Зиёиён дар тамоми давру замон ҳамчун қишри соҳибмаърифат, пешбарандаи илм, ҳидоятгари ҷомеа, фарҳангсолор, хирадманд, ҳувиятсоз, муҳофизи таъриху фарҳанг ва адабиёту санъати миллат эътироф шудаанд. Маҳз дар сиёсатгузории давлатҳои мутамаддин пайваста мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтани зиёиён, такя намудан ба неруи бузурги онҳо ва шароит фароҳам овардан барои фаъолияти пурсамари ин табақаи огоҳи ҷомеа аз он дарак медиҳад, ки зиёиён дар раванди давлатдорӣ нақши муҳим доранд. Махсусан, дар олами муосир, ки давлатҳои ҷаҳонро як қатор хатарҳо ба монанди терроризму ифротгароӣ, радикализм, бегонапарастӣ, бархурди манфиатҳо, тамоюлҳои канораи ҷаҳонишавӣ ва манфиатҷӯии қудратҳо ҳадаф қарор додааст, мақом ва нақши зиёиён дар раванди ҳифзи арзишҳои миллӣ даҳчанд гардидааст.

Бояд қайд намуд, ки дар сиёсатгузориҳои арзишманд ва миллатмеҳвари роҳбарияти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қишри зиёии мамлакат ҷойгоҳи махсус дорад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз аз оғози даврони соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон бо такя ба ақлу хиради зиёиён дар самти эҳёи арзишҳои миллӣ ва таҳкими давлатдории миллӣ қадамҳои устувор гузоштанро оғоз намуданд. Тавре Роҳбари давлат худ дар яке аз суханрониҳо бо қишри зиёии кишвар таъкид намудаанд: “Мо аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба аҳли зиё такя карда, ташаббусҳои созандаи онҳоро пайваста дастгирӣ менамоем.”

Таъкид намудан ба маврид аст, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол барои зиёиёни миллат имкон ва шароите фароҳам овард, ки онҳо тавонанд дар фазои озод ва руҳияи миллӣ ташаббусҳои созандаи худро пешниҳод ва амалӣ намоянд. Ҳатто мафҳуми зиёӣ дар Тоҷикистони соҳибистиқлол маънои тозае ба худ касб намуд. Имрӯз мафҳуми зиёӣ хеле васеъ ва дақиқ аст. Ҳар як фарди муваффақ, ки дар рушди кишвар нақши арзандаи худро мегузорад, зиёӣ аст. Яъне имрӯз аз сохтмончии касбӣ то эҷодкори асил, аз олими ҳавзаи илм то як донишманди соҳаи тиббу санъат ҳама зиёӣ аст. Агар мушаххастар намуда гӯем, ҳар як мутахассиси ҳирфаӣ ба зоти худ зиёӣ ҳаст. Сиёсати илммеҳвари роҳбари давлат имрӯз зиёиёнро ба сарвати бузурги миллат табдил додааст. Ин воқеияти инкорнашаванда аст, ки сиёсатгузориҳои илмбунёд ва арзишмеҳвари Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз нақши зиёиёнро дар ҷомеаи тоҷик хеле баланд бардоштааст. Маҳз, таваҷҷуҳи Сарвари давлат ба қишри зиёӣ, маҳбубияти ин табақаро дар дили ҳар як фард бавуҷуд овардааст.

Маврид ба зикр аст, ки имрӯз дар ҷомеа шахсоне мавҷуданд, ки ин ҳама таваҷҷуҳи роҳбари давлатро ба зиёиён нодида мегиранд ва ё ин муносибатро камарзиш нишон доданӣ мешаванд. Воқеият ин аст, ки чунин ашхос ҳеҷ вақт кӯшиши пешрафти давлату миллатро надоранд ва дар асл тобеъи манфиатҳои шахсиву гурӯҳии худ ҳастанд. Вобаста ба ин масъала, ба маврид аст ки чанд нуктаи муҳимро атрофи нақш, мақом ва ҷойгоҳи зиёиён дар раванди давлатдории имрӯзи тоҷикон баён намоем.

Нуқтаи аввал ин аст, ки дар сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат зиёиён дар авлавият қарор доранд. Яъне, ба ин қишри ҷомеа ҳамчун неруи пешбар, пояҳои асосии ҳифзкунандаи маънавиёти миллат муносибат карда мешавад. Як нуктаи муҳимро таъкид намудан зарур аст, ки роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз нахустин рӯзҳои ба сари ҳокимияти сиёсӣ омадан бо зиёиён ва фаъолони тоҷик мулоқот анҷом дода, атрофи таъмини сулҳу ваҳдат ва таъмини рушди минбаъдаи кишвар фикру мулоҳизаҳои онҳоро мавриди баррасӣ ва амал қарор доданд. Чунин муносибат худ гувоҳии эътироф, эҳтиром ва таваҷҷуҳи роҳбари давлат ба зиёиён аст. Далели дигаре, ки аз таваҷҷуҳи сарвари давлат ба қишри зиёӣ дарак медиҳад, ин ба чанде аз зиёиёни асил ва фидоии миллат додани унвони бузурги Қаҳрамони Тоҷикистон дар даҳаи аввали соҳибистиқлолӣ мебошад. Садриддин Айнӣ, Мирзо Турсунзода, Бобоҷон Ғафуров пеш аз он, ки як ходими ҷамъиятӣ бошанд равшанфикри сатҳи миллӣ буданд. Пешвои миллат хизматҳои ин шахсиятҳои бузург дар самти эҳёи миллат, ҳифзи забон, эҳё ва исботи дурусти таърих ва рушди фарҳанги сулҳ қадр намуда, ба онҳо унвони Қаҳрамони Тоҷикистонро доданд, ки ин намунаи олии эҳтиром ва эътирофи зиёиён мебошад.

Нуктаи дигар ин аст, ки дар замони соҳибистиқлолӣ маҳз бо ташаббуси Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири эҳёи фарҳангу маънавиёти гузаштагони миллати тоҷик як қатор тадбиру чорабиниҳое роҳандозӣ гардид, ки тавонист дар самти баланд бардоштани ҳувияту худшиносӣ ва худогоҳиву асолати миллӣ таъсири бузург расонад. Чунин иқдомҳо аз қабили таҷлили ҷашни 1150-солагии Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, 800-солагии Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, 600-солагии Абдураҳмони Ҷомӣ, 700-солагии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, 150-солагии Нақибхон Туғрал, 700-солагии Камоли Хуҷандӣ, соли 2009-ро ҳамчун соли гиромидошти Имоми Аъзам эълон кардан ва ғайра аз ҷумлаи тадбирҳои андешидаи роҳбари давлат дар самти арҷгузорӣ ба равшанфикрони миллати тоҷик мебошад. Албатта, ин рӯйхатро метавон идома дод, вале ба андешаи банда кифоя аст, ки шахси соҳибтафаккур аз мақом ва ҷойгоҳи зиёиён дар шароити соҳибистиқлолии Тоҷикистон иттилоъ пайдо намояд.

Нуктаи сеюм ин аст, ки Пешвои миллат ба ғайр аз он, ки дар тамоми суханронӣ ва вохӯриҳои худ бо ҷомеа қишри зиёии мамлакатро ба ҳузури худ мепазиранд, ҳамчунин, ҳамасола дар арафаи ҷашни Наврӯз бо зиёиёни кишвар мулоқоти хоса анҷом дода, фикру мулоҳиза ва пешниҳоду дархостҳои онҳоро дар мавриди рушди минбаъдаи давлату миллат мавриди баррасӣ қарор медиҳанд. Дар ҳамаи вохӯриҳои худ Пешвои миллат бо зиёиён қайд менамоянд, ки роҳбарияти олии давлат ба қишри зиёӣ ва шахсияти онҳо эҳтироми хоса дорад. Ҳанӯз соли 2002 Пешвои миллат дар суханронии худ бо аҳли зиёи кишвар гуфта буданд: “Ман ҳар фарди зиёиро чун зарраи хуршед медонам, ки бо худафрӯзӣ, худфарсоӣ ва талошҳои пайгиронааш оламеро равшан мекунад, дили инсонҳоро ба фардои нек гарм месозад, шӯълаи умедро меафрӯзад, масъалаҳои умумимиллиро ба миён мегузорад ва ҳамзамонони худро ба корҳои созандагӣ ба нафъи миллату Ватани хеш ва тамоми аҳли башар ҳидоят менамояд. Ин аст рисолати аслӣ ва ҳамешагии зиёиёни ҳақиқӣ дар назди миллати хеш.”

Нуктаи чорум ин аст, ки роҳбари давлат на танҳо аз нигоҳи маънавӣ ба зиёиён таваҷҷуҳ менамояд, балки аз ҷиҳати физикӣ ба зиёиён аҳаммияти ҷиддӣ медиҳад. Дар ин маврид фақат ду мисол кифоя аст, ки муносибати сарвари давлат ба ҳифзи солимии физикии зиёиён муайян шавад. Аввалан, бемор гардидани шоири халқии Тоҷикистон Бозор Собир дар Иёлоти Муттаҳидаи Америка дар хотири ҳамагон ҳаст. Дар ҳамон раванд пурра зери назорат гирифтани табобати шоир ва ҳатто ба Ватан овардани ҷасади ӯ аз иқдомҳои зиёипарваронаи Пешвои миллат дарак медод. Дуюм, соли ҷорӣ бемор гардидани Шоирони халқии Тоҷикистон Озарахш ва Фарзона. Дар ин раванд низ роҳбари давлат дар беҳтарин шароит табобат намудани шоирон ва зиёиёни миллатро зери назорати қатъии худ гирифтанд, ки ин ҳам аз таваҷҷуҳи роҳбари давлат ба равшанфикрони тоҷик гувоҳӣ медиҳад. Ин нукта чанд рӯз пеш дар Анҷумани XV Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аз ҷониби намояндаи Ҳукумати ҷумҳурӣ садо дод, ки роҳбари давлат ҳангоми бемор гардидани шоирони маҳбуби миллат Озарахш ва Фарзона ба сохторҳои марбута супориши қатъӣ доданд, ки тамоми шароитҳои мусоидро барои табобати равшанфикрони маҳбуби миллат фароҳам оранд. Албатта, чунин мисолҳо зиёданд, ки бевосита Пешвои миллат табобати чандин зиёиёнро зери назорати қатъии худ гирифтаанд.

Нуктаи панҷум ин аст, ки Пешвои миллат имрӯз стратегияи донишманд ва равшанфикр гардонидани тамоми миллатро барномаи кории худ қарор додаанд. Бо ин мақсад озмунҳои ҷумҳурияӣ аз қабили “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Тоҷикистон ватани азизи ман” аз ҷониби сарвари давлат пешниҳод ва амалӣ гардида истодаанд, ки дар ташаккули насли нави равшанфикри кишвар мусоидат менамоянд. Ҳамзамон, баҳри рушди илм дар кишвар 20 солаи омӯзиши фанҳои “табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ барои солҳои 2020-2040” аз иқдомҳои дигари Пешвои миллат аст, ки дар самти соҳибилм ва маърифатнок гардонидани кулли ҷомеа мусоидат менамояд. Албатта, ин яке аз чунин тадбирҳо мебошад.

Ҳамин тавр, қайд намудан ба маврид аст, ки дар шароити имрӯз дар кишвар зиёиён ҷойгоҳи баландеро сазовор мебошанд ва воқеан зиёиён чун неруи миллӣ ва фаъоли ҷомеа бо андешаҳои миллатмеҳвару илмбунёд метавонанд дар таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ, ҳифзи истиқлоли давлатӣ ва ҳимояи манфиатҳои миллӣ нақши муассири худро гузоранд. Ин рисолати бузурги зиёиён дар марҳалаи кунунӣ, ки ҷаҳонро равандҳои пуртазоди сиёсӣ ва фарҳангӣ думболагирӣ дорад, бештар гардида, аз ҳар як зиёии асил тақозо карда мешавад, ки бо мавқеъгириҳои миллӣ ва андешаҳои бузургу солим арзишҳои миллии худро ҳимоя намуда, дар раванди рушди устувори Тоҷикистон саҳмгузор бошад.

Алиназар Ашуров, мутахассиси пешбари

Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати дохилӣ

Чоп кунед