Густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо шарикони минтақавӣ ва ҷаҳонӣ, сохторҳои байналмилалӣ ва минтақавии молиявию қарзӣ бояд дар маркази таваҷҷуҳи Ҳукумати кишвар ва ниҳодҳои дахлдори он бошад.

(Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба МН МОҶТ, аз 22.12.2017)

Қобил ба зикри хос аст, ки ҳоло кишвари мо дар марҳалаи рушди устувори иҷтимоиву иқтисодӣ қарор дорад. Ба андешаи мо, дар  ин раванд, ба роҳ мондани ҳамкории самарабахшу созанда бо сохторҳои бонуфузу байналмилалии молиявӣ ва дигар шарикони рушд аҳамияти муҳим дорад. Илова бар ин, вазъи ноустувори ҷаҳони муосир, шиддат ёфтани рақобатҳои геосиёсиву геоиқтисодӣ ва афзоиши таҳдиду хатарҳои глобалӣ аҳаммияти ҷустуҷӯ ва дарёфи роҳҳои таҳкиму густариши муносибат бо ниҳодҳои молиявие байналмилалиро дучанд менамояд. Зеро дар шароити кунунӣ ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ дар таъмини рушди иқтисодиёти ҳар як давлат, аз ҷумла кишвари мо нақши муҳим доранд.

Тибқи маълумот, ҳоло дар ҷаҳон беш аз 12 адад бонки бисёрҷонибаи рушд бо фарогирии вазифаҳои гуногун фаъолият доранд.  Дар ин самт Бонки Ҷаҳонӣ ҳамчун як  ниҳоди бонуфузи молиявии ҷаҳонӣ, ки ҳадафи асосии он, пеш аз ҳама, мусоидат ба беҳтар  намудани вазъи зиндагии аҳолии кишварҳои  дар ҳалли рушд қарордошта мебошад, метавон мисол овард.

Қобил ба зикр аст, ки ҳадафҳои оиномавии ниҳоди молиявии мазкур ҳануз аз замони таъсисиёбиаш, яъне аз соли 1945 то 1968-ум бо баъзе сабабҳои хусусияти сиёсидошта барои дастгирӣ ва пешниҳоди васеи қарзгузориҳо ба рушди кишварҳои узв равона нагардида буд.

Аз соли 1968 то ба ҳол фаъолияти ин сохтори бонуфузи молиявӣ ба дастгирии кишварҳои рӯ ба инкишоф, аз ҷумла тавассути пешниҳоди қарзгузориҳо, ба рушди инфрасохтори соҳаҳои гуногуни иҷтимоиву иқтисодӣ равона карда шуд.

Ҳоло Бонки Ҷаҳонӣ дар баробари дигар ниҳодҳои бонуфузи байналмилалии ҷаҳонӣ, аз ҷумлаи шарикони боэътимоди Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус дар самти гузариш ба рушди устувор, аз ҷумла тавассути тадбиқи лоиҳаҳои афзалиятноку ояндадори иҷтимоиву иқтисодӣ ба ҳисоб меравад.

Лозим ба ёдоварист, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1993 узви Бонки Ҷаҳонӣ гардида, соли 1996 дар мамлакат намояндагии Бонки Ҷаҳонӣ таъсис ёфтааст.

Соли 2023-ум аз муносибатҳои шарикии байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Ҷаҳонӣ 30 пур мешавад. Тибқи маълумот дар ин давра аз ҷониби ин сохтори бонуфузи молиявии ҷаҳонӣ, ҷиҳати татбиқи 116 лоиҳа дар соҳаҳои гуногуни давлатии кишвар беш аз 2,7 миллиард доллари амрикоӣ, аз ҷумла дар шакли грант, қарзҳои имтиёзнок ва фондҳои мақсаднок пешниҳод гардидааст.

Ҳоло бошад, маблағгузории 26 лоиҳаи дигар дар ҳаҷми умумии 1,6 миллиард доллари ИМА аз ҷониби Бонки Ҷаҳонӣ дар кишвар идома дорад. Ин ниҳод минбаъд низ бо ба роҳ мондани ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо Тоҷикистон, бахусус бо дарназардошти кӯшиши ҳарчи зиёди кишвар ҷиҳати мунтазам беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии мардум ва ҳаллу фасли дигар масъалаҳои шадди иҷтимоиву иқтисодӣ ҳавасманд мебошад.

Заминаи асосии муносибатҳои шарикии байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Ҷаҳониро «Стратегияи ҳамкории Бонки Ҷаҳонӣ бо Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи солҳои 2019-2023» ташкил медҳад. Дар доираи стратегия мазкур бахшҳои зерин ҳамчун саҳаҳои афзалиятноку ояндадори ҳамкорӣ муайян гардидаанд:

  • Кишоварзӣ;
  • Энергетика;
  • Нақлиёт;
  • Маориф;
  • Тандурустӣ;
  • Инфрасохтор;
  • Тақвияти тиҷорати электронӣ ва ворид гардидан ба бозори ҷаҳонӣ;
  • Мусоидат ба рушди содироти молу маҳсулот;
  • Таҳкиму густариши ҳамкорӣ дар соҳаи маркетинг;
  • Ташкили марказҳои логистикӣ;
  • Мусоидат ба коркард, захира, нигоҳдорӣ ва бандубасти маҳсулот;
  • Дастгирии буҷети давлатӣ;
  • Таҳкими ҳамкориҳо доир ба тағйирёбии иқлим.

Ташкилоти мазкур, дар баробари дигар Созмонҳои молиявии байналмилалӣ, Тоҷикистонро ҳамчун давлати дорои иқтисоди босуръат рушдёбанда арзёбӣ намуда, таъкид менамоянд, ки соли 2023 иқтисоди Тоҷикистон миёни кишварҳои минтақа рушди аз ҳама бештарро хоҳад дошт.

Ин сохтори бонуфузи молиявии ҷаҳонӣ суръати рушди иқтисодиёти кишварро дар охири соли 2023-ум 7,9 дарсад пешбинӣ менмояд, ки ин баландтарин нишондиҳанда аз рӯйи суръати рушди воқеии иқтисодиёт дар қиёс бо дигар кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил арзёбӣ мегардад. Барои мисол,  нишондиҳандаи мазкур танҳо нисбат ба кишварҳои Арманистону Қазоқистон 3,7% ва Қирғизистон 4,4 дарсад зиёд бебошад.

Тибқи маълумот танҳо дар нимсолаи якуми соли 2023-ум суръати рушди воқеии иқтисодиёти кишвар ба ҳисоби миёна 8,2 дарсадро ташкил намуд. Аз ин рақамҳо хулоса мегардад, ки ҳоло сарфи назар аз таъсири омилҳои берунӣ кишвари мо дар самти таъмини рушди иҷтимоиву иқтисодӣ бо қадамҳои устувор пеш рафта, нишондиҳандаҳои макроиқтисодии кишвар дар сатҳи муътадил нигоҳ дошта мешаванд.

Ҳарчанд, ки дар самти рушди ҳамкориҳои шарикии байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Ҷаҳонӣ тамоюлҳои мусбат ба назар расад ҳам, вале сурати рушди он, бахусус бо дарназардошти имкону захираҳои зиёди ҳануз истифоданашуда, қонеъкунанда нест. Бинобар ин, дар стратегияи минбаъдаи ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ боз ҳам рушду тақвияти ҳар чӣ бештари ҳамкориҳо дар бахшҳои зерин, ҳамчун соҳаҳои ояндадору афзалиятноки ҳамкорӣ барои барои дастгирӣ ва сармоягузорӣ ба мақсад мувофиқ дониста мешавад:

  • Дар заминаи рушди соҳаи кишоварзӣ ба роҳ мондани коркарди ҳарчи бештари ашёи хоми кишоварзӣ то маҳсулоти ҳадди ниҳоии дорои арзиши баланди иловашуда;
  • Рушди саноати коркард, бахусус соҳаи дорусозӣ, кӯҳӣ, филизотӣ, истихроҷи маъдан, нассоҷӣ;
  • Тақвияти тиҷорати эллектронӣ ва мусоидат дар самти ворид гардидан ба бозори ҷаҳонӣ;
  • Таҳкиму густариши ҳамкорӣ дар соҳаи маркетинг, бандубаст ва содироти молу маҳсулот;
  • Ташкили марказҳои логистикӣ, нуқтаҳои захира, нигоҳдорӣ маҳсулот, бахусус маҳсулоти ба содирот нигаронидашуда;
  • Татбиқи иқтисоди «сабз», бахусус дар заминаи рушди соҳаи энергетика ва рақамикунонии иқтисодиёт;
  • Таъмини фаъолнокии рушди соҳибкорӣ, баланд бардоштани рақобатпазирии бахши хусусӣ ва инкишофи сармояи инсонӣ.

Ҳамин тавр,  дар шароити зудтағйирёбанда ва пешгӯинашавандаи ҷаҳони муосир, инчунин, шиддат гирифтани рақобатҳои шадиди тиҷоративу иқтисодӣ ва молиявӣ ноил гардидан ба мақсаду ҳадафҳои баёнгардида ва дигар вазифаҳои стратегӣ, бешубҳа, аз бисёр ҷиҳат ба ҷалби ҳарчи бештари сармоя, сарфи назар аз шакли он (грант, қарзҳои имтиёзнок, кумакҳои техникӣ) вобаста мебошад.

Аз ин нуқтаи назар, мунтазам рушду густариш бахшидани ҳамкориҳои судманди иқтисодию молиявӣ бо сохторҳои байналмилалӣ ва минтақавии молиявию қарзӣ, аз ҷумла Бонки Ҷаҳонӣ, ҳамчун шарики боэътимоди Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд дар маркази таваҷҷуҳи Ҳукумати кишвар ва ниҳодҳои дахлдори давлатӣ қарор дошта бошад.

Дар ин раванд, ба андешаи мо, рушди бахши хусусии мутамарказ ба истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазизири дорои арзиши баланди иловашудаи ба содирот нигаронидашуда, аз пештара дида ҳоло ҳам бояд ҳамчун самти афзалиятноки стратегияи минбаъдаи ҳамкорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Бонки Ҷаҳонӣ ба ҳисоб равад.

Дар маҷмуъ, ҳоло  ҳамкориҳои судманди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳамаи шарикони байналмилалӣ, молияиву иқтисодӣ, аз ҷумла Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ, Созмони Ҳамкории Исломӣ ва дигар сохторҳои бисёрҷониба, аз ҷумла Бонки Ҷаҳонӣ, ҳамчун узви фаъол дар сатҳи баланд қарор дошта, минбаъд низ густариш дода мешавад.

Наҷмуддинов М.С.,
мутахасиси пешбари Раёсати таҳлили
масъалаҳои соҳибкорӣ ва рушди бахши
хусусии Маркази тадқиқоти стратегии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед