Иқтисоди сабз яке аз самтҳои муосири илми иқтисод буда, тайи ду даҳсолаи охир ба арсаи илм ворид гардидааст ва дар доираи он бахшҳои дигари иқтисод, ки аз ҷузъҳои табиати муҳити атроф вобастагӣ доранд, баррасӣ мешаванд.
Иқтисодиёти «сабз» ба маънои васеъ чунин тарзи фаъолияти хоҷагидорӣ маҳсуб меёбад, ки «ба боло рафтани сатҳи зиндагии одамон ва таъмини адолати иҷтимоӣ мусоидат намуда, ҳамзамон хатарро ба муҳити зист ва харобшавии табиат коҳиш медиҳад». Ба маънои маҳдудаш иқтисодиёти «сабз»- ро ҳамчун технологияи коркард, истеҳсол ва истифодабарии таҷҳизот барои назорат ва кам кардани партовҳои моддаҳои ифлоскунанда ва газҳои гулхонаӣ, мониторинг ва пешгӯйии тағйирёбии иқлим, ҳамчунин технологияҳои нерусарфакунанда ва энергетикаи барқароршаванда маънидод кардан мумкин аст.
Айни замон ҷомеа моҳияти ибораи иқтисоди «сабз»-ро ба маъноҳои гуногун фарқ мекунад. Гурӯҳи аввал чунин меҳисобанд, ки ин соҳаи нави иқтисод буда, табиати муҳити зистро беҳтар мегардонад. Тарафи дуюм ин ифодаро ҳамчун технологияи нав ва як навъи экосистема, ки ба кумаку фоидаоварӣ ба табиат даъват мекунад, мефаҳманд. Гурӯҳи сеюм чунин мепиндоранд, ки он марҳилаи нави гузариши рушд буда, мақсади асосиаш истеҳсоли маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тоза аст. Дар маҷмуъ, иқтисоди сабз ба технология тоза ё «сабз» асос ёфтааст.
Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 23 декабри соли 2022 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид. Президенти кишвар самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро барои давраҳои оянда муайян намуда, доир ба пешбурди манфиатбори сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ вазифаҳои мушаххас ба миён гузоштанд.
Президенти кишвар ва Ҳукумати давлат кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки барои ҳар як сокини мамлакат шароити арзанда ва зиндагии шоистаро муҳайё созанд. Аз ин лиҳоз, ҳамаи нақшаву барномаҳо маҳз ба хотири татбиқи ҳамин ҳадафи олии давлат қабул ва мавриди амал қарор мегиранд. Бо вуҷуди корҳои баанҷомрасида ва дастовардҳои зикргардида, ҳамчунин, ҷиҳати баррасӣ намудани мушкилоти мавҷуда Ҳукумати мамлакат вазифадор аст, ки минбаъд низ ба масъалаҳои баланд бардоштани гуногунсамтиву рақобатнокии иқтисоди миллӣ, густариши раванди рақамикунонии иқтисод, татбиқи “иқтисоди сабз”, саноатикунонии босуръат, истифодаи технологияҳои инноватсионӣ ва рушди нерӯи инсонӣ афзалият дода, дар ин замина рушди устувору босифати иқтисоди миллиро таъмин намояд.
Маврид ба зикр аст, ки Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз дар Паёми соли 2021-и хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд карда буданд, ки “Ҷиҳати рушди фаъолият дар самти иқтисоди сабз воситаҳои нақлиёти барқӣ аз пардохти боҷи гумрукии воридотӣ ва андоз аз арзиши иловашуда озод гардидаанд. Ин омил вобастагии бозори истеъмолиро аз маҳсулоти сӯзишвории воридотӣ давра ба давра кам намуда, дар татбиқи принсипҳои иқтисоди сабз саҳм мегузорад”. Бинобар ҳамин ҳам ба кишвар ворид кардани нақлиётҳои барқӣ, аз қабили электробусҳо, тролейбусҳо ва нақлиёти сабукрави барқӣ, яке аз иқдоми саривақтӣ буда, баҳри тадбиқи иқтисоди сабз дар кишвар заминаи мусоид фароҳам меоварад.
Бояд тазаккур дод, ки истифодаи нақлиёти барқии ҷамъиятӣ дорои якчанд афзалиятҳо буда, дар фазои экологии кишвар таъсири мусбат мерасонад.
- Аз партовҳои гази хавфнок пурра озод мебошанд;
- Нигаҳдорӣ ва хизматрасониҳои техникии камхарҷ;
- Тоза ва беҳтар гардонидани вазъи экологӣ;
- Мустақил гардидан аз сузишвории воридшаванда.
Бояд зикр кард, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа карданд, ки “Бояд таваҷҷуҳи асосӣ ба рушди босуботи соҳаҳои иқтисоди миллӣ, пешгирӣ кардани таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба он, истифодаи самараноки иқтидорҳои мавҷуда, ташкили корхонаҳои истеҳсолӣ, таъсиси ҷойҳои кории нав, баланд бардоштани рақобатнокии маҳсулоти ватанӣ, тақвияти содирот, ташаккули «иқтисоди сабз», суръат бахшидан ба раванди рақамикунонии бахшҳои иқтисодиёт, инкишофи неруи инсонӣ ва беҳтар намудани сифати хизматрасониҳои иҷтимоӣ равона карда шавад”. Дар баробари ин, мушкилоти гуногуни глобалии экологӣ, амнияти озуқаворӣ, талаботи рӯзафзуни аҳолӣ бо неруи барқ ва ҳоказо тамоми созмонҳои минтақавию байналмилалӣ ва кишварҳоро маҷбур сохтааст, ки барои бартараф кардани ин проблемаҳо, коҳиш додани таъсироти манфӣ ба муҳити зист ва мутобиқ гардонидани шаклҳои гуногуни хоҷагидорӣ ба тағйирёбии глобалии иқлиму баландшавии ҳарорат ҳарчи зудтар ба модели нави иқтисодӣ рӯйи оранд. Чунки зарурати коркарди модели нави рушди иқтисодӣ, яъне иқтисоди сабзро афзудани хатарҳои экологӣ ва таъсири манфӣ ба муҳити зист ба миён овардааст. Аз ин рӯ, қисме аз коршиносон иқтисоди сабзро ба маънои васеъ, тарзи фаъолияти хоҷагидорие меҳисобанд, ки ба боло рафтани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва таъмини адолати иҷтимоӣ мусоидат намуда, ҳамзамон, хатарро ба муҳити зист ва харобшавии табиат коҳиш медиҳад. Ба маънои маҳдуд бошад, ҳамчун технологияи коркард, истеҳсолу истифодабарии таҷҳизот барои назорат ва коҳиш додани партовҳои ифлоскунандаю газҳои гулхонаӣ, мониторинги тағйирёбии иқлим ва инчунин, технологияҳои нерусарфакунанда ва энергетикаи барқароршаванда маънидод карда мешавад.
Бояд қайд намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 сентябри соли 2022 “Стратегияи рушди «иқтисоди сабз барои солҳои 2023-2037”–ро қабул кард, ки мақсади Стратегияи мазкур- гузаронидани ислоҳоти дастурӣ, таъмини истифодаи самараноки сармояи табиӣ, ҷалби сармоягузорӣ, роҳандозии технологияи муосиру инноватсионӣ ва таҳкими ҳамкории байналмилалӣ дар самти “иқтисоди сабз” мебошад.
Бояд зикр кард, ки амалӣ намудани Стратегияи мазкур ба таъмини рушди устувор дар соҳаҳои иқтисодиёт, суботи иҷтимоӣ, мувозинати экологӣ ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардуми Тоҷикистон мусоидат менамояд.
Ба “Стратегияи рушди иқтисоди сабз барои солҳои 2023-2037” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати мушаххас намудани ҳадафҳо дар самти рушди “иқтисоди сабз” нақшаи амал баҳри татбиқи он дар солҳои 2023-2025 ва индикаторҳои асосии стратегия замима мегарданд. Бинобар ин, татбиқи ҳадафу вазифаҳои Стратегия дар доираи маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ, ниҳодҳои молиявӣ, шарикони рушд, бахши хусусӣ ва дигар воситаҳои маблағгузорӣ, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, таъмин карда мешавад. Ҳаҷми маблағгузории “Стратегияи рушди иқтисоди сабз барои солҳои 2023-2037” ба маблағи 21,6 млрд. сомониро пешбинӣ шудааст.
Зикр кардан бамаврид аст, ки бо мақсади рушди “иқтисоди сабз”, мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим, кам кардани партовҳои газҳои гулхонаӣ, истифодаи самараноки захираҳои табиӣ ва ҷалби сармояю технологияҳои каммасраф “Стратегияи рушди иқтисоди сабз барои солҳои 2023-2037” қабул гардида, дар 15 соли минбаъда мавриди татбиқ қарор мегирад.
Ҷамшед Салихов,
мутахассиси пешбари Раёсати
таҳлили масъалаҳои макроиқтисодии
Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон