Дар шароити муосир масъалаи идоракунии вазъи сиёсии давлат ва назорату ҳифзи афкори омма аз хатару таҳдидҳо хеле муҳим гардидааст. Бештар гардидани бозиҳои сиёсӣ дар минтақаҳои муайян, манфиатҷӯии давлатҳои абарқудрат ва афзоиш ёфтани ташкилотҳои экстремистиву террористӣ дар саҳнаи сиёсати кабир далели масъалаи зикргардида аст. Аз ҳамин хотир сари вақт таҳлил намудани вазъи сиёсии давлат ва ба низоми муайяни рушд даровардани он муҳимтарин тадбир дар самти ҳифзи суботи сиёсӣ ва таъмини амнияти миллӣ арзёбӣ карда мешавад.
Ҳамакнун, вобаста ба рӯзафзун гардидани масъалаи ҳифзи суботи сиёсӣ ва идоракунии вазъи сиёсии давлат ба маврид аст, ки вазъи сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди таҳлил қарор дода шавад. Огоҳона, таҳлил намудани вазъи сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мушаххас намудани хатару таҳдидҳо ба он ва ҳамзамон пешниҳод намудани чораҳои пешгирӣ ва бартараф намудани хатарҳои мавҷуда ба манфиати кор аст. Дар пешорӯйи маъракаи сиёсии интихоботи президентӣ қарор доштани Ҷумҳурии Тоҷикистон арзишмандӣ ва саривақтӣ будани таҳлили мазкурро тақозо дорад.
Ба ҳамагон маълум аст, ки ташкилотҳои экстремистиву террористӣ ва дигар ташкилотҳои мухолифи ҳокимият дар арафаи маъракаҳои муҳимми сиёсӣ ба монанди интихобот, кӯшиш менамоянд аз худ фаъолияти бештар нишон диҳанд. Ин воқеияти бебаҳс аст. Илми сиёсӣ ва системаи омӯзиши амнияти миллӣ раванди мазкуррро исбот намудааст.
Бодарназардошти вазъи кунунии сиёсии ҷаҳон, ҳолати рушди ҳамгироии давлатҳо дар шароити пандемияи коронавирус, омӯзиши равандҳои сиёсӣ нишон медиҳанд, ки вазъи сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон муътадил аст. Маврид ба зикр аст, ки новобаста аз он ки вазъи сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон муътадил арзёбӣ карда мешавад, бартараф намудани баъзе омилҳо барои ҳифзи субот ва оромии сиёсии давлат муҳим мебошад. Хусусан дар раванди интихобот чораандешӣ намудан ва ҳалли баъзе мушкилотҳо ба манфиати кор аст.
Интихобот маъракаест, ки дар он шаҳрвандон бояд фаъолона ва бо боварӣ ширкат варзанд. Албатта дар ин маъракаи сиёсӣ ҳизбҳои сиёсӣ номзадҳои худро пешниҳод менамоянд ва кушиш менамоянд, ки ғолибиятро ба даст оранд. Мавҷудияти оппозитсияи сиёсии қонунӣ ва ҳизбҳои сиёсии расмӣ, ки ба фаъолият машғуланд барои дар фазои солим баргузор намудани интихобот нақши муҳим доранд. Ҳамчунин, фаъолнокии шаҳрвандон ва боварӣ ба интихобот низ муҳим аст. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки дар давлатҳое, ки дар раванди интихобот шаҳрвандонашон бидуни боварӣ дар интихобот иштирок намудаанд, мухолифон аз он ба таври васеъ истифода менамоянд, ки инро бояд пешгирӣ намуд. Ҳодисаҳои охири Белорусия яке аз мисолҳои равшани гуфтаҳои болост.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пешорӯйи интихоботи президентӣ қарор дорад. Дар фазои солим ва ором баргузор гардидани интихобот барои давлат ва ҷомеаи тоҷикистонӣ бисёр муҳим аст. Чун, Ҷумҳурии Тоҷикистон ба марҳила рушди устувор ворид гардидааст ва дар ин раванд суботи сиёсӣ ва таъмини амнияти миллӣ хеле муҳим аст. Маълум аст, ки яке аз душмани оромӣ ва суботи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳизби экстремистиву террористии наҳзати ислом ва ҳамсафонаш мебошанд. Таҳлили фаъолияти чанд вақти охири ҳизби террористии мазкур дар шабакаҳои иҷтимоӣ бозгӯи он аст, ки талош дорад, бо нашри маводҳои бардуруғ суботи сиёсии Тоҷикистонро халалдор намояд. Интихоботро ҳамчун васила истифода намуда, ҳадафҳои ғаразноки худро амалӣ гардонад. Аз ҳамин хотир муҳим аст, пеш аз ҳама хатарҳои ташкилоти экстремистиву террористии Ҳизби наҳзати исломро дар шабакаҳои иҷтимоӣ пешгирӣ намуд ва вокунишҳои саривақтӣ манзур гардад. Як нуктаи муҳимро қайд намудан зарур аст, ки дар паси фаъолияти ташкилоти мазкур давлат ва созмонҳои мушаххасе қарор доранд, ки хостори амалӣ намудани барномаҳои худ дар минтақаи Осиёси марказӣ ҳастанд. Ҳамзамон, ташкилотҳои террористиву экстремистӣ ва дигар грӯҳҳои манфиатҷӯ суистифода аз эътиқоди динии мардум ва арзишҳои баробар ба он намуда, ба мафкураи мардум таъсир мерасонанд.
Аз ин рӯ, барои дар сатҳи муносиб баргузор намудани интихобот, самаранок гардонидани идоракунии сиёсӣ, ҳифзи афкори омма аз хатари идеологияҳои носолим моро зарур аст, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва матбуотҳои даврӣ маводҳо оид ба пешрафти Тоҷикистон ва дастовардҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ дар зарфи 29 соли соҳибистиқлолиро бештар нашр намоем.
Аз ҳисоби зиёиён ва равшанфикрон дар шабакаҳои иҷтимоӣ ташкил намудани гурӯҳҳои вокунишӣ ба маводҳои наҳзатиён муҳим аст. Албатта, посухҳои илмӣ ва воқеӣ гардонидан ба маводҳои онҳо имкон медиҳад, ки хатари идеологии нигоштаҳои онҳо бартараф гардад. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки наҳзатиён аз камбудиҳои хурди дар мамлакат ҷойдошта, ҳангомаи бузург сохта ва воқеиятро таҳриф намуда, дар шабакаҳои иҷтимоӣ маводҳои худро нашр менамоянд. Корбарони наҳзати саҳифаҳои гуногуни фейкиро боз карда, матлабҳои таҳрифии гуногунро интишор менамоянд. Бинобар, ин саривақт посух гардонидан ба нигоштаҳои наҳзатиён ва ошкор намудани дурӯғҳои онҳо аз фоида холӣ нест. Дар ин раванд истифода намудан аз зиёиён ва муҳаққиқони соҳавӣ самаранокии корро бештар мегардонад.
Буҳрони пандемияи коронавирус вазъи иқтисодӣ ва иҷтимоии тамоми давлатҳои ҷаҳонро ногувор кардааст. Дар ин давраи буҳронӣ бештари одамон манбаҳои даромади худро аз даст додаанд ва ниёз ба дастгирӣ доранд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор иқдомҳо дар ин самт роҳандозӣ карда шудаанд, ки қобили таҳсинанд. Дар робита ба ин қайд намудан зарур аст, ки роҳандозӣ намудани иқдомоти нав дар самти иҷтимоӣ ва иқтисодӣ барои дастгирии аҳолӣ ба фоида кор аст.
Ҳамин тавр, метавон вазъи сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар раванди маъракаи пешазинтихоботии президентӣ мусбат арзёбӣ намуд ва мардуми кишвар ҷиҳати иштирок дар ин маъракаи сиёсии тақдирсоз омодагӣ мегиранд.
Алиназар Ашуров, мутахассиси пешбари
Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати дохилии Маркази
тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон