Тайи се даҳсолаи охир Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаи поягузорӣ ва роҳандозии рушди устувори кишвар поягузорӣ ва таҳкими рукнҳои давлатдории миллӣ, ташаккули ҷомеаи демократӣ ва ҳуқуқбунёд, сиёсати бисёрсамтаро амалӣ намуд тавассути ислоҳоти фарогири сиёсиву иҷтимоӣ, эҳёи миллӣ ва фарҳангии халқи тоҷик буданд. Дар натиҷаи татбиқи стратегияи санҷидашудаи сиёсати хориҷии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, сиёсати “дарҳои боз”-ро пеш гирифт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ мақоми сазовори худро сол аз сол пайдо намуд. Мусаллам аст, ки ташаккули давлатдории миллии халқи тоҷик ва эҳёи мақому манзалати он дар арсаи ҷаҳонӣ ба заҳмат ва талошҳои пайвастаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон робитаи ногусастанӣ дорад. Аз ин рӯ, хурду бузурги кишварро месазад, ки заҳмату талош ва бедорхобиҳои фарзанди сарсупурдаи миллат,Пешвои миллат қадрдонӣ ва арҷгузор бошанд, зеро мавқеи Тоҷикистони азизро дар арсаи ҷаҳонӣ бо созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ дар равандҳои глобалии рушди ҷомеаи ҷаҳонӣ устувор нигоҳ дошта, саҳми беназир гузоштанд. Аз ҷумлаи муҳимтарини онҳо, муносибатҳои шарики ва ҳамкорӣ бо Созмони Ҳамкории Шанхай мебошад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои узв барои арзёбӣ ва пешбурди тасмимҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ ҳиссагузор мебошад.

Созмони Ҳамкории Шанхай (минбаъд СҲШ) созмони байналмилалӣ буда, дар таъсис ёфтани он, пеш аз ҳама, Созмони “Панҷгонаи Шанхай” дар асоси Созишномаҳо байни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Федератсияи Русия, барои таҳким бахшидани чораҳои эътимод ва боварӣ дар соҳаи ҳарбӣ ва сарҳад дар  соли 1996 ва 1997 ташкил шуда буд, заминаи худро гузошт. 15-июни соли 2001 дар Шанхайи Ҷумҳурии Мардумии Чин вохӯрии сарони давлатҳо доир гардид, ки дар он эъломия дар бораи таъсис додани СҲШ ба имзо расид.

Бояд гуфт, ки Сарвари давлат дар чаҳорчӯби ин Созмон тавассути ҳамкориҳои бисёрҷониба дар равандҳои сиёсию иқтисодӣ ва амниятии ҷаҳони имрӯза нақши назаррас дошта, ба ин васила ҳалли масъалаҳои амниятӣ, иҷтимоию иқтисодии минтақаро дар арсаи ҷаҳон, яке аз масъалаҳои ҳалталаб ва рӯзмара медонанд. Дар ин радиф, ташаббусҳои байналмилалии Пешвои миллат, доир ба ҳалли силсилаи масъалаҳои иқтисодӣ, амниятӣ ва экологӣ дар Созмони мазкур мавқеи хоссаро ишғол менамоянд. Ин аст, ки иқдомҳо ҷиҳати ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба масъалаҳои мубрамтарини муосир – хавфу ситезаҳои афзоишёбандаи терроризми байналмилалӣ,торафт вусъат ёфтани гардиши маводи мухаддир, тақсими оби тоза ва дигар мушкилиҳое, ки ба яке аз самтҳои муҳим ва самараноки фаъолияти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон табдил ёфтаанд.

Ҳамкориҳои муштарак ва пайваста андешидани тадбирҳои мушаххас дар мубориза бар зидди қочоқи маводи мухаддир яке аз самтҳои сиёсати стратегии Пешвои миллат буда, ба роҳҳои ҳалли буҳрони Афғонистон низ мусоидат менамояд. Зеро Пешвои миллат пайваста дар чаҳорчӯби СҲШ роҷеъ ба қазияи Афғонистон масъалагузорӣ намуда, таваҷҷуҳи сарони давлатҳои узви СҲШ–ро ба вазъи кишвари ҳамсоя ва дарёфти роҳҳои ҳалли он ҷалб менамоянд.

Ба ҳамагон маълум аст, ки пас аз таъсисёбии СҲШ эҳёи “Роҳи бузурги Абрешим” низ тариқи бунёди шохаҳои зиёди роҳҳои оҳану мошингард, ки давлатҳои минтақаро ба ҳам мепайванданд, сол то сол доман паҳн мекунад. Роҳбари давлат чунин шабакаро барои кишвари кӯҳсори Тоҷикистон, ки то солҳои наздик дар бунбасти коммуникатсионӣ қарор дошт ва ҳатто минтақаҳои алоҳидаи он дар фасли зимистон аз марказ бурида буданд, дорои аҳаммияти ҳаётан муҳим арзёбӣ намуда, иброз доштанд: «Мо азми қавӣ дорем барои барқарор сохтани симои нави имрӯзаи “Роҳи Бузурги Абрешим” аз ҳамаи роҳу воситаҳо истифода барем». Воқеан ҳам раҳоии кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ба кишвари транзитӣ табдил ёфтани Тоҷикистон, самараи диди нек ва хирадмандонаи Пешвои миллат, мебошад.

Бояд таъкид намуд, ки Пешвои муаззами миллат ҳанӯз дар ҷаласаи Сарони кишварҳои СҲШ, санаи 7 июни соли 2002 дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия иброз дошта буданд, ки: «Созмон меросбари механизми муколамаи ҳамаҷониба мебошад, ки бо номи «Панҷгонаи Шанхай» машҳур аст ва барои мо боиси фараҳмандист, ки ғояи умумии тавсеаи ҳайати «Панҷгонаи Шанхай» ва таҳаввули он ба созмони байналмилалӣ бори аввал дар саммит дар шаҳри Душанбе моҳи июли соли 2000 аз таҷрибаи амалӣ гузашт». Ба ибораи дигар, Созмони Ҳамкории Шанхай роҳи амалии худро аз пойтахти кишвари мо бо иқдоми шахсии Пешвои муаззами миллат оғоз намуд.

Дар баробари ин, Пешвои муаззами миллат дурустии роҳи интихобкардаи Созмони «Панҷгонаи Шанхай»-ро ҳанӯз аз солҳои нахустини фаъолияти он таъкид намуда, қайд кардаанд, ки: «тасмими Сарони давлатҳо дар бораи таъсиси Созмон санаи 15 июни соли 2001 дар шаҳри Шанхайи Ҷумҳурии Мардумии Чин қарори ниҳоят саривақтӣ буда, ҷавобгӯйи тамоюлҳои таҳаввули вазъ дар минтақа ва ҷаҳон ба ҳисоб меравад». Дар ин росто, Пешвои миллат дар ҷаласаи Сарони давлатҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай, ки санаи 10 ноябри соли 2020 дар шакли конфронси маҷозӣ баргузор гардид, иброз намуданд, ки: «Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушду тавсеаи минбаъдаи Созмон низ ягон чизеро дареғ намедорад: Мо барои тавсеаи робитаҳои байниҳамдигарӣ бо давлатҳои мушоҳид ва шарикони муколама, фаъолгардонии ҳамкориҳои амалӣ бо созмонҳои ҳамшарики минтақавӣ аз рӯйи вазифаҳои шабеҳ мусоидат хоҳем кард. Ҳамаи саъю кӯшиши заруриро барои тақвияти заминаҳои созишномавию ҳуқуқии ҳамкориҳо дар доираи Созмони Ҳамкории Шанхай сарф хоҳем кард».

Боз даҳҳо мисолу далелҳоро оид ба нақшофар будани саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккул ва рушди СҲШ дарҷ намоем, вале эътимоди комил дорем, ки баргузории ҷаласаи Сарони давлатҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай , ки моҳи июл дар Ҷумҳурии Қазокистон баргузор мегардад, боз як саҳифаи наверо дар саҳми Тоҷикистон ва Пешвои муаззами мардуми он дар рушди ин ниҳоди бонуфузи байналмилалӣ боз хоҳад кард.

Айни замон, СҲШ аз нуҳ давлати узв, се давлати нозир ва чордаҳ давлати шарикони мусоҳибавӣ иборат мебошад. Ҳамзамон, ҳашт кишвари дигар барои гирифтани мақоми нозири муроҷиат намудаанд. Забони расмии Созмон русӣ ва чинӣ ба ҳисоб меравад. Масоҳати умумии СҲШ дар умум тақрибан 34,3 млн метри мураббаъ ва ҷамъи аҳолиаш ба 3,6 млрд нафар ё 43,8% аҳолии сайёраро дар бар мегирад. Ҳадафи асосии СҲШ ин таҳким бахшидани боварии мутақобилан судманд ва ҳамкории самарабахш дар соҳаҳои гуногуни давлатдорӣ аз ҷумла сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, илмӣ, техникӣ, фарҳангӣ, туризм ва ғайраро мебошад.

Яке аз самтҳои муҳимми СҲШ мубориза бар зидди тероризму ифротгароӣ ва ҳама гуна зуҳуроти номатлуб мебошад. Дар ин замина, аъзои СҲШ зарур шумориданд, ки барои фаъолияти бонизом ва мақсадноки соҳа “Созмони мубориза бар зидди терроризм таъсис дода шавад” (СМЗТ). Дар доираи фаъолият Созмони таъсисдодаи СҲШ пайваста машқҳои зидди террористӣ гузаронда мешавад. Ҳамин тавр, дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон 17-19 апрели соли 2009 ва 8-14 июни соли 2012 машқҳои тактикӣ гузаронда шуд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз таъсисдиҳандаи асосӣ ва иштирокчии фаъоли ин Созмон баҳисоб рафта, солҳои 2006, 2010, 2018, 2019 ва тибқи тартиботи навбатӣ соли 2021 Ҷумҳурии Тоҷикистон мизбони баргузории ташкилоти Созмони мазкур гардида буд.

Дар мавриде, ки муноқишаҳои геополитикӣ авҷ мегиранд, боиси заифии иқтисодиёт ва косташавии он мегардад. Аз ин лиҳоз, СҲШ тибқи фаъолияти худ барои пешгирии ин гуна ҳодисаҳои номатлуб, барои рушд ва пешрафти иқтисодиёти кишварҳои рӯ ба инкишоф ба мавҷҳои таъсиррасони беруна нисбатан осебпазири кишварҳои узв мусоидат менамояд

Бо дарназардошти вазъи имрӯзаи ҷаҳон, ҳамкориҳои иқтисодию молиявӣ байни кишварҳои узви СҲШ сол то сол қавитар гардида, соли 2020 вохӯрии Сарони давлатҳои узв, ки дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон баргузор гардид. Зимни баргузории он Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳияи “Стратегияи рушди иқтисодии СҲШ то давраи соли 2030” муҳим арзёбӣ намуд. Стратегияи мазкур фаъолияти СҲШ барои рушди иқтисодиёти ҷаҳон дар шароити афзояндаи мушкилоти ҷомеаи ҷаҳонӣ ва бартараф намудани мушкилоти ҷойдошта нигаронида шудааст. Иқдоми пешгирифтаи мазкур, ба талаботи рушди устувору осоиштагӣ ва идоракунии оқилонаи равандҳои глобалӣ комилан мувофиқ буда, ҳадафҳои он барои фароҳам овардани шароити мусоид, рушди соҳаҳои иқтисодӣ ва баланд бардоштани сатҳ ва сифати зиндагии кишварҳои узв нигаронида шудааст.

Дар баробари амалигардонии Стратегия ва татбиқи усули “рушди сабз” СҲШ ҷойгоҳи муҳимро ишғол менамояд, зеро ин раванд тақозо мекунад, ки фаъолияти муштарак дар афзоиши суръати пешрафти иқтисодӣ ба муҳити атроф таъсири кам расонад. Механизми боз ва фарогири Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша ҷонибдор буда, ки СҲШ равандҳои васеъшавии ин Созмони бонуфузро ҷонибдорӣ менамояд. Маҳз фаъолияти пурсамар ва натиҷабахши Созмон боис шудааст, ки сол то сол сафи узв ва шарикон меафзояд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки тайи бисту ду соли давраи фаъолияти он (яъне аз соли 2001 то соли 2023) андозаи иқтисодиёти кишварҳои узви СҲШ зиёда аз 30 дарсади ММД-и ҷаҳон ва саҳми  он дар тиҷорати ҷаҳонӣ беш аз 16 дарсадро дар бар мегирад. Тавре, ки дар нашрияи чинии “Global Times” гуфта шудааст, ММД-и кишварҳои узви СҲШ дар давоми ин солҳо зиёда аз 13­маротиба афзудааст. Ҳаҷми тиҷорати хориҷии давлатҳои узви СҲШ то соли 2023 зиёда аз 6,6 трлн долларро ташкил додааст, ки ин нишондод нисбат ба соли 2001­ум сад маротиба зиёд мебошад.

Вобаста ба ин, ҳаҷми гардиши савдои хориҷии узви давлатҳои Созмони Ҳамкории Шанхай дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2019 то соли 2023 ба таври мушаххас дар ҷадвали.1  нишон дода шудааст.

Таносуби гардиши тиҷоратии кишварҳои узви СҲШ бо Тоҷикистон барои солҳои 2019-2023.

Сарчашма: Таҳияи муаллиф дар асоси маълумотҳои оморӣ

Маълумотҳои мазкур нишон медиҳад, ки Созмони ҳамкории Шанхай сохтори ояндадор дар минтақа ва ҷаҳон буда, ҳаллу фасли масъалаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва амниятӣ то рафт ба сатҳи баланди ҳамкорӣ ва эътимоди кишварҳо мусоидат менамояд. Масалан, мулоқотҳои ҳарсола дар сатҳҳои гуногун имкон медиҳанд, ки на танҳо мушкилоти рӯзмарра ҳал карда шаванд, балки доир ба вазъи ҷаҳони пешгӯинашаванда чораҳои калидӣ андешида мешаванд.

Қобили зикр аст, ки яке аз лоиҳаҳои бузурги муҳимми иқтисодии СҲШ лоиҳаи эҳёи “Роҳи Бузурги Абрешим аз Осиё ба Аврупо”, ки ҳамгироӣ ва рушди минтақаҳоро тавассути таъсиси инфрасохтори васеъ арзёбӣ мекунад, ба ҳисоб меравад. Маҳз бузургтарин лоиҳаи мазкур рушди иқтисодиёти кишварҳои узв гардада, сол аз сол ба афзоиши гардиши тиҷорати хориҷии онҳо заминаи мусоид фароҳам меоварад.

Кишварҳои узви СҲШ соли 2023 суръати баландтарини рушди иқтисодиётро нишон доданд, ки дар бораи ин нишондодҳо Котиби генералии ИДМ Сергей Лебедев дар ҷараёни суханронӣ дар Иҷлосияи умумии Форуми байналмилалии иқтисодии давлатҳои иштирокчӣ бо номи “Муколамаи ҳамгироӣ: ИДМ, СҲШ, БРИКС (БРИКС беш аз 35 дарсади ММД-и ҷаҳонро ташкил медиҳад) баргузор шуда буд. Тибқи гуфтаҳо, маҳз тиҷорати давлатҳои иштирокчии ИДМ бо кишварҳои Авруосиёи бузург вақтҳои охир дар як сол даҳҳо дарсад афзуда истодааст. Дар кишварҳои Авруосиё татбиқи лоиҳаҳои бузурги инфрасохторӣ имконпазир аст, ки зарфият ва имкониятҳои корӣ, дороиҳои нави байналмилалии нақлиётро афзоиш диҳанд.

Ҳаҷми гардиши савдои хориҷии узви давлатҳои СҲШ дар шакли диограмма ба таври возеҳ нишон дода шудааст.

Таносуби гардиши тиҷоратии кишварҳои узви СҲШ бо Тоҷикистон барои солҳои 2019-2023.

Дар умум, метавон гуфт, ки рушдифазоиҳамгироииСҲШба кишварҳои узв дастрасӣ баминтақаҳоиҳамсояротаъмин намуда, имкониятҳоиҳамкориистратегиитиҷоратиюиқтисодӣвасармоягузориро тақвият менамояд,  аз ҷумла:

– ба вуҷуд омадани бозори бузурги сармоягузорӣ ва тиҷоратии кишварҳои узви СҲШ, ки имкониятҳоро барои таъсис ёфтани корхонаҳои муштарак дар соҳаи тиҷорати хурд ва миёна, ба кишварҳои узв фароҳам меорад. Ҳамзамон, имкон медиҳад, ки афзалиятҳои дарозмуддати рақобат таъмин гардад:

– мубодилаи мутақобила ва истифодаи захираҳои назарраси энергетика ва дигар захираҳо аз ҷониби кишварҳои узви СҲШ дурнамои иловагии рушди фаъолияти содиротии дохилӣ ва хориҷии СҲШ-ро мекушояд;

– Афзоиш ёфтани ҷалби захираҳои сармоягузорӣ дар доираи иттиҳоди ҳамгироӣ имкониятҳои гузаронидани иктишофи геологӣ, истихроҷ, коркард ва интиқоли захираҳои минералӣ дар кишварҳои узв паҳн карда мешаванд;

– татбиқи сиёсатифаъолдоирба ислоҳоти иқтисодиёти кишварҳои узв дар тамоми соҳаҳо бояд ба афзоиши воридоти сармоя аз дигар давлатҳо ва минтақаҳои ҷаҳон мусоидат намояд.

Ҳамин тавр дар ин замина дигар имконияту зарфиятҳо мавҷуданд, ки давра ба давра ба таври назаррас рушд карда истодааст. Набояд фаромӯш кард, ки СҲШ на танҳо байни мудофиаи давлатҳои узв, балки баҳри рушди босуботи давлатҳои мазкур талош меварзад. Ин аст, ки дар аввали моҳи июли соли 2024 дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон Саммити навбатии СҲШ баргузор мегардад. Дар кори он баррасии тақрибан 30 санад ва имзои қарор “Дар бораи узвияти Ҷумҳурии Беларус дар Созмон” ба нақша гирифта шудааст. Мавзуи эълоншудаи мулоқот “Таҳкими муколамаи бисёрҷониба, талош барои сулҳи устувор ва рушд” мебошад. Инчунин, баргузор намудани машқҳои оперативӣ-тактикии зиддитеррористӣ моҳи июл дар Ҷумҳурии Қазоқистон, таҳти унвони “Иттиҳод ­ 2024” ба нақша гирифта шудааст, ки баҳри боз ҳам қавитар гардидани муносибатҳои давлатҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай имкон фароҳам меоварад.

Иброҳимзода Иброҳим Шоҳ,
мутахассиси пешбари Раёсати таҳлили масъалаҳои
макроиқтисодии Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед