аст ва маъхази дуюм — «Маснавии маънавӣ»-и худи Мавлоно Ҷалолуддин Румии Балхӣ. Ба ҳамин ду маъхаз такя карда, мо дар поин баъзе андешаҳои худ ва муҳаққиқони муосирро дар бораи зодгоҳи Мавлоно зикр кардаем.
Муаллифи ин сатрҳо ҳанӯз соли 1992 баъди таҳлили гуфтаҳои Баҳоуддини Валад аз асари ягонааш «Маориф» ба чунин хулосае омада буд, ки падари Мавлоно солҳои 1203-1210 бо оилааш дар Вахш иқомат доштааст. Дар ин даврон писараш Ҷалолуддин таваллуд ёфт. Ин қазия талаб мекард, ки масъалаи зодгоҳи Мавлоно хубтар таҳқиқ карда шавад (Зиёев Х.М. Мировоззрение Бахоуддина Валада.- Душанбе, 1992. – саҳ. 9).
Дар ҳақиқат ҳам, Баҳоуддини Валад дар «Маориф» сол ва макони навиштани баъзе суханони худро зикр кардааст (аз ҷумла, фаслҳои 122, 152, 170, 237, 255 ва 277 дар Вахш дар солҳои 1203-1210 китобат гардидаанд) ва аз онҳо ба куллӣ возеҳ мешавад, ки ӯ дар соли таваллуди писараш Ҷалолуддин дар Вахшонзамин бо оилааш (ӯ дар Вахш будани ҳамсарашро низ зикр кардааст) иқомат дошта, воизи яке аз масҷидҳои он будааст. Худи номи Вахшро Баҳоуддини Валад чандин карат ёд мекунад. Аз ҷумла, дар ҷилди аввали ин асар ӯ дар бораи фаъолияти худ дар ин водӣ сухан мегӯяд (Баҳоуддини Валад. Маориф.-Теҳрон, 1338 ҳ.- Ҷ.1.- саҳ. 445-455). Дар ҷилди дуюми «Маориф» мутафаккир муноқишаҳои байниҳамдигарии донишмандони ин мавзеъ (саҳ. 61) ва аз тарафи Ғӯриён тасарруф шудани Вахшонзаминро дар қарни шашуми ҳиҷрӣ (саҳ. 291) зикр кардааст. Дар охирҳои иқоматаш дар ин мавзеъ ва сафар аз он ҷо ҷониби Самарқанд ӯ менависад: «Ба дилам омад ба Вахш, ки чӣ гуна дигарон ба Самарқанду Бағдоду Балх ва ба шаҳрҳои ҷалил мебошанд ва ман дар ин кунҷе монда?» (саҳ. 138).
Ногуфта намонад, ки ҳанӯз солҳои сиюми қарни гузашта олими рус В.А. Гордлевский Ҷалолуддин Румии Балхиро ҳамчун зодаи Осиёи Миёнаи шӯравӣ зикр карда буд (Гордлевский В.А. Государство сельджукидов Малой Азии. — М., 1960.- Ҷ. 1. – саҳ. 213). Дар солҳои минбаъда низ муҳаққиқон ба масъалаи муайян сохтани зодгоҳи Мавлоно машғул гардиданд. Аз ҷумла, муҳаққиқи афғон Маҳбуби Сироҷ низ зикр мекунад, ки дар даврони таваллуди Мавлоно падари ӯ бо оилааш дар Вахш иқомат мекард (Сироҷ М. Мавлонои Балхӣ ва падараш. Таъсири «Маориф» бар «Маснавии маънавӣ».- Кобул, 1340 ҳ.- саҳ. 13). Олими эронӣ Бадеъуззамони Фурӯзонфар ҳам ҳанӯз дар солҳои панҷоҳуми қарни бистум дар бораи дар Вахшонзамин тарбият ёфтани ин мутафаккири барҷаста сухан карда буд.
Олими амрикоӣ Колман Баркс дар таҳқиқоташ «Ҷавҳари Румӣ» (соли нашраш 2002) навиштааст: «Форсҳо ва афғонҳо Румии бузургро Ҷалолуддини Балхӣ меноманд. Ӯ 30 сентябри соли 1207 дар шаҳрчаи Вахш (Тоҷикистони муосир) дар наздикии шаҳри бузурги Балх (Афғонистони муосир) таваллуд шудааст, ки он вақт яке аз марказҳои империяи бузурги Хоразмшоҳиён буд».
Олими дигари амрикоӣ Брэд Гуч дар таҳқиқоташ «Асрори Румӣ: тарҷумаи ҳоли шоири сӯфии ошиқ» (соли нашраш 2017) менависад, ки харитаи зиндагии Румӣ 2500 милро фаро гирифта, аз сафари ӯ аз зодгоҳаш Вахш – деҳаи хурде дар ҳудуди Тоҷикистони муосир сар карда, то Қуния дар Туркия идома меёбад.
Вале яке аз муҳимтарин таҳқиқот дар ин самт ба қалами муҳаққиқи амрикоӣ Франклин Люис тааллуқ дорад (Lewis D.F. Rumi. Past & Present, East & West. The Life, Teaching & Poetry of Jalal al-Din Rumi.- Oxford, 2000. — Люис Ф. Руми. Гузашта ва ҳозира, Шарқ ва Ғарб. Ҳаёт, таълимот ва ашъори Ҷалолуддини Румӣ. – Оксфорд, 2000 – ба забони англисӣ). Ин муҳаққиқ ақидаи худро дар бораи зодгоҳи Мавлоно беғаразона баён кардааст ва чанд навиштаи ӯро дар ин боб дар тарҷума аз забони англисӣ зикр мекунем.
Барои исбот сохтани он, ки Вахш зодгоҳи Мавлоно аст, Ф. Люис чанд далел меоварад. Аввалан, ӯ маълумоти тарҷумаиҳолиро, ки дар «Маориф»-и Баҳоуддини Валад зикр шудаанд, таҳлил намуда, менависад: «Баҳоуддин шояд дар Балх таваллуд шуда бошад, вале ҳадди ақал байни моҳҳои июни соли 1204 ва соли 1210…, дар давроне, ки Румӣ таваллуд шудааст, Баҳоуддин бо хонадонаш дар Вахш иқомат дошт. Маҳз Вахш, на Балх қароргоҳи доимии Баҳоуддин ва оилааш то даврони тақрибан панҷсолагии Румӣ буд» (саҳ. 42).
Сониян, ба ақидаи Ф. Люис, худи Ҷалолуддин Румии Балхӣ низ аз диёраш Вахш ёд мекунад (дар байти поин, ки муҳаққиқ иқтибос намудааст, Мавлоно қиёс аз таваллуд то марг, аз зодгоҳи худ — Вахш то оромгоҳаш — Рум мекунад). Дар ин боб муҳаққиқи амрикоӣ меоварад (саҳ. 55-56): «Баҳо то сентябри соли 1210 ҳанӯз дар Вахш буд, вале дар байни солҳои 1210 ва 1212 баъзан ба Самарқанд, ки аз тарафи Хоразмшоҳ забт шуда буд, мерафт». Ин нишон медиҳад, ки Валад дар Хуросон чандин сол пас аз ин боқӣ монд, аммо баъдан онро бебозгашт тарк намуд. Дар охирҳои умраш, анҷоми соли 1260, Румӣ масъалаи маргро дар «Маснавӣ» баррасӣ сохта, як руҷӯи лаҳзавие ба овони кӯдакии худ дар Вахш мекунад:
Ақли ҷузвӣ ҳамчу барқ асту дурахш,
Дар дурахше кай тавон шуд сӯи Вахш?
(Маснавӣ, дафтари 4, байти 3320).
Ногуфта намонад, ки оид ба калимаи «Вахш» дар ин байти «Маснавии маънавӣ» сухан ронда, баъзе муҳаққиқон таъкид месозанд, ки ин ҷо Мавлоно аз калимаи қадимаи санскритию ориёии «вахш» ба маънии нур, сарчашмаи нур истифода кардааст, ки ба ҳақиқати ҳол мувофиқат надорад, зеро забони шеъри Мавлоно забони муқаррарӣ ва мардумии тоҷикӣ аст ва дар осори ӯ бо калимоти қадимаю душворфаҳми авастоӣ хеле кам дучор шуда метавонем.
Сеюм, ба масъалаи он ки чаро Мавлоноро зодаи Балх меҳисобанд, дахл намуда, муҳаққиқи амрикоӣ Ф. Люис менависад: «Балх дар дурии тахминан 250 километр аз Вахш ҷой гирифтааст. Вақте ки Баҳоуддин ва Ҷалолуддин бо муҳоҷирони дигар аз Хуросон гуфтугӯ мекарданд, эҳтимолан шаҳри аслии худро аниқтар муайян мекарданд, яъне изҳор медоштанд, ки аз Вахш омадаанд. Вале ба мардуми Анатолия онҳо шояд мегуфтанд, ки аз Балх омадаанд – аз яке аз марказҳои муҳими фарҳангии замонаашон то суқут аз дасти муғулон. Ин амал як нуқтаи назари маъмули муносибатҳоро нишон медиҳад – сокинони шаҳрҳои музофотӣ дар тамоми ҷаҳон ҳангоми дур будан аз ватан худро ҳамчун сокини ба худ наздиктарин шаҳри калону маълум муаррифӣ месозанд» (саҳ. 48-49).
Муҳаққиқ Ф. Люис васеъ будани маънии Вахшро низ дарк мекунад ва аз ин рӯ ба амиқтар муайян сохтани Вахш ҳамчун зодгоҳи Мавлоно машғул мегардад. Вахш дар фаҳмиши ӯ чунин маънӣ дорад: «Вахш, ки одатан ҳамчун шаҳри асримиёнагии Леваканд (ё Ловаканд) ё Сангтӯда муаррифӣ мегардад, дохили марзҳои Тоҷикистони муосир, тахминан 65 километр дар ҷанубу шарқи Душанбе, 35 километр дар шимолу шарқи Қӯрғонтеппа ва 500 километр дуртар аз сарҳади Чин қарор дорад» (саҳ. 47). Дар ҳамин хусус ӯ дар иловаҳо ба тадқиқоти фавқуззикри худ харитаи ин мавзеъро низ бо номи «Минтақаи Вахш, ки Румӣ дар он ҷо таваллуд шудааст», меоварад (саҳ. 647).
Ба маълумоти «Маориф»-и Баҳоуддини Валад ва асарҳои худи Мавлоно, ки забони онҳо саршори калимот аз шеваҳои ҷанубии Тоҷикистони муосир аст, такя намуда, дар хусуси зодгоҳи мутафаккир будани Вахшонзамин метавон далелҳои дигаре низ пешниҳод намуд. Вале бо овардани андешаҳои беғаразонаи ин муҳаққиқони амрикоӣ иктифо карда, оид ба мансубияти этникии Мавлоно чанд нуктаеро таъкид месозем.
Чи тавре ки маълум аст, мардуми кулли олам баромади этникию қавмии худро тавассути асли бобоён ва падару модарон муайян мекунанд. Ба андешаи Аҳмади Афлокӣ, бибии Мавлоно аз тарафи модараш духтари сӯфии тоҷикнажод Шамсуддини Сарахсӣ, худи модараш духтари ҳокими Балх будааст. Падари Мавлоно — Баҳоуддини Валад аз аҳли Балх буда, асари ягонае бо номи «Маориф» (иборат аз чор ҷилд) ба мерос гузоштааст, ки комилан ба забони тоҷикӣ аст. Мавлоно дар ҳамин оила дар минтақаи комилан тоҷикии Вахш ба дунё омадааст. Осори ӯ аз панҷ китоб иборат буда, пурра бо забони тоҷикист, ба ҷуз аз 10 ғазал, ки дар онҳо чанд мисрае бо туркӣ ва чанд байте бо забони юнонӣ омадаанд. Дар хусуси забони модарии худ Мавлоно дар яке аз ғазалҳояш гуфтааст:
Ту моҳи туркиву ман агар турк нестам,
Донам ман он қадар, ки ба туркист «об» — «сув»…
Бонашр: АМИТ “Ховар”